Шаст, шеър ва шукри Фарзона: Шахсиятҳо аз шоистагиҳояш дар хона, кӯча, ҷаласа ва эҷод гуфтанд
Нашр шуд
Шоири халқии Тоҷикистон - Фарзона 3 ноябр 60-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад, ки ба ҷашни дӯстдорони адабиёт на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ табдил ёфтааст.
Фарзона на танҳо бо шеъри воло, балки бо фурӯтанӣ, самимият, меҳрубонӣ ва хислатҳои дигари шоистааш дар дилҳо ҷой гирифтааст. Ҳамнишинҳо, ҳамкорон, пажуҳишгарон ва ҳаводорони Фарзона ба Halva.tj дар баробари шеър, инчунин бархе ҷузъиёти муносибаташ дар хона, рафтораш дар кӯча, ҷои кор ва маҳфилҳоро баён доштанд:
Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:
- Дар асри мо яке аз шахсиятҳои мунире, ки ҳастии миллат ва адабиёти ҷовидонаи онро дар арсаи олам ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд, устод Фарзонаи Хуҷандӣ ҳастанд. Мақому манзалати он кас боло ва бе қиёс аст. Фарзонабону ҳамон хидмате, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар замони хеш кардаанд, дар даврони мо бар дӯш доранд. Шеъри ӯ шеърест, ки аз арш меояд. Андеша, тафаккур, хулосаҳои Фарзона хулосаҳои танҳо як инсон нест, балки хулосаи кулли инсоният аст. Мояи ифтихори мо, ҳамзамонон аст, ки имрӯз дар паҳлӯи Фарзона зиндагӣ мекунем. Аз эҷоду ҳастиашон баҳравар мешавем. Ман медонам, ки ном ва шеъри Фарзона ҷовидон аст, умри абад дорад. Бо беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёташон табрик мегӯям. Хушбахтем, ки дар паҳлӯи мо ҳастанд.
Биҳоҷал Раҳимова, ходими намоёни давлатию сиёсӣ:
- Ман ӯро аз овони ҷавонияш мешиносам. Фарзонаи мо худ аз худ пайдо нашудааст. Вай дар оилае тарбия ёфтааст, ки ҳамагӣ шахсони зиёӣ ва хоксору инсондӯстанд. Бобояшро яке аз созандагони Тоҷикистон низ гуфтан мумкин аст. Имрӯз Фарзона ситораи шеъри форсист, ки дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Эҷоди ӯ нотакрор аст. Хушбахтам, ки маҳз дар замони Фарзонаи Хуҷандӣ умр ба сар мебарам. Аз ашъори ноби вай дарк кардам, ки инсони бофарҳанг имрӯз бояд чи гуна бошад ва чаро ба инсон шукр гуфтан муҳим аст. Бароям суҳбати хоси Фарзонабону ва ҳамсарашон Озарахш хеле ибратбахш мебошад. Аз хоксориву фурӯтании онҳо дар ҳайратам, бешубҳа, дар миёни зиёиёни дигар ин сифат кам ба назар мерасад. Фарзонабону ба 60-солагӣ қадам мениҳанд, ки дар идома низ барояшон афзудани шасти эҷоду эъҷозро орзу мекунам. Донишу андеша ва ҳастии он кас барои ҳамаи мо хеле зарур аст.
Саидамин Ҷило, шоир ва рӯзноманигор:
- Иноят Хоҷаева (Фарзона) баъди хатми факултети забоншиносӣ як сол бештар дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят, дар шуъбаи кино кор карданд. Ин шуъба ҳар сол озмуни филмҳои гуногунжанрро созмон медод. Мавсуф яке аз кормандони фаъоли шуъбаи мазкур буданд. Як рӯз ба идораи газетаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” мақола оварданд, ки перомуни ҷамъбасти як озмуни филмҳои кутоҳметраж буд. Онро зуд чоп кардем. Аз ҳамон замон, Иноятҷонро хуб шинохтам. Хушбахтона, баъди чанде ба шуъбаи иҷтимоиёти ҳамин нашрия, ки дар он ману Озод Аминзода фаъолият доштем, ба кор омаданд. Се кас паҳлӯ ба паҳлӯ нишаста кор мекардем. Он вақт замони бисёр босаодат будааст. Ба назари ман, Иноятҷон дар андак муддат ба шоири тавонои умумиҷаҳонӣ мубаддал шуданд. Дар Лондону Порис маҳфилҳои адабиашон барпо гардида буд. Дар ҳақиқат шеърашон баландпоя аст. Ба фикрам, имрӯз шеъри аз он болотар нест. Он кас қавиирода ва меҳрпайванд мебошанд. Касеро бегона намедонанд, ҳамаро бо хушӣ истиқбол мегиранд. Орзуманди онам, ки боз 60 соли дигар бонуи зебо ва адиби барҷастаи оламшумумл боқӣ монанд.
Мавлуда Шарифова, рӯзноманигор, шаҳрванди фахрии Хуҷанд:
- Бо Фарзона аз ҳамон замоне, ки ба идораи рӯзноми “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳозира “Ҳақиқати Суғд”) ба кор омаданд, шиносоӣ дорам. Дар вохӯрии нахустин он касро чун духтараки хоксор, меҳрубон, хушодобу хушрафтор ва дорои ҷаззобияти хос дарёфта будам. Дар тӯли солиёни дароз ҳардуи мо зиёд ҳамсуҳбату ҳамсафар будем. Ҳангоми дар кӯчаҳо қадам задан кӯдаконро бубинем, аз ҷузвдонашон қалам, қанд ё маблағи муайяне гирифта, ба онҳо туҳфа мекунанд. Ин хислати аҷибест, ки на ҳама дорад. Эшон на танҳо бо шеъру сухани воло барои ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа саҳм гузошта истодаанд, балки бо рафору кирдори шоиста низ. Тарзи муносибаташон ба шавҳар, фарзандон ва аҳли оила низ хеле ибратбахш аст. Ба онҳо бо ибораҳои сеҳрноке чун “гули ман”, “чароғи ман”, “садбарги тарам” муроҷиат мекунанд. Хурсандам, ки бо чунин шахсияти бузург дӯстӣ дорам. Аз лаҳзаҳое, ки бо ҳам доштему дорем, хотираҳои ширин ва ибратомӯз зиёд дорам, ки дар вақти муносиб ба дигарон бо меҳр нақл мекунам. Шоири маҳбуби дили мо ҷашни мавлуд доранд, аз сидқи дил табрику муборакбод мегӯям. Мо дуогӯ ҳастем, ки Худованди якто ба Фарзонабонуи босабру пуртаҳаммул аз ин пас танҳо хурсандиву шодиро арзонӣ дорад.
Саидбой Зокиров, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд:
- Ифтихор мекунам, ки Фарзонабонуро баъд аз хатми мактаби олӣ бори аввал маҳз камина ба Иттифоқи касаба ба кор пазируфта будам. Он замон номбурдаро чун духтараки мулоимсухану хушодоб шинохта будам. Аз ном ва обрӯи падару модарашон сӯиистифода намекарданд, баъдан дарк кардем, ки дар оилаи зиёӣ ва соҳибэътибор ба воя расидаанд. Кӯшиш мекардам, ки шоири ҷавон дар ҳар анҷуманҳои Иттифоқи касаба ширкат варзида, сухан ронанд. Имрӯз Фарзонабону фахри миллати тоҷиканд. Ҳар вақт бо он кас дар ҳамоишҳо вохӯрда монем, бо камоли хоксорӣ маро чун устоди худ муаррифӣ мекунанд. Хиҷолат кашида мегӯям: “Фарзонахон, ин хел нагӯед, ман ба Шумо ҳаққи устодӣ надорам!”. - Дар аввалин ҷойи кориам дастгирии Шуморо фаромӯш намекунам, - бо самимият мегӯянд Фарзонабону. Ростӣ, хоксорӣ ва самимияти ин бону беохир аст. Мо дар сатҳи вилоят озмуни “Лоиқхонӣ” гузаронида будем. Фарзонабону дар он меҳмони фахрӣ буданд. Аз меҳр ва арҷгузорие, ки ба шахсияту шеъри Лоиқи бузургвор нишон дода буданд, ба ваҷд омада будем. Фикр мекунам, ки муҳтарам донистани муаллиму устодро бояд аз он кас омӯзем. Имрӯз наврасону ҷавонон ашъори ноби Фарзонаи Хуҷандиро ҳифз карда, дар барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳои гуногун қироат мекунанд. Умед дорем, ки насли нав аз баҳри беканори шеъри шоири ширинкалом баҳравар шуда, роҳ ба сӯи инсони комил шудан пеш мегиранд.
Умеда Ғаффорӣ, доктори илмҳои филология, профессор:
- Мояи ифтихор аст, ки Худованд ба миллати мо шоири дардошно, ватандӯст, меҳанпараст, ошиқро ба монанди Фарзонаи Хуҷандӣ ато намудааст. Ӯ яке аз тавонотарин ва машҳуртарин шоирони муосири тоҷик аст, ки шуҳраташ офоқро дар бар гирифтааст. Фикр мекунам, ки сабаби муваффақияти шоири ширинкалом аз як тараф истеъдоди фитрӣ бошад, аз тарафи дигар аз аҳли мутолиа будани эшон аст. Шеъри Фарзона аз сарчашмаҳои қудсӣ ба монанди Қуръон, аҳодис, қиссаҳои қуръонӣ, адабиёти оламшумули форсу тоҷик, эҷодиёти шоирони бузурги ҷаҳон ва осори шифоҳии халқ маншаъ мегирад. Ин аст, ки шеърҳояш хонанадагонро ба меҳанпарастӣ, ишқи заминиву баринӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстиву накӯӣ ва худшиносии миллӣ даъват мекунад. Ифтихор аз он мекунам, ки ҳамсолу ҳамнишини устод Фарзона ҳастам. Агар хулоса карда гӯем, шеъри ӯ шеъри ҷовидонӣ ва шоистаи тадқиқу пажуҳиш аст. Имрӯз чандин пажуҳишотро медонем, ки ба эҷодиёташ бахшида шудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Эрон, Миср, Ӯзбекистон ва ғайра таҳқиқот сурат гирфтааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, шоири маҳбуби халқро бо шасти камолот табрику муборакбод гуфта, барояш аз даргоҳи Эзиди пок умри дароз, парвозҳои баланди эҷодӣ ва саодати ҷовидонро таманно дорам.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд:
- На ҳар шахсият дар дили мардум ҷой мегирад. Фарзонаи Хуҷандӣ яке аз шахсиятҳои бузурге мебошанд, ки азизи ҳамагон шудаанд. Он кас нобиғаи миллати моянд. Услуби шеъргӯии Фарзона беҳамто ва мунаввар аст. Албатта, таърихи инсоният гувоҳ аст, ки мардум ҳамеша ба шеър ниёз дошт. Шеъре, ки пурмаъно ва ба руҳу равон наздик аст, ба дилҳо роҳ меёфт. Имрӯз ашъори Фарзонабону одамонро ба омӯзиши илму маърифат, имону садоқат ва хоксорӣ даъват мекунад. Он кас фарзанди содиқи халқи тоҷиканд. Барои ҳар яки мо азизу мукаррам мебошанд. Устоди суханро бо 60-солагӣ муборакбод мегӯям. Дуо мекунам, ки умрашон тӯлонӣ ва бахту саодат ҳамроҳашон бошад.
Саидмурод Ҳоҷӣ, номзади илмҳои филология, шаҳрванди фахрии Хуҷанд:
- Фарзонабону яке аз шоирҳои бузурги халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Шеъри ӯ бо маънои томаш шеър аст. Аз осори устодони бузурги шеър бисёр омӯхтааст. Андӯхтаҳояш боис шудааст, ки дар ашъораш калима, ибора ва ҷумлаҳои классикиро бештар истифода барад. Вай шоири классикӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ олимона шеър мегӯяд. Шеърҳояш бо мағзи дили ҷон навишта шудааст. Ман 21 сол боз хонандаи шеъри ӯям. Аз қироат ва ҳифзи шеърҳояш ҳаловат мебарам. Бе шеъри ӯ зиндагии худро тасаввур намекунам. То имрӯз аз эҷоди Фарзонабону беш аз 4 ҳазор мисраъро аз ёд кардаам. Дар дарсҳо, суханрониҳо ва суҳбату нишастҳо шеъри ин шоири бузургро хонда, маънидод мекунам. Шоир дар калимасозиву иборасозӣ ва маъниофарӣ ҳам ҳунари баланд дорад. Беҳуда нест, ки шоирон, олимони бузург, академикҳо ба ашъораш баҳои баланд доданд. Аз Худованд металабам, ки умри дароз бинад ва ба бахти миллати тоҷик дар идома низ барои ғанӣ сохтани маънавиёти ҷомеа шеърҳои воло офарад.
Аҳли эҷоди Halva.tj низ Фарзонаро бо 60-умин солгарди мавлудашон шодбош гуфта, барои шоири маҳбуб тандурустии комил ва дар эҷоду эъҷоз барору комёбӣ хоҳонем.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед