Ru  | Tj
Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» 3-солагии таъсисёбии худро чашн гирифт
Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» 3-солагии таъсисёбии худро чашн гирифт

Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» 3-солагии таъсисёбии худро чашн гирифт

Нашр шуд

Ҳанӯз то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор рустабор умр ба сар мебурданд. Дар тӯли солҳои сохтмони бузург муаллимон, пизишкон, меъморон, муҳандисон, сохтмончиён аз гӯшаҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳо ба ин кишвари кӯчак дар тавсеаи роҳҳо, сохтмони мактабҳо, бемористонҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ ва иншооти дигари муҳимми иҷтимоӣ кӯмак карданд. Бисёре аз онҳо дилбастаи ин ҷумҳурии офтобӣ шуда, Тоҷикистонро ватани дуюми худ медонистанд ва дар ин ҷо маскан гирифтанд. Аммо суқути як кишвари пурқудрат бо номи Иттиҳоди Шӯравӣ барои бисёриҳо як зарбаи нохушоянд буд. Бархе аз кишварҳо истиқлолияти худро бе ягон мушкилӣ ба даст оварданд, дар ҳоле, ки ҷумҳуриҳои дигар ин масирро бо душвориҳои зиёд тай карданд.

Дар навбати худ Тоҷикистон бо даргириҳои дохилӣ рӯ ба рӯ гашт. Аз даст додани эҳсоси амният бисёриҳоро маҷбур ба бозгашти сарзамини таърихии худ кард ва бархе ба ояндаи рӯшан эътиқод доштанду дар ин кишвар монданд. Замони сахте пушти сар шуд ва Тоҷикистон бори дигар дар масири фаррох ва пешрафт қарор гирифт. Бархе аз қисмати рустаборон дар осудагии Тоҷикистон саҳми худро доранд.

Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт»

Тибқи саршумори соли 2010, ҳудуди  30 ҳазор аҳолии рустабор дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Танҳо дар шаҳри хурди Турсунзода беш аз ду ҳазор нафар умр ба сар мебаранд. Ба хотири пешрафту густариши онҳо дар шаҳр маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» созмон дода шуд. Ташаббускори ин идея Марина Дик буд, ки баъдтар роҳбари ин созмон шуд. Яке аз рисолати аслии ин марказ тавсеа ва тақвияти дӯстии байни миллатҳо, тафоҳуми дуҷонибаи ҳамкориҳои судманд, инчунин ривоҷи забони русӣ аст. Аз ҷумла, барои дастрасӣ ба заминаи донишҳои ҷаҳонӣ ва додаҳои марбут ба фарҳанг, адабиёт, илм, иқтисод ва таърих беҳтарин васила маҳсуб меёбад.


«Лоиҳаи эҷодии маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» беш аз 5 сол аст, ки рушд меёбад ва ба унвони як идеяе матраҳ шудааст, ки фаъолияти он ба бисёре аз гурӯҳҳои ҷамъиятӣ кӯмаки худро мерасонад. Сабаб он аст, ки чунин марказ қаблан вуҷуд надошт. Бо таваҷҷуҳ ба пешрафти илм ва фарҳанг, эҷоди шароити мусоид барои афзоиши сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон, инчунин  тарбияи ватандӯстӣ лоиҳаи таъсис ва фаъолияти Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон таҳия гардид», - иброз дошт роҳбари ин марказ Марина Дик.

Тамоми фаъолияти ин марказ бо ҳадафи тағйири ҷомеа ба самти беҳтар, ҳифзи сулҳ ва болоравии таомили байни халқҳои мухталиф дар як қаламрави хос аст. Ин иртиботи фарҳангии мутақобил пояе барои пешрафти ҳар ҷомеаи мутараққӣ аст. Таваҷҷуҳи вижае ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон зоҳир карда мешавад, ки ин ҳам ба тақвияту ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги намояндагони тамоми миллатҳо, ки дар чорабиниҳои марказ иштирок доранд, мусоидат менамояд.

«Барои иртиботу  ҳамкорӣ, дастгириҳои дуҷониба ва баргузории чорабиниҳои муҳимми иҷтимоӣ майдони мусоид фароҳам оварда шудааст.

Гурӯҳҳое  аз афроди фаъоли синну соли мухталиф таъсис ёфтаанд, ки барои пешрафти ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон, ҳамчунин қабули фориғуттаҳсилини донишгоҳҳои Федератсияи Русия, мунтазам расонидани  кӯмакҳои башардӯстона ба шахсони ниёзманд, хонаи пиронсолон ва маъюбон бо дастгирии сарпарастони ҷалбшуда, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ихтиёрӣ, чорабиниҳои мунтазам оид ба ҳифзи хотираи сарбозони шӯравӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.  Зеро ҳамаи ин аз таърихи муштараки мо далолат медиҳад”, - гуфт Марина Дик, роҳбари Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт».

Марказ барои соли дуюм фаъолияти худро бомуваффакият оғоз кардааст. Иҷрои ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Русия дар ҷумҳурӣ сурат гирифтааст. Саҳми муҳимми ширкатҳои бонуфуз, ба монанди «Талко», «Мегафон-Тоҷикистон», «ТехЭкоПлазма», “НБО-и Сангтӯда-1”, «Газпром ЭП Интернэшнл Сервисиз Б.В.», Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ҳамчунин саҳми соҳибкорони инфиродӣ ва сокинони фаъоли шаҳр дар амалишавии лоиҳа хеле назаррасанд.

«Барномаҳои зиёде барои оянда вуҷуд доранд, зеро ин марказ мутобиқ ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ буда, бо таҷҳизоти лозимаи фаннӣ, технологияи замонавӣ, утоқҳои компютерӣ ва хониш, инчунин китобхона муҷаҳҳаз аст. Бояд зикр намуд, ки алоқамандӣ ба фарҳанг, расму русум, урфу одат ва суннатҳои мардуми рус ниҳоят зиёд аст. Дар маркази мо тақрибан тамоми санаҳои хотирмон ва муҳим ҷашн гирифта мешаванд. Дар канори ҳам русҳо, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҷашнҳои мусалмонию насрониро таҷлил мекунанд», - гуфт Марина Дик, роҳбари маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт»
Марказ ба донишомӯзон низ кӯмак мерасонад

Ҳамкорӣ бо макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, литсею гимназияҳо ва мактаби рассомии шаҳри Турсунзода, ки хонандагону хатмкунандагони онҳо дар чорабиниҳои марказ фаъолона иштирок мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Барои донишомӯзони синфҳои болоӣ ва ҳама касоне, ки мехоҳанд дар Русия таҳсил кунанд, корҳои иттилоотӣ – машваратӣ дар мавриди идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар гузаронида мешаванд. Олимпиадаҳо, рӯнамоии донишгоҳҳои Русия ва машваратҳо дар маҳал низ бахше аз фаъолияти густурдаи ин марказ мебошанд.

Ба таври мунтазам чорабиниҳои мухталифи гуманитарӣ, аз ҷумла расондани кӯмак ба камбизоатон, боздид аз хонаҳои солмандон ва маъюбон гузаронида мешаванд.

Маркази фарҳангию маърифатии Русия – «Эҷодиёт» мазҳари дӯстӣ байни Тоҷикистону Русия буда, миёни мардуми ин ду кишвар ғанисозии мутақобили  фарҳангҳоро ба миён гузоштааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед