Ru  | Tj
Аз сардори пулис то соҳибкору табиб: Китоби “Тоҷикон дар Русия”-и Холиқзода муаррифӣ шуд
Аз сардори пулис то соҳибкору табиб: Китоби “Тоҷикон дар Русия”-и Холиқзода муаррифӣ шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз сардори пулис то соҳибкору табиб: Китоби “Тоҷикон дар Русия”-и Холиқзода муаррифӣ шуд

Нашр шуд

Муаллифи китоби “Тоҷикон дар Русия” 20 соли умри худро сарфи омӯзиши ҳолу кори муҳоҷирон карда, тайи ин муддат қариб аз 900 шаҳру вилояти кишвари мизбон боздид намудааст. 

Талабшо Холиқзода - нависанда, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии тоҷик, дар хулосаи боздиду омӯзишҳои бисёрсолааш, таъкид мекунад, ки равобити Русия бо Тоҷикистонро дӯстона ва бародарона мебинад.


Вай дар китоби «Тоҷикон дар Русия», ки дар Душанбе муаррифӣ шуд, дар бораи сафар ба 868 шаҳру вилояти Русия нақл мекунад. Нависанда дар сафарҳои худ бо садҳо муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар манотиқи мухталифи Русия кор мекарданд, вохӯрӣ ва дидор карда, дар китоби худ саргузашти зиндагии онҳоро нишон додааст.

“Барои навиштани ин китоб 20 соли умрамро сарф кардам ва панҷ соли онро дар вагонҳои қаторҳои Роҳи оҳани Русия, аз як минтақа ба минтақаи дигар гузарондам. Ман шоҳиди шаклгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик будам. Соли 2000 вазъ дар қаламрави тамоми кишварҳои пасошӯравӣ душвор буд. Бачаҳо дар шароити душвор кору зиндагӣ мекарданд. Бо гузашти вақт, ҳама чиз ботадриҷ иваз шуд. Диаспораҳо, марказҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ пайдо шуданд. Умуман, шароити фаъолияти онҳо тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод”, - нақл кард Талабшо Холиқзода.

Нависанда нахустин китоби худро дар бораи зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ соли 2009 навишта, ба нашр расонидааст. Ҳар як китоб беш аз 800 саҳифаро дар бар мегирифт, ки сарнавишти муҳоҷирони гуногуни меҳнатиро инъикос мекард. Ба гуфтаи нависанда, саргузашти тамоми қаҳрамонҳои ӯ гуногун ва ҷазобанд. Дар байни онҳо сохтмончиён, меъморон, табибон, ҳуқуқшиносон, хизматчиёни давлатӣ, рӯзноманигорон ва ғайраҳо ҳастанд.


«Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои кишвари мо низ як раванди табиӣ мебошад. Садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дар қаламрави Русия кор мекарданд. Ман бисёре аз онҳоро дидам ва ҳар яки онҳо саргузашти худро доранд, ҷой кардани ҳамаи он дар ҳаҷми як китоб ғайриимкон аст. Масалан, танҳо дар вилояти Ленинград бо 32 духтури тоҷик вохӯрдам, ки қисмати бештари онҳо дар сатҳи мудирони шуъбаҳо буданд. Ё худ дар Чумҳурии Қарачай-Черкес бо сардори шуъбаи ВКД подполковник Давлат Файзов шинос шудам. Дар маҷмуъ, имрӯз дар Русия соҳибкорони хусусӣ низ зиёданд, ки тиҷорати бомуваффақияти худро таъсис ва фаъолона рушд дода истодаанд», - қайд кард муаллифи китоб.


Тибқи мушоҳидаҳои нависанда, миёнаи солҳои 2000-ум теъдоди  ками шаҳрвандони мо барои таҳсил дар макотиби олӣ ба Русия мерафтанд. Имрӯз дар ин кишвар даҳҳо ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда, аз рӯи ихтисосҳои гуногун маълумоти олӣ мегиранд.

«Агар қаблан шаҳрвандони мо дар машоғили камдаромад кор мекарданд, ҳоло бисёре аз онҳо вазоифи мутахассисони баландихтисосро иҷро намуда истодаанд. Маҳз аз ин сабаб китоби ман ба хонандагон дар мавриди иртиботи наслҳо нақл мекунад. Бо итминони комил метавонам гӯям, ки Русия дар солҳои пурташвиш барои мо дӯсти ҳақиқӣ ва шарики боэътимод буд, ки ба шарофати он мо тавонистем тамоми мушкилотро паси сар кунем. Фарзандони мо ба Русия рафта, бо меҳнати ҳалол нони худро пайдо карданд”, - иброз дошт Талабшо Холиқзода.
Вай дар китоби мустанади худ «Тоҷикон дар Русия» порчаҳои сафараш дар қаторҳои Роҳи оҳани Русияро низ нишон додааст. Ба гуфтаи нависанда, ӯ шоҳиди тағйирот дар вагонҳои қатораҳои Роҳи оҳани Русия шудааст ва имрӯзҳо тибқи гуфтаи ӯ,  шароити сафар дар ин қаторҳо ба таври қобили мулоҳиза беҳтар шудааст.

Айни замон Талабшо Холиқзода ба эҷоди қисмҳои 3 ва 4-уми китоби худ машғул аст. Нависанда дар китобҳои қаблии худ мавзӯи равобити Русия ва Тоҷикистонро низ канор нагузоштааст.

«Русия то ҳанӯз барои Тоҷикистон шарики стратегӣ боқӣ мемонад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин дар баромадҳояшон ҳамдигарро бародар мехонанд, ки аз муносибатҳои баландтарини боэътимоди байни кишварҳо шаҳодат медиҳад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин иттиҳоди мустаҳкамро аз даст надиҳем, баръакс, онро бояд афзун гардонем», - гуфт нависанда.

Талабшо Холиқзод дар тӯли 20 сол ба Маскав 74, Новосибирск 68, Самара 66, Иркутск 44, Екатеринбург 38, Красноярск 33, Красноярск 26 маротиба сафар кардааст. Инчунин 19 маротиба аз Санкт-Петербург, Новокузнетск, Абакан ва Омск дидан кардааст. Аз 7 то 16 маротиба ба дигар шаҳрҳо сафар кардааст.


 

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед