Ru  | Tj
Пазириш ба мактаби русӣ – тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин. Чиро бояд донист?
Пазириш ба мактаби русӣ – тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин. Чиро бояд донист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Пазириш ба мактаби русӣ – тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин. Чиро бояд донист?

Нашр шуд

Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин дар Душанбе, ки 1 сентябри соли 2022 ифтитоҳ ёфтааст, мавриди таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ гаштааст. Саволи аслии мавриди алоқаи волидон марбут ба равиши интихоби донишомӯзон аст.

Роҳбари мактаб Владимир Викторович Гудков, ба саволҳои марбут ба пазириши донишомӯзон посух дод:


- Владимир Викторович, лутфан дар мавриди пазириш ба мактаби русии ба номи Гагарини шаҳри Душанбе маълумоте медодед. Барои пешниҳоди аснод ва ширкат дар суҳбати интихоботӣ чӣ марҳиларо бояд тай кард?

Мутобиқи моддаи 1-и Мувофиқатномаи байниҳукуматии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эҷод ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода аз 30 ноябри соли 2021, омӯзиш дар ин мактабҳо ба забони русӣ сурат мегирад. Ҷиҳати муайян кардани омодагии кӯдакон ба таҳсил тибқи стандартҳои федералии давлатии таълимии Федератсияи Русия, мутобиқи Қонуни федералии №273 «Дар бораи маориф дар Федератсияи Русия», ташхиси сатҳи донистани забони русӣ ва сатҳи умумии дониш гузаронида мешавад.

Иттилоот дар мавриди дастрас будани ҷойҳои ройгон, инчунин таъриху замони санҷиш дар вебсайти расмии мактаб мунташир шуда, дар онҷо инчунин метавон феҳристи ҳуҷҷатҳои заруриро пайдо ва намунаҳои варақаҳои волидонро пур кард.

- Мусоҳиба чӣ гуна анҷом ва шомили чӣ чизҳо мешавад? Он чӣ қадар тӯл мекашад ва киҳо метавонанд ширкат кунанд?

- Тамоми фанҳо дар ин мактаб ба забони русӣ тадрис мешаванд (ба ҷуз аз забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ (англисӣ). Чорабиниҳои беруназсинфӣ, иловагӣ ва таълимӣ низ бо забони русӣ гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, кӯдакон бояд дониши хуби фанҳои асосӣ дошта бошанд ва забони русиро низ аъло донанд.

Ҳамаи инҳо дар тӯли як равиши ташхисӣ, аз ҷумла вазоиф барои дарки матн, ҳалли масоили риёзӣ ва мантиқӣ, вазоиф барои нубуғ ва ҳушёрӣ ва ғайра арзёбӣ мешавад. Равиши ташхис тавассути  равоншиноси тарбиятӣ ва муаллимони мактаб анҷом мешавад. Санҷиш вобаста ба суръати кор ва ташкили кӯдакон аз 40 то 60 дақиқа давом мекунад.

Тамоми асноду мадорики мавриди истифода дар кори мактаб, аз ҷумла маводи омӯзишӣ, натоиҷи ташхис, таҳқиқоту озмоиш, дороии маънавии муассисаи омӯзишӣ аст ва ба муқаррароти ҳуқуқии маҳаллии мактаб марбут мебошад.

-Медонем, ки илова бар «имтиҳон», кӯдакон таҳти ташхиси равоншинохтӣ – тарбиятӣ низ қарор мегиранд. Ин ба чӣ маъност ва чаро мавриди ниёз аст?

Пизириши кӯдакон ба синфи 1 мутобиқ ба «Равиши сабти зуҳур, тартиби бақайдгирии пайдоиш, боздоштан ва қатъи равобити байни як созмони таълимӣ бо хонандагон» ба таври куллӣ ва дар асоси натоиҷи ташхиси равоншинохтӣ – тарбиятӣ дар рақобат анҷом мешавад. Ин ташхис имкон медиҳад, то сатҳи омодагии кӯдак барои аз худ кардани барномаи таълимии мактабӣ бо забони русӣ муайян карда шавад. Вазоиф бо ҳадафи арзёбии сатҳи рушди заминаҳои фаъолияти таълимӣ, омодагии ангезиш барои омӯзиш, сатҳи рушди ҳавзаи шинохти кӯдаку маҳорат дар забони русӣ анҷом мешавад.

Равишҳои ташхисӣ аз вазоифи ҷиҳатёбӣ бар рӯи як варақ қоғаз ва дар фазо, анҷоми вазоиф бар асоси қоидаҳои додашуда, инчунин баррасии сатҳи худбаҳодиҳӣ, рушди ҳофиза, таваҷҷуҳ, тафаккур, тахайюл, гуфтору шунавоӣ истифода мешавад. Тамоми ташхисҳо ба забони русӣ анҷом мешаванд.

-Дар мавриди системаи имтиёздиҳии мусоҳиба чӣ метавон гуфт?

Тамоми вазоиф дар доираи расмиёти ташхис аз рӯи ҷадвали панҷбаллӣ арзёбӣ мешаванд. Ҳаддиаксаре, ки кӯдак метавонад касб кунад, 50-ро ташкил медиҳад. Ҳарчӣ натиҷаи озмун болотар бошад, кӯдак омодагии бештаре барои таҳсил дар мактаби мо дорад.

-Имрӯз назароти комилан манфӣ дар мавриди равишҳои пазириш, ҳатто иттилооти ҷаълӣ дар мавриди ришва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда истодаанд. Дар ин бора чӣ назароте доред?

Пазириш ба синфҳои 1-9 дар Муассисаи давлатии таълимии буҷавии Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Ю.А. Гагарин мутобиқи «Равиши сабти зуҳур, боздоштан ва қатъи равобити байни як созмони таълимӣ бо хонандагон» умумӣ аз рӯи натоиҷи интихоби инфиродӣ дар асоси озмун ва бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои холӣ баргузор мешавад.

 -Бигӯед, имсол чӣ рақобате барои қабул ба синфи якум баргузор шуд? Чӣ теъдоди дархост барои ширкат дар мусоҳиба ирсол шуд?

Дар соли 2024 озмун ба як ҷой 36 нафарро ташкил дода, зиёда аз 4000 дархост ирсол шудааст. Тамоми кӯдакон аз омадан барои мусоҳиба хушҳолӣ карданду, ҳамаи муаллимон ва инчунин шароити мактаб мақбули онҳо гаштааст. Аммо теъдоди ҷойҳо маҳдуд аст ва мо метавонем фақат ба 5 синфи якум кӯдаконро қабул кунем.

Дар поёни гуфтугӯи мо, Владимир Викторович ёдовар шуд, ки пазириш ба Мактаби русӣ - тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин дар Душанбе танҳо дар асоси натоиҷи ташхис, ба сурати умумӣ ва мавҷудияти ҷойҳои холӣ имконпазир аст. Мутаассифона дар ҳоли ҳозир ҷойҳои холӣ дар Мактаб нест.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед