Ru  | Tj
“Пирожки”-и тақдирсоз. Хуршед чӣ гуна ошпаз шуд?
“Пирожки”-и тақдирсоз. Хуршед чӣ гуна ошпаз шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Пирожки”-и тақдирсоз. Хуршед чӣ гуна ошпаз шуд?

Нашр шуд

Мо ин ҳафта дар доираи мусоҳибаҳои ихтисосӣ, ки “Мехоҳам, метавонам, зарур аст” унвон дорад, бо ёрии Хуршед Валиев, ошпази касбӣ, ки дар ин самт 42 сол собиқаи корӣ дорад, ба хонандагон тарафҳои мусбату манфии касби ошпазиро гуфта мегузарем.

“РАҲМАТ АКАИ ОШПАЗ”

- Шумо зиёда аз 42 сол аст, ки ошпаз ҳастед. Нахуст, бигӯед, ки башарият аз кай боз хӯрок мепазад ва ошпазӣ дар рӯзгори мо чӣ гуна пайдо шудааст?

- Бовар кунед, ман аз пушти ошпазӣ шуда, ба назария камтар таваҷҷӯҳ мекунам, вале ба ҳар ҳол дар ин маврид гуфта метавонам, ки ошпазӣ дар натиҷаи сӯхтор ва пас аз он пайдо шудааст. Нақл мекунанд, ки дар замони қадим ба хӯрокпазӣ шуури мардум намерасид ва онҳо ҳама чизро хом тановул мекарданд. Пасон дар ҷойе сӯхтор ба амал омад ва дар натиҷаи он ҳайвонҳо ҳам сӯхтанд. Мардум, ки то он дам гӯшти ҳайвонҳоро хом мехӯрданд, аз гуруснагӣ маҷбур шуда ва гӯштҳои пухтаро тановул карданд. Пас аз хӯрдан, ки одатан бомазатар буд, дигар ба пӯхтани ғизо одат карданд. Ҳамин тавр, хӯрокпазӣ, намудҳои хӯрокҳои нав ва ошпазон пайдо шуданд.


- Шумо ошпази касбӣ ҳастед, ман бошам танҳо тухмбирён омода карда метавонам. Агар дар миёни ҳардуямон дастурамали оши паловро монанд, хӯроки пӯхтаи ман аз оне, ки Шумо мепазед чӣ фарқ дошта метавонад?

- Ин ҳолатеро мемонад, ки дар миёни мо 10 савол монанд ва гӯянд, ки аз фалонӣ мусоҳиба гиред. Ман дар ин масъала бешак ва бидуни фикр кардан мегӯям, ки Шумо мусоҳибаи хубтар омода мекунед, зеро дар касби худ мутахассис ҳастед, мактаби олӣ хондаед. Дар масъалаи гуфтаи Шумо, ба фикре ҳастам, ки хӯроки ман хубтар мебарояд, зеро мутахассиси соҳаам ва ҳаматарафа медонам, ки чӣ бояд кард. Яъне гуфтанӣ ҳастам, ки дар ҳар касб донистани нозукиҳо заруранд. Масалан, Шумо медонед, ки кадом савол аз паси кадом саволи дигар меояд, ман бошам, медонам, ки кадом намуди маҳсулот дар чанд дақиқа ва бо ҳарорати чанд, дар кадом шароит мезапад. Ҳамин аст, ки мардум дар ҳар соҳа мутахассис мекобанд ва ҳоҷаташонро ба онҳо мегӯянд.

- Дар кишвари мо касби ошпазиро чӣ гуна қадр мекунанд?

- Хоҳем нахоҳем бояд қабул кунем, ки мардуми мо бисёр бомаззахӯранд ва дар ҳамон лаҳзаҳои хӯрокхӯрӣ, ки ба қавле бомазза меояд мо-ошпазонро бисёр ҳурмат мекунанд. Шукр, ки намояндагони касби ошпазиро дар лаҳзаҳои даркорӣ қадру ҳурмат мекунанд.

- Ошпазӣ касб аст, вале чаро дар ҷомеаи мо назарногир менамояд?

- Мардум хӯроки тайёр мехӯранд, фикр мекунанд, ки ошпазӣ як кори оддӣ аст. Ва албатта ин фикри афродест, ки ошпазиро дар даруни дег чанд намуд маҳсулотро мондану газро фаъол кардан медонанд. Вале бояд гуфт, ки ошпазӣ яке аз касбҳои душвор ва нозук, ҳамзамон даркорӣ аст.

- Хушҳолӣ ва ғамгинии ошпаз кадом вақт зоҳир мешавад?

- Вақте ки муштарӣ “раҳмат, акаи ошпаз” гӯяд, худ аз худ мо хурсанд мешавем, вале ҷумлаи “хӯрок камнамак, бемазза, гӯшташ кам...”-ро мешунавем табъамон хира мешавад.

- Шумо аз касбатон чанд фоиз розӣ ҳастед?

- Ман аз касби худам 100% розӣ ҳастам.

“ВОҚЕАН ҲАМ, ИН КАСБИ ЗАНОНА АСТ”

- Бешак бояд гуфт, ки ҳар соҳибкасб дар вақти интихоби касбаш хотираи хубу бад дорад ва он аз ҳар ҷониб шавқовар аст. Шумо ин касбро чӣ гуна интихоб кардед?

- Аз ман он қадар шавқовар нест, вале мегӯям. Замони мактабхонӣ як “пирожки” сабаб шуд, ки ман касби ошпазиро интихоб кунам. Рӯзе дар ошхонаи мактаб як “пирожки” хӯрдам ва он бисёр болаззат буд, то андозае, ки дар хона чӣ қадаре, ки мехӯрдам маззааш ба он баробар шуда наметавонист. Ба фикре, ки худам ошпаз мешавам ва ҳамон гуна “пирожки”-ҳо пухта мехӯрам, хоҳиши интихоби ин касб пайдо шуд.


- Яъне як “пирожки” ба ошпаз шудани Шумо сабаб шуд?

- Бале, онро метавон “пирожки”-и тақдирсоз гуфт, зеро тақдири ман пас аз он пурра ба ин касб пайваст ва шукр, ки хато накардам.

- Мо медонем, ки Шумо маълумоти ошпазӣ доред, вале норӯшан аст, ки дар куҷо ва чанд сол таҳсил кардаед.

- Ба забони имрӯза коллеҷро бо ихтисоси технолог оид ба тайёр намудани хӯрокҳои умумӣ муддати чор сол хонда, хатм кардаам. Дар замони Шӯравӣ таълимгоҳи моро Техникуми савдои саветӣ мегуфтанд, ки бисёр соҳибкасбон аз он ҷо баромадаанд.

- Дар ин соҳа танҳо хатмкардаи коллеҷ ҳастед?

- Ишораатонро фаҳмидам, ман ҳамчунин, дар давоми хизмати ҳарбӣ шаш моҳ дар Киев курси такмили ихтисоси хӯрокҳои ҳарбиро хондам.

- Агар ҳозир бо ангуштҳоямон ҳисоб кунем, чанд намуди хӯрокро тайёр карда метавонед?

- Бе ҳисоб аст. Бо дили пур гуфта метавонам, ки аз ӯҳдаи тайёр кардани тамоми хӯрокҳо мебароям ва кӯшиш мекунам, ки онҳо болаззат бошанд.


- Ҳар яки мо хӯроки дӯстдошта дорем ва онҳоро ошпаз омода мекунад, Шумо, ки ошпаз ҳастед хӯроки дӯстдоштаатон кадом аст?

- Хомшурбо, манту ва оши палов, аз ҷумлаи хӯрокҳои дӯстдоштаи ман ҳастанд.

- Як рӯзи ошпаз чӣ хел мегузарад?

- Кори мо барвақтар аз кори Шумо оғоз мешавад, зеро дигар намояндагони касбҳо бояд пеш аз ба кор шурӯъ карданашон чизе бихӯранд. Мо аз соати 5-и субҳ корро оғоз мекунам ва то дери шаб.

- Дар як моҳ аз ҳисоби ин касб то чанд сомонӣ даромад дошта метавонед?

- Аниқ гуфта наметавонам, зеро кори мо якранг нест, вале бояд бигӯям, ки барои пешбурди зиндагӣ кифоя аст.

- Барои пешбурди зиндагӣ кифоя аст ё шоиста метавон зист?

- Бояд ҳамагон донанд, ки чӣ гуна зиндагӣ кардан аз худи ҳар шахс вобаста аст. Нафаре ҳаст, ки бо як касб рӯзгорашро таъмин карда наметавонад ва боз нафаре ҳаст, ки бо ҳамон касб шоҳона зиндагӣ мекунад. Дар ин гуна ҳолат набояд касбро гунаҳкор кард, балки худи соҳибкасб айбдор аст. Касби мо ба намояндагонаш имкониятҳои зиёд медиҳад, танҳо кор бояд кард.

- Мо бисёр мешунавем, ки ошпазӣ касби занона аст мегӯянд, дар ин маврид Шумо чӣ фикр доред?

- Аз нуқтаи назари касбӣ гӯем, воқеан ҳам, ин касби занона аст. Вале ин меҳр аст, шавқ аст, муҳаббат аст, дилбохтагӣ аст, истеъдод аст, хоҳиш аст ва билохира маънои зиндагӣ аст.

- Киро метавон ошпази воқеӣ гуфт?

- Якум, он нафаре, ки мактаби ошпазиро хатм кардааст. Дуюм, касе, ки ҳадди ақал дар назди соҳибкасбе шогирд истодаву аз нозукиҳои касб бохабар шуда бошад. Сеюм, нафаре, ки аз терминҳо, этикаи касбӣ, муносибату муоширати хуб ва тозагиву гигиенаи шахсӣ огаҳӣ дораду риоя мекунад.

- Шумо кадом нозукиҳои касбиро дар назар доред?

- Нозукиҳои касби мо зиёданд, он тавре ки Шумо ва дигарон фикр мекунед, ин касб осону сода нест. Ошпаз бояд аз биология, химия ва физика бисёр хуб огаҳ бошад. Намудҳои одамонро бишносад. Аз касбҳо ва кори намояндагонашон хуб ошно бошад ва барои онҳо хӯроки мувофиқ омода карда тавонад. Бемориҳои одамон ва хӯрокҳои парҳезиро донад ва тайёр кунад.

ДӮСТДОРӢ ВА ҲАЛОЛКОРӢ

- Аз ҳолати касбинтихобкунии ҷавонони мо ба фикрам то андозае огаҳед?

- Бале, мутаассифона дар мо ҷараёни интихоби касб ба таври бояду шояд сурат намегирад. Бубинед, то чанде пеш дар мактабҳои миёна доир ба интихоби касб корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мегузарониданд. Ҳам волидон ва ҳам муаллимон ба интихоби ояндаи бачаҳо диққат медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки фарзандону шогирдон хато накунанд. Вале ҳоло ин тавр нест, ки бисёр бад аст.

- Дар муддати 40 соли кориатон ягон шогирд тайёр кардаед?

- Бале, шогирдони зиёд омода кардаам ва ҳоло мо дар иртиботем.


- Барои ошпаз шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Ҳозир дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ курсҳои кӯтоҳмуддат аст, ки довталабони ин касб метавонанд дар он ҷо ошпазиро омӯзанд. Ва албатта, роҳи дуюми аз худ кардани ин касб дар назди соҳибкасбе шогирд истодан аст.

- Тавсияҳои шумо ба ошпазҳои оянда...

- Аввалан, ин мусоҳибаро мутолиа кунанд. Тозагиро риоя кунанд. Дасти бомазза дошта бошанд. Аз пухтани хӯрокҳои нав ба нав наҳаросанд. Биология, химия ва физикаро хуб омӯзанд. Касбашонро дӯст доранд. Ҳалол кор кунанд...



Тоҷикон шоҳони чиноиро ба ҳайрат гузоштанд: Таърихи кашфи шиша

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед