Ru  | Tj
Тағйирот, навгонӣ, имтиёзҳо ва пешномнависӣ. Дар соли 2022 довталабонро чӣ интизор аст?
Тағйирот, навгонӣ, имтиёзҳо ва пешномнависӣ. Дар соли 2022 довталабонро чӣ интизор аст?
Аксҳо: Аз Интернет

Тағйирот, навгонӣ, имтиёзҳо ва пешномнависӣ. Дар соли 2022 довталабонро чӣ интизор аст?

Нашр шуд

Имсол ҳам монанди 8 соли охир имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Давраи бақайдгирии довталабон аз 1-уми март оғоз мешавад ва довталабон метавонанд дар 34 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки 40 нуқтаи бақайдгирӣ ва 25 нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ташкил карда шудааст, давраи бақайдгириро гузаранд. Дар дилхоҳ нуқтаи бақайдгирӣ довталабон метавонанд худро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба қайд гиранд... Чун ҳоло довталабони макотиби олӣ дар тараддуди омода кардани ҳуҷҷатҳо ва умуман имтиҳонҳо ҳастанд, мо дар матлаби зер доир ба  тағйирот, навгониҳо, замону макони бақайдгирӣ, тарзи дурусти интихоби касб ва шаклу усули фаъолияти имсолаи ММТ хоҳем гуфт.

Тағйирот дар соли таҳсили 2022-2023

Ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 тағйирот ворид гардидааст. Гуфта мешавад, ки номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин баъзе ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардиданд ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Тағйироти дигари баамаломада кам шудани маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо мебошад.

Иттилоъ дода мешавад, ки ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводи қабланчопшуда мавҷуд нест.

Ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ворид гардиданд. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд. Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо назардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.

Инчунин ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» аллакай интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводи нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи ММТ муқоиса намоянд.

Давраи бақайдгирӣ ва тарзи ивази ихтисосҳо

Давраи бақайдгирии асосӣ аз 1-уми март то 15-уми апрел идома меёбад. Марказ барои онҳое, ки ҳангоми марҳалаи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд аз 10-ум то 30-юми июн марҳалаи иловагии бақайдгириро дар нуқтаҳои бақайдгирии муайянкардаи худ ба роҳ мемонад. Аммо барои бақайдгирии иловагӣ бо сабабҳои узрнок бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дошта бошед.

Довталабе, ки пас аз бақайдгирӣ боз мехоҳад ихтисосҳояшро иваз намояд, метавонад дар марҳилаи азнавбақайдгирӣ худро аз нав бақайд гирад. Барои аз нав бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зерил лозиманд:

- шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);

- варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;

- рақами расид (квитансия) аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти:

- маблағи иловагӣ (барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ – аз 16-ум то 30‑юми апрел);

Гуфта  мешавад, ки арзиши таҳсил дар қисми зиёди коллеҷу донгишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамасола тағйир меёбад. Имсол ҳам арзиши шартномаи баъзе муассисаҳо тағйир ёфтаанд. Арзиши таҳсилро Шумо метавонед ҳангоми интихоби ихтисос аз роҳнамои довталаб дарёфт намоед.

“Пешномнависӣ”

Дар соли 2022 барои нафароне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштан мехоҳанд, хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути Интернет) фаъол гардид. Яъне довталабони хоҳишманд барои осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу кормандони ММТ аз хизматрасонии мазкур бо нишонии (https://prereg.ntc.tj) истифода карда метавонанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки довталаб баъди пешномнависӣ тариқи интернет барои расмӣ кардани бақайдгирияш бояд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад. Ва доир ба ин раванди бақайдгирӣ дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи ММТ ҷойгир аст, маълумоти муфассал ҷой дода шудааст.

Ҷараёни пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД

Барои аз қайд гузаштан ва иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2022 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян ва муқаррар гардид.

Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2022 вобаста аз зинаи таҳсилоти шахсе, ки дар ин имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, чунин муқаррар гардидааст:

240 (дусаду чил) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);

25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия.

Тавре ки маълум аст, то соли 2020 пардохти маблағи хизматрасонӣ танҳо тавассути филиалҳои бонки мазкур ва бо истифода аз шакли муқарраргардидаи расид сурат мегирифт. Вобаста ба ин, хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи “Амонат мобайл” дар равзанаи асосии “Корти миллӣ” ё “Ҳамёни электронӣ” банди “Пардохт кардан”-ро бояд интихоб кард. Пас аз интихоби ин банд равзанаи “Пардохти хизматрасониҳо” намоиш дода мешавад. Дар равзанаи мазкур бояд банди “Дигар хизматрасониҳо” интихоб карда шавад. Пас аз он равзанаи “Дигар хизматрасониҳо” пайдо мешавад, ки дар он банди “Маркази миллии тестӣ” бояд баргузида шавад.

Дар равзанаи пайдошуда (“Маркази миллии тестӣ”) аз 3 майдон – (1) “Ному насаби довталаб” (“ФИО абитуриента”), (2) “Рақами телефон” (“Номер телефона”) ва (3) “Маблағ” (“Сумма”), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – “Пардохт кардан” (“Оплатить”) иборат аст.

Дар майдони 1-ум насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.

Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.

Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда ворид карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид карани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони “Ному насаби довталаб” зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – “Маблағ барои синфи 11 – 240с. (имтиёздорон: 120с.), синфи 9 – 180с. (имтиёздорон: 90с.), азнавбақайдгирӣ – 25с.” (“Плата для 11 класса – 240с. (льготники: 120с.), 9 класса – 180с. (льготники: 90с.), перерегистрации – 25с.”), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад.

Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Агар довталаб дар бораи мансуб буданаш ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарини ММТ муроҷиат кунад.

Имтиёзҳои хизматрасонӣ дар ИМД 

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

- шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД пурра озоданд;

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 50% озоданд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД 50% озоданд;

- агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Ёдовар мешавем, ки шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) бошад, 90 (навад) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, он гоҳ 120 (яксаду бист) сомонӣ пардохт мекунад. Ва ҳамчунин шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд. 

Умед мебандем, ки интихоби касб ҳаммаънои интихоби роҳи ояндаи ҷавонон мешавад.

Умед мебандем, ки ҷавонони мо дар вақти бақайдгирӣ дар ММТ аз дигар нафарон барои интихоби “ради галочка”-ашон кӯмак намепурсанд.

 Умед мебандем, ки ҷавонони мо ҳақиқатан ҳам барои соҳибкасб шудан талош меварзанд.


Қиссаҳои ҷолиб ва ногуфта аз рӯзгори Аҳмад Бобоқулов аз нақли духтараш - Нигина Бобоқулова





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости