Ru  | Tj
Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон
Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон

Нашр шуд

Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст. Аз шукуфтани гулу дамидани сабза, ларзиши барги дарахтон, резиши барфу борон, вазиши боду накҳати гул, рақси кабӯтарону хиромидани кабкони дарӣ маъно меҷӯяд ва ин ҳамаро дар рақс бо мазмуну ҳаракатҳои мавзуну назаррабо мехоҳад, ки ҷой диҳад. Рақсҳояш таҷассумгари зебоиҳои ҳаёт, меҳнату зиндагии осоишта, муҳаббати поку беолоиш ва бахту саодати мардум аст.

Замоне мехост ба дунёи рақам ва ҳисобу китоб ғуттавар гардад, вале бо мурури замон фикраш тағйир хӯрд. Майлу хоҳишаш ба пешаи суханварӣ - журналистика бештар гардид. Аммо аз овони хурдсолӣ шефтаву дилбохтаи арғушт рафтан буд.

Дунёи рақс


Ҳар гоҳ оҳанге садо медод, зуд аз ҷой бархоста зери савти мусиқӣ бо нозу карашмаи хоси кӯдаконааш мерақсиду мехиромид. Дилбохтаи санъати рақс буданашро модар эҳсос кард ва ӯро ба омӯзиши рақс гузошт. Он замон тақрибан 5 сол дошт. Навъҳои гуногуни рақси арабиро аз бар намуда, дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо маҳорати махсусе иҷро менамуд.

Дар синфи дуюми таҳсил буд, ки яке аз ҳамдарсонаш ба ӯ чӣ гуна иҷро намудани рақси миллии тоҷикиро нишон дод. Барои Лолаи шайдои ҳунар ин навъи рақс писанд омад. Рӯзи дигар якҷо бо он ҳамдарсаш, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз арғушт рафтанро машқ менамуданд, ба толори тамрин мераванд.

Бо дили кӯчаку саршори орзуҳо ва нигоҳи кунҷковона ҳар як баромади ҳунармандонро бо шавқу рағбати беандоза тамошо мекард. Шурӯ шавқи рақс дар вуҷудаш ҷӯш мезад. Ӯ дар қатор аз ҳама охир истода, ҳар амалеро, ки устоди тамрингар мефармуд, иҷро мекард. Зебо рақсиданҳои ӯ аз назари муаллимаи рақс аз гурӯҳи рақсии “Гулноз” дур намонд ва ӯро вориди гурӯҳ сохт. Муаллима ӯро низ рақсидан омӯхт. Ҳамин тавр, Лола аз рақси арабӣ рӯ ба рақси миллии тоҷикӣ овард.

Гимназияи Гёте роҳ ба сӯи HAW Hamburg


Лола дар баробари омӯзиши рақс забономӯзиро низ дӯст медошт. Дар як муддати кӯтоҳ метавонист, ки дилхоҳ забони хориҷиро аз худ кунад. Аз ҳама бештар ба забони олмонӣ майлу рағбат дошт. Ҳамин буд, ки волидон ӯро ба гимназияи олмонӣ супориданд.

Дар ин боргоҳи илму маърифат ӯ яке аз толибилмони фаъол маҳсуб меёфт. Дар мактаб ӯ аз ҷиҳати илмомӯзӣ низ обрӯву эҳтиром дошт. Дар умум, ҳар супоришеро, ки ба зиммаи ӯ мегузоштанд, бо сари баланд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сомон мерасонид.

Пас аз хатми гимназияи олмонии шаҳри Хуҷанд ба номи И.В. Гёте Лола ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистика ва барномасозии Донишгоҳи Hochschule für angewandte Wissenschaften (HAW Hamburg) – и Ҷумҳурии Олмон супорид. Забони олмониро, ки ба хубӣ балад буд, бахт ба рӯяш хандид ва номи донишҷӯӣ дар ин донишгоҳи бонуфӯз насибаш гардид.

Рӯзҳои аввали дурӣ аз Ватан барояш ниҳоят сангин буд. Ҳар лаҳза хумори рақсу дидори волидон мегирифт, вале лобалои ин ҳама сангиниҳо сабрро пеша кард, то тавонад касби интихобкардаашро ба хубӣ аз худ кунад. Бо мурури замон ба дуриҳо низ одат кард.

Олмон

Инак, панҷ сол мешавад, ки ӯ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ба сар мебараду дар соли панҷуми таҳсил қарор дорад. Дар ин миён ҳангоми ба таътил баромадан чанд дафъае ба Тоҷикистон омад. Зеро лаззати обу чашмаҳои мусаффо ва табиати биҳиштосои Ватан ӯро ба худ мекашид.

Дар ин фурсати кӯтоҳ нозукиҳои касби журналистиву барномасозиро омӯхта, дар баробари таҳсил дар яке аз бюроҳои олмонӣ аз рӯи пешааш фаъолият низ мебарад. Ҳоло аз он фараҳманд аст, ки заҳматҳояш натиҷа ба бор овардаву аз он ком ширин менамояд.

Лола мегӯяд, дар баробари донишҷӯён дар Олмон корҷӯёни дорои тахассус ҳам роҳи худро ба осонӣ пайдо месозанд. Чун ҳангоми ҷустуҷӯи кор доштани шаҳрвандӣ муҳим нест, танҳо кору зиндагӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, амсоли Тоҷикистон афзалият дорад. Вале ба назари ӯ муҳимтар аз ҳама донистани забони олмонӣ ва ё англисист.

Ба андешаи ӯ Олмон низ ҳамшабеҳи Тоҷикистон аст. Чун дар он ҷо ҳам инсонҳои самимиву бо меҳру муҳаббат назар ба дигар кишварҳои хориҷӣ зиёдтар умр ба самар мебаранд. “Аз рӯи хислату хӯ ва меҳнатдӯстӣ мардумаш қариб, ки ҳаммоманди мардуми мост”, мегӯяд ӯ.

Таълимдиҳанда


Агарчӣ Лола пешаи дигареро интихоб карду ба Олмон рафт ва дар ин миён рақс барояш танҳо як машғулияти дӯстдошта боқӣ монд, вале бо сипарӣ гардидани чаҳор сол ӯ дигар натавонист, ки шуғли дӯстдоштаашро канор гузорад. Ва инак, як сол мешавад, ки ба омӯзиши рақси тоҷикӣ дар Олмон камар бастааст. Аз як ҷониб агар меҳри бештар ба ин навъи санъат ӯро ором нагузошт, аз дигар ҷониб тасмим гирифтааст, ки саҳми хешро дар ҷаҳонӣ шудани рақси миллии тоҷикӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Олмон гузорад.

Новобаста аз он, ки ҳанӯз ҷавон асту 23 сол дорад, бар он бовар аст, ба василаи рақс метавон фарҳангу ойини тоҷиконро ба хориҷиён муаррифӣ сохт.

“Духтарони нозукандому паричеҳра дар гурӯҳ машқи рақс менамоянд. Чашмони пурумедашон гувоҳӣ медиҳад, ки ташнаи санъати рақси миллии тоҷикианд. Аз ҳар гушаву канори Олмон барои омӯхтани рақси тоҷикӣ меоянд, ки албатта ин боиси сарафрозист”, - мегӯяд Лола Шарипова.

Гурӯҳи рақсии таъсисдодааш гулдухтарони аз 5 то 15 соларо фаро мегирад, ки аз миллатҳои гуногун иборат аст. Як қисмате аз онҳо зодагони Осиёи Марказианд, ки дар Олмон ба сар мебаранд. Агарчӣ рақси миллии тоҷикӣ барои шаҳрвандони Аврупо бегона аст, вале теъдоди хоҳишмандон барои ворид шудан ба гурӯҳи таъсисдодаи Лола рӯз то рӯз зиёд мешавад.

Кунун ӯ ҳамарӯза дар саҳна бо ҳазорон нозу ниёз, бо пероҳани зебо, таҳти суруду оҳангҳои дилнавоз ҳамроҳи гулдухтарони гурӯҳаш мерақсаду меҳри рақсро дар қалби шогирдонаш меафзояд. Ягона муродаш ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар кардани рақси миллии тоҷикӣ дар ин кишвар аст.

Набояд ҳаросид

Лола аллакай роҳу равиши зиндагиро дар тӯли чанд сол дар Олмон хуб аз худ кардааст. Ба гуфти ӯ инсон ба ҳамаи кор қодир аст. “Новобаста аз он ки дар кадом кишвари дунё қарор дорад, вақте мақсади муайян гузоштааст, ҳатман ба он ноил мегардад”, мегӯяд Лола.

Лола итминон дорад, ки ҷавонони кишварамон дар хориҷ аз Ватан низ метавонанд дар пешрафту нумӯи диёрамон саҳмгузор бошанд. Ба назари ӯ тарғиби фарҳангу ойин, забон ва санъати тоҷик худ саҳми назарраси ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯст дар самти муаррифии миллати тоҷик ба шумор меравад.

“Фарқ надорад, сарвантманд шавӣ, машҳур ва ё таҳсил намоӣ, барои ҳама имкон ҳаст, ки ҳар куҷое набошад, ба хостаҳои дили худ бирасад. Танҳо кӯшиш ва боварӣ ба худ зарур аст. Ҳар инсоне, ки меҳнат мекунад, ҳеҷ монеа дар самти амалӣ гардидани орзуҳояш вуҷуд надорад. Набояд ҳаросид”, - мегӯяд бо итминон Лола.

Фред ва Матеош кистанд? Аз гурӯҳи овозадори ZANJABIL BRO то вазифаҳои ҳаҷву танзи замон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(112) "Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10325"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6875"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(87) "/tj/articles/our_people/nilufar_mamadieva_ta_sil_dar_khori_a_shakhsro_musta_il_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3315"
  ["CODE"]=>
  string(62) "nilufar_mamadieva_ta_sil_dar_khori_a_shakhsro_musta_il_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3315"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Нилуфар Мамадиева: Таҳсил дар хориҷа шахсро мустақил мекунад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(140) "Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10279"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6841"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(97) "/tj/articles/our_people/abiba_daminzoda_zane_ki_amalisozii_loi_a_oi_buzurgro_kasb_pesha_kardaast/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3299"
  ["CODE"]=>
  string(72) "abiba_daminzoda_zane_ki_amalisozii_loi_a_oi_buzurgro_kasb_pesha_kardaast"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3299"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст

Другие новости