Тоҷирзани муваффақи рӯзгордида
Нашр шуд
Имрӯз пиру барнои ноҳияи Шаҳритус Шаҳло Бурҳоноваро чун бонуи фаъолу соҳибкори муваффақ мешиносанд. Ӯ бонуест, ки имрӯз бозори ноҳияро ба пуррагӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва дигар анвои либосҳо таъмин месозад. Ба гоҳи суҳбат дар баробари дастовардҳояш дар тиҷорат, аз мушкилиҳо дар ин самт, орзуҳои барбодрафтаву даврони кӯдакӣ ва муҳоҷирату шуғли дӯстдоштааш низ сухан кушод.
Бачагӣ
Ӯ дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадаву камол ёфтааст. Дар мактаби миёна яке аз толибилмони фаъол буду ҳеҷ як чорабинии муассиса бе иштироки фаъоли ӯ намегузашт. Бо дониши хубу рафтори намунавиаш Мактаби миёнаи №1 – и ноҳияро бо медали тилло ба итмом расонд.
Зиёд мехост, ки шомили донишгоҳ гардида, соҳибтахассус шавад. Чун мактабро, ки бо медали тилло хатм намуда буд, имкони бидуни супурдани ҳеҷ як имтиҳон сазовори номи донишҷӯ шуданро низ дошт. Вале зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Он замон кишварро ҷанги таҳмилии бародаркӯш фаро гирифту орзуҳояш ба боди фано рафт. Падараш дар он лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос, ки ҳамагӣ ҳар лаҳза аз даст рафтани ҷонашон бим доштанд, ҷигарбандашро ба таҳсил фиристонад.
Кулфату мусибати ҷанги хонумонсӯз даррасид. Ҳама талош меварзиданд, то ҷое панаҳ баранду худу фарзандон ва пайвандонашонро аз тиру туфанг эмин нигоҳ доранд.
“Он рӯзҳо даҳшатеро мемонд. Мардум дар ғами як дақиқа ва ё соате зинда мондан буд. Касе бовар надошт, ки аз як соат зиёд умр мебинад. Назди тиреза истода, ба тиру туфанг оғӯшта гардидани пиру ҷавони деҳаро медидем. Ҳатто рӯзе шоҳиди он гардидам, ки нисфирӯзӣ ҳангоми тановули хӯрок, ки он рӯз оши палов пӯхта будем, аз дохили тонк маводи тарканда ба ҳавлиамон партофта шуд. Баъдан, мардони силоҳбадаст вориди ҳавлиамон шуда, падарамро бо худ бурданӣ шуданд ва бахти падарам баландӣ карду ӯро раҳо намуданд”, - ёд меорад он рӯзҳорову ашк гулӯгираш менамояд…
Тиҷорати аввалин
Волидони Шаҳло ӯро бо ҷавоне фотиҳа намуданд. Шаҳло, ки аллакай айёми донишҷӯияшро аз даст дода буд, намехост, базми арӯсиаш низ барояш ормонӣ гардад. Дар чӣ гуна вазъияте, ки набошад тӯйи арӯсиашро бо базму сур дидан мехост. Бо ин ният ҳангоми сафар ба ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ва хабаргирии пайвандон, барои худ либоси арӯсии замонавиро аз он ҷо харид, вале бо мутаассифона тӯй барпо нашуд.
Дар ин миён, яке аз дугонаҳояш ба шавҳар мебарояду аз ӯ хоҳиш менамояд, ки либоси арӯсии харидаашро ба ӯ бидиҳад, то дар рӯзи тӯяш ба бар намояд. Агарчи Шаҳло инро дар тани худ дидан мехост, пофишории дугонааш нагузошт, ки ба ӯ ҷавоби рад диҳад. Ва ба арзиши 100 доллари амрикоӣ он либосро ба иҷора медиҳад, ки аввалин либоси арӯсии замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёфт.
Кунун ҳар духтари ҷавоне, ки ба шавҳар мебаромад, орзуи ба бар намудани ин либоси арӯсиро менамуд. Ва ҳамин тариқ, бо иҷора додани куртаи арӯсӣ аввалин тиҷорати Шаҳло оғоз ёфт. Бо мурур тиҷораташ фарох гардида, то ба таъсис додани толори арӯсӣ расид, ки онро «Зебо» номгузорӣ намуд.
Дар баробари ноҳияи Шаҳритус теъдоди толорҳои арӯсиашро дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Рӯз ба рӯз тиҷораташ авҷ мегирифту ривоҷ меёфт. Мизоҷон либосҳои арӯсии замонавитарро дархост менамуданд. Ва худ мустақиман ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Украина рафта, либосҳоро ба табъи дили мизоҷон фармоиш медод. Фараҳманд аз он буд, ки агарчи натавонист соҳибтахассус гардад, вале роҳу равиши худро дар зиндагӣ пайдо намуд. Дар ин росто, бонувони зиёди хонашинро низ соҳиби шуғл намуд.
Муҳоҷират
Кунун ӯ ҳар лаҳзаи умрашро ба такмил додани тиҷорат мебахшид. Дар баробари толори арӯсӣ, дар назди онҳо кошонаҳои ҳуснро низ созмон дод. То замоне пойбанди ин кор буд, ки озими мусофират шуд.
Соли 1999, пас аз ба шавҳар баромадан якҷо бо ҳамсараш ба шаҳри Волгогради Федератсияи Русия роҳ пеш гирифтанд. Тиҷораташро ба хоҳаронаш гузошта, 8 соли умри худро дар ғурбат гузаронд. Дар ҳиҷрат ором наистод. Азбаски пухту пазро дӯст медошту шуғли доимиаш маҳсуб меёфт, тасмим гирифт, то коргоҳи пазандагиро ифтитоҳ бахшад.
“Чун аз хурдӣ, ки ба пухту паз шавқу ҳавас доштам ва ҳатто замони дар синфи 6-7 хондан ҳар гуна шириниҳову ғизоҳо омода менамудам, таъсиси чунин коргоҳ дар фикрам ҳамеша чарх мезад. Вақте дидам, ки дар шаҳри Волгоград талабот ба чунин навъи тиҷорат зиёд аст, тасмимамро дар амал татбиқ намудам”, - бо хушнудӣ мегӯяд, Шаҳлобону.
Баробари ба фаъолият пардохтани коргоҳ, 12 нафар муҳоҷирони тоҷикро ба кор ҷалб намуд. Ҳамзамон тиҷоратҳои дигари худ дар Тоҷикистонро низ ҳамеша зери назорат мегирифт.
Яқинан пай бурд, ки бояд, фаъолияташро дар Тоҷикистон идома диҳад. Баробари баргаштан ба Ватан, муддати 10 сол дар шаҳри Душанбе умр ба сар бурдаву фаъолияти толорҳои арӯсиашро рушду равнақ бахшид.
«Зебо - 75»
Чун кори ӯ ба марҳилаи дигар баромад, дар андешаи таъсиси корхонаи дӯзандагӣ афтод. Зеро хуб медонист, ки бо фарох гаштани домани фаъолият савдо талаботи худро ба думбол хоҳад овард. Бо ин роҳ мехост, бонувони хонашини ноҳияро низ бо шуғл фаро гирад.
Бо гирифтани маблағи қарзӣ аз бонк, соли 2015 коргоҳи дӯзандагии «Зебо - 75» - ро таъсис ва онро пурра ба талаботи нав созгор намуд. Занони зиёди хонашинро ба кор фаро гирифта, таъмини бозори марказии ноҳия бо либосҳои мактабиву кориро низ ба зимма гирифт.
Дар аввал бонувони коргоҳ 12 нафар буданд ва бо гузашти як сол адади онҳоро ба 35 нафар расонд. Кунун тамоми мактабҳои ноҳияи Шаҳритусро маҳз корхонаи ӯ бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин месохт. Соли аввали фаъолият беш аз 20 ҳазор либоси мактабӣ дӯхтаву омода гардид. Дар баробари мактабҳои миёна, муассисаҳои тиббии ноҳияро ҳам бо либоси ягона таъмин менамуд.
Соли 2016, ҳини сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус, маҳсули дастранҷи бонувони коргоҳ ба намоиш гузошта шуд. Баъд аз маслиҳатҳои Президенти Тоҷикистон дар самти тиҷорат, Шаҳло боз ҳам баҳри рушду ривоҷи тиҷораташ саъю талош кард.
Чун аз илми маркетинг огаҳии комил дошт, бо назардошти талаботи бозор, роҳ сӯи мамлакати Туркияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистонро пеш гирифт. Бонуи кордону огаҳ аз муносиботи молӣ ва илми пешрафтаи замон, дар нахустин дидор бо ҳамтоёни худ дар ин кишварҳо шартномаҳои ҳамкориро тарҳ намуд. Аз он ҷо матоъҳои хушсифатро дастрас намуда, либосҳои шинаму замонавиро омода месохт.
Алҳол 100 нафар занону духтарони деҳа дар коргоҳи мазкур фаъолият бурда, навъҳои гуногуни либосҳо, аз қабили либосҳои мактабӣ ва тиббиву ҳарбиро тайёр мекунанд. Наздики 54 муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳритус ва 5 мактаби миёнаи ноҳияи Носири Хусравро бо либоси ягонаи мактабӣ, инчунин бозорҳои ноҳияи Шаҳритусро бо либоси яклухт муҳайё менамояд.
“Дар баробари сифат, арзиши либосҳо низ нисбат ба нархи дигар бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат фарқ дошта, наздики 20 дарсад арзон мебошад. Ҳамчунин, бонувони коргоҳ бо маоши хуб таъмин буда, дар як мавсим вобаста ба фармоиши либос, як нафар имкон дорад, то 10 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст орад”, - иброз медорад бо хушнудӣ Шаҳло Бурҳонова.
Ба қавли ӯ, дар тиҷорат пеш аз ҳама мебояд, нақшаи кории хуб тартиб дод, то мутобиқи он маблағ харҷ карда шавад. Зеро дуруст тақсим кардани маблағ дар соҳибкорӣ яке аз талаботи асосӣ ва роҳҳи муваффақият аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед