Ru  | Tj
Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»
Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»

Нашр шуд

Маҳина Мастулова обруву эътиборро аз бедорхобиҳову заҳматҳои шабонарӯзӣ  ба даст овардааст. Ӯ бештари умри хешро дар фазо сипарӣ кардааст.
Сарфи назар аз он ки 30 сол дорад, зиндагӣ бармаҳал ба ҳукми як инсони солору рӯзгордида имтиҳонаш намуда. Гармиву сардии рӯзгорро чашида ва аз ин ҳама гирудорҳо ба худ панде гирифта. Аз он фараҳманд аст, ки бар мушкилиҳо ғолиб омадаву дар касбу кор сарфароз гардида. 

Аҳли хонавода зиндагии хушу хуррам доштанд, то замоне, ки кишварро нобасомонӣ фаро гирифт. Ӯ ҳанӯз як сол дошт, ки аҳли оила ба вилояти Ростови Федератсияи Русия кӯч бастанд. Дар аввал сафарашон барои як муддате тарҳрезӣ шуда буд, вале зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. 

КӮДАКИИ БЕ ХОКТӮДАҲОИ МЕҲАН 
“Чун хурд, ки будам хотираҳо аз он овон хеле хираанд. Аз рӯи нақли волидон, то замони ҳиҷрат онҳо аз рӯи ихтисоси худ, ки ҳар ду ҳам омӯзгори забони русӣ буданд, дар зодгоҳ дарс мегуфтанд. Аммо дар ин ҷо касбашон тағйир ёфт. Ягона ноновари хона падарам буд. Модарам ба нигоҳубини фарзандон банд шуда, корҳои хонаро ба сомон мерасонд”, - бо ёдоварӣ аз он замон қиссаро оғоз кард Маҳина. 

Маҳинаи хурдакак овони кӯдакиро низ дар мусофират пушти сар намудааст. Гирду атрофаш ҳама кӯдакони рус буданд. Айёми бачагиаш мисли кӯдакони тоҷик на бо бозӣ даруни хоктӯдаҳову талу теппаҳо, балки бо замзамаи суруд сипарӣ гардида. 
“Суруданро зиёд дӯст медоштам. Бо ҳамсолон назди ҳамсояҳо консерт меоростем. Теъдоди тамошобинон 10 – 15 нафарро ташкил медод, ки ба ҳар кадоми онҳо бо нархи 50 копеек (тин) чипта мефурӯхтем. Матнро худам эҷод карда, онро бо лаҳни зебои кӯдакӣ оҳанг баста, месароидам. Бисёр ҳам даврони хушу беғамӣ буд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираам зудуда намегардад. Вале зочабозӣ ва  лойбозиву қумбозӣ, ки бештари кӯдакони меҳан замони бачагиашонро бо ин навъи бозиҳо сипарӣ менамоянд, лаззати дигар дорад” – мегӯяд Маҳинабону.

Пас аз хатми мактаби миёна сӯи амалӣ намудани орзуҳояш роҳ пеш мегирад. Ба Донишгоҳи давлатии Волгоград дохил шуда, равияи ҷамъиятшиносиро мепазирад. 

ТАСОДУФ  


Баробари хотима ёфтани таҳсил ва ба даст овардани диплом, ба назди модар шитофт, ки он овон дар шаҳри Душанбе мезист. Ин сафар тавонист, ӯро ба самте бубарад, ки аслан сари он андеша намекард. 
“Интихоби пеша бароям ғайриинтизор буд. Як сухани хоҳарбузургам сабаб гардид, ки ба сӯйи майдони ҳавоӣ биёям. Дақиқан, соли 2013 буд. Хоҳарбузургам, ки он замон дар ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" фаъолият мекард, пешниҳод намуд, то ҳуҷҷатҳоямро ба ширкати ҳавопаймоии навтаъсиси украинии "East Air” пешниҳод намоям. Зеро моро мебоист мӯҳлати тӯлонӣ дар Тоҷикистон бимонем ва бидуни кор зистан ғайриимкон буд. Азбаскӣ ба қисме аз талаботҳои меҳмондории ҳавопаймоӣ, аз қабили донистани забони русӣ, солимии ҷисм ва синну сол ҷавобгӯ будам, бо гузашти се зинаи санҷишӣ дастболо шудам”- баён медорад Маҳина.

Агарчӣ фаъолият бурдан дар ҳавопаймо дар ёду хаёлаш набуду мисли дигар меҳмондорони ҳавопаймо орзуи тифлияш низ маҳсуб намеёфт, вале як пешниҳоди хоҳарбузургаш тавонист, ки самти зиндагии ӯро тағйир диҳад. Ҳоло вай аз хоҳараш сипосгузор аст, ки ба ин роҳ талқинаш намуд. 

НАХУСТПАРВОЗ

Ба қавли ӯ шояд барои бархеҳо, ки аз ин шуғл огаҳии комил надоранд, меҳмондори ҳавопаймо будан содаву бидуни муаммо намояд. Чун ба андешаи мусофирони ҳавопаймо тақсим кардани ғизо ва ҷамъоварии зарфҳои истифодашуда корест саҳлу осон. Аммо дар асл, барои ин ҳамаро анҷом додан забондону нигаҳбон ва қабл аз ҳама, равоншиноси хуб мебояд буд. Ба ҷуз ин, муомила бо мусофирон, чӣ гуна амал намудан дар ҳолатҳои изтирорӣ аз роҳбалад масъулият, фаҳмишу дарки аниқ талаб мекунад. 

Чун аз анҷоми аввалин парвозаш пурсон шудем, бо табассум гуфт:
“Баъд аз давраи омӯзишӣ ниҳоят замони парвози мустақимона фаро расид. Нахустин парвозам дар хатсайри Қӯрғонтеппа-Москва-Қурғонтеппа анҷом ёфт, ки хеле ҳаяҷоновар буд. Чаҳор нафар меҳмондори ҳавопаймо будем. Барои ҳар кадомамон корҳо тақсим гардида буд. Ман бояд барои хӯрока ва ошхона ҷавобгар бошам. Ҳамон рӯз сардор низ ҳамроҳамон парвоз мекард. Тамоми хӯрокҳоро гарм намуда, омода мекардам. Дигар ҳамкорон машғули кори худ буданд. Ногаҳон, ҳангоми ҳисоб намудани хӯрокҳо мебинам, ки ду қуттии хӯрок намерасад. Дар ин ҳолат маро воҳима зер кард. Гиря гулугирам намуду ба худ гуфтам, акнун бо ҳамин тамоми заҳмати кашидаам аз байн меравад. Аммо вақте аробаҳои ғизокашонро аз назар гузаронидем, хӯрокҳои гумшударо ҳамроҳи пасмондаи хӯрокҳо пайдо намудем, ки ин ҳолат ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад”, мегӯяд Маҳина.

Бо ҳамин парвоз имтиҳонҳои заминиву осмониро ба хубӣ паси сар карда ва фаъолияташро ба ҳайси меҳмондори ҳавопаймо шурӯъ намуд, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ бо номи «стюардесса» роиҷ аст.   
   
«ПОБЕДА» ВА «NORDWIND AIRLINES»

Бо сипарӣ шудани ду соли фаъолият дар ин самт, ширкати мазкур ба фаъолияти худ нуқта гузошт. Баъд аз ин, Маҳина гумон бурда, ки бо ҳамин кораш ба поён мерасад. Пас аз каме таваққуф, бо нияти пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ба шаҳри Волгогради Русия меравад. Бо ҷурми кам будани маош, баъдан ба шаҳри Москва равона мегардад.
Рӯзе ҳангоми аз назар гузарондани ҷойҳои кории холӣ, модараш тавсия медиҳад, ки ҳуҷҷатҳояшро ба ширкати ҳавопаймоии «Победа» бифиристад. Бо гузашти андак вақт ӯро барои сӯҳбат ба шаҳри Москав даъват намуданд. Дар дил ҳарос дошт, чун танаффуси тӯлониро пушти сар карда буд. Хушбахтона суҳбат бомуваффақият анҷом ёфт.
“Беҳуда нест, ки мегӯянд, одаме дар соҳаи авиатсия кор кардааст, дигар бе ин соҳа наметавонад. Воқеан, дар ин муддат корамро ёд карда будам. Пас аз гузашти давраи омӯзишии 3 моҳа, моҳи августи соли 2018, дар ин ширкати бонуфузи русиягӣ ба фаъолият пардохтам”, - иброз дошт Маҳина Мастулова. 

Маҳина, ки духтари чобуку ӯҳдабарост, бовуҷуди комёбиҳояш бо он иктифо намекунад. Ҳамеша дар рӯзгораш дигаргуниеро дидан мехоҳад. Ҳамин буд, ки пас аз омӯхтани таҷрибаи 4-солаи корӣ дар ширкати ҳавопаймоии Русия, корро дар ширкати ҷаҳонӣ - «Nordwind Airlines» идома бахшид. Инак, дар давраи санҷишии 6 моҳа қарор дораду умед бар он мебандад, ки бо пушти сар намудани марҳилаи санҷишӣ ширкати мазкур бо ӯ шартномаи кории муҳлатдорро ба имзо мерасонад. 

МАНФИАТУ МУШКИЛИҲОИ СОҲА


Фаъолияти рӯзмарраи меҳмондори ҳавопаймо аз дигар шуғлҳо ба куллӣ фарқ дорад. Онҳо мебояд, ду соат қабл аз парвоз ба майдони ҳавоӣ ҳозир шаванд. Пас аз вохӯрӣ бо ҳайати идоракунии ҳавопаймо (экипаж) ва шиносоӣ бо ҳамдигар, сардори стюардессаҳо маълумотро дар бораи хатсайри навбатӣ мерасонад ва вазифаҳои ҳар як аъзои экипаж муайян мешавад. 

Баъд аз гузаштани назорати духтур, санҷидани набзи дил ва ҳолати умумӣ, ба онҳо иҷозаи парвоз дода мешавад. Кори стюардессаҳо то аз назар гузарондани дохили ҳавопаймо, пешвозгирӣ, кӯмак намудан ҳангоми ҷойгиршавии мусофирон ва қабули бағоҷ  идома меёбад. Давоми парвоз дастрас намудани хӯроки гарму нӯшокӣ ба мусофирон низ вазифаи ҷонии меҳмондори ҳавопаймо маҳсуб меёбад. Дар умум, як рӯзи кории онҳо тақрибан 12 соатро фаро мегирад. 

“Вақте ки мусофирон ором мегиранд меҳмондори ҳавопаймо чӣ кор мекунад?” - мепурсам аз ӯ. 
Ӯ мегӯяд: “Ин аз масофаи парвоз вобаста аст. Ҳангоми тӯлонӣ набудани парвоз, стюардесса ҳақ надорад, хоб равад. Давоми парвоз мо якдигарро иваз мекунем. Ҳар як 10-20 дақиқа вазифадорем, ки ҳоҷатхона ва купеҳои мусофиркашониро аз назар гузаронем, то боварӣ ҳосил намоем, ки барои мусофирон ҳамаи шароит муҳайёст. Дар вақти холигӣ хӯрок тановул менамоему ҳамзамон бо ҳамкорон сӯҳбат меороем”. 

Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту аз ӯ дар хусуси бартариятҳои пешааш пурсидам, ки чунин гуфт:
“Сафарҳои зиёд, сӯҳбату вохӯрӣ бо мусофирони гуногунпешаву гуногунхислат, сайёҳат аз ҷойҳои таърихии кишварҳои хориҷ ва албатта, аз наздик дидани манзараи ҷолиби тулӯъ ва ғуруби офтоб аз ҷумлаи бартариятҳои ин пеша аст. Ҳамчунин, ҳар нафаре, ки ин пешаро интихоб менамояд, қабл аз ҳама, бояд дарк кунад, ки нафари дар соҳаи мазкур фаъолиятдошта барои зиндагии шахсии худ вақти зарурӣ  пайдо карда наметавонад. Чун пайваста дар сафар асту ҳатто дидори наздиконаш ба серӣ ба ӯ даст намедиҳад. Реҷаи хоб низ комилан аз байн меравад. Ба саломатӣ ҳам таъсири худро мерасонад. Зиёд ба пой рост истодан метавонад ба бемории варикози рагҳо оварда расонад. Эҳсоси сар задани ҳар гуна ҳолатҳои изтирорӣ сабабгори бад шудани ҳолати рӯҳии корманди ҳавопаймо мегардад”. 

Маҳина Мастулова мекӯшад то номи духтари тоҷикро дар хориҷ аз кишвар ҳамчун содиқ ба касби хеш муаррифӣ созад. Аллакай чун  беҳтаринҳои соҳа ном баровардаву нисфи умри хешро дар само сипарӣ намудааст.  



Чӣ тавр ҷавони рус дар Тоҷикистон мавқеъ ёфт?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед