Ru  | Tj
«Nilya_food». Саҳми тоҷикдухтаре дар тарғиби хӯрокҳои миллӣ
«Nilya_food». Саҳми тоҷикдухтаре дар тарғиби хӯрокҳои миллӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

«Nilya_food». Саҳми тоҷикдухтаре дар тарғиби хӯрокҳои миллӣ

Нашр шуд

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае фаъол гардидаанд, ки дигар ҳоҷати рафтан ба бозору мағоза, ошхонаву тарабхона ва марказҳои омӯзишиву толорҳои харид барои ҷиҳози хонаву масолеҳ ва маводи дарсӣ намемонад. Ҳар нафар озодона метавонад дар хона нишаста, забон ва ё тарзи ороиш намуданро омӯзад, барои худ ҷиҳози дилхоҳ ва ё хӯроки хостаашро фармоиш бидиҳад, то ба хонааш оварда расонанд. Ва ё баръакс бо тамошои наворҳои кӯтоҳ кадбонувон шириниву хӯриш ва хӯроки болаззатеро омода созанд.

«Nilya_food» дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм яке аз он саҳифаҳоест, ки дар он хӯроку хӯришҳо ва шириниҳо, аз ҷумла таомҳои миллӣ тарғиб ва омӯзонда мешаванд. Онро тоҷикдухтаре бо исми Нилуфар пеш мебарад, ки алҳол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иқомат дорад. Ба фарқ аз дигар саҳифаҳое, ки ба тарғиби хӯроку шириниҳо ва хӯришҳо равона гардидаанд, ин саҳифа тавониста, ки наворҳои кӯтоҳу камхарҷро пешкаш намояд. Пайнавардон (обуначиён)-аш нисбат ба дигар саҳифаҳо бештар буда, миёнашон на танҳо тоҷикон, балки хориҷиён низ ҳастанд.

Нилуфар Ғаниева зодаи шаҳри Душанбе буда, хамткардаи намояндагӣ (филиал)-и Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов мебошад. Пас аз хатм фаъолияти корияшро ба ҳайси корманди шуъбаи кадрҳои донишгоҳи мазкур оғоз бахшид.


 

ОҒОЗ

Ӯ дар аввал ба пухтупаз шавқу рағбати беандоза надошт. Аҳёнан барои аҳли хонавода хӯрокҳои сабукеро тайёр менамуд. Он ҳам бо тавсияву раҳнамоии модар буд. Бори нахуст дар ғайби модар мустақилона хӯрокеро аз гӯшту картошка ва сабзавот омода сохт. Аз он меҳаросид, ки мабодо таоми омоданамудааш мақбули аҳли хонадон нагардад. Чун пухтани гӯшт нозукиҳои махсусро талаб менамуд, ки мебоист нарму лаззатбахш омода мегардид.

Замони сари дасторхон овардани хӯрок бо ҳаяҷон наззора мекард, ки аҳли хонавода таоми омодакардаашро чӣ гуна баҳогузорӣ менамоянд. Баъд аз тановул ба ҳунари ошпазии ӯ баҳои арзанда доданд. Фараҳмандона аз маҳорати кадбонугияш меболид. Ва шавқаш ба пухтани ғизоҳо бештар мегардид.

- Албатта, дар аввал ба хатоҳо роҳ медодам. Баъзан рӯзҳо оби хӯрок ҷӯшида хушк мегардид. Ва ё аз беаҳамиятӣ таомро месӯзондам. Дар ин ҳолатҳо маҷбур мешудам, то аз сари нав ғизоро омода созам. Вале аз ин хатоҳои кардаам сабақ омӯхтаву такмил ёфтам, - мегӯяд Нилуфар Ғаниева.

 

РУШД  

Пас аз барпо намудани оила бештари вақташро ба омода сохтани таомҳои болаззат ва хӯришу шириниҳо мебахшид. Ба қавле дастури махсуси таҳияи таомҳоро роҳандозӣ намуд. Беҳтарин ғизоҳоро таҳия карда, онҳоро бо ороишоти аҷибу назаррабо пешкаши аҳли хонавода мекард.


Бо мурури замон дар баробари хӯрокҳои миллӣ омода кардани таомҳои туркиву гурҷӣ ва хӯришу қаннодиҳои гуногунро азхуд кард. Тарзи таҳияи онҳоро ба воситаи шабакаи интернет, аз саҳифаҳои иҷтимоии ошпазҳои ҷаҳон пайдо месохт. Ва бо услуби хоси худ хӯрок тайёр карда, пешниҳоди аҳли хонадони шавҳар мекард. Аз ин машғулияташ ҳаловат мебурду талоши омӯзиши бештарро менамуд. Кӯшиш ба харҷ медод, то мустақилона ин ҳамаро омӯзад, на дар назди касе ва ё мактаби омӯзишие.

Пас аз тавлиди тифл ва ба рухсатии нигоҳубини кӯдак баромадан, вақти холигияш дар хона зиёд гардид. Фурсати бештарро дар ошхона бо тайёр намудани ғизову хӯришҳо сарф менамуд. Зиёд мехост маҳсули дастонашро ба маърази ом гузорад, то бонувоне, ки пазандагиро дӯст медоранд, заррае аз дастури хӯрокҳои омодакардааш баҳравар гарданд ва ӯ муҷиби омӯзиши онҳо шавад.

 

«NILYA_FOOD»

Дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаеро боз намуд ва онро «Nilya_food» номгузорӣ кард. Бори аввал хӯроки миллӣ – оши паловро бо услуби ба худ хос омода карда, наворашро гузошт. Пас аз роҳ ёфтани навор, пайнавардонаш зиёд мегардиданд ва ин ба ӯ илҳом бахшид, то ин гуна наворҳоро афзун намояд.

Агарчи шабакаҳои интернетӣ пур аз наворҳои тарзи омода намудани таому шириниҳо буд ва сафи бонувони пешбарандаи чунин саҳифаҳо низ кам набуданд, вале Нилуфар услуби муайянеро пеш гирифт. Наворҳоро на ин ки дуру дароз, балки кӯтоҳак ва дар ҳаҷми чанд сонияе пешкаши пайнавардон мекард, ки вақти зиёди худро сарфи тамошо накунанд. Яке аз роҳҳои муваффақияташ пешкаш намудани навор бо чунин услуб бошад, сирри дигараш дар он буд, ки бештар ғизоҳоеро омода месохт, то камхарҷу мувофиқ ба минталитети ҳар як кишвар бошад. Бо ҳамин роҳ ӯ яке аз фаъолтарин бонувони пешбарандаи саҳифаи пазандагӣ гардид.


- Мухлисони саҳифаам ҳар хӯроку хӯриш ва ё шириниеро, ки мегузоштам, омода намуда бароям ирсол мекарданд. Аз он хушҳол будам, ки ба ин васила сабабгори омӯзиши онҳо мегардам. Ин навъи машғулият маро дубора рӯҳбаланд месохт. Ҳамин буд, ки тасмим гирифтам дигар ҳар он чизе, ки омода месозам, идеяи худам бошаду бо тарзу услуби ғайриодӣ пешкаши пайнавардон гардад, - ифтихормандона иброз медорад қаҳрамони матлаби мо.

 

ТАРҒИБГАР

Бо мурури замон ҷойи кори шавҳараш иваз шуду озими Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиданд. Инак, тӯли як сол мешавад, ки дар он ҷо зиндагиву иқомат менамоянд. Хӯрокҳои миллии омоданамудааш дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграм аз мадди назари вебнависон (блогерон)-у рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ дур намонд. Кунун ӯро ба шабакаҳои иҷтимоиву телевизионӣ даъват менамоянд, то тавониста бошад бинандагони онҳоро бо асрори ғизоҳои миллӣ ошно созад.

Маҳз дар он ҷо Нилуфар дарк намуд, ки дӯстдорони таомҳои миллиямон бештаранду майли омӯзиши ин навъи хӯрокҳоро доранд. Ба қавли ҳамсуҳбатам, бештар аз ҳама, барои мардуми ӯзбекистонӣ омода намудани хӯроки миллӣ – қурутоб шавқовар аст.

- Чанде пеш яке аз блогерони ӯзбектабор, ки саҳифаи ӯ низ дар Инстаграм ниҳоят фаъол аст, маро ба студияи ошпазии худ барои тайёр кардани қурутоб даъват намуд. Бо дархости бинандагони саҳифаи ин блогербону ва шогирдонаш, ки бештарашон ӯзбекзабононанд, тарзи дуруст омода намудани қурутобро манзури онҳо гардондем. Аз он меболидам, ки мардуми ин ҷо ба хӯрокҳои миллии мо шавқу рағбати беандоза доранд, - хушҳолона меафзояд Нилуфарбону.

Бино ба гуфтаи ӯ, коргардонҳову таҳиягарони барномаҳои телевизионии ин кишвар ӯро даъват меосозанд, то аз ҷараёни пухтупази хӯрокҳои миллии тоҷикӣ барномаҳо таҳия созанд, вале бо сабаби балад набудани забони ӯзбекӣ дар бисёре аз мавридҳо даъвати онҳоро рад менамояд. Дар он барномаҳое, ки бо забони русӣ таҳия мегарданд, талош меварзад, ки ширкат намояду бештар аз ҳама хӯрокҳои миллии тоҷикиро омода созад. Бо ин роҳ мехоҳад, дар тарғиби таомҳои миллиямон дар кишварҳои хориҷ саҳмгузор бошад.


Ҳар нафаре, ки вориди саҳифаи Нилуфарбону мешавад, ҳатман барои худ чизе пайдо месозад, ки онро мустақилона омода сохтаву манзури аҳли хонавода гардонад. Сар карда аз қандинаву кулчақанд то хӯришу хӯрокҳои тоҷикӣ, гурҷиву озарӣ, туркиву ӯзбекӣ, фаронсавию итолиёвӣ ва нӯшобаҳои гуногунро метавон дар он ҷо дарёфт, ки бештаре аз онҳо дар якҷоягӣ бо идеяҳои ҷолибу дастурамали ғизоии махсуси қаҳрамони матлабамон омода мегарданд.

Ҳамоно барои ҷалби бештари мухотаб (аудиториа)-аш усулҳои наву ҷолиби пухтупазро пешниҳод менамояд. Бо ин роҳ, ӯ тавониста, ки ба бонувони пазанда омӯзиши ройгонро ба роҳ монад. Зеро на ҳама мехоҳад асрори пазандагиашро ба дигарон муфт пешкаш созад. Чун барои омӯхтани як курси хӯрокпазӣ мебояд 400-500 сомонӣ пардохт намуд ва он ҳам танҳо барои як қисмат, яъне курси омӯзишии таомҳо ва ё шириниҳо. Нилуфар бошад, бо пешниҳоди дастурамали ғизоӣ ва услуби омодасозӣ, то андозае ба кори бонувон сабукӣ мебахшад. Ҳар касе имкон дорад, ки бо сарфаи вақту маблағ анвои дилхоҳи худро аз ин саҳифа азхуд намояду омода созад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед