Гулнози «Як соат». Чеҳраи телевизионие, ки оиларо интихоб намуд
Нашр шуд
Ба ҷойи ваъдагӣ расидан баробар алом медиҳам ва бо каломи мавзуне ҷавоби салом медиҳад. Пиндоштам, ки бо вуҷуди ҷавон будан рӯзгордида аст, чун кӯдакон дили поку самимӣ дораду вуҷудаш саршор аз меҳру муҳаббат аст.
- Апаи Бунафша, суҳбатамон сари чӣ масъалае сурат мегирад ва кадом самтро бештар фарогир мешавад? - бо табассуми ба худ хос мепурсад.
- Ҳамаи самтро фаро мегирад. Шурӯъ аз овони кӯдакӣ то кор дар телевизиону оиладорӣ ва тарбияи кӯдакон, - мақсад аз вохӯриро баён намуда, дар ҳамин ҳол аввалин суолро медиҳам:
- Тӯли ин муддат аз шабакаҳои телевизионӣ дур будед. Чаро ва чӣ гуна тавонистед, ки беш аз панҷ сол худро бидуни телевизион тасаввур намоед?
- Ба тарбияи фарзандон машғул будам. Азбаски бароям оила болотар аз фаъолияту карйераам меистод, кор дар телевизионро канор гузоштам. Чун мехостам, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти фарзандон, сар карда аз аввалин қадамзанӣ то бори нахуст ҳарфзанияшонро бо чашми сар бубинам. Ин лаҳзаҳоро бо ҳеч сухан наметавон тасвир кард, ки чӣ қадар ҳаяҷоновару хурсандибахшанд. Дунёи беғашу беолоиши кӯдакон нагузошт, то ҳатто дур будан аз телевизионро ҳис намоям.
Пай бурдам, ки оила барояш арзиши муқаддас дорад, фарзандон бошанд ҷойгоҳи махсуси худро. Бо ҳамин суҳбат оғоз ёфту сайре ба дунёи ширини пурафсона, мамлакати кӯдакӣ, хотираҳои рӯҳафзою ғамфарсо ва дунёи розу ниёзи ӯ намудем.
ТАЪСИРИ МОДАР
Гулноз дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Модараш Рисолат Иброҳимова, олим ва муаллифи китоби таълимии географияи синфи 11 мебошад. Падар низ омӯзгори ҳамин соҳа аст. Дар инкишофи нутқи буррову сухандонияш саҳми модарро бештар медонад, агарчи падарро ҳиссагузор мешуморад.
- Модарам зани босаводу ботамкинанд. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар хонаву ошхона бароям шеър мегуфтанду қиссаҳои ҷолиб мекарданд. Вақте мактабхон шудам, дар роҳ то расидан ба мактаб дастам ба дасти модарам буду ҳушу гӯшам ба ҳарфҳояшон. Дар баробари зани босаводу хушхату хушхон будан маҳорати хуби суханварӣ доштанд. Шеърҳоро равону зебо қироат мекарданд. Таъсири модарам буд, ки самти эҷодро интихоб намуда, ба шеърхониву суханварӣ рағбат пайдо намудам, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Чун фарзанди хурдии хонадон ки буд, модар бештари вақташро бо ӯ сипарӣ менамуд. Ин ҳама кӯшишҳои модар таъсирашро расонид. Меҳри хондан рӯз то рӯз дар қалбаш афзун гардид. Ҳар китоби мехонда, ҳар ҷаридаи медида, ҳар сухани мешунидааш ӯро ба таҳсил ҷалбтару ҷазбтар менамуд.
«ТЕЛЕВИЗИОН МАРО ИНТИХОБ НАМУД»
Дар мактабе, ки таҳсил менамуд, рӯзе аз телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» барои омода намудани гузорише ҳайати кормандон ташриф оварданд. Ногаҳон дар саҳни мактаб коргардони барнома Гулнозро мебинад. Чеҳраи телевизионии духтарак писандаш меояду аз ӯ пурсон мешавад, ки хоҳиши кор дар телевизионро надорад?
- Он вақт дар синфи 7-ум таҳсил мекардам. Азбаски суханрониро дӯст медоштам, ин тасмим писандам омад. Волидонам розӣ шуданду фаъолият дар телевизиони «Баҳористон»-ро оғоз бахшидам. Аввалин барномаам насиҳатӣ буд. Қабл аз оғози саҳнаи адабӣ дар бораи он саҳна ҳарф мезадам. Барномаи мазкур аз ҷониби коргардоне, ки боиси ба кор рафтани ман дар ин телевизион гардид, Амонулло Каромов роҳандозӣ гардида буд. Дар умум, агар гӯем телевизион маро интихоб кард, хато намешавад, - ёд меорад лаҳзаҳои аввали корияшро Гулноз Раҳматова.
Бо ҳамин фаъолияти корияш ҳамчун рӯзноманигор оғоз ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ чеҳраи телевизион низ гардид. Сарфи назар аз наврасу хонандаи мактаб буданаш барномаҳои гуногунро мебурд.
ШАШ МОҲ БИДУНИ МАОШ
Фаъолият дар ин боргоҳи сухан ба ӯ писанд омад. Баробари ба итмом расидани дарсҳо дарҳол сӯйи кор мешитофт. То як поси шаб дар он ҷо мемонд. Пас аз чанде ӯ ровии барномаи субҳгоҳии «Ассалом» гардид. Сарборияш бештар шуду вақти холигияш кам. Бо ҳамин минвол шаш моҳ паси сар шуд.
- Рӯзҳову ҳафтаҳо гузаштанд. Шаш моҳ аз заҳмату подошҳоям ҳаққи хидмат нагирифтам. Баъзан рӯзҳо пиёда ба ҷойи кор меомадам. Дигар вақтҳо падару модар ва холаам роҳкиро медоданд. Пас аз интизорињои зиёд аввалин маошамро гирифтам, ки 8 сомониро ташкил медод. Хурсандиямро ҳадду канор набуд. Бо заҳмати худ маблағ ба даст овардан ҳаловати дигар дорад, - хушҳолона мегӯяд Гулнозбону.
Заҳмату талошҳои шабонарӯзияш натиҷа ба бор оварданд. Роҳбарияти вақти телевизион барномаи пурбинандаи «Як соат»-ро ба ӯ бовар карданд. Гулноз ровии барномаи мазкур шуду муддати ду сол онро ҳамроҳ бо дигар рӯзноманигорон пеш мебурд. Маҳз ҳамин барнома боис гардид, то ӯро бештар шиносанд. Баъд аз ин барнома ҳар касе, ки ӯро медид, «Гулнози як соат» номаш мебурд.
ШАБАКАИ ЯКУМ
Каму ғам не, ду сол ин барномаро гардонандагӣ намуд. Вале дар ин миён ровиҳои барнома иваз шуданду бар дӯши Гулноз бахшҳои дигар вогузор гардид. Азбаски ӯ дар ин муддат аллакай донишҷӯ буду бештари вақташро дар донишгоҳ сипарӣ менамуд, имкони ҳамеша дар телевизион буданро надошт. Ҳамин буд, ки пас аз 3 моҳи пеш бурдани бахшҳои гуногун фаъолияташро дар телевизиони «Баҳористон» қатъ намуд. Ва корашро дар «Шабакаи якум» идома бахшид.
- Агарчи телевизиони «Баҳористон» бароям пойдевор буду маро бештар ба тамошобин муаррифӣ сохт, вале дар «Шабакаи якум» роҳу равиши дигарро омӯхтам. Тавонистам ба тамошобин нишон бидиҳам, ки на танҳо аз уҳдаи омода намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, балки барномаҳои сиёсӣ низ баромада метавонам, - иброз намуд ӯ.
Гулноз фаъолияташро дар ин телевизиони бонуфуз аз барномаи «Муносибат» шурӯъ намуд. Барномаи мазкур тарбиявӣ буду бештар ба самти беҳтар намудани тарбияи ҷавонон равона мегардид. Тӯли як сол бо ин барнома талош варзид, то таъсири худро дар беҳтар гардидани тарбияи ҷавонон гузорад. Пас аз он ки шартномаи корияшон ба итмом расид, ӯ худро ҳамчун наттоқи барномаи «Ахбор» дидан мехост. Ва ҳамчун наттоқи барнома муддати ду сол фаъолият намуд. Баробари бунёд намудани оила фаъолияташро қатъ намуда, пурра ба тарбияи фарзандон машғул гардид.
«ОИЛА БАРОЯМ МУҚАДДАС АСТ»
Соли 2017 бо ҷавоне, ки ҳампешааш буду он замон дар телевизион фаъолият мекард ва ҳоло шоумену сарояндаи машҳур – Мубориз Усмонов оила барпо менамояд. Ниҳоли муҳаббаташон Азалияву Бориз мебошанд, ки ба хотири ба воя расондани онҳо Гулноз фаъолияташро 5 сол канор гузошт.
Бо камол ёфтани фарзандон муддатест, ки дубора фаъолияташро оғоз бахшидааст. Вале ин навбат на ҳамчун журналист ва ё наттоқи телевизион, балки ҳамчун менеҷери ширкати қарзии хурди «Васл» кор мекунад. Бо вуҷуди аз субҳ то шом сари кор будан, боз ҳам барои фарзандонаш вақт ҷудо кардаву лаҳзаҳои бештарро бо оилааш сипарӣ менамояд.
- Оила макони муқаддасест, ки онро наметавон бо чизи дигаре иваз кард. Барои ҳам зану ҳам мард оила бояд болотар аз ҳама чизи дунёӣ бошад. Агарчи имрӯзҳо саргарми кор ҳастам, вале талош меварзам, ки давоми рӯз аз ҳолу аҳволи фарзандон бархӯрдор гардам.
Гулнозбону, ки хатмкардаи факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, тасмим гирифта, то зинаи аспирантураи ин риштаро ба поён расонад. Ва худро дар зинаҳои дигари фаъолият озмуда бошад. Сарфароз аз он аст, ки наврасиву ҷавонияшро барабас надодаву ба муваффиқиятҳои зиёде ноил гардидааст. Ҷаҳду талошҳояш қадр гардидаву ба ӯ сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гардидаанд. Қадрдонии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, туҳфаи соати дастиро барояш беҳтарин ҳадя мешуморад, ки ҳамчун ҷавони чолоку пешгом сарфароз шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед