Ru  | Tj
Бонуи таъмиргари муҳаррик
Бонуи таъмиргари муҳаррик
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Бонуи таъмиргари муҳаррик

Нашр шуд

Дар кӯчаҳои хокиву кӯҳпораҳои осмонбӯси зодбуми ба ҷонаш баробари Кӯҳистони Мастчоҳ давраҳои бачагӣ меронду оғӯши гарми ҳароратгуна миёни оҳану оҳанпораҳои ҳавлӣ, назди падараш мудом маскану маъмани оромишу роҳату ҳаловаташ буд. Дар ҳар фурсати фосила, ки ба гоҳи бозӣ бо ҳаммаслаконаш нафасе имкони каноре нишастан даст медод, ба олами зеботарин ангораи рӯъёи зиндагиаш бо орзуҳои барояш дар ун ғоту аҳду овон дастнорасу осмонӣ ба самоҳои баландтар аз кӯҳҳои осмонбӯс парвоз мекард, ки шояд рӯзе армону ҳавасҳои қалби як гулдухтари кӯчаки гарояндаи пешаи ҳуқуқшиносӣ, ба хосту хоҳиши Парвардигор ва ҳам тақдиру қисмат ӯро ба дунёи ҳақиқат мепайвандад. Вале, дар ин асно чун ба ақлу идрок расиду шуълаи муҳаббатбори дилаш ба тобиши дигар аланга гирифт, дасти қисмат сӯи дигар тоб хӯрд. 

Ҳанӯз хонандаи мактаби миёна буд, ки қиблагоҳаш ҷарроҳӣ шуду сараш осеб дид ва баробари фаро расидани фасли гармо имкони кор карданро аз даст медод. Падараш, ки ягона таъминкунандаи рӯзгор буду аз ҳисоби таъмири автомобилҳо зиндагиро пеш мебурд, дигар он марди тавонову танӯманд набуд. Рӯз то рӯз зиндагӣ сангинтар мегардиду  Ҷамилаи 14 сола шабеҳи мурғи паруболканда дар нимароҳи пайраҳаи қисмат ҳайрон монд, чун аз худ бузург танҳо бародари маълуле дошт, ки худ дастнигари дигарон буд. Дигарам чӣ илоҷ дошт ба ҷуз роҳу равиши пешаи падарро интихоб кардан. Ва бо талошу ҷаҳди ҳамвора ба по хесту ба қасди шикасти армону ҳавасҳои дилаш, аз ягон садду монеа наҳаросид. Агарчӣ пешаи интихобкардааш хоси писарон буду барои як духтари кӯҳистонӣ коре буд мушкил.  

Аммо таъмир намудани автомобилу рангу бори он барояш ҳеҷ душворӣ пеш намеовард. Зеро аз хурдӣ чун ёрдамчии падар ҳамвора ба ӯ кӯмак мерасонду муҳити корӣ барояш ошно буд. Вале ҳамоно қиблагоҳаш канори сояе нишаста барояш чӣ гуна кушодану таъмир намудани қисмҳои автомобилҳоро меомӯхт. Ӯ бошад бо гуфтаи падар амал менамуд, ки ниҳоят натиҷа ба бор меовард. 


Бо мурури замон тамоми нозукиҳои ин пешаро аз худ кард ва дар маҳалли зисташон чун духтараки донандаи хуби касби хеш ном баровард. Ва имрӯз ӯро чун таъмиргари хуби муҳаррикҳо ва рангкунандаи мошинҳои хурд мешиносанд. Духтарони ҳамсину солаш бо ҳавас назди ӯ меоянду хоҳиши омӯзиши ин ҳунарро мекунанд. Аз ин ифтихор мекунад, ки тавониста дар қалби на ин ки писарон, балки духтарони деҳ меҳри ин пешаро ҷо карда бошад.  

Ҳангоми суҳбат бо мо аз воқеаҳои рӯйдода дар зиндагиаш қисса менамуду рӯзҳои аввали кориашро ёд меовард. 


“Рӯзе ҳангоми сафар ба шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Айнӣ мошинамон аз кор монд. Як муддат ронандаи мошин таъмиргар ҷустҷӯ намуд, аммо пайдо накард. Чун дидам, ки дар гирду атрофамон устои мошин нест, ба таъмири он пардохтам ва дар як муддати кӯтоҳ насоси мошинро, ки аз кор монда буд, таъмир карда, роҳамонро идома додем. Ҳар касе, ки аз роҳ мегузашт аҷибона ба ман менигарист, вале ин кор бароям аллакай маъмулӣ гардида буд”,- ёд меорад он рӯзҳоро Ҷамила Вализода. 

Ҷамила вақте дар синфи 7 таҳсил мекард, аввалин маротиба муҳаррики мошинро таъмир карда буд, ки ҳатто барои падараш ҳайратангез менамуд. Чун муҳаррики мошин нуқтаи ҳассоси мошин асту на ҳар кас метавонад онро нозуконаву бенуқсон ва он ҳам бидуни таҷрибаи чандинсола анҷом бидиҳад. Аз ҳамон аҳду овон дар дили қиблагоҳаш умеду орзуву боварӣ ҷӯш зад, ки аз чунин духтари оқилу донову чашмикордонаш нафъе ба миллату меҳанаш хоҳад расид. 


Агарчӣ корро аз таъмири муҳаррики мошин шурӯъ намуда бошад ҳам, бо мурури замон тамоми навъи таъмирҳоро сар аз рангу бор то “ходовой” кардани мошинҳоро аз худ кард. Аммо мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ имрӯз ӯро бештар чун дурусткунандаи муҳаррики мошин мешиносанд. Ҳатто мошинҳоеро ҳам, ки дар роҳ муҳаррикашон аз кор мемонад, ба устохонаашон, ки дар дохили ҳавлии истиқоматиашон ҷойгир аст, меоранд ва Ҷамила новобаста аз бевақтӣ, гарчӣ поси шаб ҳам бошад, кӯмаки худро дареғ намедорад. 

Дар ин кор ба ӯ падараш, ки мошини мададрасон (буксировка) дорад, ёрӣ мерасонад. Инчунин, бародари хурдӣ, ки ӯ низ аз ин ҳунар баҳравар гардидааст, дар бардоштани қисмҳои оҳанини вазнини мошин кӯмакрасони хоҳарбузургаш аст.  

Ӯ метавонад дар як муддати кӯтоҳ мошинро пурра кушояду боз мураттаб созад. Дар як рӯз имкони ба тартиб овардани то 3 – 4 мошинро дорад. Баъзан корҳои таҷдидсозӣ аз вазъи боду ҳавои маҳалли зисташ низ вобастагӣ дорад.  

“Азбаски боду ҳавои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳои кишварамон салқинтар аст, рангу бори мошин вақти зиёдро талаб менамояд. Аввалан анҷом додани ин амал танҳо дар ҳолати гармии ҳаво имконпазир аст ва то хушк шудани ранг мебояд якчанд рӯзро интизор шуд. Таъмири муҳаррики мошин низ вобаста ба ҳолати вайроншавиаш вақти гуногунро талаб менамояд, ҳатто то як моҳ. Инчунин, дуруст кардани он эҳтиёткориро мехоҳад. Зеро танҳо дар сурати нодуруст ҷойгир намудани ҳалқаҳо масрафи равғани мошин зиёд мешавад”, - иброз медорад Ҷамила. 
Ӯ аз падар на ин ки таъмиргарӣ, балкӣ шуғли кафшергариро низ омӯхтааст. Дар лаҳзаҳои зарӯрӣ ба тариқи кафшер филизотро кафшер менамояду дар банд кардани сӯрохӣ дар филизот аз кафшер истифода мебарад. Ҳунари рондани мошинро ҳам дорад, ки ӯро мустақилона аз худ кардааст. Ва кунун ба синни 19 расидаву мехоҳад дар ин самт таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардад ва чун ронандаи моҳир низ муваффақ гардад. 


Барои боз ҳам равнақ додани пешааш, омӯхтани қисми электрикии автомобилҳо ва бохабар гардидан аз илму техникаи муосир, шомили Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии шаҳри Панҷакент гардидааст. Алҳол дар соли якуми факултаи таъминоти барномавӣ ва коркарди технологияи иттилоотии колеҷи мазкур ғоибона таҳсил менамояд. Орзу дорад, ки мутахассиси хуби соҳаи хеш гардид ва ҳамчунин пас аз хатми омӯзишгоҳ ба риштаи ҳуқуқшиносӣ низ шомил гардад, ки ҳанӯз дар синни наврасӣ орзуяшро дошт. 

Дар баробари таъмиргари хуб будан, ӯ хӯрокпази моҳиру дӯзандаи нодир низ ҳаст. Аз ӯҳдаи бофандагиву зардӯзӣ ҳам ба хубӣ мебарояд, ки ин ҳунарҳоро аз модар омӯхта. Баробари фаро расидани мавсими кишту кор ба ҷониби замини наздиҳавлигӣ метозад, то ниҳолеро ба замин бишнонаду аз он кишта бирӯяд сабзавоту полезиҳои бофир.


Дигарам дар ин радифу росто чӣ ҳам мегуфтемаш ба ҷуз он, ки ба ҳунару маҳорату истеъдоди зотиву худододааш кайҳост мардумон қоил ва арҷ гузоштаанд, ки ту гуфтӣ, дигар ба қадри нӯги сӯзан ҳам ҷоий сухану каломи дигар несту тавсифу васфу таҳсинаш аз ин беш хонем, ки миёни ҳамдеҳагону ҳаммеҳанонаш дорад. Ба умқи нозукиҳои кору бори таъмиргарӣ бад-он сурату тарз дигар вуруд гашта, ки ба масал падари пешаи худ бувад.

Таҳсилу кор дар Ҷумҳурии Корея. Аҳрор Боқиев чӣ гуна шаҳрванди фахрии Сеул шуд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед