Ru  | Tj
“Tojtex” – ширкати либософарин. Намономҳои ватании “fasonak” ва “Jatso”-ро кӣ таъсис дод?
“Tojtex” – ширкати либософарин. Намономҳои ватании “fasonak” ва “Jatso”-ро кӣ таъсис дод?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас шудааст

“Tojtex” – ширкати либософарин. Намономҳои ватании “fasonak” ва “Jatso”-ро кӣ таъсис дод?

Нашр шуд

Азиза Раҷабова аз хурдӣ орзу дошт, ки тарроҳ шавад. Аз ҳамон вақт ба эҷоду навофаринӣ рағбати зиёд дошт. Дақиқ намедонист, ки дар оянда кадом самти соҳаи тарроҳиро интихоб мекунад. Имрӯз вай муассиси ширкати дӯзандагии “Tojtex” ва ҳамчунин бунёдгузори  намоном (бренд)-ҳои ватании “fasonak” ва “Jatso” аст. Ӯ дар Мактаби олии тарроҳии Инглистон риштаи саноати тарроҳиро аз худ кардааст.


Муаллифи Halva.tj бо Азиза Раҷабова перомуни таъсиси ширкати дӯзандагӣ, бунёди намономҳои миллӣ ва вижагии фаъолият дар самти либософаринӣ гуфтугӯ кард.

ТАҲСИЛ ДАР РИШТАИ ПИСАНДИДА


- Ростӣ, аз таҳсил ҳаловат мебурдам, зеро дар раванди он кори писандидаамро меомӯхтам. Дар айёми донишомӯзӣ лоиҳаҳои ҷиддиеро барои ширкатҳои “Philips”, “Bork”, “Seat (Fiat) cars” ва ғайра амалӣ карда будем. Пас аз адои таҳсил фикр намекардам, ки дар соҳаи мӯд фаъолият мекунам. Ояндаро вақт муайян кард, - афзуд тарроҳи ҷавон.
ҚАДАМИ НАХУСТИН ДАР ТИҶОРАТИ ДӮЗАНДАГӢ  

Сарнавишти Азиза Раҷабова аз оғоз бо олами мӯд пайвандӣ дошт. Пас аз хатми таҳсил барояш муяссар шуд, ки дар зодгоҳаш – шаҳри Душанбе ширкати дӯзандагӣ ифтитоҳ кунад ва ду намономи ватаниро бунёд гузорад. Дар ин росто ҳамсару волидони меҳрубонаш барояш ҳамеша сарпарасту такягоҳ буданд.


“Рӯзе дар сари ману ҳамсарам ғояи таъсиси намономи либосҳои кӯдакона пайдо шуд. Мо дарк кардем, ки бо намономи худ дар дигар ҷо омода кардани либосҳо фоидаовар нест. Иловатан дар бозори маҳаллӣ коргоҳи хубу замонавӣ ёфтан душвор аст, ки мувофиқи талаботи мизоҷ маҳсулот омода кунад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки нахуст коргоҳи дӯзандагӣ фаъол кунем. Ба омӯхтани вижагиҳои коргоҳи дӯзандагӣ оғоз кардам. Албатта, ин кор ба ихтисоси азхудкардаам, яъне тарроҳии саноатӣ робитаи наздик дорад”, -  фаҳмонд муассиси ширкати “Tojtex”.

ПУШТУ ПАНОҲИ ҲАМЕШАГӢ

Ҳамин тавр Азиза Раҷабова ба омӯзиши тиҷорати дӯзандагӣ ҷалб шуд. Дар коргоҳҳои шаҳри Тошканд шеваи фаъол кардан ва идораи ширкати дӯзандигро омӯхт. Дар пайи омӯзиш таҷрибаи кофие ҳосил кард. Пай бурд, ки яке аз мушкилоти асосӣ норасоии мутахассисони ҳирфаӣ дар заминаи саноати дӯзандагӣ аст. Зарурат пеш омад, ки  аз хориҷи кишвар мутахассисонро даъват кунад, то ба кормандони ширкат малакаҳои навро омӯзонанд.   

- Шавҳарам аз оғози лоиҳаи тиҷоратӣ  то имрӯз  мададрасонанд. Барои ҳалли муаммоҳои зиёд дар раванди кор кумак мекунанд. Ҳамзамон дар аввали кор аз ҷиҳати моддӣ падарам, ки то имрӯз роҳнамоям мебошанд, ёрӣ доданд.  Қиблагоҳӣ бароям кони таҷриба ва намуни ибрат мебошанд, - иброз дошт тарроҳи муваффақ.
ШИРКАТИ “TOJTEX” ЧӢ ГУНА ТАЪСИС ШУД?  

Ширкати дӯзандагии “Tojtex” 10-уми июли соли 2020 ба кор оғоз кардааст. Дар маросими ифтитоҳи он раисҷумҳури Тоҷикистон низ иштирок кардааст. Феълан дар ин коргоҳ 140 мутахассис соҳиби ҷойи кор буда, барои таҳияи маҳсулоти ба мизоҷ писанд машғуланд. Сарфи назар аз он ки коргоҳ навтаъсис аст, намономи “fasonak” дар миёни сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд маъруфият пайдо кардааст.


“Хушбахтона, маҷмӯъи либосвориҳои намономи “fasonak” ба мизоҷон, ки аксар волидони ҷавон мебошанд,  писанд аст.  Тавре мушоҳида шуд, маҳз онҳо тақозо доранд, ки барои калонсолон низ чунин либосҳои хушдӯхт ва хушсифат таҳия кунем. Аслан, ғояи сохтани намоном барои калонсолон чанд вақт боз дар зеҳнам мечархид. Аз ин рӯ намономи “Jatso”-ро, ки бо ин унвон либосҳо бо услуби муайян, мӯҷаз ва дорои тарҳҳои миллӣ истеҳсол мешавад, бунёд гузоштем. Дар  зимн анвоъи либос, ки барои офаридани тимсол (образ)-ҳои гуногун мусоидат мекунад, оғоз кардаем. Дар навбати аввал зарур аст, ки маҷмӯъи либосҳои шинам, замонавӣ ва  хушдӯхтро омода созем”, - шарҳ дод Азиза Раҷабова.   

ТАРҲИ МИЛЛӢ ДАР МАҶМӮЪИ ЛИБОСҲО

Дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади либосворӣ воридотӣ  аст. Дар ин росто намономҳои ватание, ки либосро ба меъёрҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯ ва хушсифат тайёр кунад, ангуштшумор аст. Намономи “Jatso”  то имрӯз маҷмӯъи либосҳоеро таҳия кардааст, ки дар он арзишҳои миллӣ, бавижа нақшу нигоре, ки моҳияти тоҷикӣ дорад, намудор аст.  Масъулин бар ин назаранд, ки мизоҷон вижагии намономро хуш қабул кардаанд. Имрӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шабакаи дуконҳои намоном фаъол аст, ки маҳсулоти хушсифати ватаниро ба мизоҷон пешниҳод мекунад. Ҳамзамон маҳсулоти ширкат ба бозорҳои берунӣ низ роҳ ёфта истодааст.     


“Дар ҳамаи либосҳои мавсимӣ, ки давоми сол истифода мешавад,  тарҳҳои миллӣ ҷой дорад. Мекӯшем, ки нақшу нигори миллиро дар либосҳои замонавӣ ба таври зебо ва ғайриодӣ омезиш диҳем.
Дар мӯди нав ҷо доштани арзишҳои миллӣ хеле муҳим ва лозим аст. Мо на танҳо либос медӯзем, балки завқу талаби мизоҷро низ бароварда карданием. Бароям хеле муҳим аст, ки  муҳаббату эҳтиромро нисбат ба Ватан ва таърихи ғании он тавассути тарҳҳои нави либос ифода кунам”, - изҳор дошт мутахассиси соҳаи мӯд.   

МУДИРИЯТИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ЧӢ ДУШВОРӢ ДОРАД?

Роҳбари ширкати “Tojtex” андеша дорад, ки мушаххас кардани таъйиноти коргоҳ, ҷорӣ кардани низому тартиб дар он, муайян сохтани вазифаву масъулияти ҳар корманд хеле муҳим аст. Вай ҳар субҳ дар бахшҳои коргоҳи истеҳсолӣ назорат мекунад, то огоҳ шавад, ки корҳо дар ҳамаи бахшҳо дар чӣ сатҳ аст. Агар дар ягон марҳилаи кор мушкилӣ пайдо шавад,  ба раванди он ҳатман халал ворид мешавад.  Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳаргуна нақсу камбудиро саривақт бартараф созад.


- Дар идора кардани коргоҳи дӯзандагӣ чунин муаммоҳо сар мезанад, аз ҷумла ғайриинтизор хомӯш шудани барқ, нақсдор будани ягон ашёи хом, вайрон шудани ядакҳои дастгоҳи дӯзандагӣ ва ҳоказо. Азбаски 80 дарсади коргарони мо занҳоянд, роҳи махсуси кориро ҷорӣ кардаем, то дар миёни онҳо нофаҳмӣ сар назанад. Ба меъёрҳои ахлоқии кори гурӯҳӣ аҳамият медиҳем, ҳар вақт кормандонро аз ҷиҳати иҷтимоъӣ низ  пуштибонӣ мекунем, - иброз дошт Азиза Раҷабова. 



ҲАДАФҲОИ НАВ

Тарроҳи номӣ ният дорад, ки бо унвони намономҳои сохтааш маҷмӯъи либосҳоро зиёдтар кунад. Таҷҳизоти наву заруриро ворид кунад. Истеҳсоли ашёи хомро низ ба роҳ монад, зеро  90 дарсади маҳсулоти хомро аз хориҷи кишвар, мисли Узбекистон, Туркия ва Чин дастрас мекунад. Вақте мушкилии дастрасии ашёи хом бартараф мешавад,  табиъист, ки хароҷот ҳам коҳиш меёбаду истеҳсоли силсилавии либосҳо афзоиш. Воқеъан, дар кишвар барои рушди саноати бофандагӣ иқтидору имконот мавҷуд аст. Аксарият бар ин ақидаанд, ки танҳо маҳсулоти  воридотӣ  хушсифату боваринок аст. Ширкати “Tojtex” талош дорад,  ки чунин қолабҳои нонавиштаро бишканад.


- Ба сифати маҳсулоти тайёркардаамон масъулем ва мекӯшем, ки аз намономҳои маъруфи ҷаҳонӣ қафо намонем. Ҳадаф дорам, ки ба наздикӣ бо намономи “Jatso” дуконҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар таъсис диҳам. Фаъолиятро бо рӯҳбаландӣ идома медиҳам. Ин кор бароям  ҳаловати зиёд мебахшад, - хулоса кард муассиси ширкати дӯзандагӣ. 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед