Ru  | Tj
Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён
Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Нашр шуд

Мо ҳамарӯза бо фанновариҳои молӣ дучор мешавем: тавассути рақами телефон ба шахси дигар пул интиқол медиҳем, тариқи ҳамёни электронӣ ҳазинаи харид ва хидматрасониҳои обу барқро пардохт мекунем, бо истифода аз барномакҳо таксӣ ва маводи ғизоӣ супориш медиҳем, ҳамчунин аз биометрия низ баҳра мебарем. Бартарии ҳамаи ин дар он аст, ки шумо метавонед ин корҳоро аз дохили хонаатон анҷом диҳед.

Дар мавриди фанновариҳои молӣ ва бартарии дониш дар ин замина бо Улуғбек Урунов, роҳбари хадамоти молии ширкати «МегаФон Тоҷикистон суҳбате доир кардем.

– Улуғбек, биёед суҳбатро аз рушди фанноварии молӣ дар Тоҷикистон оғоз кунем.

– Торихи фанноварии молӣ дар кишвари мо иртиботи мустақим бо интернети мобилӣ дорад. Маҳз дастрасӣ ба интернети баландсуръат имкони тавсеаи хидматрасонии фанноварии молӣ ва густариши доманаҳои онро фароҳам кардааст. Бори нахуст ин хидматрасониродар Тоҷикистон бонкҳо пиёда карданд, ки фанноварии диҷитолӣ барои онҳо фурсати кор бо муштариёнро на танҳо дар дафтари корӣ, балки ба сурати онлайнӣ низ дастрас кард. Ба дунболи ин ба зудӣ ширкатҳои дигар, бавижа операторони мухобиротӣ, ба муассисоти молӣ ва қарзӣ низ пайвастанд.

Ҳамакнун соҳибони дастгоҳҳои мобилӣ ба ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ доранд. Масалан тавассути «МегаФон Life» метавон аз тамоми нуқоти олам хидматрасониҳои маишӣ ва давлатӣ, аз ҷумла супоридани молиёт ва дарёфти гувоҳномаи ақди никоҳ пардохт кард. Ҳамчунин метавон амалиёти интиқоли маблағро анҷом дод, бо истифода аз рамзҳои QR маводи лозимаро харид кард ва аз бонкҳо қарз гирифт. Ин ниҳоят бароҳату амн аст, зеро дигар ниёз ба ҳамроҳи худ доштани пули нақд нест. Дар баробари ин зарурати аз маҳалли кори худ мураххасӣ гирифтан ва дафтарҳои бонкӣ, терминалҳои пардохтӣ ё ташкилоте, ки барои хизматрасонии манзилию коммуналӣ ҳисоб мефиристанд аз байн бардошта шуд. Ниёзе нест мунтазири назоратчӣ барои пардохти ҳазинаи обу барқ, гармоишу партов бошед. Илова бояд кард, ки фановарии молӣ боз судманд ҳам ҳаст, зеро корбарони барномаи мобилии «МегаФон Life» ҳангоми харидорӣ аз шарикони мо бозгашти нақдӣ низ дарёфт мекунанд. Тааҷубовар нест, ки хидмарасонии фановарии молӣ дар Тоҷикистон босуръат тавсеа ёфтааст.


Дар айни замон фановарии молӣ дар Тоҷикистон финтех бештар дар кадом соҳаҳо маъруфтар аст?

– Имкониятҳои фановарии молӣ густурда аст, бинобар ин фановарӣ на танҳо дар бахши бонкӣ, балки, ба таври мисол дар соҳаи ҳамлу нақл низ тавсеа меёбад. Бузургтарин ширкатҳои таксиронӣ аллакай бо аксари ҳамёнҳои электронӣ идғом шудаанд ва хидматҳои таксиро метавон тавассути барномаҳо пардохт кард. Бо истифода аз барномаи мобилии Mobile App метавон чиптаи ҳавопайморо дастрас намуда, ҳазинаи роҳкироро низ бо автобус пардохт кард. Фановарии молӣ дар байни ширкатҳои хариду фурӯш низ маъмул аст. Пардохти ҳазинаи харид дар супермаркетҳо бо истифода аз рамзҳои QR барои сокинони пойтахт ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст. Соли 2023 фановарии ягонаи рамзи QR роҳандозӣ шуд, акнун корбарон метавонанд аз ҳама гуна ҳамёни мобилӣ бидуни бастагӣ ба бонки мушаххас амалиёти пардохтиро анҷом диҳанд. Хидматрасониҳои давлатӣ, мухобиротӣ, бонкдорӣ, коммуналӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то фаъолияти молии худро ба формати диҷитолӣ гузаронанд.

– Дар мавриди фановарии молӣ дар МегаФон Тоҷикистон ба мо бигӯед. Дар ҳоли ҳозир чӣ хидмате дар дастрасӣ ҳаст?

Экосистемаи хидматрасонии фановарии молии мо дар миёни операторони мобилии Тоҷикистон пешрав аст, номбар кардани тамоми ҷузъиёт ниҳоят душвор аст. Танҳо ҳамёни мобилӣ дар замимаи «МегаФон Life» зиёда аз 500 навъи хидматрасонии онлайнро дар бар мегирад. Корбарон имкон доранд, ки бо истифода аз рамзи ягонаи QR ҳазина мол ва хидматҳоро пардохт карда, чиптаҳои ҳавопаймо, инчунин чиптаҳои кино, театр ва намоишгоҳро низ дастрас намоянд - барои ин хидмати махсуси "Афиша" вуҷуд дорад. Дар замима шумо метавонед қарзҳои «Орзу» гирифта, маблағи пулиро низ интиқол диҳед. Сокинони Тоҷикистон бо истифода аз хидмати “Cash Out” аз кортҳо маблағи пулии нақдиро бардошт мекунанд, ҳазинаҳои обу барқ ва қарзҳо, хидмарасонии алоқа ва интернети хонагиро мепардозанду, ҳамёнҳои электронӣ пур мекунанд. Хулоса, тамоми чизе, ки дар мавриди бахши фановарии молӣ гуфтам, дар ихтиёри «МегаФон Тоҷикистон» қарор дорад ва дастраси тамоми хоҳишмандон мебошад. Баъзе хидматрасониҳо барои бозори кишвар беназиранд - масалан, интиқоли оқилона дар мессенҷери «МегаФон Life».


– Саҳми пардохтҳои онлайнӣ дар «МегаФон Тоҷикистон» тайи панҷ соли гузашта чӣ қадар афзоиш ёфтааст?

Бо дарназардошти пардохти муштаракин, ки тавассути терминалҳои дигар ба суратҳисобҳои мо ғайринақдӣ ворид мегардад, гуфтан мумкин аст, ки зиёда аз 90% пардохтҳо барои хидматҳои ширкат онлайн сурат мегиранд. Ҳаҷми маблағе, ки ҳоло тавассути замимаи «МегаФон Life» мегузарад, 10 маротиба нисбат ба соли 2019 бештар аст.

– «МегаФон Тоҷикистон» дар ин самт боз чиро ҷорӣ карданист?

– Тасмим дорем, ки замимаи «МегаФон Life», аз ҷумла ҳамкорӣ бо ширкатҳои таксӣ, хариду фурӯш, истеҳсоли доруворӣ ва суғуртаро тавсеа диҳем. Ҳамчунин дар ҳоли талош барои густариши феҳристи кишварҳое ҳастем, ки метавонед аз Тоҷикистон ба онҳо тариқи онлайн маблағи пулӣ интиқол диҳед.

– Маълум аст, ки насли калонсол аз анҷом додани муомилоти пулӣ тариқи интернет худдорӣ мекурнанд. Ба назари шумо инро метавон рафъ кард?

Дарвоқеъ, ин гуна корҳо дар ҳоли ҳозир фаъолона идома доранд. Ибтикороти ахири Ҳукумат ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ барои хидматҳои давлатӣ ба насли калонсол дар азхудкунии фановарии молӣ кумак хоҳанд кард. Албатта, барои ин вақти нисбатан зиёд зарур аст, аммо ҳоло мебинем, ки чунин абзор ба монанди ҳамёни электронӣ барои одамони синну соли гуногун маъмул ва шинос шудааст. Бо рушди фановариҳои Big Data, AI ва блокчейн, фикр мекунам, ки пас аз панҷ сол сокинони шаҳрҳои калон дар бораи истодан дар навбат барои пардохт ё истифодаи пули нақд фаромӯш мекунанд.

– Дар оғози сол «МегаФон Тоҷикистон» як силсила давраҳои омӯзишии фановариҳои диҷитолии молиро оғоз кард. Оё ин лоиҳа идома дорад?

— Албатта. Ин тарҳи бузургмиқёс ва дарозмуддати таълимӣ аллакай шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Турсунзода, Панҷиканд, Хуҷанд, Кӯлоб, Чкаловскро фаро гирифтааст. Мақсади мо ин аст, ки сокинони тамоми минтақаҳои кишварро бо фановариҳои диҷитолии молӣ ва хидматҳои муфиде, ки ҳамарӯза истифода мешаванд, шинос созем.

Коршиносон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба баргузории давраҳои омӯзишӣ кумак мерасонанд, ки ин ҷаласоотро ба вижа барои донишомӯзон ҷолиб мекунад. Хидматҳои фановарии молӣ торафт маъмултар мешаванд, аммо на ҳама дар Тоҷикистон аз манфиатҳои онҳо огоҳанд ва мо мехоҳем ин холигоҳро бартараф кунем. Муҳим ин аст, ки давраҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои бузург ва манотиқи кишвар гузаронида шаванд. Интернети мобилӣ барои муштариёни мо ҳатто дар кӯҳҳо дастрас аст ва ҳоло мо ба онҳо дар омӯхтани тарзи истифода аз он, аз ҷумла дар ҳалли масъалаҳои молӣ кумак мекунем. Мо сайъ мекунем, ки на танҳо муштариёни худ, балки барои ҳама муфид бошем.

Улуғбек Урунов муътакид аст, ки сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ӯ, қавитарин бозигарон дар ин бозор бонкҳо ва ширкатҳои мухобиротӣ, ки барои баҳбуди хидматрасонӣ ҳамарӯза кор мебаранду, маҳсулоти тозаеро ҷорӣ мекунанд, боқӣ хоҳанд монд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед