Ru  | Tj
Суханҳои муъҷаз дар забони русӣ: калимаҳои здравствуйте, спасибо ва пожалуйста (лутфан) аз куҷо пайдо шуданд
Суханҳои муъҷаз дар забони русӣ: калимаҳои здравствуйте, спасибо ва пожалуйста (лутфан) аз куҷо пайдо шуданд
Акс: Halva.tj

Суханҳои муъҷаз дар забони русӣ: калимаҳои здравствуйте, спасибо ва пожалуйста (лутфан) аз куҷо пайдо шуданд

Нашр шуд

Тибқи достонҳо, калимаҳои муҷаз метавонанд муъҷиза эҷод кунанд ва инро ҳар як одам медонад. Дар забони русӣ чунин калимаҳо ниҳоят каманд ва қудрати онҳо маҳз дар ҳамин ҳаст.

Калимаҳои муҷаз ба мардум кӯмак мерасонанд, тамоми дарҳои бастаро боз мекунанд.  Дар бобати ин қабил калимаҳо сухан ронда, мо муаддаб ва одоби муоширатро дар назар дорем: салом, ташаккур, марҳамат - яке аз калимаҳои калидӣ мебошанд. Вале, теъдоди каме аз мардум андеша бар он мекунанд, ки ин калимот аз куҷо пайдо шуданду, чаро онҳо маҳз чунин садо медиҳанд.

ПАЙДОИШИ КАЛИМАИ «ЗДРАВСТВУЙТЕ»

Муаддаб – яке аз хислатҳои муҳимтарини инсон мебошад. Агар ба решаи ин калима назар афканем, чунин пай мебарем, ки он маънояш адабгирифта, боадаб ва ботарбия мебошад. Дар навбати худ «муаддаб» - шахси бомаърифат ва бо одоби муоширату шарти одоб шинос мебошад. Ӯ аз уҳдаи салом ва хайрухушкунӣ хуб баромада, барои кӯмак ва хизматрасонӣ низ метавонад изҳори миннатдорӣ баён кунад.   

Маълум аст, ки ҳамаи ин ибораю калимаҳо бо гузаштаи халқ зич алоқаманданд. Тибқи луғати этимологии Лев Успенский, калимаи «здравствуйте» аз ибораи «здравствуй» баромада, маънояш «барои Шумо саломатӣ мехоҳам» мебошад.

Як воқеъияти ҷолиб ин аст, ки калимаи «здорово»-ро бо калимаи «дерево» ҳамрадиф медонанд. Қарнҳои пеш, мардум бо талаффузи калимаи «здравствуйте» барои якдигар орзӯ мекарданд, ки монанди дарахт солим бошанд. Эътиқод бар ин буд, ки дарахтон, ба вижа булут, ҳамеша бузургу қавӣ буда, дар байни мардуми Россия аз эҳтироми калон бархӯрдор мебошад.

«СПАСИБО» ЧӢ МАЪНО ДОРАД

Шумораи ками одамоне, ки дар шаҳрҳои муосир ба сар мебаранд, медонанд, ки дар баъзе мавридҳо бархе аз одамон калимаи маъмулии «спасибо» -ро ҳамчун алфози қабеҳ қабул мекунанд, ки сабаби чунин муносибати онҳо пайдоиши ин калима ба ҳисоб меравад.

Агар калимаи «ташакур» (спасибо)-ро дар забони русӣ таҳтуллафзӣ тарҷума кунем, маънои «худованд шуморо ҳифз кунад»-ро мегирад. Пештар ҳангоми сипосгузорӣ мардум орзӯи растагорӣ мекарданд, бо ин фарз, ки шахс гунаҳкор аст, вале намедонистанд, ки аз чӣ ва бо кадом далел наҷот диҳанд... Аз ин ҷост, ки бар ивази сипосгузорӣ доим посухи «ба ҳеҷ ваҷҳ»-ро истифода менамоянд, ки ба ин маъност: «ман ба шумо ҳеҷ кори баде накардам, то наҷот пурсам».

Илова бар ин, бархе аз православянҳо бар он ақидаанд, ки ин калимот мустақиман бо дев вобастагӣ дошта, онро дар чунин шакл меоранд «Дев наҷот деҳ» (Спаси бес). Ба ақидаи онҳо маҳз ин калимаро Лютсифер бо садои баланд ҳангоми афтодан аз осмон талаффуз кардааст. Имрӯз бошад «ташаккур» ҳамчун калимаи хидматӣ барои сипосгузорӣ аз ягон кӯмак ё амал истифода бурда мешавад.

И СТО РУБЛЕЙ

Имрӯз калимаи «пожалуйста» ҳам хоҳиш, ҳам муроҷиат ва ҳам ризоият аст. Мувофики луғати этимологии Крылов, он дар натиҷаи омезиши ҳиссачаи «пожалуй» (инъом) ва хитоби эхтиромонаи куҳнаи «сто» (сад) сохта шудааст. Қаблан калимаи «пожалуйста» (инъом) маънои дигар, яъне тақдим кардан ва ё сидқан додани чизеро дошт. Дар мавриди калимаи «сто» (сад) бояд чунин қайд кард, ки дар инҷо назароти забоншиносон муттафовитанд. Бархе аз онҳо бар он назаранд, ки ин ҳиссача аз калимаи «аршад» маншаъ мегирад. Дар давраи қадим ин ҳиссачаро дар охири ибора истифода мебурданд, ки нишонаи эҳтиромотро ба худ касб мекард. Муҳаққиқони дигар муътақид бар онанд, ки ин калима асароти ибораи «пожалуй сто рублей» мебошад. Ин посухе буд ба миннатдорӣ дар давраи қадим бо тарс аз раҳоии худованд. Мардум чунин меҳисобиданд, ки чизе барои наҷоти онҳо вуҷуд надорад ва беҳтар аст, то пул ба даст оранд.   

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед