Ru  | Tj
Дорандаи беш аз якуним милён пайнавард. Пайроҳаи мувафаққияти вебнамойи тоҷик Идрис Ёров
Дорандаи беш аз якуним милён пайнавард. Пайроҳаи мувафаққияти вебнамойи тоҷик Идрис Ёров

Дорандаи беш аз якуним милён пайнавард. Пайроҳаи мувафаққияти вебнамойи тоҷик Идрис Ёров

Нашр шуд

Идрис Ёров, ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон ба шарофати видёи ҳаҷвии “Хӯроки ронандаи таксӣ”, ки тавассути он ба мухотабонаш хӯроки ронандагонро муаррифӣ мекунад, маъруф шуд.

Муаллифи Halva.tj дар бораи дилбастагии мухотабон ба Идрис, эҷоди меми "Гӯшти гов" ва фаъолияти ӯ пас аз ифтитоҳи дукони шаурмафурӯшӣ нақл кард.

МАЪРУФИЯТИ ИДРИС ЁРОВ

Идрис Ёров зодаи Тоҷикистон буда, дар шаҳри Саратови Русия ба сар мебарад. Ӯ дар фазои маҷозӣ ба унвони муаллифи видёҳои "Хӯроки ронандаи таксӣ” маъруф гаштааст.


Фаъолияти вебнамоии Идрис моҳи феврали соли 2021 пас аз гузоштани аввалин видё дар Тикток оғоз гардид, ки дар он муаллиф истеъмоли хӯрокро аз сӯйи ронандагони таксӣ дар дохили худрави худ нишон дод.

“Хӯроки маъмулии ронандагони таксӣ. Ролтон, бодиринг, картошкабирён, мост, кока-кола, пепсӣ ва оби газнок ба шумор меравад. Нархи ин хӯрок дар маҷмуъ 301 рубл мебошад”.

Корбарони интернет аз ронандаи хушбини таксӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз лабханд задан даст намекашад ва бо лабханди мафтункунандаи худ дар бораи хӯрокҳо нақл мекунад, хуш пазироӣ карданд. Оҳиста-оҳиста вебнамои Идрис рушд кард ва одамони бисёре пайнаварди ў шуданд. Ҳамин тавр баъд аз 1 моҳ теъдоди мухотабони ин вебнамо аз 200 ҳазор кас гузашт.


Видёҳои Ёров саргармкунандатар мешуданд, зеро мавзуъҳои онҳоро худи муштариёнаш пешкаш мекарданд. Масалан гирдоварӣ кардани хӯроки ронандаи таксӣ аз маҳсулоти намономи «Нархи сурх» пеш омад. Вебнамо онҳоро хушбахтона иҷро кард.

Хӯроки ронандаи таксӣ, “Нархи сурх”. Хамирбарг, вафлӣ, шакалади ширӣ, панир, мости тутфарангӣ, зардолуи хушк, афшураи мевагӣ ва нӯшокии кола. Барои ин хӯрок бояд 250 рубл харҷ кард.

Бисёре аз бинандагони видёҳои Идрис бовар надоштанд, ки вебнамойи маъруфи шабакаи Тикток дарвоқеъ ҳам ронандаи таксӣ аст. Барои бартараф кардани ин шубҳа ӯ видёе сабт кард, ки дар он шустани худравашро бо барчаспи Uber нишон дод.


Дар видёи дигар Идрис Ёров дар бораи рӯзи маъмулии ронандаи таксӣ нақл кард.

Вебнамо дар ин видё дар бораи мусофирбарии худ нақл мекунад.

Идрис ҳамеша бо мухотабони худ фаъолона муошират мекард: ба шарҳҳояшон посух менавишт, мувофиқи дархостоҳояшон видёҳо эҷод мекард ва дар сурати дидор бо ҳаводораш дар хиёбонҳои шаҳр мураттабан аҳволпурсӣ мекард. Чанд бор қаҳрамони мо бо онҳо видё нашр кард, ки се каси онҳо имкони савор шудан ба худрави ӯ ва аз «хӯроки ронандаи таксӣ» бичашанд.

Бисёре аз корбарони интернетӣ бар он боваранд, ки Идрис бо зиндадилӣ ва содагии худ аз дигар вебнамойҳои шабакаи Тикток фарқ мекунад. Пас аз 1 милён шудани мухотабонаш ӯ аз ҳаводоронаш дур нашуд, баръакс бо онҳо ошкоро муошират мекард ва ба ҳоли худ механдид.

ҒОЯИ «ГӮШТИ ГОВ» ВА ИФТИТОҲИ ДУКОНИ ШАУРМАФУРӮШӢ ДАР ЗАМИНАИ ОН

Идрис Ёров дар видёҳои нахустин аз маҳсулоти мағозаҳо ва ҳамчунин дар хӯрокҳои саридастӣ тановул мекард,  аммо оҳиста-оҳиста видёҳои ӯ лаълиҳо аз тарабхонаҳо падидор шуд. Номбурда дар як вақт якчанд таомро дастрас мекард, ки дар байни онҳо гӯшт, шӯрбо ва қаннодӣ низ буд.

Бисёре аз пайнавардони Идрис тааҷҷуб кардаанд, ки чӣ гуна як вебнамой метавонад ба танҳоӣ ин миқдор хӯрокро тановул кунад, аммо баъдтар онҳо як ҷузъиёти ҷолибтарро мушоҳида карданд: қариб тамоми хӯроки интихобкардааш аз гӯшти гов буданд.

Хӯроки ронандаи таксӣ. Шӯрбо, сихкабоб, хӯриш ва лула аз гӯшти гов. Нон ва чойи сиёҳ. Тамоми хӯрок 300 рубл арзиш дорад.

Корбарони шабакаи Тикток аз дилбохтагии Идрис ба як навъи гӯшт саргарм шуданд, аз ин рӯ онҳо бесаброна видёҳо бо муаррифии хӯрокҳо аз гӯшти говро интизор буданд.

Ин фикри мухотабон ба Идрис писанд омад ва ӯ ба сабти видёҳои ҳаҷвӣ дар бораи гӯшт пардохт. Масалан, аз “Макдоналдс” чойи «гӯшти гов»-ро пурсид.

Дар видёи дигар Идрис шӯхиомез тренди чинии видёҳои зебоишиносиро такрор кардааст, аммо ба ҷойи «шамшери нурӣ» як чангол бо тикаи гӯшти гов буд.

Шӯхиҳо дар бораи гӯшти гов ба сатҳи нав баромад ва дигар боиси ханда набуд: дар оғози соли 2022 Идрис Ёров дукони шаурмафурӯширо ифтитоҳ кард, ки маҳсулоти асосии он низ гӯшти гов буд. Дар ин бора қаҳрамони мо рӯзи 15-уми январ дар саҳифаи тиктоки худ эълон кард.

Гӯшт гӯшти гов аст, - мегӯяд блогер ва бо чангак як пораи гӯштро аз сихи кабоб мегирад. – Барои ин хӯрок аз ҷониби ман ягон рубл масраф нашудааст, зеро ман хуҷаини инҷо ҳастам.


Бисёри мухотабон изҳори шодӣ карданд ва ваъда доданд, ки ба зудӣ аз қавахонаи Идрис боздид мекунанд.  

Ба тахмини корбарони ошуфта, Идрис Ёров ба рушди коргоҳи хурди худ идома медиҳад ва аз таксирониву сабт даст мекашад. Дар навбати худ Идрис тамошобинонро итминон дод, ки фаъолияти ронандагии худро идома хоҳад дод ва баъзан шабона барои интиқоли мусофирон боз паси чанбарак менишинад.

Як ронандаи таксии одии тоҷикистонӣ тавонист вебнамойи маъруф шавад, ки дар замони омода кардани мақолаи мазкур якуним милён мухотаб дошт. Дилбастагии ӯ ба гӯшти гов ба як мем табдил шуд, ки дар эҷоди шаурмаи шахсии вай таҷассум ёфт.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед