"ITomuz” барои омӯзиши соҳаи IT. Ҷавони тоҷик ба дӯстдорони ин соҳа роҳ мекушояд
Нашр шуд
Ризо Гиёев барноманавис буда, дар шабакаи Ютуб вебнамои "ITomuz"-ро фаъол кардааст, ки тавассути он хоҳишмандон нозукиҳои соҳаи фанновариҳои иттилоъотӣ ё худ IT-ро аз худ мекунанд. Дарсҳои ӯ бо забони форсии тоҷикӣ буда, барои форсизабонон нигаронида шудааст.
Муаллифи Halva.tj бо Ризо ҳамсуҳбат шуда, аз дастовардҳо, душвориҳои пешаи фанновариҳои иттилоъотӣ ва зиндагии ҷолиби ӯ қисса кард.
ТУҲФАЕ, КИ БА СӮЙИ IT РОҲНАМОӢ КАРД
Ризо Гиёеви 22-сола зодаи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Вай аз хурдӣ мехост футболбози ҳирфаӣ гашта, баҳри рушди ин риштаи варзиш саҳм гузорад. Вақте соли 2015 бародараш ба вай роёна туҳфа кард, муҳаббаташ ба фанноварӣ афзуд. Туҳфаи бародар ӯро сӯйи соҳаи IT роҳнамоӣ кард. Вай ҳанӯз дар овони донишомӯзӣ чаҳор вебнамои худро боз кард, вале бо сабабҳои гуногун онро нобуд сохт. Соли 2019 таҳсилашро дар риштаи веб-барноманависии Донишгоҳи Бонкии Лаҳистон оғоз кард.
"Соли аввали таҳсил дар ҳаётам бесарусомониҳои зиёде буд. Аз як сӯ бемории таҳлукаангези тоҷвирус доман паҳн мекард. Аз сӯйи дигар дарсҳо бароям душворӣ мекарданд. Дар лексияҳо баъзан маро хоб мебурд. Ҳатто аз имтиҳони фанни риёзиёт ва кор бо забони барноманависии Java Script баҳои ниҳоят паст гирифтаам. Баъд аз дарс дар коргоҳи шакалатсозии “BMW” ва “Quick Job” кор мекардам. Худро донишҷӯ не, балки мардикор ҳис мекардам. Пеш аз Душанберо тарк кардан мақсади ягонаам омӯхтани соҳаи IT буд ва гирифтани корҳои идориву ғоибона. Баъд ба хулосае омадам, ки бояд донишгоҳро хатм карда, соҳиби диплом шавам ва коре кунам, ки модарам аз ман ифтихор кунанд," - нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Ризо худ ба худ меандешид, ки бояд давраҳои тилоии ҳаёташро самаранок истифода кунад. Аз ин рӯ барои худ роҳҳои навро ҷустуҷӯ карда, барномаҳои гуногун тартиб дод. Вай пеш аз ҳама идора кардани вақтро омӯхт ва барои худ тақвиме омода кард. Қаҳрамони мо мегӯяд, фарқи одамони муваффақ аз номуваффақ маҳз дар он аст, ки онҳо ҳар дақиқаи умрашонро самаранок истифода мекунанд ва аз рӯйи тақвим амал мекунанд.
IT – ИМРӮЗУ ФАРДОИ ҶОМЕА АСТ
Вебнамои "ITomuz"-и Ризо Гиёев аз 1-уми сентябри соли 2023 фаъол аст. Ӯ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист 103 видёдарс омода карда, пешкаши дӯстдорони соҳаи IT гардонад. Видёҳои мазкур ҳамагӣ бо забони форсии тоҷикӣ буда, бархе аз он дар ҳамдастӣ бо барноманависи маъруф Амирӣ Ричардсон-Кейс (бо тахаллуси Amiri Life) омода гардидаанд.
"Ҳанӯз соли 2020 вебнамои “Ризо Гиёев”-ро таъсис дода будам. Моҳи сентябри соли равон вебнамои "ITomuz"-ро фаъол кардам. Дар он барои шахсоне, ки мехоҳанд нозукиҳои соҳаи IT-ро аз худ кунанд, дарсҳо бо забони тоҷикӣ ҷой дода шудааст. Мехоҳам ҷавонони мо вориди олами афсонаии IT гардида, дар он рақобатпазир бошанд,"-гуфт барноманавис Ризо Гиёев.
Дарсҳои қаҳрамони мо дар саҳифаи вебнамои "ITomuz" бо забони форсии тоҷикӣ бо номҳои "Ягона роҳ ба сӯйи IT", "Амнияти ту дар олами маҷозӣ", "Омӯзиши Chat GPT", "WEB-саҳифасозӣ", "Насби Windows" ва ғайра омода карда шудаанд, ки бештарини онҳо вижагии омӯзишӣ доранд. Видёҳои ин вебнаморо худи қаҳрамони мо тадвин кардааст.
Ризо Гиёев бар он назар аст, ки олами бекарони IT имрӯзу фардои ҷомеаи муосир аст ва бояд ҷавонон бештар ба ин соҳа рӯй оранд. Зеро ба ин васила метавонанд ба коргоҳе нарафта маҷозӣ кор кунанд ва сармоя ба даст оранд. Кунун ӯ худ дар яке аз ширкатҳои бонуфузи Лаҳистон ба таври ғоибона фаъолият мекунад.
“БАРОИ МУВАФФАҚ ШУДАН ДАР СОҲАИ IT ДОНИСТАНИ ЗАБОН ҲАТМИСТ"
Ризо Гиёев дар баробари он ки тамоми паҳлуҳои соҳаи фанновариҳои иттилоъотиро омӯхтааст, чандин забони хориҷиро низ аз худ кардааст. Ӯ алҳол бо забонҳои инглисӣ, русӣ, испониёӣ ва лаҳистонӣ озодона ҳарф мезанад.
"Албатта барои муваффақ шудан дар соҳаи IT донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмист. Вақте мо рӯйи ягон барнома кор мекунем, ҳатман барои он забони инглисӣ ё русӣ зарур мешаванд. Аз ин рӯ бидуни донистани забони хориҷа муваффақ шудан дар ин соҳа ниҳоят душвор аст. Гузашта аз ин забон инсонҳои гуногунро ба ҳам ошно мекунад. Ҳамзамон шахс бояд ба ин соҳа шавқ, завқ ва ишқ дошта бошад," - иброз дошт қаҳрамони мо.
Ризо аз хурдӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷа камар баст. Ҳанӯз синфи 10 буд, ки дар хонаашон ба 12 кас аз забони инглисӣ дарс медод. Ӯ бо равишҳои нав ва бо истифода аз интернет ба шогирдонаш забон меомӯхт. Вай аз ин кори худ лаззат мебурд ва хушҳол буд, ки барои забондон шудани наврасон саҳм мегузорад.
ТАВСИЯҲОИ РИЗО БА ДОНИШҶӮЁН ВА НАВОМӮЗОНИ СОҲАИ IT
Қаҳрамони мо то имрӯз дар соҳаи IT фаъолияти пурсамар дошта, дар ин замина таҷрибаи хуб андӯхтааст. Аз ин рӯ тавсияҳои худро дар вебнамоҳои "ITomuz" ва “rizogiyoev.com” гузоштааст. Ӯ мехоҳад ҳарчӣ бештар ҷавонон истифодаи дурусти вақт ва донишу малакаи худро дарк кунанд.
"Барои муваффақ шудан дар ҳар соҳа ин тавсияҳо мусоидат мекунанд:
1) Бояд тарзи дуруст истифода кардани вақтро омӯхт.
2) Омӯхтани роҳҳои самаранок таҳсил кардан хеле муҳим аст.
3) Чун ба омӯзиши чизе мепардозем, ба ҷуз аз китоб аз видёҳои дарсӣ, ки дар шабакаи интернет ройгон аст, баҳра бурд.
4) Бо касоне таҳсил кунед, ки лаёқатманд бошанд, зеро бо онҳо омӯзиш самаранок ва таъсирбахш мегардад.
5) Ба маҳфилҳо ва ҷамъомадҳои муфид ҳамроҳ шавед.
6) Донистани фанноварии муосир ва суханварӣ.
7) Таҷриба андӯхтан аз тиҷоратҳои хурди одамони муваффақ. Беҳтарин ва муфидтарин тиҷорат илм аст, зеро шумо ба ин васила ҳам сармоя ба даст меоред ва ҳам ба нафаре илм мебахшед.
8) Худро бо инсонҳои хушбин иҳота кунед, чун дар атрофи шумо афроди лаёқатманд, соҳибилм ва соҳибирода зиёд мегардад. Он вақт шумо ҳам муваффақ мешавед. Гуфтанист, ки тавсияҳои мазкур аз таҷрибаи кориям аст. Агар ман донишҷӯ мебудам, ин корҳоро иҷро мекардам," - таъкид намуд зимни суҳбат Ризо Гиёев.
ОРЗУВУ ОМОЛИ РИЗО ГИЁЕВ
Ризо Гиёев мехоҳад барои тоҷикони ҷаҳон бузургтарин ҷаҳони маҷозиро боз кунад. Ӯ умед дорад, ки дар ояндаи наздик ба ин нияташ дастёб мегардад.
"Ҳадафи асосии ман боз кардани ҷаҳони маҷозӣ барои ҳаммиллатону ҳамзабононам аст. Олами паҳновари IT ниҳоят зебову шавқовар ва афсонаист. Дар ин олам ҳам пул ба даст оварда мешавад, ҳам тиҷорати худро боз кард ва ҳам аз таҷрибаи ҳамдигар омӯхтан мумкин аст. Аз ин рӯ дар вебнамои "ITomuz" навиштаам, ки "Биёед бузургтарин ҷомеаи IT барои тоҷикони сайёра шавем”, - изҳор дошт қаҳрамони мо.
Ризо Гиёев имрӯз дар якчанд ширкати бонуфузи Лаҳистон фаъолият карда, ҳамзамон вебнамои ютубии худро пеш мебарад. Ба гуфти ӯ, дар ҳар рухдод инсон бояд ақли худро кор фармояд, зеро "ақли манфӣ ба шумо ҳеҷ гоч ҳаёти мусбат намедиҳад".
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед