Ru  | Tj
«Ҳунарҳои дастӣ «тренд» гардидаанд». Саодат дар Русия бо бофандагӣ маъруф аст
«Ҳунарҳои дастӣ «тренд» гардидаанд». Саодат дар Русия бо бофандагӣ маъруф аст
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

«Ҳунарҳои дастӣ «тренд» гардидаанд». Саодат дар Русия бо бофандагӣ маъруф аст

Нашр шуд

Саодат Қодироваи 20-сола сокини шаҳри Ҳисор аст. Ӯ чанд вақт аст, ки аз бемории саратони хун ранҷ мекашад. Аммо бо ин вуҷуд дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ҳунари бофандагӣ машғул аст. Вай ҳамзамон аз шадда, муҳра ва сангҳои гуногун дастпонаву гарданбанди зебо офарида, маҳсули дастонашро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Инстаграм ба фурӯш мегузорад.

Муаллифи Halva.tj бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз зиндагӣ ва кору фаъолияти ин бонуи ҳунар қисса намуд.

ИНТЕРНЕТ ЁВАРИ ҲАМА КОР АСТ

Саодат Қодирова аз хурдӣ мехост духтур шуда, ба дардмандон даво бахшад. Вале бо мурури вақт таваҷҷуҳаш ба равобити байналмилалӣ афзуду дар замираш ҳисси дипломат шудан пайдо гашт. Соли 2020 ин орзуи деринаи ӯ ҷомаи амал пӯшид. Ӯ донишҷӯйи риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Аммо баъди бемор шудан таҳсил дар ин боргоҳи илмро давом дода натавонист.

«Аз он сабабе, ки дар донишгоҳ ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) давом додани омӯзиш имконнопазир буд, ба худомӯзии ҳунарҳои дастӣ рӯ овардам. Ба воситаи интернет аз омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат гузашта, ҳунарҳои бофандагӣ ва гардандбандсозиро азхуд кардам», - иброз намуд қаҳрамони мо.

Саодат аз моҳи майи соли 2022 ба бемории саратони хун мубориза мебарад. Бо вуҷуди ин бо дастони пурэъҷози худ пойафзори бачагона ва дастбанду гарданбанди гуногун меофарад. Қаҳрамони мо дастранҷи худро ба тариқи онлайн пешниҳоди харидорон месозад. Муштариён тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбуку Инстаграм муроҷиат намуда, фармоиш медиҳанд. Барояш донистани забонҳои русиву инглисӣ мусоидат мекунад.

«Дар Русия фурӯши маҳсулот тариқи онлайн хеле ривоҷ ёфтааст, ман хам аз он истифода мекунам. Хеле сипосгузор мешавам аз афроде, ки барои дар фурӯш гузоштани маҳсулоти ман дар дуконҳо ҳамкорӣ намоянд. Чун бинобар беморӣ ба ҷойҳои пуродам рафтанам мумкин нест», - мегӯяд ҳунарманди ҷавон.

БОЗОРИ МАҶОЗӢ КОРАМОНРО ОСОН МЕСОЗАД

Дар Русия бозорҳои маҷозӣ (ярмаркаҳои онлайнӣ) хеле зиёданд. Яке аз онҳо «Не простая ярмарка» мебошад. Он барои афроде, ки бо бемории саратон мубориза мебаранду соҳиби ҳунаранд ё дар давоми муолиҷа ҳунаре омӯхтаанд, пешбинӣ шудааст. Ҳунармандон тавассути ин бозор маҳсулоти худро пешкаши харидорон месозанд. Саодат Қодирова низ барои васеъ ба роҳ мондани тиҷораташ аз чунин бозорҳо истифода мекунад.

«Вақте ки аз ин гурӯҳ воқиф гаштам, ба он дохил шудам ва аз он ҷо фармоишҳои зиёде гирифтам. Ба ҳамагон ҳунари ман писанд омад. Ифтихор дорам, ки соҳиби ҳамин гуна ҳунари зебо ҳастам», - гуфт бонуи ҳунар.

Қаҳрамони мо мегӯяд барои иштирок дар бозор дар бораи худ маълумот медиҳед ва аксҳои маҳсули дасти худро мефиристед. Ба ақидаи ин ҳунарманди ҷавон, бозорҳои маҷозӣ то андозае кори ҳунармандонро осон сохтааст.

ҲУНАР ҲАМРОЗИ МАН АСТ

Саодат Қодирова пас аз омӯхтани ҳунари бофандагӣ вақти холӣ ниҳоят кам дорад. Вай бештари вақти худро сарфи ҳунар мекунад, зеро меҳри ҳунари бофандагӣ ҳамеша ӯро сӯйи худ мебарад.

«Ҳангоме ки машғули бофтан ё сохтан мешавед, ҳам гузашти вақтро намефаҳмед ва ҳам хастагиеро эҳсос намекунед. Дар ин баробар ҳунар ба инсон нерӯ бахшида, болидарӯҳ месозад. Афзун бар ин чун дастранҷи тасаввуркардаи худро дар амал мебинед, лаззату кайфияти аҷибе шуморо фаро мегирад», - таъкид кард қаҳрамони мо.

Бино ба гуфтаи Саодат, солҳои охир таваҷҷуҳ ва талабот ба ҳунарҳои дастӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Ба қавле ҳунарҳои дастӣ «тренд» гардидаанд, зеро имрӯз мардум зебоиву сифатнокии ҳунарҳои дастиро хуб дарк кардаанд.
Қаҳрамони мо ният дорад, ки пас аз комилан шифо ёфтан тиҷораташро васеъ намуда, баҳра (фоиз)-и муайяни маҳсулоти фурӯхтаашро ба нафароне, ки бо бемории саратон мубориза мебаранд, хайр намояд.

ДАСТОНИ ПУРЭЪҶОЗ

Дар урфият мегӯянд, «дасти ҳунарманд ҳамеша болост». Воқеан қаҳрамони мо ин ҳикмати бузурги мардумиро собит намуд. Ӯ ба воситаи дастони пурэъҷозаш дар мусофират тавонист бо ҳунармандӣ машғул шавад. Муштариён офаридаҳои Саодат Қодироваро на танҳо баҳри истифода, балки ҳамчун туҳфа ба наздиконашон харидорӣ мекунанд. Махсусан пойафзорҳои кӯдаконаро бо умеди фарзандор шудан, инҳоро ба бар кардан ба навхонадорон тақдим мекунанд. Намудҳои зебову ғайриодии маҳсули ҳунари ӯ таваҷҷуҳи муштариёни зиёдро ба худ ҷалб сохтааст. Қаҳрамони мо дастранҷҳои аввалинашро ба он азизоне, ки ҳамарӯза аз ҳолаш дар беморхонаи Маскав хабар мегирифтанд ва кумак мекарданд, чун рамзи сипосу эҳтиром тақдим кардааст.

Қаҳрамони мо бо азму иродаи қавӣ ба сӯйи музаффарияту муваффақиятҳо қадам мезанад ва бовар дорад, ки дар наздиктарин фурсат шифо меёбад. Мо гурӯҳи эҷодӣ низ ба Саодат Қодирова шифои комил мехоҳем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед