Ru  | Tj
Қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг. Ясмин ан-Нимр кист?
Қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг. Ясмин ан-Нимр кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон дар риштаи бодибилдинг. Ясмин ан-Нимр кист?

Нашр шуд

Ахиран дар ҷазираҳои Маафушии кишвари Молдив 54-умин Чемпионати Осиё дар риштаи бадансозӣ (бодибилдинг) баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони қораи Осиё ширкат варзиданд. Намояндаи Тоҷикистон - Ясмин ан-Нимр ба гирифтани нишони тилло ва нуқра дар ин мусобиқаи бонуфуз даст ёфт. 

“БОВАР НАДОШТАМ, КИ ЯКУМ МЕШАВАМ”


Ясмин як сол мешавад, ки аз рӯйи риштаи бодибилдинг машқварзӣ мекунад. Мураббии ӯ Олим Парпиев мебошад. Ясмин пас аз иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи бодибилдинг дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои иштирок дар Чемпионати Осиё ,ки дар кишвари Молдив гузашт, 8 моҳ омодагӣ дид.

“Ман бовар надоштам, ки дар Молдив миёни 343 варзишгар аз 27 кишвари Осиё аз рӯи вазни худам, ки 55 кг мебошад, якум мешавам. Он ҷо варзишгарони бомаҳорат ва тани зебодошта, ки болои худ зиёд кор кардаанд, бисёр буданд. Лек ман дар ҷараёни маҳоратсанҷӣ тавонистам, ки аз онҳо дида ҳунару малакаи баландтар нишон диҳам ва нишони тиллоро ба даст орам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Вақте ки Ясмин нишони тиллоро дар ин мусобиқа ба даст овард, ҳамроҳи ӯ мураббияш Олим Парпиев иштирок надошт. Варзишгар тариқи телефон аз мураббӣ тавсияҳо мегирифт ва аз рӯи он амал мекард.

“Он ҷо ба ман шогирди мураббиям Олим Парпиев кумак мекард. Мураббӣ бо ман ба ҷазираҳои Маафушии кишвраи Молдив рафта натавонист. Вақте он ҷо канорат мураббият набошад, албатта худро камтар ноҳинҷор ҳис мекунӣ. Агар мураббӣ ҳамроҳат бошад, варзишгар рӯҳан устувор хоҳад буд”, – боизтироб мегӯяд Ясмин.


Мураббии Ясмин – Олим Парпиев мегӯяд, давоми 8 моҳ шогирдашро дар толори 55 Spirit-и шаҳри Душанбе ба мусобиқаи Осиёӣ омода кард, лек ӯро ҳамраҳӣ карда натавонист.

“Ман ба Ясмин бисёр аҳамият медиҳам. Ба хӯрок, ба тамринҳо, умуман мо ҳамаи инро барномарезӣ кардем ва ӯ рӯзи истироҳатӣ надошт. Давоми як ҳафта пурра саргарми машқу тамринҳо мешуд, то дар ин мусобиқа дасти холӣ ба ватан барнагардад. Ман ҳам ӯро ҳамраҳӣ карда натавонистам, зеро баромаду ман саргарми он шудам,” – бо тассуф изҳор менамояд сармураббӣ Олим Парпиев.

“ҒОЛИБИЯТИ ЯСМИНРО АЗ КАНАДА БА МАН ХАБАР ДОДАНД!”

“Ман ҷараёни мусобиқаро ба таври онлайнӣ тамошо мекардам ва ба Ясмин тавсияҳо медодам. Дар ҷараёни рақобати ниҳоӣ алоқа якбора гум шуд ва ман натавонистам, ки дигар ҳунарнамоии Ясминро дида, ба ӯ машварат диҳам. Баъдан ба ман аз Канада як шогирдам занг зада, ин паёми хушро расонд, ки Ясмин нишони тилло ба даст овардааст. Ман хеле хурсанд шудам”, – зикр менамояд сармураббӣ.

ЯСМИН ЧӢ ГУНА РӮ БА ВАРЗИШ ОВАРД?

Ясмин аз соли 2015 ба ин сӯ ба варзиш машғул аст. Барои тамрин гоҳ-гоҳе ба толори варзишӣ мерафт. Додараш дар риштаи бокс тамрин мекард. Ҳамон вақт меҳри варзиш дар дили Ясмин аланга мезад. Рӯзе Ясмин дар толори варзишии “Лидер” бо Олим Парпев вомехӯрад ва ҳамин сабаб мешаваду ӯ ба варзиш рӯй меорад.


“Вақте бародарам дар хона машқ мекард, тамринҳои ӯро дида ҳавас мекардам. Лекин ба варзиш машғул намешудам. Пас аз дидор бо акаи Олим ба варзиш рӯй овардам. Ҳамин тавр, тамринро аз намуди пауэрлифтинг оғоз кардам. Дар ин ришта зиёда аз 5 сол ҳунарнамоӣ намудам”, – бо эҳсосот қайд мекунад варзишгар.

Ясмин аз риштаи пауэрлифтинг дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳар сол зинаи аввалро касб мекард ва ба худ ҳамто надошт. Вале аз ин намуд дар мусобиқаҳои берун аз кишвар ҳунарнамоӣ накарда буд.

АЗ ПАУЭРЛИФТИНГ БА БОДИБИЛДИНГ

“Рӯзе пас аз тамрин мураббиям Олим Парпиев ба ман гуфт, ки Ясмин биё, туро аз намуди бодибилдинг омода мекунем ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзӣ. Ман аввал розӣ нашудам, аммо мураббиям гуфт, пауэрлифтинг таҳкурсии хуб аст, ту дар ин намуд муваффақ мешавӣ. Ҳамин тавр, ман як сол омода шудам ва соли 2021 моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии Тошканд аз ин намуд ҳунарнамоӣ кардам”, - ба ёд меорад Ясмин.


Вақте Ясмин аз пауэрлифтинг ба бодибилдинг рӯй овард, 84 килограмм буд ва дар давоми тамринҳо ӯ тавонист, ки 30 килограмм вазни хешро дар як муддати кӯтоҳ партояд ,ки инро ҳар як варзишгар анҷом дода наметавонад.

Олим Парпиев мегӯяд, “Ясмин 84 килограмм буд ва то ба Тошканд рафтан вазнашро ба 54 килограмм расонид. Ӯ ба хӯрок ва тамринҳояш хеле хуб аҳамият медиҳад, ки ин калиди муваффақиятҳои ӯст”.

Дар Тошканд Ясмин аввалин бор иштирок кард ва як нишони нуқраю як нишони биринҷӣ гирифт. Он ҷо Олим Парпиев ва дигар ҳамдастаҳояш ӯро ҳамроҳӣ ва дар канораш буданд.

“Вақте суруди миллӣ дар он ҷо танинадоз мешавад, худамро гум мекунам. Намедонам, ки чӣ эҳсосе фарогирам буд. Ин воқеа дар Молдив бо ман рух дод”, – бо эҳсоси аҷиб ба ёд овард Ясмин.


ЧӢ САБАБ ШУДУ ЯСМИН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД?

Бисёриҳо аз Тоҷикистон будани Ясминро бовар надоранд. Лек Ясмин тоҷик аст. Падари ӯ араб ва модараш тоҷик мебошанд. То хатм кардани мактаб Ясмин дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард ва ба Тоҷикистон наомада буд.

“Ман давраи кӯдакӣ ва мактабро дар Маскав гузаронидаам. Пас аз хатми мактаб ман ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ дохил шудам ва ба Тоҷикистон омадам. Яъне ман қариб 25 сол мешавад, ки дар Душанбе ҳастам”, – гуфт Ясмин.
Ясмин бо чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод гап зада метавонад. Ӯ аз рӯи ихтисосаш қариб 17 сол кор кардааст. Лек мегӯяд, вақте ба варзиш рӯй овардам, дигар кор бо варзиш ба ман гаронӣ кард ва ҳозир пурра ба варзиш гузаштам. Дигар кор намекунам.


“ВАҚТЕ САРПАРАСТ НАБОШАД, МО ПЕШРАФТА НАМЕТАВОНЕМ”

Дар мусобиқаи Молдив Ясмин худ маблағ сарф карда онҷо парчами Тоҷикистонро боло бардошт. Ба гуфтаи Ясмин, ҳеч кас ба ӯ кумак накардааст.

“Ман барои Молдив рафтан беш аз 5 ҳазор доллари амрикоӣ сарф кардам. Ба ман ҳеч кас кумак накард. Барои омода шудан ба мусобиқаҳо ҳам ман худам маблағ сарф мекунам. Агар мо сарпараст дошта бошем, кори мо пешрафт хоҳад кард”, - мегӯяд Ясмин.

Ҳоло Ясмин бо мураббияш Олим Парпиев ба мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба бодибилдинг, ки моҳи декабр дар Тайланд доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Мураббӣ ҳам пайваста ба Ясмин барои иштирок дар мусобиқаҳои берун аз кишвар иҷозат медиҳад. Зеро дар Тоҷикистон танҳо Ясмин аст, ки миёни бонувон ҳунарнамоӣ мекунад. Бинобар ин Ясмин ҳоло дар мусобиқаҳои пауэрлифтинг, ки дар Тоҷикистон сурат мегирад, ширкат намеварзад ва ҳама таваҷҷуҳашро ба бодибилдинг равона кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед