Ru  | Tj
Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст
Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст
Аксҳо аз муаллифи мақола

Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст

Нашр шуд

Дар баробари дигар муқаддасоти нуфӯзофарии миллӣ варзиш ягона воситаест, ки бо қувваи бозӯ ва эҳсоси табиии инсонӣ давлат ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Қаҳрамони навбатии мо - Гулсумбӣ Шарифова аз зумраи парчамбардорони кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Бозиҳое, ки духтарон мекарданд, ба ман писанд набуд

Гулсумбӣ ҳоло ҳамагӣ 23 сол дорад. Ӯ зодаи ноҳияи Шаҳритус мебошад. Гулсумбӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ ба бозии футбол завқ дошт ва аз сабиби дар кӯчаи онҳо кам будани духтарон зиёдтар бо писарон саргарми бозӣ мешуд.

- “Ман ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ бо бачаҳо ба бозии футбол машғул мешудам. Бо духтарон камтар бозӣ мекардам. Дар кӯчае, ки мо зиндагӣ мекардем, шумораи духтарон нисбат ба бачаҳо камтар буд ва ман ба бозиҳое, ки онҳо машғул мешуданд, шавқу ҳавас надоштам. Бинобар ин, бо чанд тан аз писарони кӯчаамон ҳар рӯз футбол мебохтем. Дар хурдӣ бисёр ҳам шӯх будам ва аз ин сабаб, бо бачаҳо зиёд ҷанг мекардам. Дар ҷараёни футбол, вақте ки тӯб ба хонаи ҳамсоя мепарид, мо онҳоро огаҳ накарда, аз болои девор ё дарашон парида тӯбро гирифта, бозиаморо давом медодем. Агар мо ҳамсояро огаҳ карда, баъдин тӯбро мегирифтем вақти бисёр зоеъ шуда, ҷолибияти бозӣ гум мегардид. Дар наздикии майдончае, ки мо ба бозии футбол андармон мешудем, хонаи як муаллимаи мактабамон қарор дошт ва дарвозааш бо чӯб сохта шуда буд. Зарбҳои мо бештар ба тахтаҳои дарвоза бармехӯрд. Ҳамин тавр, то анҷоми бозӣ ҳамон 5-6 тахтаи дарвоза аз зарбҳои тӯб шикаста, дарвоза чаппа шуд. Ҳамин лаҳза муаллима - Матлуба Турсунова аз мактаб баргашта диданд, ки дарвозаи хонаашон чаппа шудааст. Муаллима ба волидонамон шикоят карданд. Мо ҳама бо бачаҳо ҷамъ шуда, усто овардем ва дарвозаи муаллимаро таъмир кардем. Аҷибтараш ин буд, ҳама корҳои баде, ки дар кӯчаи мо мешуд, ба сари ман бор мегардид ва аз ин сабаб, ба хонаамон барои шикоят бисёр нафарон меомаданд”, - Гулсумбӣ айёми кӯдакиашро чунин ба хотир овард.


Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия роҳи қаҳрамони моро боз кард

Мусобиқаҳои ноҳиявӣ бе иштироки Гулсумбӣ на он қадар ҷолиб мегузашт. Ба ҳамин сабаб, дар ҳама мусобиқаҳо бояд ӯ ширкат меварзид. Дар як мусобиқаи ноҳиявӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор” –и ноҳияи Шаҳритӯс шуда гузашт, сармураббии Тими футболи бонувони Тоҷикистон Сулаймон Бобокалонов бозии Гулсумбиро дида, ӯро ба тими мунтахаб ва дастаи “Парасту” даъват мекунад.

- Ман миёни бачаҳо низ бо қомати баланду суръати давидан фарқ мекардам. Соли 2009 падару модарам дарк карданд, ки дар рагу пайванди ман варзиш ҷой гирифтааст ва бинобар ин, онҳо розӣ шуданд, ки ба варзишгоҳи “Пахтакор” барои тамрин равам. Қаблан, барои ба варзиш машғул шуданам кам – кам монеъ мешуданд. Ҳамчунин, муаллима Тоҷинисо Шамсиева низ маро бисёр дастгирӣ карда, роҳи хубу бадро нишон медоданд.


Дар аввалин мавсими ҳунарнамоӣ Гулсумбӣ ҳамаро ба ҳайрат овард

Соли 2014 аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи “Парсату” гузаронида ва худи ҳамон сол беҳтарин нишонзани тими мазкур ҳисобида шуда, соҳиби ҷоизаи Ҳамлагари беҳтарин гардид. Пас аз як сол аввалин бозиашро дар Тими футболи бонувони кишвар паси сар карда, дар мавсими оянда беҳтарин футболбозбону дар мамлакат эътироф гардид.

- “Дар аввалин соли ҳунарнамоӣ дар дастаи “Парасту” –и шаҳри Душанбе ба зӯдӣ ба ҳайати ин даста мутобиқ шуда ва ҳунари хубе ҳам нишон додам. Дар нахустин мавсими бозӣ ба задани 41 гол ноил гардида, ҳамлагари беҳтарини лигаи бонувони кишвар эълон гардидам. Аз соли 2015 дар ҳайати Тими футболи бонувони кишвар ба майдон баромадам. Дар мусобиқаҳои CAFA баромад карда, дар ҳайати мунтахаб ба задани 10 гол ноил гардидам. Дар ҳамин соли равон беҳтарин футболбоздухтар дар қаламрави Тоҷикистон эътироф гардидам. Худи ҳамон сол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов аз рӯи ихтисоси варзиши сабук дохил шудам.

Бояд гуфт, ки аз ҳамон давра ба варзиши сабук - давидан низ машғул будам. Соли 2016 дар як мусобиқаи ноҳиявӣ дар масофаи 200 метр бе ягон омодагӣ ҷойи аввалро ишғол кардам ва баъди ин мусобиқа сармураббии варзиши сабуки кишвар Рустам Абдуллоев маро барои тамрин даъват карданд. Қаблан чандин пешниҳодҳо низ шуда буд, чунки бисёр суръати баланди давидан доштам, вале он замон ба ин намуди варзиш камтар таваҷҷӯҳ мекардам. Ихтисоси худам низ варзиши сабук буд. Ҳамин тариқ, ҳам дар донишгоҳ таҳсил мекардам ва ҳам ба футбол машғул мешудаму ҳам ба варзиши сабук... Ин ҳолат ба ман мушкилӣ пеш овард. Бинобар ин, соли 2018 тасмим гирифтам, ки ба корнамоии футболбозиам хотима бахшида, пурра ба самти варзиши сабук гузарам”, - мегӯяд ин варзишгари ҷавон.


Ба варзиши сабук машғул шудан саҳифаи наверо дар ҳаёти қаҳрамони мо боз кард

Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук бисёр дурахшид. Дар аввали иштирокаш дар мусобиқаҳои фароқоравӣ зинаи сеюмро касб кард. Ба мусобиқаи Токио-2020 роҳи хешро ҳамвор карда, 9 –рекорд дар Осиё гузошт.

Чуноне, ки қаҳрамони мо гуфт, пас аз ҷамъбасти корномаи футболбозиаш ба риштаи варзиши сабук рӯ оварда ва зери роҳбарии мураббӣ Рустам Абдуллоев тамринҳояшро оғоз кардааст.

- Дар футбол тамринҳо дастаҷамъӣ сурат мегирифтанд ва дар варзиши сабук бошад баръакс танҳо ту ва мураббӣ. Ҳамаи ин ба иродаи худи варзишгар вобаста аст, яъне варзишгар то чӣ андоза ба тамринҳо ҷиддӣ муносибат мекунад. Ман дар аввалин иштирокам дар мусобиқаи фароқоравӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни 16 давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар масофаи 200, 400 метр давидам ва ба гирифтани зинаи 3-юми мусобиқа даст ёфтам. Вале, ростӣ аз натиҷаи ин мусобиқа на он қадар хурсанд шудам, чунки мехостам парчами кишвари азизам дар зинаи аввал парафшон гардад. Ин мусобиқа то ҷойе ба рӯҳияи ман таъсир расонд. Ҳамчунин, дар ду мусобиқаи дигар дар шаҳрҳои Бишкек ва Алма-Ато зинаи чорумро касб кардам. Баъди ин ҳолат зиёд тамрин кардам ва ба мусобиқаҳои дарпешистода омодагии ҷиддӣ дидам. Дар ин муддат қариб дар ҳама мусобиқаҳои дохилии кишвар дар риштаи варзиши сабук зинаи аввалро соҳиб гаштам. 

Соли 2019 бароям як соли фаромӯшнашуданӣ маҳсуб меёбад, чунки бароям муяссар гардид, ки 6-маротиба дар қораи Осиё рекорд гузорам. Дар аввалин мусобиқа дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар ду масофа 200 ва 400 метр ширкат варзида, дар ҳар ду масофа ҳам зинаи аввалро ишғол кардам. Дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон миёни 23-давлат ҳунарнамоӣ намуда, масофаи 400 метрро дар 52 сония давида, нишони тиллоро соҳиб гаштам, ки ин рекорди мусобиқаи мазкур дониста шуд. Ҳамчунин, боз дар мусобиқаҳои дигар дар Қатар, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Амрико ширкат варзидам. 

Соли 2020 бо сабаби пандемияи COVID-19 ягон мусобиқа доир нагардид. Соли 2021 бошад дар мусобиқаи фароқоравӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карда, масофаи 200 метрро дар 22 сония давидам, ки ин рекорди нав дар Осиё буд ва бо ин нишондод ман ба Бозиҳои олимпии “Токио -2020” роҳхат гирифтам. Акнун ҳама ҳунару истеъдодамро дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ нишон хоҳам дод. Бояд гуфт, ки дар ин олимпиада ҳарифи сарсахти ман Дафне Шиперс мебошад.


Дигар ҳунарҳоро тавонистан ба манфиати мо хоҳад буд

Қаҳрамони мо ҳамчунин дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов минҳайси устод кор мекунад ва забонҳои хориҷиро хуб балад асту сайру саёҳатро зиёд дӯст медорад.

- Ҳар як духтар пеш аз ҳама бояд аз ӯҳдаи корҳои хона ба хубӣ барояд. Ман худам шахсан барои хеш хӯрокҳои ғизонок омода мекунам, то дар вақти ба варзиш машғул шудан, ба организмам фоида расонад. Дар донишкада ба шогирдонам ҳамеша талқин мекунам, ки бо иродаи қавӣ ба варзиш машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баромад намоянд. Аз ҳама асосӣ барои варзишгар донистани забонҳои хориҷӣ аст, чунки забонро надонӣ бо дигар варзишгарон робита пайдо карда наметавонӣ. Ман забонҳори русӣ ва тоҷикиро ба хубӣ медонам ва ҳоло забони англисиро омӯхта истодаам. Сайру саёҳатро зиёд дӯст медорам. То имрӯз дар аксари минтақаҳои кишвари азизамон будам, ҳамчунин, ба бархе кишварҳои ҷаҳон ба монанди Амрико, Туркия, Қатар, Хитой, Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон сафар доштам. Ҳоло бошад ифтихор мекунам, ки варзишгар ҳастам. Дар оилаи мо падарам - Мирзоалӣ Шарифов худ гӯштингир буданд, аз ин рӯ эшон ҳамеша канорам ҳастанд. Бародари хурдиям низ ҳоло ба мо пайравӣ карда, ба варзиш машғул аст”,- мегӯяд, Гулсумбӣ.

Мо - ҳайати кормандони сомонаи Halva .tj ба ин варзишгарбонуи тоҷик дар бозиҳои олимпии Токио-2020 барору комёбӣ таманно мекунем.



KitobGir: ҷавононро китобхон мекунем, китобҳоро ба иҷора дода ва аз ҷевонҳо мебарорам


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед