Ru  | Tj
Ҳайати олимпии Тоҷикистон: Аз кӣ интизори медал шуд?
Ҳайати олимпии Тоҷикистон: Аз кӣ интизори медал шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҳайати олимпии Тоҷикистон: Аз кӣ интизори медал шуд?

Нашр шуд

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки давоми ҳар чаҳор сол доир мегардад, мусобиқаи бонуфузӣ ҷаҳонӣ мебошад. Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки бояд соли гузашта барпо мегардид, бо сабаби авҷи коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуд. Дар ин олимпиада дар назар аст, ки 11 ҳазор нафар варзишгар ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам нерӯ бисанҷанд. То бозиҳои олимпии Токио-2020 ду рӯзи дигар боқӣ монд. Олимпиадаи мазкур аз 23-юми июл то 8- уми август доир мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бозиҳои олимпӣ 10 нафар варзишгарони ҷавону умедбахш намояндагӣ мекунанд, ки мо дар мавриди онҳо барои хонандагони Halva.tj маълумоти ихчам ҷамъоварӣ кардем.

Риштаи бокс

Дар риштаи муштзанӣ (бокс) Ҷумҳурии Тоҷикистонро се муштзани бомаҳорату қавиирода - Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ мекунанд, ки миёни онҳо Баҳодур Усмонов яке аз номзадони асосии ба даст овардани нишони олимпӣ ба шумор меравад.

Баҳодур Усмонов (бокс)


Баҳодур Усмонов аз муштзанони муваффақи кишвар буда, нахустин шуда роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст овард. Ӯ соли 2019 нишони тиллои Чемпионати Осиёро соҳиб гашт ва пас аз шикаст додани муштзани эронӣ роҳхати мустақимро ба олимпиада ба даст оварда буд. Албатта мо аз Баҳодур интизори соҳибияти медали олимпӣ ҳастем, чунки ӯ дар қораи Осиё беназир аст ва таҷрибаи иштирок дар бозиҳои олимпиро низ дорад.

Шаббос Негматуллоев (бокс)


Пас аз Баҳодур Усмонов яке аз муштзанони номвари тоҷик Шаббос Негматуллоев мебошад. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби дастовардҳои назаррас гардидааст. Соли гузашта дар мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Токио 2020 роҳхати мустақимро ба бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба даст оварда буд.

Сиёвуш Зуҳуров (бокс)


Сиёвуш Зуҳуров қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс мебошад. Мавсуф тавассути раддабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар Олимпиадаи имсоларо дар вазни +91кг пайдо намуд. Қобили зикр аст, ки Сиёвуш Зуҳуров ҳамчун иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010, мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ва ҳамчунин дорандаи мақоми панҷуми Чемпионати Осиё-2021 дар Дубай сазовори роҳхати Бозиҳои олимпӣ гардид.

Гӯштини ҷудо

Риштаи ҷудо имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон варзиши рушдёфта маҳсуб меёбад. Аз ин риштаи варзиш чаҳор ҷудокор: Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов Тоҷикистонро дар Токио намояндагӣ мекунанд, ки ҳар чаҳори онҳо имкони ба даст овардани ношони олимпиро доранд.

Сомон Маҳмадбеков (ҷудо)


Ҷудокори 22 - солаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар кишвари Марокаш медали тиллоро соҳиб гардидааст. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5 - ум ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам - 2019 аз намуди ҷудо мақоми сеюмро сазовор шудааст. Сомон дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар мақоми 1 - ум ва дар миёни бузургсолон дар зинаи 16 - ум қарор дорад. Ӯ бо касби 3580 имтиёз дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпиро дар вазни 73 кг ба даст овард. Сомон рӯзи 26-уми июл рақобатҳоро дар вазни 73 кг оғоз мекунад.

Акмал Муродов (ҷудо)


Варзишгари муваффақу комгори тоҷик дар риштаи ҷудо - Акмал Муродов чорумин нафарест, ки аз намуди ҷудо саҳмияи олимпиро ба даст овардааст. Ӯ то ин дам дар корномаи варзишии худ 49 рақобат анҷом дода, дар 17-тои он ғолибияти пурра ба даст овардааст. Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Акмал Муродов бо касби 1009 имтиёз дар вазни - 81 кг дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 53-юм қарор дошта, роҳхати Бозиҳои олимпиро тавассути квотаи минтақавӣ ба даст овардааст. Акмал Муродов дар вазни то 81 кило рӯзи 27- уми июл рақобатҳоро шурӯъ мекунад.

Комроншоҳи Устопириён (ҷудо)


Зери вазни -90 кг ҷудокори номвари тоҷик Комроншоҳи Устопириён яке аз муддаиёни ба даст овардани нишони олимпӣ дар бозиҳои олимпии Токио 2020 мебошад, зеро ӯ таҷрибаи хуби иштирок дар олимпиадаро дорад. Мавриди зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён соли 2016 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар вазни то 90 кг соҳиби медали тилло гардид. Ин дастовард Комроншоҳро нахустин қаҳрамони тоҷик дар риштаи ҷудо дар Осиё гардонид. Ӯ пас аз пирӯзии нахустин соли 2017 бори дуввум дар мусобиқаи мазкур дар Ҳонгконг дар вазни то 90 килограмм рақобат намуда, барандаи медали тилло гардид ва маротибаи дуввум унвони қаҳрамонии Осиёро аз намуди гӯштини ҷудо дар корномаи варзишии худ сабт намуд. Ӯ то ин муддат 196 рақабот анҷом дода, дар 112-тои он ғалаба ба даст овардааст. Комроншоҳи Устопириён айни замон бо 2944 имтиёз дар раддабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 23-юм қарор дошта, мустақиман саҳмияи Бозиҳои олимпиро ба даст овардааст. Ӯ рӯзи 28 – ум рақобатҳоро оғоз хоҳад кард.

Темур Раҳимов (ҷудо)


Темур Раҳимов дар олимпиада парчамбардори ҳайати олимпии кишвар мебошад. Ӯ аз ҷудокорони муваффақи кишвар буда, ҳоло 24 сол дорад. Темур дорандаи медали биринҷии Гран-при-Марокаш, иштирокчии мусобиқаи бонуфузи “Doha Masters 2021”, барандаи мақоми ҳафтуми GRAND SLAM TEL AVIV дар Исроил, барандаи мақоми панҷуми мусобиқаи бонуфузи “Tashkent Grand Slam-2021” ва ҳамзамон барандаи мақоми ҳафтуми чемпионати ҷаҳон аз намуди ҷудост. Пирӯзии Темур дар қаҳрамонии ҷаҳон боис шуд, ки мавқеашро дар раддабандии имтиёздорони олимпӣ беҳтар намуда, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад. Ёдовар мешавем, ки дар феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Темур Раҳимов миёни 255 ҷудокори ҷаҳон, ки дар вазни +100 кг баромад мекунанд, бо 3241 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад. Мавсуф санаи 30-юми июл баҳри ба даст овардани нишони олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ мекунад.

Риштаи шиноварӣ

Дар риштаи шиноварӣ дар масофаи 50 метр ду шиновари муваффақи кишвар: Олимҷон Ишанов ва Анастасия Тюрина шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя мекунанд.

Олимҷон Ишанов (шиноварӣ)


Олимҷон Ишанов узви тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ буда, тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи имсоларо дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, дар намуди тарзи озод пайдо намуд. Мавсуф бо ба даст овардани 336 имтиёз роҳхати иштирок дар бозиҳои олимпиро пайдо кард. Мавриди зикр аст, ки ӯ иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея мебошад, ки ин низ яке аз талаботҳои дигари ба даст овардани саҳмияи универсалӣ дониста мешавад.

Анастасия Тюрина (шиноварӣ)


Анастасия Тюрина низ тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар олимпиадаро дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, дар намуди тарзи озод пайдо намуд. Ӯ бо касби 492 хол мавқеи беҳтарро соҳиб буда, аз рӯи натиҷаҳои қаблӣ роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст овард. Анастасия Тюрина низ иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея буда, ҳамзамон иштирокчии 3-юмин Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес мебошад, ки талаботи дигари соҳиб шудан ба саҳмияи олимпӣ мебошад.

Варзиши сабук

Дар риштаи варзиши сабук ду варзишгар - Гулсумбӣ Шарифова ва Илдар Аҳмадиев аз Тоҷикистон иштироки Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд, аммо дар фарҷом Гулсумбӣ Шарифова ҷароҳат бардошт ва аз ҳаққи иштирок дар Олимпиада маҳрум гардид.

Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук)


Илдар яке аз муваффақтарин варзишгарони риштаи варзиши сабук дар мамлакат маҳсуб ёфта, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад. Ӯ то ин муддат бо маҳорати олии варзишии хеш дар мусобиқаҳои зиёди қитъавию байналмилалӣ иштирок намудаву парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои зиёди олам парафшон кардааст. Айни ҳол Илдар Аҳмадиев тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар олимпиадаро дар намуди дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.

Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук)


Гулсумбӣ Шарифова аз риштаи варзиши сабук аз рекордшиканҳо дар кишвар маҳсуб мешавад. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон меъёри муайянкардаи варзиши сабуки ҷаҳониро дар масофаи 200 метр иҷро карда, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки Гулсунбӣ Шарифова ба ғайр аз он ки дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.72 сония медали тилло ва меъёри олимпиро (22.80) иҷро кард, дар масофаи 100 метр низ бо натиҷаи 11.41 сония сазовори ҷойи аввал шуд. Чанд рӯз қабл аз Бозиҳои олимпӣ ӯ ҷароҳат бардошт ва ҳаққи иштирокро аз даст дод.



«Антикафе» чист ва он дар Тоҷикистон чӣ гуна ташаккул ёфтааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(90) "Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10030"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6661"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(73) "/tj/articles/our_people/varzishgarbonui_to_ike_ki_ama_rekord_oro_shikast/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3217"
  ["CODE"]=>
  string(48) "varzishgarbonui_to_ike_ki_ama_rekord_oro_shikast"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3217"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст

Другие новости