Ru  | Tj
Ҷавони гулпарвар: Чӣ тавр Сафаралӣ Шамсиев бо селексия даҳ навъи гули бунафш парварид?
Ҷавони гулпарвар: Чӣ тавр Сафаралӣ Шамсиев бо селексия даҳ навъи гули бунафш парварид?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ҷавони гулпарвар: Чӣ тавр Сафаралӣ Шамсиев бо селексия даҳ навъи гули бунафш парварид?

Нашр шуд

Қаҳрамони гулпарвари мо ҷавони 18 солаест, ки дар шароити хона 500 намуди гули бунафшро парвариш мекунад. Дар баробари ин, ӯ 10 навъи нави ин гулҳои зеборо селексия кардааст. Сафар имрӯз ба мо дар бораи зиндагӣ ва чӣ гуна ба парвариши гулҳо рӯ овардани худ нақл кард.

"Як гулфурӯш сабаб шуд, ки ба парвариши гулҳо машғул шавам"

Сафаралӣ Шамсиев соли 2003 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ӯ ба зебоии гулҳо ҳавас бурда, вале дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе ба парвариши он машғул мешавад ва гулҳои селексиякардааш оламгир мешаванд. Сафар ҳар рӯз ҳангоми ба мактаб рафтану омадан, аз назди бозори гулфурӯшӣ мегузашт ва аз тамошои гулҳои зебо лаззат мебурд. Оҳиста-оҳиста ҳамаи гулфурӯшон ӯро мешинохтанд ва аз меҳри беандозаи ӯ ба гулҳо хабардор шуда буданд. Рӯзе нафаре аз гулфурӯшон як гулро ба Сафар ҳадя намуд. Сафар гулро ба хона оварда, парвариш кард ва баъди рустанаш ба бозор бурда фурӯхт.

"Ман ҳар рӯз аз назди бозори гулфурӯшон гузашта, ба мактаб мерафтам. Рӯзе як гулфурӯш ба ман гулеро тӯҳфа кард. Он гул оддӣ ва хурдакак буд. Ман хурсанд шудам ва гулро оварда, дар хона парвариш намудам. Баъди калон шуданаш онро ба бозор бурда фурӯхтам ва боз гули дигар харидам. Ҳамин тавр, ба парвариши гулҳо оғоз кардам. Яъне ҳамон фурӯшанда сабаб шуд ва ман аз ӯ якумр миннатдор ҳастам",- мегӯяд Сафар.


"Ҳар гулеро мефурӯхтам ба ҷояш боз мехаридам"

Сафар ҳар гулеро, ки дар бозор мефурӯхт ба ҷояш гулҳои дигар мехарид ва парвариш мекард. Мақсади ӯ аз ин кор пул кор кардан набуд. Аз рӯи муҳаббат ба гулҳо ин корро мекард. Он ҳама шӯру шавқи Сафарро дида, яке аз савдогарони бозори гулфурӯшон ба Сафар пешниҳоди кор медиҳад ва ӯ дар як дӯкон ба фурӯши гулҳо машғул мешавад. Сафар ҳар қадар маблағе, ки ба даст меовард, ба хариди гулҳои нав сарф мекард ва рӯз то рӯз теъдоди гулҳояш дар хона бештар мешуд.

"Ба ҷойи ҳар гуле, ки дар бозор мефурӯхтам, гул мехаридам. Ин кори маро дида, як савдогари он бозор маро дар дӯкони худ ба кор қабул кард. Ман дар вақти таҳсил баъд аз дарс ва дар таътилҳо тамоми рӯз дар он ҷо кор мекардам. Ҳар гуле, ки дар тӯли ҳафта ба даст меовардам, охири ҳафта ба харидани гулҳои дигар сарф мекардам",- ба ёд меорад қаҳрамони мо.


"Бо дидани гули Бунафш дигар гулҳо ба чашмам зебоӣ надоранд"

Сафар яку якбора тамоми вуҷудашро ба парвариши гулҳо бахшид. Дар айёми наврасӣ ба кори ӯ волидон монеа эҷод накарданд. Сафар ҳамагӣ 13 сол дошт. Рӯзе ба дӯкони онҳо гули Бунафш оварданд. Сафар мафтуну шайдои ин гул шуд ва аз он барои худ харид. Баъд аз он меҳри ҳеҷ гули дигаре ба қалби Сафар нанишаст ва ӯ танҳо навъҳои гуногуни гули Бунафшро харида ва парвариш мекард. Ҳамин гуна, ҳамаи гулҳои дигаре, ки парвариш кард, фурӯхта ва ба ҷойи онҳо гулҳои бунафшро овард. Айни ҳол дар хонаи онҳо 500 навъи ин гул мавҷуд аст, ки яке аз дигаре зеботару пуртароваттаранд.

"Ҳар гулеро, ки мехаридам, агар баъд аз парвариш бароям писанд меомад, аз фикри фурӯхтанаш даст мекашидам. Вақте гули Бунафшро дидам, ба чашмам як зебоие фаротар аз зебоии гулро нишон дод. Ба хулосае омадам, ки дигар парваришу нигаҳдории гулҳои ғайр маъное надорад. Баъдан, ҳамаи гулҳои худро фурӯхта, ба ҷояшон навъҳои гуногуни гули бунафшро харидам",- бо завқ афзуд ҳамсӯҳбати мо.

"Мақсади ман аз селексия рӯёнидани бунафши тоҷикӣ аст"

Барои Сафар дар шароити хона парвариш кардани гулҳо ҳеҷ душворие надорад. Ҳамаи ин гулҳоро худаш ба танҳоӣ парвариш мекунад. Соли аввале, ки ӯ ба парвариши гулҳо машғул буд, ғайр аз наздикон касе аз ин кори ӯ огаҳӣ надошт. Баъд аз як сол овозаи гулҳои Сафар ба гирду атроф паҳн гашт ва ҳамагонро ба ҳайрат овард. Аз таваҷҷӯҳи дигарон ва дастгирии бевоситаи наздикон ӯ илҳоми дучанд гирифт ва ба селексияи гули Бунафш шурӯъ кард.


Сафар мехост гулеро рӯёнад, ки он моли Тоҷикистон бошад ва номи Тоҷикистони азизро ба дигар кишварҳо барад.

"Гул растаниест, ки танҳо хоси як ҷо нест. Онро аз як кишвар ба кишвари дигар мебаранд. Яъне ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Ҳамаи гулҳои бунафше, ки парвариш мекардам, моли кишварҳои гуногун буд ва пеши худ мақсад гузоштам, гуле рӯёнам, ки моли Тоҷикистон бошад. Онро ба ҳар гӯшаи олам ҳам баранд, бигӯянд, ки ин гул аз кишварест бо номи Тоҷикистон",- мегӯяд Сафар.

"Ба гулҳоям номҳои тоҷикӣ мемонам"

Сафар то имрӯз тавассути гардолудкунӣ 10 навъи нави гулҳои бунафшро рӯёнидааст. То ҳол ба ҳеҷ кадоми онҳо ном нагузоштааст ва тасмим дорад ба онҳо номҳое гузорад, ки муаррифгари тоҷику Тоҷикистон бошанд. Дар миёни маҷмӯаи гулҳои бунафши Сафар ин гулҳо мақоми хоса доранд ва Сафар аз дидани онҳо рӯҳу илҳоми тоза мегирад.


"То ҳол ба гулҳои худам номи мувофиқ наёфтаам ва дар ҷустуҷӯи номҳои тоҷикӣ ҳастам, ки кас бо шунидани он дарк намояд, ки ин як гули тоҷикист. Бештар номҳои ҷолиби минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистонро мадди назар мегирам",- бо ифтихор афзуд Сафар.


Қаҳрамони мо ҳарчанд дӯкони шахсии гулфурӯшӣ надошта бошад ҳам, ҳамарӯза нафарони зиёде ба хонаи онҳо барои харидани гулҳои бунафш муроҷиат мекунанд. Инчунин савдогарон низ гулҳои Сафарро харида, дар дӯконҳои худ ба савдо мегузоранд ва ҳатто савдогаре, ки ба Сафари наврас чанд сол қабл гули хурдакаке ҳадя намуда буд, акнун аз ӯ гул мехарад. Гулҳои парваридаи ӯ алакай дар кишварҳои Русия, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон харидорони худро пайдо кардааст.

"Бо гулҳои бунафш соҳиби Ҷоми «Бизнес-инкубатор» шудам"

Аз пешравию дастовардҳои Сафар намояндагони Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон - "Бизнес-инкубатор" огаҳ шуда, ӯро ба ин муассиса барои ҳамсӯҳбат шудан бо соҳиборони ҷавон даъват мекунанд.

Дар натиҷа имконоти фароҳамовардаи ин макон ба Сафар писанд меояд ва ӯ низ дар қатори соҳибкорони ҷавон лоиҳаи соҳибкории худро тартиб медиҳад. Бо эълон гаштани озмуни дарёфти Ҷоми Муассисаи давлатиии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон Сафар барои иштирок дархост медиҳад.


"Маро ба Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон даъват карданд, ки он ҷо бароям хеле писанд омад. Дар ин марказ барои шахсоне, ки идеяи хуби соҳибкорӣ доранд, имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Аз ҳамин сабаб, ман ҳам хостам дар он ҷо "резидент" шавам. Дар озмуни дарёфти Ҷоми "Бизнес-инкубатор" иштирок кардам ва лоиҳаи "Safar's Violets"-и ман ҷойи аввалро соҳиб гашт",- гуфт ҳамсӯҳбати мо.


Сафаралӣ Шамсиев айни ҳол дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, дар риштаи иқтисодиёт дар соҳаи сайёҳӣ таҳсил менамояд. Дар оянда мақсад дорад, ки мағозаи фурӯши гулҳои худро дар Тоҷикистон кушода, бо маҷмӯаи гулҳои худ ба кишварҳои хориҷа сафар намояд. Дидани "Хонаи Бунафш" дар Русия яке аз ниятҳои асосии Сафар аст. Шуғли дигари ӯ ин навохтани асбоби мусиқии гитор аст, ки бовар дорем, дар ояндаи наздик дар навохтани ин асбоб низ навгоние ба вуҷуд меорад.

Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(104) "Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест""
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10926"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7333"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(77) "/tj/articles/our_people/ovidon_ma_madov_ba_sinamo_r_y_ovardanam_tasoduf_nest/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3512"
  ["CODE"]=>
  string(52) "ovidon_ma_madov_ba_sinamo_r_y_ovardanam_tasoduf_nest"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3512"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест"

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8471"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5184"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(94) "/tj/articles/our_people/mamad_ulov_alimu_ammad_3_marotiba_aro_at_bardoshtam_vale_zinda_mondam/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2663"
  ["CODE"]=>
  string(69) "mamad_ulov_alimu_ammad_3_marotiba_aro_at_bardoshtam_vale_zinda_mondam"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2663"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»

Другие новости