Ru  | Tj
Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест"
Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест"
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҷовидон Маҳмадов: "Ба синамо рӯй оварданам тасодуфӣ нест"

Нашр шуд

Ҷовидон Маҳмадов хатмкунандаи Донишкадаи маданияти шаҳри Челябински Федератсия Русия буда, дар филмҳои тоҷикии "Марги бегуноҳ", "Бозии тақдир", "Роҳ", "Охирин сайди сайёд", "Журналист" ва "Бозгашт" нақшҳои асосӣ ва саҳнавиро бозидааст.

Ҷовидон 26 сол дорад. Ӯ зодаи ноҳияи Восеъ буда, ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

АВВАЛИН НАҚШ


Ҷовидон Маҳмадов аз хурдӣ дилбохтаи ҳунару ҳунармандӣ буд. Гарчанде падараш омӯзгор ва модараш табиб аст, вале ӯ роҳи ҳунарро интихоб кард. Ӯ аз синни наврасӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва дар студияи Бердӣ Минбоев дарси ҳунармандӣ омӯхта, дар баробари ин, бо Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ҳамкорӣ мекард. Ва ба гуфти худаш бори аввал ӯро замони хатмкунандаи мактаб будан, ба филм даъват кардаанд. 

"Аввалин бор маро ба филми Юнус Юсупов ва Асламшоҳ Раҳматуллоев бо номи "Марги бегуноҳ" даъват карданд. Ман дар он филм нақши донишҷӯеро бозӣ мекардам, ки ҳангоми аз шаҳр ба хона баргаштан, дар дохили автобус парронда мешавад. Ҳарчанд, ки нақши лаҳзавӣ буд, вале аввалин кори ман дар синамо ба ҳисоб мерафт", - нақл мекунад, Ҷовидон.

ТАЪТИЛИ БОБАРОР

Баъди хатми мактаби миёна Ҷовидон ба Донишкадаи фарҳанги шаҳри Челябински Федератсияи Русия аз рӯи ихтисоси коргардон-актёр дохил мешавад. Ҳангоми таҳсил дар донишкада Ҷовидон ҳар таътили тобистона ба Тоҷикистон меомад ва бо "Тоҷикфилм" ҳамкории худро идома медод.


Ҳамин гуна баъд анҷоми курси 3-юм ӯ ба Ватан меояд ва ба филми Муҳаммадрабии Исмоил - "Бозии тақдир" даъват мешавад. Ҷовидон Маҳмадов дар ин филм нақши ҷавонеро меофарид, ки дар хурдӣ аз модар маҳрум шуда, дар тарбияи падар ба воя расидааст ва айни ҳол дар Федератсияи Русия таҳсил мекунад.

"Мо филми "Бозии тақдир"-ро дар таътили тобистона ба навор гирифтем ва ҳамон саҳнаеро, ки ҷавон бояд ба Федератсияи Русия барои идомаи таҳсил мерафт, рӯзи сафарам сабт кардем. Чун таътили тобистонаи ман ҳам ба охир расида буд ва ҳамин тавр, мувофиқ афтод, то ҳам дар нақши филм ва ҳам дар асл сафар кунам", - бо шавқ ба ёд меорад, ҳамсӯҳбати мо.

Ҷовидон дар таътили зимистонаи курси 4-умиаш низ ба Ватан бармегардад ва дар ин таътил низ ӯ ба филми коргардони маъруфи кишвар Носир Саидов бо номи "Роҳ" даъват карда мешавад. Ҷовидон дар ин филм нақши Ромиш писари апаи Зулфияро мебозад ва чун ҳарвақта баъди таътил бо дастоварде ба идомаи таҳсил меравад.


"Вақте ки ба Тоҷикистон омадам, фаҳмидам, ки дар Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" барои интихоби ҳунармандони филми "Роҳ" кастинг баргузор мегардад. Ман ба он кастинг ширкат кардам ва дар он ҷо Алексей Мячиков аз ман акс гирифтанд. Баъди чанд вақт ба ман занг зада гуфтанд, ки барои иҷрои нақши Ромиш интихоб шудаам", - афзуд қаҳрамони мо.

Дар давраи пандемияи COVID - 19 ӯ пас аз хатми курси 4 ба хона бармегардад. Баъд аз як моҳ боз ба "Тоҷикфилм" сар мезанад. Ӯ дар ин вақт аллакай таваҷҷӯҳи коргардонҳоро ба худ ҷалб карда буд ва дар Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ҳамагон бо ӯ ошноӣ доштанд. Бо дӯстон ҳамсӯҳбат мешавад ва боз ба хона бармегардад ва аз сабаби пандемия як моҳи дигар ба киностудия намеравад.

САНҶИШИ НАВБАТӢ

Расо баъд аз як моҳ аз Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ба Ҷовидон занг мезананд ва мегӯяд, ки барои филме кастинг эълон кардаанд ва ӯ бояд худро дар ин кастинг санҷад. Ҷовидон аз ин санҷиш ҳам бо сари баланд мегузарад ва то аниқ шудани ҷавоби санҷиш барои иҷрои нақш омодагӣ мебинад.


"Дар кастинги навбатӣ иштирокчиён хеле зиёд буданд. Вале ман ноумед нашуда, ба худ боварӣ доштам. Ҳанӯз натиҷаи кастинг аниқ нашуда, барои иҷрои нақш аллакай омодагӣ медидам. Бо худам фикр мекардам, ки рафту маро дар ин филм интихоб кунанд, пас ман бояд омода бошам. Баъди чанд вақт занг зада гуфтанд, ки барои иҷрои нақши асосӣ интихоб шудаам. Ман сенарияи филмро гирифта, тавассути ошноҳоям ба шаҳри Ҳисор рафтам, то ки якчанд рӯз аспдавониро омӯзам"- гуфт, Ҷовидон.

Ҷовидон бо шавқу шӯри беандоза ва омодагии ҷиддӣ дар филми коргардон Муҳаммадрабии Исмоил "Охирин сайди сайёд" нақш офарид.

ДАР НАҚШИ ЖУРНАЛИСТ 

Баъди ба анҷом расидани банаворгирии филм ӯ бо хастагӣ ва дасту пойи харошида ба хона баргашт. Вале хастагии ӯ зиёд давом наёфт. Чунки ӯ муҳити кориро зиёд дӯст медошт ва мехост ҳамеша саргарми кор бошад. Аз ҳамин сабаб, баъд аз як рӯз Ҷовидон ба киностудияи "Тоҷикфилм" рафт. Сари қадам ба утоқи коргардон Абдулҳай Зокиров даромада, каме бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд. Дар рафти сӯҳбат коргардон гуфт, ки: «Мо як филм ба навор мегирем. Ту аксҳоятро мон, мо мебинем. Лекин ранги чашмони писари нақши асосӣ дигар аст». Ҷовидон розӣ шуд. Дар телефони мобилияш тавассути барномае ранги чашмонашро дигар карда, акс гирифт. Акс ба коргардон писанд омад ва онро барои худаш нигоҳ дошт. Аз миён чанд вақт гузашту Ҷовидон ба филми "Журналист" даъват шуд. Ин асар аз ҳаёти журналисте қисса мекунад, ки новобаста ба мушкилиҳои давраи пандемияи COVID - 19 ба кори худ содиқ мемонад.


Баъд аз нақшофарӣ дар ин филм Ҷовидон Маҳмадов ба филми ҷадиди Муассисаи давлатии "Хатлонсинамо" даъват шуд, ки он "Бозгашт" ном дорад. Дар он Ҷовидон дар нақши ҷавоне ҳунарнамоӣ мекунад, ки дар оғози филм духтаракеро бо мошин мезанад...

Мо аз Ҷовидон дар бораи душвориҳои кори синамо ва нақшофарӣ суол кардем ва посухи аҷибе шунидем:

"Бароям он лаҳза мушкилие пеш меояд, ки муҳити корӣ ноором, ғамгин ва ҳамкорон аз якдигар норозӣ бошанд. Дар дигар ҳолатҳо умуман душвориро эҳсос намекунам. Баръакс мехоҳам, ки пайваста кор бошаду даводав. Дар ин ҳолат банаворгирии филм шабонарӯз давом кунад ҳам, розӣ ҳастам".

ҲУНАРМАНДИ ПУРҲУНАР

Қаҳрамони мо дар баробари актёрӣ ва коргардонӣ инчунин аз ӯҳдаи ҳайкалтарошӣ, навозандагӣ ва сурудхонӣ низ мебарояд.

Ҷовидон аз хурдӣ филми "Рустам ва Сӯҳроб" - ро пайваста тамошо мекард. Боре дар он филм саҳнаеро мушоҳида мекунад, ки Сӯҳроб ба ҳайкалтарошӣ машғул аст. Ҷовидон бо ҳавас мехоҳад, ки ҳунари ҳайкалтароширо омӯзад.


"Ҳар бор ки филми "Рустам ва Сӯҳроб" тариқи оинаи нилгун намоиш дода мешуд, ман бо шавқ тамошо мекардам. Дар он филм саҳнае ҳаст, ки Сӯҳроб ба ҳайкалтарошӣ машғул аст. Ман худ ба худ фикр кардам, ки шояд вақте дар оянда ҳунарманд шавам, ин ҳунар ба ман лозим гардад", - нақл кард Ҷовидон.

Ҷовидон хабар меёбад, ки дуртар аз хонаашон нафарони машғули ҳунари ҳайкалтарошӣ ҳастанд. Ӯ ба назди онҳо рафта, бо майлу рағбати зиёд дар муддати мадид ҳунари ҳайкалтароширо меомӯзад. Ҳоло ҳайкалҳои сохтаи ӯ дар қолаби товус, кабк, оҳу ва дигар навъи ҳайвоноту паррандагон боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанберо зебу зиннати дучанд мебахшанд. Навохтани гитара ва фортепианаро бошад, мустақилона аз худ кардааст. Ба андешаи ӯ ҳунарманд бояд аз дигар самтҳои соҳаи фарҳангу санъат низ огаҳӣ дошта бошад, чунки дар давоми фаъолият ҳатман онҳоро ба кор мебарад.

ТАШНАИ КОР


Ҷовидон Маҳмадов айни ҳол дар Театри давлатии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов - "Аҳорун" ҳамчун коргадон ба таҷрибаомӯзӣ машғул аст. Ӯ ҳоло намоишномаи "Хостгорӣ" - ро аз рӯи асари А.П.Чехов омода мекунад. Ҷовидон бораи нақшаҳои ояндааш чунин гуфт:

"Дар оянда нақшаҳои зиёд дорам. Чанд лоиҳаҳои синамоӣ ҳастанд, ки бо қабул шуданашон корро бо онҳо шурӯъ хоҳем кард. Айни ҳол ба ман коргардоне лозим, ки ба саҳна барояд ва ман бо ӯ кор кунам. Ман сахт кор кардан мехоҳам ва ташнаи кор ҳастам".

Ҷовидон Маҳмадов мақсад дорад, баъд аз хатми донишкада фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳад. Ҳангоми сӯҳбат бо ӯ самимият ва шавқу шӯри беандоза доштанаш нисбат ба театру синаморо аз ӯ дарёфтем. Ӯ ҷавони хоксор буда, одоб ва фарҳанги воло дорад.



“Ҳақиқат ҳамеша пирӯз аст”: Ҷавони муваффақе аз бағали кӯҳҳои баланд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед