Ru  | Tj
Аз корди одӣ то ханҷару шамшери шоҳӣ. Ҷавони тоҷик ҳунари кордсозиро рушд медиҳад
Аз корди одӣ то ханҷару шамшери шоҳӣ. Ҷавони тоҷик ҳунари кордсозиро рушд медиҳад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз корди одӣ то ханҷару шамшери шоҳӣ. Ҷавони тоҷик ҳунари кордсозиро рушд медиҳад

Нашр шуд

Бахтиёр Мирзоеви 33-сола аз кордсозони номвари тоҷик аст. Ӯ зодаи шаҳри Истаравшан буда, дар хонадони кордсозони маъруфи ин диёр ба камол расидааст. Кордҳои сохтаи Мирзоевҳо шуҳрати зиёд дошта, аз Осиё то Аврупо харидор дорад. Ҳатто дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон раисҷумҳури ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ба кордҳои зебову мунаққаши онҳо таваҷҷуҳ ва аз он харид карда буд.

Муаллифамон бо Бахтиёр Мирзоев ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву ҳунарии ӯ баҳри хонандагони пойгоҳи Halva. tj қисса кард.

ИФТИХОР АЗ КАСБ

Бахтиёр Мирзоев ба ҳунари кордсозӣ аз хурдсолӣ рӯй овардааст. Ӯ 12 сол дошт, ки ҳамроҳи падараш кордҳои гуногуни марбут ба рӯзгор месохт. Мавсуф ҳамроҳи додараш Ихтиёр пайваста назди падар меомаду аз нозукиҳои ин ҳунар воқиф мешуд. Падараш усто Иброҳим Мирзоев дар баробари сохтани кордҳои ҳархела, ҳамзамон ханҷару шамшерҳои армуғонӣ дар шаклу услуби бостонӣ омода мекард. Фарзандон пайваста ба кори падар нигариста, кумак мерасониданд. Ба ин васила онҳо аз асрори ҳунари кордсозӣ огоҳ мегаштанд.


"Омӯхтани хунари кордгарӣ бароям он қадaр душвор набуд, зеро падарам бо маҳорати баланди устодӣ ба мо нозукиҳои ин пешаро меомӯхтанд. Он кас пайваста таъкид мекарданд, ки сарфи назар аз он ки мо дар оянда чӣ касберо интихоб мекунем, бояд аз асрори ин ҳунар воқиф бошем.  Мо бо шавқу завқи том ба омӯзиши ин ҳунар машғул мешудем. Сайёҳони дохиливу хориҷӣ доиман ба дукони падарам омада кордҳои сохтаашро харид мекарданд. Онҳо ҳунару маҳорати падарамро дида, ангушти ҳайрат мегазиданд. Мо бо як ҳисси ифтихор кӯшиш мекардем, ки мисли ӯ ҳунарманди номдор шавем", - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Бино ба қавли Бахтиёр Мирзоев, кордсозӣ барояшон аз ҳафт пушт мерос монда, онҳо идомадиҳандаи кунунии ин пешаанд. Қаҳрамони мо пайваста кӯшиш мекунад бо эҷоди кордҳои нав ба нав таваҷҷуҳи гардишгаронро ҷалб карда, баҳри муаррифии ҳунари аҷдодиву миллӣ саҳм гузорад. 


АЗ КОРДИ ОДӢ ТО ХАНҶАРУ ШАМШЕРИ ШОҲӢ. ОФАРИДАҲОИ БАХТИЁР

Кордҳои Бахтиёр Мирзоев дар услуби бостонии шарқиёна сохта шудаанд. Ӯ барои зебо ва диққатҷалбкунанда шудани онҳо аз мис, нуқра, устухони гов, дандони фил ва шохи оҳуву ғурм (гӯсфанди кӯҳӣ) истифода мекунад. Мавсуф аз инҳо ғилофҳои гуногуни кандакориву мискоришуда низ омода мекунад.

"Мо ба ҷуз аз ханҷару шамшер (армуғонӣ) асосан ду намуди корд месозем: рӯзгорӣ ва армуғонӣ. Кордҳои рӯзгорӣ одӣ буда, дастаашон аз устухони гов ё дарахти чормағзу чинор ва туту зардолу омода мешаванд. Бо ин ҳол, кордҳои армуғониро бештар зиннат медиҳем. Онҳоро бо мису нуқра оро дода,  кандакорӣ мекунем. Масалан дастаи баъзе намуди чунин кордҳоро бо истифода аз металҳои  ҳаргуна ба даҳони мор, каллаи асп, паланг, шер, уқоб, моҳӣ ва дигар ҷонварон монанд  мекунем", - гуфт Бахтиёр Мирзоев.

Қаҳрамони мо барои сохтани ғилоф аз чӯб, пӯлод, шох ва барои ороиш аз мису нуқра ва рангҳои табии дастисохт истифода мекунад. Аксари ғилофҳое, ки аз шоху чӯб омода гардидаанд, бо кандакорӣ оро дода шудаанд. Бахтиёр Мирзоев аз зумраи устоҳоест, ки кандакорӣ дар шоху устухонро миёни кордсозон ба урф даровардааст.

МУСАВВАРА ДАР РӮЙИ КОРД

Бахтиёр Мирзоев пайваста талош меварзад, ки дар эҷодиёти худ навгоние ворид созад. Ба қавли ӯ, агар ҳунарманд аз рӯйи як қолаб фаъолият кунад, ҳеч гоҳ муваффақ  шуда наметавонад. Аз ин рӯ қаҳрамони мо рӯйи корд ва ғилофҳои шохӣ (шамшер, ханҷар) минётур кашидааст. Масалан дар рӯйи корд ҳамлаи паланг ба галаи оҳуҳо, нақшу нигори миллӣ, манзараҳои диданбоби Тоҷикистон ва ғайра тасвир шудаанд, ки дар ҳунари кордсозӣ падидаи нав мебошад.


"Кордсозӣ то имрӯз аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд мерос гузашта омадааст. Ҳунармандони ҳар давр ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, ба он навгониҳо ворид кардаанд. Масалан чидани сангҳои ҷилодор ё мискориву нуқракорӣ дар даставу ғилофи корд дар замонҳои гуногун пайдо шуда то ба замони мо расидаанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтам рӯйи кордҳои армуғонӣ минётур ва нақшу нигори миллиро тасвир кунам", - шарҳ дод ҳунарманди ҷавон.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, ӯ ҳатто рӯйи ғилофҳои шохӣ низ нақши гулҳои гуногунро бо истифода аз ҳунари кандакорӣ тасвир кардааст.


"ИН АСТ АРҶ БА ҲУНАРУ ҲУНАРМАНДӢ!"

Ба наздикӣ дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – ватани азизи ман" Бахтиёр Мирзоев дар баши ҳунари рассомӣ, жанри ороиши амалӣ байни ҷавонони аз 18 то 40-сола сазовори мақоми аввал гардида, бо диплому ҷоиза ва маблағи 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ӯ дар ин озмун дастранҷи худро пешниҳод кард, ки аз сӯйи ҳакамон баҳои баланд гирифт. Қаҳрамони мо аз ин давраи фараҳбахш ёд оварда чунин нақл кард:

“Вақте аз озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – ватани азизи ман" огоҳ шудам, бо ҳидояти падар дар он иштирок карда, маҳсули дастонамро пешниҳод кардам. Дар кишвари азизамон Тоҷикистон ниҳоят ҳунармандони маъруфу чирадаст зиёданд, аз ин рӯ бовар надоштам, ки сазовори мақоми аввал мегардам. Қадрдонии як ҳунарманд дар ҳузури ҳазорҳо кас барояш бахт аст. Бовар кунед ин лаҳзаи фараҳбахш то охири умр дар ёдам нақш мебандад”.

Бахтиёр Мирзоев мегӯяд дар ягон давру замон мисли имрӯз ба ҳунармандон ва ҳунарҳои миллӣ чунин арҷ гузошта нашудааст. Ба қавли ӯ, "ин аст арҷ ба ҳунару ҳунармандӣ!".

РАИСҶУМҲУРИ ҚАЗОҚИСТОН ХАРИДОРИ КОРДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТ

Дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳунарҳои мардумии мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд. Дар он ҳунармандон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Аз Истаравшан хонадони Мирзоевҳо кордҳои гуногуни миллиро ба намоиш бурда буданд. Вақте роҳбарони ду кишвари ҳамҷавор аз назди кордҳои миллӣ мегузаштанд, раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба онҳо таваҷҷуҳ карда, яке аз кордҳои миллиро интихоб ва харид карда буд. 

Дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон падарам ва додарам Ихтиёр иштирок карда, намунаи корҳоямонро бурда буданд. Дар намоиши мазкур роҳбари Ҷумҳурии Қазоқистон ба кордҳои мо таваҷҷуҳ карда, харид карданд, ки нишонаи волову нотакрор будани ҳунарҳои миллии моро нишон медихад. Аз ин пеш борҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи моро дида аҳсан гуфта буданд, ки ин бароямон ифтихор аст. Албатта ин ҳама аз неъмату баракати сулҳ ва худсолорӣ аст," - таъкид кард кордсози маъруф.


Бахтиёр Мирзоев то имрӯз дар озмуну ҷашнвора ва намоишҳои зиёди байнулмиллалӣ  ширкат варзидааст. Ӯ дар Русия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва даҳҳо кишварҳои Осиёву Аврупо рафта ҳунарҳои миллии миллатамонро муаррифӣ кардааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед