Ru  | Tj
Бахшида ба рӯзи "Кинои тоҷик"
Бахшида ба рӯзи "Кинои тоҷик"
Фото: Wikipedia

Бахшида ба рӯзи "Кинои тоҷик"

Нашр шуд

Ҳамасола дар Тоҷикистон 16 октябр рӯзи "Кинои тоҷик" эълон карда шудааст ва ин ид бевосита ба яке аз шахсиятҳои машҳур да олами кино таалуқ дорад.

Ба ҳамаи ҳунармандону коргардонҳои Тоҷикистон номи Борис Кимягаров, аниқтараш Бенсион Ариевич Кимягаров режиссери театру кино, ҳунарманд, сенарист ва муаллим хуб шинос аст.  

Ин шахс дар ташаккули кинои тоҷик саҳми беназир дорад ва асосгузори филмҳои жанри таърихи мебошад. 

Дар кинематографияи тоҷик аз соли 1944 года фаъолияташро оғоз намуда филмҳои "Рустам ва Суҳроб", "Қисмати шоир", "Садриддин Айнӣ" "Дохунда" "Дар куҳҳои Помир" ва ғайра маҳсули эҷоди ин шахси пурҳунар мебошад.

Эшон инчунин дорандаи зиёди ҷоизаҳои давлативу байналмилалӣ аз он ҷумла Рудакӣ, Иттифоқи кинематография, ҷоизаҳои Венгрия, Миср, Осиё, Беларус ва ғайраҳо мебошанд.

Ва аз фурсати муносиб истифода бурда дар ин рӯзи муқаддас барои аҳли ҳунар ва шахсан Борис Кимягаров ин рӯзро муборак бод гӯем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед