Ru  | Tj
Арт – фаъолият ба тоҷикӣ: мушкилоти иҷтимоиро метавон бо зебоӣ ҳал кард
Арт – фаъолият ба тоҷикӣ: мушкилоти иҷтимоиро метавон бо зебоӣ ҳал кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Арт – фаъолият ба тоҷикӣ: мушкилоти иҷтимоиро метавон бо зебоӣ ҳал кард

Нашр шуд

Дар ҳама давру замонҳо одамоне, ки тафаккури ғайримуқаррарӣ ва эҷодӣ доштанд, сарчашмаи навовариҳо буданд ва баъзан онҳо дар зеҳни атрофиён эҳсосот ва ғояҳои навро ошкор карда, тафаккури онҳоро тағйир медоданд. Одамони эҷодкор ба туфайли ҳассосӣ ва таъсирпазирии худ ҳамеша дар ҷомеа мавқеи махсус ишғол мекарданд. Дар корҳои худ онҳо метавонанд тамоми дарду шодии инсонро тасвир кунанд, зебоиро инъикос намоянд ва масъалаҳои (мушкилотҳои) шадиди иҷтимоиро ба миён гузоранд.

Дар ҷаҳони муосир, бо истифода аз имкониятҳои технологӣ, уфуқҳои санъат ба таври назаррас васеъ шуд. Мисоли он лоиҳаи ҷавонон бо номи Art-lab мебошад, ки ба рушди санъат ва тамоми самтҳои он нигаронида шудааст. Ҳадафи асосӣ - якҷо кардани санъати анъанавӣ ва муосир мебошад. Дар ин бора сарпараст, муршид ва мураббии лоиҳа Юлия Петрова муфассалтар нақл кард.

- Юлия, лутфан каме дар бораи лоиҳаи Art-lab нақл мекардед.

- Лоиҳаи Art-lab аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Тандурустии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон» амалӣ карда мешавад. Ин нахустин мактаби арт-фаъолият (фаъолияти ҳунарӣ) дар Тоҷикистон мебошад, ки моҳи сентябри соли 2020 ифтитоҳ ёфт ва то имрӯз фаъолият дорад. Дар 3 моҳи аввал мо барои 20 нафар одамон аз соҳаҳои гуногуни ҳунар ва фаъолони ҷомеа дарсҳои таълимӣ гузаронидем. Тибқи ҷадвал, машғулиятҳо ҳафтае 3 маротиба дар платформаи «Zoom» гузаронида мешуд. Бо боварии комил гуфта метавон, ки мо фаъолонро ба эҷодкорӣ "гирифтор" кардем (дар фаъолон ҳаваси эҷодкорӣ пайдо кунонидем) ва ба шахсони эҷодкор дар бораи сохтор ва мушкилоти ҷомеа, ҳуқуқи инсон ва ғайра дар асоси таҳқиқотҳои илмӣ дониш омӯзондем. Баъдан мо иштирокчиёнро ба 4 гурӯҳ тақсим карда, эҷодкоронро бо фаъолон якҷо кардем ва барои онҳо семинарҳо ва мастер-классҳо гузаронидем. Дар натиҷа, ҳар як гурӯҳ 5-тогӣ ашёи санъатро омода намуд. Бояд гуфт, ки "мактаббачагони" мо дар эҷоди ашёи инфиродии санъат озод буданд. Мо нақша дорем, ки намоишгоҳи ин корҳоро ташкил намоем.

- Худи Шумо низ бо ҳунар ягон иртиботе доред?

- Дар дастаи мо ҳам ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳам шахсони машғули санъат ҳастанд. Мо фақат тасмим гирифтем, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем, зеро фаъолнокӣ ва санъат ҳамдигарро пурра мекунанд. Якум олами моддиро, дуввум, рӯҳ, ҷисм ва шуурро ба ҳаракат меоранд. Ин "иттифоқ" ҳамоҳанг ва пурмаҳсул аст. Мо боварӣ дорем, ки донистани ҳуқуқи инсон ва тарзҳои худгароии эҷодӣ барои тағйир додани фарҳанг ва муҳити беруна мусоидат мекунад.

- Мафҳуми консепсияи арт-фаъолият чист ва айни ҳол он то чӣ андоза машҳур аст?

-Арт-фаъолият имрӯз дар тамоми ҷаҳон рушд карда истодааст. Ин тамоюли муҳимест, ки ба туфайли интернет зуд ва осон паҳн мегардад. Масалан, ҳамаи мо медонем, ки аудио ва видеомундариҷа ба мо барои беҳтар фаҳмидани моҳияти мушкилот ё роҳҳои ҳалли он кӯмак мерасонад. Ва ҳикояҳое, ки тавассути филмҳо, аниматсия, театр ва дигар намудҳои намоиши санъат пешниҳод карда мешаванд, бештар ҳассосият ва ҳамдардиро бедор мекунанд. Ин ҳикояҳо зиёдтар дар ботини шахсоне, ки шояд мо онҳоро хуб дарк накардаем, одамиятиро бедор мекунад, вале дар баробари ин, онҳо ба дастгирӣ ё иттифоқи мо сахт ниёз доранд. Шеър ва адабиёт ҷаҳонбинии моро тағйир медиҳад, ба мо ибтикороти нав ва дарки амиқи воқеиятро пешниҳод мекунад. Мусиқӣ ба инсон шавқ ва илҳом мебахшад, водор месозад, ки ҳаёти каси дигарро эҳсос кунем ва ба баъзе мушкилот аз нуқтаи назари дигар нигоҳ кунем, бо одамон бештар ҳамдардӣ кунем.

Ҳунар умуман ба мо имкон медиҳад, ки робитаи аҷибу наздикро бо одамон, баъзан тамоман одамони ношинос, эҳсос кунем. Баъзан онҳо аз гузашта меоянд ё дар дигар тарафи курраи замин ҳастанд. Ҳамин тариқ, мо метавонем тифоқро бо тамоми ҷаҳон, инчунин мавқеи ночиз, вале бебадали худро дар он эҳсос намоем. Санъат ба мо барои дарки бештари инсоният ва дӯст доштани он кӯмак мерасонад.

Ҳамин тариқ, арт-фаъолият қувваи эҷодии санъатро бо банақшагирии стратегӣ, ки барои тағйироти иҷтимоӣ зарур аст, мепайвандад. Дарҳол бояд гуфт, ки арт-фаъолият на дар категорияи фаъолияти қатъӣ ва на дар категорияи санъати маъмулӣ ҷой намегирад. Санъат, одатан, фақат бо музейю галереяҳо ва фаъолнокӣ бо намоишҳо маҳдуд мешавад. Консепсияи арт-фаъолият, на танҳо дар галереяҳо, музейҳо ва намоишҳо, балки дар хона, марказҳои савдо, нақлиёт, лавҳаҳои эълонӣ, либосҳо, стикерҳо, мемҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар ҷойҳо дида мешавад. Истифодаи он васеъ аст, ки ин арт-фаъолиятро нисбат ба санъати анъанавӣ ё амалияи фаъолият барои тамошобин шинос, бехатар, ҷалбкунанда, дастрас ва дӯстона мегардонад.


Арт-фаъолият ба давраи смартфонҳо, камераҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври идеалӣ мувофиқат мекунад. Чун одамон ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро табодул намекунанд, онҳо чизҳоеро "мубодила" мекунанд, ки инсонро ба изтироб меорад. Арт-фаъолият дар имкониятҳои таъсиррасонӣ ба воқеият маҳдуд нест, дар ин ҷо ҳама чиз аз эҷодиёти худи фаъолони санъат вобаста аст. Ин як таҷрибаи зиндаест, ки онро ҳар касе, ки ҳадди ақал каме бошад ҳам инсоният ва ё ягон намуди эҷодиётро дӯст медорад, метавонад омӯзад.

- Чӣ гуна як шахси оддӣ маҳсули арт-фаъолиятро муайян карда метавонад?

- Ба кор нигаред. Агар он дар шумо эҳсосотеро бедор кунад, фаҳмиши баъзе арзишҳои инсониро барангезад, ба амалҳои мусбат талқин кунад ё дар бораи мушкилоти муайяни иҷтимоӣ, сохтори ҷаҳон маълумот диҳад, пас ин арт-фаъолият аст. Дар асл, он дер боз ва дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, фақат онро на ҳама вақт чунин ном мегиранд. Метавонам як қатор мисолҳои равшан оварам:

• Клипи Манижа "Шаҳри офтоб" ва инчунин дигар корҳои охирини ӯ - "Недославянка", таҳияи замимаи «SilSila» бо мақсади дастгирии қурбониёни хушунати хонаводагӣ;

• Ҳамкории Шоҳин Қурбонов ва ҳомии ҳуқуқи башар Галина Врублевская, ки дар доираи ин ҳамкорӣ онҳо як албоми мусиқиро, бо истифода аз садоҳои дар ҷанги Украина сабтшуда, таҳия карданд;

• Филми Моҳпора Киромова "Мардикор", ки дар Москва дар АртДокФест намоиш дода шуд, филми аккосии "Дармондагон" ва дигар лоиҳаҳо ба монанди "180 дараҷа";

• Лоиҳа ва намоишгоҳи "Шикастани хомӯшӣ" дар бораи хушунати хонагӣ;

• Инстаграм-лоиҳаи "Ба ман хоҳар бигӯй" дар бораи таъқиб;

• Филми "Гиряи танбур" ва дигар асарҳои Аниса Собирӣ;

• Лоиҳаи Тахмина Ҳакимова ва Фаррух Сафарзода "Грейн" ҷавонони эҷодкорро хеле хуб илҳом мебахшад ва маърифатнок мекунад;

Тавре мебинед, арт-фаъолият дар атрофи мо мавҷуд аст. Агар дар бораи намунаҳои асарҳои хориҷӣ сухан ронем, пас метавон бисёр филмҳои барандаи ҷоизаи Оскарро намунаи арт-фаъолият ҳисобид. "Паразитҳо", "Китоби сабз", "Занҳои хурдакак", "Харгӯш Ҷоҷо", "Рома" ва ҳатто "Ҷокер" то андозае масъалаҳои мубрами ҷомеаро ба миён мегузоранд, дар одамон инсонгариро бедор мекунанд, аз ҷиҳати мазмуни таърихӣ, ки моро то ба имрӯз расонидааст, маърифатнок буда, иллатҳои инсониро ошкор мекунанд ва ғайра.


- Шумо вазъи санъатро дар Тоҷикистони муосир чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Санъат ҳамеша дар давлати мо дар шакл ва намудҳои гуногун вуҷуд дошт. Онҳое, ки ҳатто каме ҳисси кунҷковӣ ва ҷасурӣ доранд, новобаста аз синну сол, ҷинс ва мақом, ба ин кор машғул мешуданд ва мешаванд. Дар Тоҷикистони имрӯза шояд чунин ба назар расад, ки рассомони классикӣ нисбат ба асри гузашта камтар шудаанд, аммо дар асл, санъати мо рушд карда истодааст, вале дар шаклҳои мухталифи ғайримуқаррарӣ.

Дар мо суратгирон, дизайнерон (ороишгарон), видеографҳо, дизайнерони UX/UI, рассомон, ҳайкалтарошони муосир, ҳунармандон, раққосон ва хореографҳо (тарроҳони рақс) фаъолона инкишоф меёбанд. Албатта, рассомони боистеъдод низ зиёданд, ки аксари онҳо ба формати рақамӣ мегузаранд. Навозандагони ҷавон чизҳои хеле ҷолиб эҷод мекунанд. Нависандагони кунҷковро дар каналҳои телеграмм ва блогҳо пайдо кардан мумкин аст. Шумораи зиёди одамони эҷодкор пайдо мешаванд ва санъат дар ҳаёти тоҷикон ҷойгоҳи бештареро ишғол мекунад.

Воситаҳои ахбори омма акнун ба эҷодиёти муосир дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кард ва ин ҳам асосан ба шарофати рӯзноманигорони ҷавон. Ҳар рӯз дар паҳнои интернет ягон чизи нав, аслӣ, босифат ва зебо пайдо мешавад. Танҳо формати паҳнкунии санъат тағйир ёфт – имрӯз ташкили намоишҳо ва консертҳо дар фазои физикӣ аксар вақт гарон ва номусоид аст, дараҷаи муайяни маҳдудият ҷой дорад, дастгирии институтсионалӣ ва ҳавасмандии моддӣ вуҷуд надорад.

Шояд аз ин сабаб, ин ҳама аксар вақт дар интернет ё дар доираҳои танг боқӣ мемонад. Аммо барои аксари одамони эҷодкори мо шӯҳрат чизи дуюмдараҷа аст, онҳоро ҳавасмандии ботинӣ барои бештар ва беҳтар эҷод кардан водор менамояд, зеро санъат дар ҳама шаклаш ҷодуи воқеист.

- Ба фикри шумо, ҷавонони тоҷик ба мушкилоти мавҷуда таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ё не ва оё лоиҳаи шумо барои ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба ин мушкилотҳо кӯмак мекунад?

- Ҷавонон бидуни мо ҳам ба мушкилотҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Худи онҳо ташаббусҳо нишон медиҳанд, мавзӯъҳои мураккабро меомӯзанд, нисбати кишвар ва ҷомеа ғамхорӣ зоҳир мекунанд, роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳимро меҷӯянд. Ҷавонон мехоҳанд дар ҷомеаи солим зиндагӣ ва рушд кунанд ва имконияти ба дигарон кӯмак расониданро дошта бошанд. Мо танҳо яке аз роҳҳои мусоидат карданро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, яъне тавассути санъат меомӯзем. Арзиши санъат асосан дар пешниҳоди дурнамо ва роҳҳои нави дарк кардани ҷаҳон ифода меёбад. Гарчанде ки самараи онро дидан ва муайян кардан душвор аст, он метавонад ҳиссиётро барангезад ва идроки моро тағйир диҳад. Санъат на танҳо дар фазои ҷисмонӣ ё маҷозӣ, балки дар зеҳн ва қалби одамон муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад.

Тағйиротҳои иҷтимоӣ бесабаб ба амал намеоянд. Онҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки одамон тасмим мегиранд чизеро, ҳадди ақал дар сатҳи маишӣ ё шахсии худ ислоҳ кунанд. Лоиҳаи мо танҳо ба ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба мушкилотҳо равона карда нашудааст. Ин мушкилотҳо аллакай ба ҳамагон маълуманд. Умедворем, ки ин лоиҳа барои тағйир додани муносибат ба ин мушкилотҳо ва дарки онҳо кӯмак мекунад, инчунин ҳавасмандӣ, илҳом, ғояҳои нав мебахшад ва роҳҳои ҳалли мушкилотро пешниҳод мекунад.


Зани кафшергар, нонпаз ва ронанда: қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори ӯ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед