Ru  | Tj
Саргузашти Файзӣ Қурбонов, "Шумахери тоҷик" аз Иттиҳоди Шуравӣ
Саргузашти Файзӣ Қурбонов, "Шумахери тоҷик" аз Иттиҳоди Шуравӣ
Акс: classictouringcup.com

Саргузашти Файзӣ Қурбонов, "Шумахери тоҷик" аз Иттиҳоди Шуравӣ

Нашр шуд

Михаел Шумахер - пойгачии немис, чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон ва яке аз беҳтарин шахсияти дунё шинохта шудааст. Номи ӯ, номи оммавӣ гаштааст - одатан ронандагони боистеъдодро ҳамин тавр меноманд. Пас қаҳрамони мо Файзӣ Қурбоновро метавон "Шумахери тоҷик"-и солҳои 1970-1980 номид. Ҳама намедонанд, ки он вақт ин намуди варзиш маъмул буд ва дар РСС Тоҷикистон низ чемпионҳо дар ин самт буданд.

Файзӣ Қурбонов - устоди варзиши ИҶШС оид ба пойга, барандаи ҷойҳои намоён дар чемпионати ИҶШС, чемпиони Тоҷикистон дар солҳои 1977 ва 1981 дар намуди автобисёрҳарба ва номзади илмҳои таърих мебошад, дотсент,  ки беш аз 40 сол дар донишгоҳҳо низ аз фанни таърих дарс гуфтааст.

Файзӣ Қурбонов мегӯяд, ки аз 7 солагӣ орзуи мошинсавориро дошт ва бори нахуст дар синни 10 солаги мошин рондааст. Меҳри пойга ба ӯ аз падараш Қурбонов Холиёр - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ду маротиба барандаи ордени “Байрақи сурхи меҳнат” ва пойгачӣ бо мотосикл, ки дар бисёр мусобиқаҳои минтақавии он замон иштирок мекард, мондааст.

Чи тавре, ки қаҳрамони мо нақл мекунад, ӯ мустақилона ба ронандаҳо бодиққат нигоҳ карда ҳамаи нозукиҳои ронандагиро омӯхтааст. Ҳуҷҷати ронандагиро соли 1968 гирифта, соли 1972 ба клуби варзишӣ-техникии ДОСААФ дар шаҳри Душанбе ворид шуд.

Албатта, дар ҳар коре бе устод намешавад ва Файзӣ Қурбонов Валтер Шеллро аввалин устоди худ дар фаъолияти касбӣ медонад, ки ӯ яке аз машҳуртарин устоди варзиш дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Аввалин маротиба дар автораллӣ соли 1970 иштирок намуд ва ҳамин тавр 5 сол ин касбашро идома дод ва ду маротиба сазовори ҷойҳои намоён гардида буд. Аммо соли 1977 бошад унвони чемпиони Тоҷикистондар автораллиро соҳиб шуд. Сол аз сол Файзӣ Қурбонов таҷрибаи худро зиёд намуда маҳораташро қавитар мегардонд ва ин ба ӯ имкон медод, ки дар дигар мусобиқаҳо низ иштирок варзад.

Соли 1979 бошад байни беҳтарин пойгачиёни Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷумҳуриҳои Қавқоз, Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар раллии зимостона, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, иштирок намуда мақоми 3-юмро соҳиб шуд. Соли 1981 бошад бори дуюм чемпиони Тоҷикистон гардид.

Чихеле, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ лётчикҳо дар бари худ бортпроводник доранд, дар авторалли бошад чунин нақшро штурманҳо мебозанд, ки аз ҳузури онҳо низ 50% пирӯзӣ вобаста мебошад. Штурманҳои қаҳрамони мо Нозир Ҳамидов, Александр Алахвердов, Анатолий Пилипченко, Александр Круглов буданд ва қисми идораи мошинро бар души худ мегиранд, то, ки ронанда танҳо ба роҳ нигоҳ кунад.
DsAAAgAe5uA-1920-min.jpg

Ҳар нафаре, ки мухлиси автопойгаҳ мебошад ва ё ҳадди аққал тасаввурот аз ин навъи варзиш дорад хуб медонад, ки ин шуғли хеле хатарнок мебошад ва ронандагон баъзан бо ҷони худ бозӣ мекунанд ва Файзӣ Қурбонов истисно намебошад. Баъзан мошин чапагардон шуда ба нишебиҳо мефаромад ва ё ин, ки дар гардишҳо шадид ба садамаҳо дучор мешуд. Барои идома додани мусобиқа ронандп бояд фавран аз чунин ҳолат барояд. 

Дигар мушкилотҳо низ мавҷуд мебошанд. Чунки ин навъи варзиш хеле арзиши гарон дорад ва дар Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон хароҷотҳо маҳдуд буданд ва баъзан вақт иштирокчиён аз маблағҳои шахсии худ мошинҳоро таъмир намуда, ба мусобиқаҳо мерафтанд. 

Чанде пеш, дар рӯзи 75 солагии Файзӣ Қурбонов як ҳадяе аз номи генерал-полковник, раиси ДОСААФ-и Федератсияи Русия А.Колмаков омад, ки дар он хизматҳои шоиста  ва саҳми беандозаи қаҳрамони мо дар соҳаи рушди автоспорт қайд шудааст, тақдим карда шуд.
photo_2021-02-11_17-10-14 (2)-min.jpg

Файзӣ Қурбонов мегӯяд дар Тоҷикистони имрӯза низ, дар серпантинҳои Помир ҳамаи имкониятҳои баргузор намудани ин мусобиқаҳо вуҷуд доранд. Танҳо каме маблағгузорӣ лозим асту халос.

Шумахери тоҷик ҳанӯз ба синну соли худ - 75 сол нигоҳ накарда, орзу дорад, ки бори дигар сари чанбараки мошин нишаста оташи дили худро  бароварда ёд аз давраи ҷавонӣ кунад. Инчунин ӯ мақсад дорад, ки ба роҳбарияти шаҳрдорӣ барои мусоидат намудан ба тарбия ва тайёр намудани пойгачиёни ҷавони тоҷик муроҷиат намояд ва таҷрибаи худро ба онҳо диҳад.

Саргузашти як электромонтёр аз Душанбе, барандаи лотереяи Шӯравӣ бо бурди рекордӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед