Ru  | Tj
Тобути сарбозро пас аз 40 сол ба зодгоҳаш - Тоҷикистон оварданд. Михаил Ануфриев кӣ буд?
          Тобути сарбозро пас аз 40 сол ба зодгоҳаш - Тоҷикистон оварданд. Михаил Ануфриев кӣ буд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Тобути сарбозро пас аз 40 сол ба зодгоҳаш - Тоҷикистон оварданд. Михаил Ануфриев кӣ буд?

Нашр шуд

Ҷасади як сарбози руси зодаи Тоҷикистонро, ки 40 сол пеш ба ҷанги Афғонистон рафта буд, қариб пас аз ним аср пайдо карда, ба Душанбе оварданд. Муаллифи Halva.tj дар бораи шахсияти ин сарбози фавтида таҳқиқот анҷом дода, бо чанде аз наздиконаш суҳбат кард.

Зимни ковишҳои кӯтоҳ маълум шуд, ки Михаил Ануфриев дар ҳайати отряди 177-уми нерӯҳои вижаи Сарраёсати иктишофии ИҶШС дар Афғонистон хидмат мекардааст ва моҳи июни соли 1982 ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ дар Афғонистон кушта шудааст. Вале, ҳамон замон ҷасадаш нопадид шуд ва тӯли ин 40 сол хонаводааш ӯро мекофтанд.

Ҷасади ӯро ду рӯз пеш аз пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ба Душанбе фиристоданд. Ҷасади ин сарбози 40 сол пеш кушташуда дар оромгоҳи шаҳри Душанбе, ки зодгоҳи Михаил Ануфриев мебошад, ба хок супорида шуд.

Тибқи маълумоти дарёфтии Halva.tj, Ануфриев Михаил Викторович, соли таваллудаш 1961 буда, миллaташ рус аст. Ӯ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаву ба воя расидааст.


Пеш аз хидмат дар сафи армия омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро хатм кардааст. Ӯ ҳам забони модарӣ (русӣ) ва ҳам забони тоҷикӣ - форсиро медонист. Санаи 9 ноябри соли 1980 ба хизмат даъват шуд. Хизматаш дар қисми ҳарбии 42610-и шаҳри Капчагайи Афғонистон мегузаштааст.

Як ҳамяроқи собиқаш нақл кард, ки баъдтар, онҳоро барои идомаи амалиёт алайҳи дастаи Аҳмадшоҳи Масъуд ба дараи Панҷшер фиристоданд. Дар дараи Панҷшер барои шикаст додани аскарони Аҳмадшоҳи Масъуд шаш амалиёти густурдаи низомӣ сурат гирифт. Машҳуртарин амалиёти тамоми ҷанги Афғонистон амалиёти соли 1982 буд. Дар давоми ҳамин сол аз отряди рақами 177 наздики 50 кас ҳалок ва ду кас бедарак шуд. Ҳамхидматони Ануфриев медонистанд, ки ӯ ҳалок шудааст, вале ҷасадаш бедарак шуда буд.

Як ҳамхидмати дигараш дар номае ба номи ҳамсари Михаил навиштааст, ки ӯ 2 июли соли 1982 дар вилояти Парвон кушта шуд ва ҳамон ҷо ҷасадаш нопадид гардид.

Ба навиштаи ӯ, отряди 177 дастаи вежаи нерӯҳои махсус (қисми ҳарбии 43151) буд, ки баҳори соли 1984 бо мақсади бастани роҳҳои асосии корвон аз лагерҳои мухолифин дар Покистон ба вилояти Ғазнии Афғонистон интиқол ёфт. Қабл аз ин, ҷойи истиқрори доимии онҳо дараи машҳури Панҷшер буд, ки дар ин ҷо аввалин гарнизони доимии Шӯравӣ таъсис ёфт. Миша (Михаил Ануфриев) он замон дар ҳайати гуруҳи махсуси супориши ҷангӣ буд.


Дар ин нома гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи 2-юми июли соли 1982 се нафар хизматчиёни ҳарбии ин қисм, аз ҷумла Миша низ барои овардани об ба лаби чашма рафтанд. Вақте ки онҳо дар лаби чашма суроби душманро диданд, дар ҳар ҷо камин гирифтанд. Ануфриев дар вақти камингирӣ аз ҳамсафонаш ҷудо шуд. Бо ҳамин тақдири ӯ барои ҳамяроқонаш номаълум боқӣ монд. Зеро пас аз тирпаронии кӯтоҳмуддат онҳо ҷасади ӯро пайдо карда натавонистанд.

Як шоҳиди айнӣ аз тарафи «дигар» (муҷоҳидин), ки дар ин задухӯрд ширкат доштааст, ҳангоми асорат ба фармондеҳи амалиёти вежаи ин гуруҳ нақл кардааст, ки он ҷо дар вақти камингриӣ дар назди Михаил як бачаи ноболиғ буд. Ӯ ба бача даст нарасонд, вале вақте ки бача муҷоҳидини калонсолро дар тарафи муқобили худ дид, аз ҷой хеста, хост автоматро аз дасти Миша рабояд. Сарбоз ба ӯ дарафтод, вале писараки бегуноҳро куштан нахост. Ҳангоми тирпарронӣ ду ҳамяроқи Михаил ба дигар тараф давиданд. Михаил аллакай захмӣ шуда буд. Модраҳим (ҳамон писари афғон), ки дертар ҳалок шуд, тавонист, ки аз Михаили ярадоршуда силоҳашро кашида гирад.


Вале аз мактуби муовини фармондеҳи гуруҳ оид ба корҳои сиёсӣ Муратов, ки санаи 5.09.1982 тариқи почтаи саҳроии 43151 ба волидайни сержант Михаил Ануфриев навишта шудааст, бармеояд, ки рӯзи 30-юми июн ба қисме, ки Миша дар он хидмат мекард, вазифа гузошта шуд, ки минтақаи мусоидро ишғол намуда, фаъолияти муътадили қувваҳои асосиро таъмин намояд.

“Бо назардошти ин супориш 2 июл Михаил Викторович ва ду сарбоз барои пур кардани об рафтанд. Дар ин вақт Миша аз бачаҳо каме пештар рафт. Дар натиҷаи тирпарронии гуруҳи дигар вай аз бачаҳо чудо шуд. Тирпарронӣ чанд дақиқа идома кард ва вақте ки он ба охир расид, бачаҳо Мишаро ҷеғ задан гирифтанд, аммо ӯ посух надод. Онҳо ба кофтуков шуруъ карданд. Ҳамзамон, дар ин бора фавран ба фармондеҳ хабар дода шуд ва барои ҷустуҷӯ тамоми чораҳоро диданд, вале натиҷае набахшид. Ӯ гумшуда эълон гардид”, - омадааст дар нома.
Аз мактуби модари Михаил хонум Александра Алексеевна Валова ба Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ (2006, 2008) бармеояд, ки модари ӯ то дами марг дар ҷустуҷӯи писараш буд ва ҳамеша аз ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Русия мепурсид, ки тақдири ҷасади писараш чӣ шудаасту оё нишоне аз ӯро ёфтанд ё не.

Ҳамсараш Наталя Дроздова низ борҳо ба масъулини ду кишвар нома навишта, хостори пайдо кардани ҷасади шавҳараш буд. Ӯ аз ҷумла, дар номаи охирини худ дар соли 2020 гуфта буд, ки оилаи Михаил Ануфриев қариб 40 сол боз бо ин дард умр ба cap мебаранд ва дар ин муддат дар бораи ӯ оҳиста-оҳиста маълумот ҷамъ карданд.

“Мо бисёр чизҳои гуногунро шунидаем! Ҳоло мо аллакай медонем, ки ӯ дар куҷо ва чӣ гуна мурдааст. Шояд Мишаро якҷоя ба зодгоҳаш биёрем. Кори зиёде анҷом шуд, қадами охирин боқӣ мемонад”, - гуфт ӯ дар паёми охирини худ.

Бояд гуфт, ки тақрибан 4 сол пеш ҳамкори собиқаш Сергей Якиманский дар асоси далелҳои мавҷуда ба ҷустуҷӯи Миша шурӯъ кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки боқимондаҳои ҷасади рафиқашро ҳамроҳ бо чанд ҳуҷҷат пайдо карда, ба сафорати Русия дар Кобул интиқол диҳад. Ӯ дар як номааш ба ҳамсари рафиқаш навиштааст, ки ду нома, аксҳо ва шаҳодатномаи Кумитаи ҷустуҷӯиро дар мавриди Миша Ануфриев пайдо кардаву фиристодааст.
“Дар вохӯрӣ бо собиқадорони отряди 177-уми нерӯҳои махсус, ки Миша бо онҳо дар Афғонистон буд, ман бо аввалин фармондеҳи он - полковник Борис Кемирбоев вохӯрдам. Ӯ қазоқ аст. Мутаассифона, мо барои муфассалтар сӯҳбат кардан вақти кофӣ надоштем. Ман аз ӯ пурсидам, ки воқеан чӣ гап шуд. Вай ба ман версияи расмиро нақл кард, ки Миша ва ду - се аскари дигарро ҳамон субҳ командир барои пур кардани об ба деҳа, дар доманаи кӯҳ, фиристодааст. Миша аз он ҷо барнагашт. Ба қавли онҳое, ки ҳамроҳи ӯ буданд, онҳо камин гирифтанд ва Миша захмдор шуд. Командири застава ё командири взвод, — ҳоло дар хотир надорад, — боз панҷ нафари дигарро бо сардории корманди сиёсии рота Бетуев ба ҷустуҷӯи Миша фиристод. Бегоҳӣ қариб сесад десант ба дара фаромаданд ва амалиёти калони ҳарбӣ cap шуд, ки дар рафти он 20 нафар бачаҳои мо ҳалок шуданд, вале  Мишаро наёфтанд. Инро аз суханони ӯ навиштаам”, - навиштааст ӯ.
Ҷустуҷӯи мо дар пойгоҳи интернет нишон дод, ки фармондеҳи баталёни 177 Борис Тукенович чанд сол пеш китоберо нашр карда, дар он навиштааст, ки Миша ба тарафи душманон гузашт ва баъди ин, ба ӯ ҳамчун фармондеҳ лозим омад, ки фавран паролҳо, аломатҳои занг ва ғайраҳоро иваз кунад.

“Ман бо ӯ тамос гирифтам. Он вақт ӯ зинда буд. Мо аллакай медонем, ки Миша чӣ гуна мурдааст. Дар Капчагай ҳайкали ёдгории отряди 177 гузошта шудааст, аммо номи Михаил Ануфриев дар он ҷо нест! Гӯё чунин сарбоз ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошта бошад! Дар бораи Миша танҳо дар ҳайкали ёдгории отряди 177, ки дар Химки воқеъ аст ва бачаҳо онро бо пули худашон гузоштанд, зикр шудаст”, - навиштааст ӯ.

Ҳамин тавр, фарзияҳои марги ин сарбоз гуногунанд ва касе дақиқ намедонад, ки ӯ дар ҳамон амалиёт кушта шуд ё ба тарафи душман гузашт. Вале, хонаводааш баъди 40 сол тавонистанд, ки пораҳои ҷасади ӯро бо ҳуҷҷатҳояш пайдо карда, ба зодгоҳаш – шаҳри Душанбе биёранд ва дар ин диёр ба хок супоранд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед