Зан дар саҳна – мард дар зиндагӣ: Суҳбати Мирзоюсуфи ҷавон аз овозапароканиҳо, маош, театр ва ҳунар
Нашр шуд
Мирзоюсуф Аҳмадов ҳамагӣ 31 сол дорад, аммо тамоми кори театрро анҷом медиҳад. Ин чеҳраи саропо ҳунар бори нахуст замоне рӯи саҳна омад, ки бояд ҷастухез мекарду бо кӯдакон бозӣ, вале олами кӯдакиашро бо ҳунар иваз кард.
Мирзоюсуф Аҳмадов ҳам ҳунарпеша асту ҳам коргардон, ҳам устоди рақсу омӯзгори ҳунар ва ҳам мутахассиси чандин соҳаи дигар, чун ороиши рӯю интихоби либосу ороиши саҳнаву коргардони овозу монанди ин. Ӯ аз синни 8-солагӣ дар саҳна таҳти роҳбарии ҳунарпешаи номдори театр, Ислом Саломов нақш бозӣ мекунад. Бештар ӯро дар намоишномаҳои мазҳакавӣ метавон дид ва ҳам нақши занонро зиёдтар меофарад.
Ба иқрори худаш, ҳоло дигар чӣ гуна будани нақш ва кӣ будани қаҳрамон барояш аҳамият надорад, чунки аллакай ҳунари бозигарӣ дар ҳушу пӯсташ қабат андар қабат ҷой гирифтаву метавонад худро дар қолаби дилхоҳ нафар биғунҷонад. Дар иҷрои нақшҳои занона муваффақтар аст ва талош меварзад, ки нақшро ба гунаи як зан биофарад, дар қиёс бо оне, ки бозигараш як мард аст.
“Албатта, барои ман иҷрои нақши зан душвор нест, вале гапи мардумро таҳаммул кардан душвор аст. Бинанда одат кардааст, ки мардро дар нақши мардона бубинад, вале азбаски мо дар намоишномаҳои мазҳакавӣ бештар нақш меофарем, образи занро бозидани як мард худ ҳолати хандаовар аст. Дар ҳоли баръакс на мазҳака, балки фоҷеа мебарояд”, - мегӯяд ӯ.
Мирзоюсуф афзуд, агарчи танқиди созандаро қабул дораду дар мавриди иваз кардани нақшҳояш тамоман андешаи дигар дорад, вале наметавонад аз иҷрои он нақше, ки коргардон ба ихтиёраш мегузорад, даст кашад, зеро хӯйи ӯро коргардон ҳатман, ки мебинаду медонад ва баъд, нақшеро вобастааш мекунад.
“Ҷое, ки ман кор мекунам, театр аст ва ман ҳунарманди он ҷо мебошам. Барои ман душвор аст, то ба мардум фаҳмонам, ки ин кори ҳаррӯзаи ман аст ва ман то имрӯз садҳо нақшро бозӣ кардаам, ки ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои тамошобинони калонсол пешбинӣ шудааст. Ман дар саҳна ҳамрохи қаҳрамонҳои худ гиря кардам, хандидам, рақс кардам, яъне ман образ офаридам ва дар вақти иҷрои нақш дар пӯсти қаҳрамон зиндагӣ кардам. Дигар хел буда наметавонам”, - мегӯяд Мирзоюсуф.
Ба гуфтаи Аҳмадов, ҳунарманд дар хона, берун ва ҷойҳои дур аз театр шахсият ва шаҳрванд асту зиндагии худашро дорад, вале дар дохили театр ӯ ҳунарманд аст ва ҳар нақшеро, ки барояш муносиб мебинанд, иҷро мекунад. Чунки ӯ дар саҳна вазифаи худро ҳамчун одами санъаткор иҷро мекунад, на шахсияту шаҳрванди одӣ.
«Вақте ки мардон дар намоишҳои мазҳакавӣ нақшҳои занро бозӣ мекунанд, ин бештар ҷолиб аст, нисбат ба оне, ки зан образи худашро офарад. Масалан, вақте ки ман дар намоиши хурди «Холаи пистафурӯш» нақши зани пистафурӯшро бозӣ кардам, бинандаам то охир хандид. Ҳатто дидани ман хандаи ӯро меовард. Ин бурди ман аст ва дар ин кор ҳеҷ бадӣ нест”, - мегӯяд ӯ.
Ба андешаи ӯ, дар ҷомеаи суннатии мо ақидае мавҷуд аст, ки иҷрои нақши зан кори мард набуда, шаъну шарафи актёрро паст мезанад, вале ин нодуруст аст. Ӯ барои тасдиқи ин, иҷрои муваффақонаи персонажҳои занонаи ҳаҷвнигорони маъруфи тоҷик – Аловуддин Абдуллоев, Сулаймон Саидғозиев ва Муқимҷон Абдуфаттоевро мисол меорад, ки ҳар кадоми онҳо дар саҳна “занҳо”-и шӯханд, вале дар ҳаёти воқеӣ падарони меҳрубон ва шавҳарони вафодор мебошанд.
Ба андешаи Мирзоюсуф, сухани тамошобин ҳамеша барои ҳунарманд ва атрофиёнаш қурб дорад. Аз ҷумла, падари ӯ ҳам чун таҳқири зиёдро дар ҳаққи фарзандаш мешунавид, аз писараш хост, ки аз касби актёрӣ тамоман даст кашад ва то абад аз театр равад, масалан, ба муҳоҷират, ки худаш он ҷост.
“Ман актёриро тарк накардам, аммо аз ҳамон рӯз инҷониб нақшҳои занонро камтар бозӣ мекунам. Фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои асосии чунин талаби сахти падарам он аст, ки атрофиёнам ба кори ман ба таври гуногун, менигаранд. Онҳо маро баъзан таҳқир карда, “зан” мегуфтанд”, - мегӯяд ӯ.
Ҳоло ӯ оиладор асту як духтарча дорад. Мегӯяд, тамоми талошашро мекунад, то оилааш хушбахт ва фарзандаш дар руҳияи меҳандӯстӣ камол ёбад.
Бояд гуфт, ки Мирзо хатмкардаи факултаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ аз боргоҳ соли 2015 бо ихтисоси ҳунарманд берун шуд ва ҳоло чанд сол аст, ки ба ҳайси омӯзгор ҳунармандони ҷавонро тарбия мекунад. Ҳамзамон, дар Театри мусиқии тамошобинони ҷавони ба номи Одилҷон Назаров ба ҳайси коргардон ва ҳунарманд фаъолият дорад.
Дар баробари ин, вай дар он ҷо муаллим, гримёр ва дар баъзе ҳолатҳо балетмейстер аст. Аксари корҳои театрро як худаш ҳам анҷом медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, актёр бояд ҳамаҷониба бошад ва аз ӯҳдаи ҳама кор барояд.
Тавре ки гуфтем, ӯ ба ғайр аз ҳунармандӣ басаҳнагузорандаи рақс ҳам ҳаст ва дар чандин барномаҳои консертии шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд балетмейстер таъйин шуда, онҳоро дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳбарӣ карда, ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд дорад. Ҳамзамон, дар як боғчаи бачагона чун устоди рақс ба кӯдакон махсусияти ин навъи ҳунарро меомӯзонад.
Ба қавли Мирзоюсуф, ягона мушкили ҳунарманд ин иқтисодист, чаро ки дар музофот ба ҷуз кори асосӣ машғулияти иловагии музднок ёфан ниҳоят душвор аст ва ӯро мебояд, ки бо маоши ками театр рӯзгори зану фарзандашро пеш барад. Вале, ӯ бо ин ҳама аз кори худ қаноатманд аст, чунки театрро хонаи дуюмаш меҳисобад.
Ба наздикӣ дар шаҳри Тошканд дар лабораорияи дромнависони ҷавони Осиёи Марказӣ иштирок кард ва мегӯяд, ки акнун барои ғанӣ гардонидани репертуари театрашон худаш асарҳои саҳнавӣ навишта, коргардонӣ мекунад. Агар пештар бисёри асарҳоро тарҷума карда, ба саҳна мегузоштанд, минбаъд аз рӯзгори мардум намоишномаҳо мемонад, то ин ки онҳо худашонро дар саҳна бинанд, то шиори “театр оинаи зиндагист”-ро дарк кунанд.
Мирзоюсуф Аҳмадов барои хизматҳояш дар соҳаи фарҳанг, санъат ва рушди театри касбӣ бо як қатор ифтихорнома ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудааст. Ҳамзамон, ӯ “Аълочии фарҳанг” аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед