Ru  | Tj
Фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, навофарини соҳибтаҷриба ва муассиси «Базми тоқӣ». Марди дорои чил ҳунар кист?
Фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, навофарини соҳибтаҷриба ва муассиси «Базми тоқӣ». Марди дорои чил ҳунар кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, навофарини соҳибтаҷриба ва муассиси «Базми тоқӣ». Марди дорои чил ҳунар кист?

Нашр шуд

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов яке аз нахустин ҷавонони фаъол дар фазои Фейсбуки тоҷикӣ аст. Нахустин қадамҳои ӯ дар самти расонаҳо (медиа) пас аз вурудаш ба олами маҷозӣ оғоз гардид. Дӯстони зиёдеро дар олами маҷозӣ пайдо кард, ки бештари онҳо хориҷиён буданд. Аҳмадалӣ барои сайёҳони хориҷӣ гӯё вазифаи “харитаи зинда”-ро иҷро мекард. Ӯ ба онҳо маълумот медод, ки дар кадом гӯшаи фарҳангию фароғатии шаҳр метавонанд сайругашт намоянд. Рӯзе аз рӯзҳо фикре ба сараш омад, ки бо амалисозии он метавонист ба гардишгарон кумак расонад ва ҳам сармояи хубе пайдо кунад.

Қаҳрамони мо соли 2011 барои сокинон ва меҳмонони пойтахт пойгоҳи фарҳангию иттилоотии Tonight.tj-ро таъсис дод. Дар рӯйхати бахшҳои пойгоҳ маълумот дар мавриди маъруфтарин маконҳои фароғатӣ ва тақвими барномаҳои фарҳангии шаҳр ҷо гирифта буд. Таъсиси ин пойгоҳ барои Аҳмадалӣ нахустин таҷрибаи корӣ буд, ки муваффақиятҳояш аз ин баъд шурӯъ гардид. Ҳамин тавр, ӯ рӯ ба навофаринӣ (стартаперӣ) овард.

НАВОФАРИН ДАР ҚАҲВАХОНА

Аҳмадалӣ дар солҳои аввали фаъолият соҳиби дафтари корӣ набуд. Ӯ бо соҳибкор Мансур Нигматов аҳди бародарӣ дошт. Дар ҳуҷраи Нигматов – роҳбари корхонаи “Tojikon Holiday” барои ӯ як мизи корӣ ҷудо карда доданд, то барои ҷавони навкор ёрӣ расонанд. Аҳмадалӣ ба баъзе корҳои Нигматов ҳарчи қадр метавонист кумак мекард, дар ин радиф корҳои худро пеш мебурд. Нигматов бошад аз ӯ иҷорапулӣ намегирифт. Баъд аз чанде дар хона, сипас дар қаҳвахона нишаста корҳои худро пеш мебурд, зеро маҳсули фитрӣ муҳити танҳоиро металабад.

Солҳои охир дар қаҳвахонаҳо нишаста бо роёнаи ҳамроҳ (ноутбук) кор кардан муд шудааст, аммо дар давраи ҷавонии мо ин гуна набуд. Ману дӯстонам аз ноилоҷӣ дар чунин маконҳо нишаста машварат мекардему кори худро пеш мебурдем. Барои гурӯҳи мо, ки 4 нафарро ташкил медод, ҳамагӣ як адад роёнаи ҳамроҳ дар истифода қарор дошт. Аз он лаҳзаҳо тақрибан 14 сол гузаштааст. Воқеан вақт зуд мегузарад”, -мегӯяд ӯ.

Аҳмадалӣ дар фосилаи солҳои 2010-14 дар саҳифаи фейсбукии худ хеле фаъол буд. Дар он солҳо пойгоҳҳои монанди Tonight.tj аз кишварҳои ба мо наздик Русия ва Қазоқистон маъруфияти зиёд доштанд. Навофарини тозакор зимнан таҷрибаи онҳоро омӯхта, сипас ба таъсиси пойгоҳи худ шурӯъ кардааст. Дар таҳияи нахустин шакли пойгоҳ ба ӯ дӯсташ Далер Мадаминов кумак намуд. Далер бо корҳои техникии пойгоҳ машғул мегардиду Аҳмадалӣ бошад бо эҷоди лоиҳаҳои нав. Баъдтар аксбардор Баҳром Ҷалилов ҳамчун аксбардори ин пойгоҳ ба фаъолият пардохт. Лоиҳа бештар шабнишиниҳои фароғатӣ ташкил мекард ва бо тавлиди таблиғ (реклама) машғул буд.

РАМЗИ МИЛЛӢ ДАР ШАБНИШИНИИ ЗАМОНАВӢ

Аҳмадалӣ соли 2012 ҳамроҳ бо аксбардор Баҳром Ҷалилов дар доираи барномаҳои Tonight.tj лоиҳаи “Toqi Party” (Базми тоқӣ) -ро баргузор намуд. Аввалин шабнишинии ин иқдоми миллӣ 28-уми апрели ҳамон сол дар тарабхонаи миллии “Шаш-Беш” баргузор гардид. Бояд гуфт, ки яке аз шартҳои асосии вуруд ба ин шабнишинӣ дар сар доштани тоқӣ аст.

“Таҳти лоиҳаи Tonight иқдомҳои зиёди фарҳангӣ баргузор мекардем. Рӯзе ҳамроҳи Баҳром ба худ савол додем, ки чаро дар ҳеч яке аз барномаҳоямон чизе аз муҷассамкунандаи арзишҳои миллӣ мавҷуд нест. Ҳамин тавр, тасмим гирифтем шабнишиние ташкил кунем, ки рамз (дресс-код) -и миллӣ дошта бошад ва он ҳам тоқӣ аст. Зеро на ҳама либоси миллӣ дорад, вале ҳар як шахс метавонад ба сар тоқӣ гузорад”, - шарҳ медиҳад ӯ.

Мутаассифона, Tonight.tj ҳамагӣ 10 сол умр дид. Ба гуфтаи Аҳмадалӣ, сабабҳои зиёд ҳастанд, ки минбаъд лоиҳа натавонист дар маркази таваҷҷуҳ бимонад. Чунки даромади асосии пойгоҳ аз аксбардорӣ дар маъракаҳо иборат буд. Мутасаддиёни маҳфилҳо гурӯҳи онҳоро аз нишонвора (логотип)-ҳои дар кунҷи акс тасвиршуда мешинохтанд ва барои аксбардорӣ даъват менамуданд, албатта бо василаи пардохти ҳаққи корӣ. Ҳатто меҳмонони маҳфил низ ба идораи пойгоҳ омада, аксҳои худро боргирӣ мекарданд. Баъд аз маҳфилҳои фароғатӣ одатан дар фейсбуки тоҷикӣ аксҳои муаллифии Tonight.tj чарх мезад.

Ҳоло бо пайдоиши смартфонҳои баландсифат ва пуркорбурд шудани Instagram ҳар кас метавонад фаъолияти моро мустақилона анҷом диҳад. Мо дар ин фурсат таваҷҷуҳи бештари худро ба ожонси Monday Agency равона кардем ва доираи мизоҷонамон васеътар гардид. Ба оҳистагӣ бахшҳои муфиди Tonight.tj ба ин ожонс гузашт”, - иттилоъ дод Аҳмадалӣ.

Сабаби Monday ном гирифтани ожонс ба забони тоҷикӣ ҳамчун Душанбе тарҷума гардидани он ва дар пойтахт ҷойгир будани бинои корхона аст.

Гуфтанист, ки лоиҳаи “Toqi Party” ҳамасола таҳти сарпарастии ожонси “Monday Agency” пешбарӣ гардида истодааст. Имсол рӯзи 21-уми март низ ин барномаи миллӣ дар боғи меҳмонхонаи “Serena”-и пойтахт баргузор гардид, ки ба ҳайси меҳмон стендапер Ҳабиб Ҳакимов ва чеҳраи шинохта Қадами Қурбон ширкат варзиданд.

НАХУСТИН ҶОИЗАИ PR ДАР ТОҶИКИСТОН

“Monday Agency” ожонси эҷодӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои корхонаҳо консепсияҳои таблиғотӣ, роҳбурди бозорёбӣ (стратегияи маркетологӣ), барномаи расонаӣ (медиа-плань) месозад, фаъолияти корхонаҳоро шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM) пеш мебарад, шабнишиниву конфронсҳо баргузор мекунад, тарҳи вебгоҳҳоро мекашад, лоиҳаҳои махсуси муштариро дар ҳар нуқтаи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна новобаста ба душвории муроҷиати пешниҳодшуда пешбарӣ менамояд. Инчунин рақибони мизоҷро пайгирӣ мекунад, то шакли тарғибии ожонс аз дигарон фарқкунанда бошад. Бояд зикр кард, ки огаҳинома (афиша)-ҳои SMM Samsung, UNDP 25 years in Tajikistan, Digitak Silk Road, Meduza ва дигарҳо маҳсули эҷодии ожонсии “Monday Agency” таҳти роҳбарии Аҳмадалӣ Тоҷиддинов аст.

Кӯшишу ғайрати пайвастаи Аҳмадалӣ боис шуд, ки бо гурӯҳи кории “Monday Agency” ҷоизаи тарғибро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун нахустин тоҷикистонӣ ба даст оварад. Соли 2019 яке аз лоиҳаҳои ӯ дар ҳамбастагӣ бо “Мегафон Тоҷикистон” ҷоизаи “Red Jolbors” дар бахши PR Project-ро соҳиб шуд. Ин аввалин ҷоиза буд дар бозори тарғиботии Тоҷикистон.

Лоиҳае, ки барандаи ҷоиза гардид, маъракаи ҷашнӣ-тарғиботие буд дар ҳудуди бинои куҳнаи “Чопхона” (Дом печати). “Monday Agency” дар ҳамкорӣ бо ширкати «Мегафон Тоҷикистон» рӯзноманигоронро бо иди касбияшон – Рӯзи матбуот табрик гуфта, онҳоро хаёлан ба фазои журналистикаи асри гузашта интиқол доданд, мегӯяд Аҳмадалӣ. Ба ин лоиҳа мутахассиси кор бо ҷомеаи «МегаФон Тоҷикистон» Суруш Раҳмонӣ ва аксбардор Манучеҳр Рӯзиев саҳми хоса гузоштаанд.

Аҳмадалии корчаллон ҳоло бо мизоҷон аз кишварҳои узви ИДМ низ ҳамкорӣ мекунад. Ӯ бештар мекӯшад бо брендҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намояд, то таҷрибаи байналмилалиро ба даст оварда, вазифаҳои душворро ба уҳда гирад. Зеро дар соҳаи тарғиб таҷрибаи байналмилалӣ дар ҷойи аввал меистад.

Бояд гуфт, ки Аҳмадалӣ дар Ютуб-канали худ бо шахсони маъруфу шинохта, аз ҷумла соҳибкор Саидмурод Давлатов, сарояндагон Согдиана ва Далер Хонзода мусоҳибаҳо оростааст, ки тамошобинони зиёд пайгирӣ кардаанд. Вале муддатҳост, ки фаъолияти суҳбатороии худро идома намедиҳад. Зеро дар давраи дунёгири тоҷвирус гузариши ногузир ба кори бархат (онлайнӣ) ба вуҷуд омад, ки ба лоиҳаи ӯ низ таъсири манфӣ расонд. Лоиҳа аз аввал дар шакли суҳбати рӯбарӯ бо мухотабон тарҳрезӣ шуда буд ва ӯ боварӣ надошт мусоҳибаи бархатӣ тавонад мухотаби зиёдро ҷалб кунад. Имрӯз ӯ ҳадаф дорад, ки саҳифаи ютубии худро дубора фаъол кунад ва мусоҳибаҳои ҷолибро пешниҳоди пайнавардонаш намояд.

ДОНИШҶӮИ 16-СОЛА

Аҳмадалӣ аз кӯдакӣ кӯшиш мекард, дар ҳар як амалу рафтори худ муваффақ гардад. Ҳамин тавр, тавонист бо дониши баланди худ аз ҳамсолонаш пешсаф бошад ва мактаби миёнаро дар 16-солагӣ бо гувоҳиномаи сурх хатм кунад. Ӯ барои ба ин зина расидан аз модараш сипосгузор аст. “Модарам на танҳо аз рӯйи маълумот, балки дар ҳаёт низ омӯзгор аст. Бо талошу шикебоиву ҳаракатҳои ӯ мактабро ҳамчун хонандаи экстернатӣ хатм намудам”, - мегӯяд ӯ боифтихор.

“Овони бачагиам чун кӯдакии ҳама одӣ, вале хотирмон сипарӣ шудааст: дар мактаб дарсҳои зиёд, баъд аз дарс бозиҳои «лянга» ё футбол бо ҳамсоябачаҳо. Орзу доштам, ки мисли падарам низомӣ шавам. Хешу таборон дар чеҳраи ман солор (генерал)-и ояндаро медиданд. Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ фикрам тамоман тағйир ёфт, падарам низ маҷбур накард, ки идомадиҳандаи роҳи ӯ бошам. Вале зиндагӣ кори худро кард ва ман имрӯз на солорам ва на тибқи ихтисосам дипломат”.

Ин ҷавони донишвар дар 16-солагӣ ба донишкадаи таърих ва равобити байналмилалии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуда, онро дар 21-солагӣ хатм намуд. Аммо ӯ дар соҳаи худ фаъолият накард. Иштиёқи рӯзномахонӣ вайро ҳамчун рӯзноманигори навқалам ба идораи ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бурд.

“Давраҳои донишҷӯӣ, даҳаи аввали солҳои дуҳазорум... Обрӯи рӯзномаҳо баланд буд. Одамон ҷойи инстаграму телеграми имрӯзӣ рӯзномахонӣ мекарданд. Рӯзе дар саҳифаҳои рӯзномаи «Азия-Плюс» ба сарлавҳаи «Рӯзноманигори ҳаваскор» (Сам себе журналист) чашмам уфтод, ки дар он гуфта мешуд навқаламону муаллифони мақолаҳои хуб метавонанд бо ҳафтанома ҳамкорӣ намоянд. Шавқам омад. Дарҳол бо устодам Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ мусоҳиба карда, ба ҳафтанома ирсол кардам”, - гуфта боз суханашро идома медиҳад ӯ.

Аҳмадалӣ дафтари хотираҳоро дар тасаввури худ варақ зада, мегӯяд, “баъд аз гузаштани як-ду ҳафта мақола нашр нашуд ва ниҳоят фаромӯш кардам. Субҳи як рӯз падарам ба ман занг зада гуфт, ки мусоҳибаро хондааст ва ӯ бо ман фахр мекунад. Ҳатто дӯстонаш мусоҳибаро хонда, маро таъриф кардаанд. Бовар мекунед, чӣ қадр ҳаяҷоновар аст вақте падар ба писараш изҳори ифтихор мекунад”, - афзуд марде, ки 33 сол дорад бо шодии бениҳоят монанди кӯдаки 6-сола.

Сипас аз ҳайати таҳририяи рӯзнома ба қаҳрамони мо занг зада, пешниҳод кардаанд, ки дар “Азия-Плюс” коромӯзӣ намояд. Агар фаъолияти босамар нишон диҳад, бо эҳтимоли зиёд ба кор қабул мекунанд. Аҳмадалӣ, ки қалами сабз дошт ва забонҳои тоҷикию русӣ ва ӯзбекиро хеле хуб медонист, дарҳол ба гурӯҳи кории ҳафтанома пайваст шуд. Бале, ӯ ин даъватро пазируфт ва муддати чанд сол дар ҳафтанома ба ҳайси рӯзноманигор кор кард, то рӯзе, ки ба фаъолияти мустақилона пардохт. Ба ҳамон фаъолияте, ки дар боло зикр гардид.

ДАР ҶАВОНӢ ИШҚ БУДУ...

Шояд рӯйи дунё марде набошад, ки шабҳояшро бо ёди нигоре ба субҳ намебандад. Аҳмадалӣ низ дар синни навҷавонӣ бо забони русӣ таронаҳои ошиқона мегуфт ва дар вебгоҳи “Стихи.ру” рӯйи нашр меовард. Гумон мекунад, ки ин истеъдод шояд аз модараш ба ӯ гузашта бошад.

Хуллас, ӯ шеър мегуфт, вале намедонист мухотаби ин лирикаҳои зебо кист. Рӯзе яке аз мизоҷонаш барои тарғиб пайдо намудани моделеро хоҳиш кард, ки намуди зоҳирии ҷалбкунанда дошӣа бошад. Аҳмадалӣ аз якчанд шиносонаш дар Фейсбук маслиҳат пурсид, то барои дарёфти номзади арзанда ёрмандӣ намоянд. Дар байни рӯйхати пешниҳодҳо Гулнора ном духтаре ҳам буд, ки баъд аз бетаваҷҷуҳона рад намудани пешниҳоди иштирок дар тарғиб эътибори ин ҷавони романтикиро ба худ ҷалб кард.

Ман дар хаёли худ ба Гулнора гуфтам: «Воҳ! Ту бо кадом ҷуръат пешниҳоди маро рад мекунӣ? Майлӣ, майлӣ, ҳоло ист, духтарак, мебинем...!” Ҳамин тавр, бо ӯ мукотибаро идома додам ва фаҳмидам, ки мавзӯъҳои умумии мо зиёд аст. Бо гузашти айём дар байни мо ниҳоли муҳаббат бируст, ки имрӯз ду меваи ширин ба бор овардааст. Дар назарам гӯё ду сол пеш бо ҳамсарам шинос шудам, вале тибқи тақвим оиладориямонро даҳ сол шудааст”, - боҳайрат гуфт ӯ чашмонашро бузургтар кушода.

Ҳамакнун писарони Аҳмадалӣ – Шоҳҷаҳону Шерхон вориди олами расонаҳо гардида истодаанд ва ҳарду дар Ютуб саҳифаҳои худро доранд. “Ману ҳамсарам интихоби писаронамонро дастгирӣ мекунем, ба шарте ки ба онҳо зарар нарасонад”, - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмададалӣ, писараш Шоҳҷаҳон бозигари онлайнӣ (стример)-и машҳур будан ва бозиҳои муаллифиашро пахш кардан мехоҳад. Шерхон бошад писараки хаёлпарвар аст, орзу дорад «миллиондори меҳрубон» бошад ва бунгоҳи фароғатии бисёрошёнаи ройгон барои кӯдакон созад.

Аҳмадалӣ шахси пуркору ҳамеша дар такопӯ аст. Дар як рӯз тақрибан 16 соати худро барои кор ҷудо менамояд. Вале мекӯшад бо хонаводааш низ вақт гузаронад ва рӯзҳои якшанбе сарфи назар аз боду ҳаво бо оилаи худ дар шаҳр сайругашт кунад ё берун аз шаҳр ба оғӯши табиат биравад.

“Одатан як рӯзи ман бо тафтиши мактубҳои электронӣ ва барномаи мулоқотҳо оғоз мегардад. Давоми рӯз бо шарикон вохӯрӣ мегузаронам ва бо гурӯҳи кориям дар “Monday Agency” лоиҳаҳоро коркард мекунем. Ҷараёни ҳар як амали корӣ шурӯъ аз десиш (дизайн) ва матн то фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳатто ҳисобдорӣ бо сармуҳосиб бе иштироки ман намегузарад. Аксари вақт ба хона дер бармегардам. Лекин агар барвақттар баргашта тавонам, нахуст дастгоҳи ҳушмандро хомӯш мекунам, сипас бо аҳли оилаам аз хӯроки шом лаззат мебарам. Мутаассифона, қонуни зиндагӣ намегузорад ҳар лаҳзаи умри худро бо хонавода гузаронам”, -мегӯяд ӯ ботаассуф.

Аҳмадалӣ шахси некпиндор аст. Ӯ умед дорад, ки дар ояндаи наздик соҳаи PR ва тарғиби солим дар Тоҷикистон беш аз пеш афзуда, дар маркази таваҷҷуҳи соҳибкорони байналмилалӣ қарор мегирад. Мо низ таманно мекунем, ки умедҳои Аҳмадалӣ зудтар дар амал татбиқ шавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед