Ru  | Tj
Фарваҳар – рамзи зардуштиёнро кӣ кашидадӯзӣ менамояд
Фарваҳар – рамзи зардуштиёнро кӣ кашидадӯзӣ менамояд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Фарваҳар – рамзи зардуштиёнро кӣ кашидадӯзӣ менамояд

Нашр шуд

Дилором Адҳамова соҳиби ҳунари кашидадӯзӣ аст. Ӯ дар баробари гулдӯзӣ кардани матоъ, либосҳои миллӣ ва арӯсӣ, ҳамзамон тавассути риштаву сӯзан асарҳои гуногуни марбут ба таъриху тамаддун ва фарҳанги миллати тоҷикро меофарад. Бо ин роҳ мехоҳад образи қаҳрамонҳои таърихиро созад. Намоди ориёии Фарваҳар намунае аз кашидадӯзиҳои ӯст.

Муаллифи Halva.tj бо ҳунарманд ҳамсуҳбат шуда, аз кору фаъолият ва зиндагии ҷолиби ӯ қисса намуд.

МЕХОСТАМ МИСЛИ МОДАРАМ БОШАМ

Дилором аз хурдӣ мехост мисли модараш ҳунарманд шавад. Гулдӯзиву зардӯзиҳои модар ӯро ба олами ҳунар раҳнамунӣ месохт. Ҳар боре, ки хола Махфират сари дӯхтани чизе менишаст, ба кори он кас зеҳн мемонду аз нозукиҳои ҳунар воқиф мегашт.

«Вақте ки гулдӯзиҳои модарамро медидам, меҳри омӯхтани ҳунари кашидадӯзӣ дар дилам зиёдтар мешуд. Маҳсули дастони муъҷизаофарини он кас маро сӯйи ҳунар мехонд. Муштариён ва сайёҳон омада дастранҷи модарамро харидорӣ мекарданд. Ман ба ҳамаи ин ба шавқ менигаристам ва мехостам мисли модарам ҳунарманд шавам», - мегӯяд Дилором.

Дар ин баробар хола Мағфират ҳам кӯшиш мекард ҳарчи зудтар асрори ҳунарашро ба Дилором омӯзад. Аз ин рӯ ба порчаи матоъҳо расми гул, ҳайвонот, манзара ва нақшҳои гуногунро тасвир мекард ва Дилором онҳоро бо риштаҳои гуногунранг дӯхта ороиш медод. Баъди ба воя расидан аллакай дастёри модар буду ба дӯхтани тоқӣ, зарҷомаву гӯлдӯзӣ кумак мерасонд.

Қаҳрамони мо баъди ба камол расидан таҳсилро дар риштаи омӯзгори забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома дод. Ӯ дар ин айём аз нозукиҳои ҳунари кашидадӯзӣ пурра огоҳ буд. Баъди хатми донишгоҳ солҳо дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт фаъолият намуд. Сипас ӯро ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ даъват карданд. Вай дар ин ҷо ба шогирдон ҳунар меомӯзонд. Ҳамзамон чанд муддат ба ҳайси мудири кафедра ва муовини мудир фаъолият намуд. Имрӯз низ дар ин ҳунаристон ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад.

ҲУНАРМАНДОН ЭҲЁГАРИ ФАРҲАНГ ҲАСТАНД

Ҳунармандон посдори таърих ва фарҳангу тамаддуни ҳар миллатанд. Таърихнигорон маҳз тавассути офаридаҳои эшон замони дақиқи таърихи ниёгонро муайян месозанд. Қаҳрамони мо мехоҳад ба воситаи ҳунари кашидадӯзӣ образи қаҳрамонҳои таърихиро офарад. Намоди ориёии Фарваҳар яке аз асарҳои бузурги офаридаи Дилором мебошад.

«Рамзи ориёии Фарваҳар тавассути риштаҳои ранга дар порчаи матоъ кашидадӯзӣ шудааст. Аксарияти сайёҳон ба гунаи чизҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Асарҳое, ки тавассути ришта офарида мешавад, фикр мекунам умри дарозтар мебинанд. Инчунин онҳо аз ҳар гуна маводҳои кимиёӣ орӣ мебошанд» - шарҳ дод ҳунарманд.

Дилором ҳамзамон мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро дар матоъ тасвир карда медӯзад. Чеҳраи қаҳрамонҳои таърихиву хаёлӣ ва нақшҳои гуногуни имрӯза ва бостониву ориёӣ ҳамеша дар асараш таҷассум мешаванд.

ЛИБОСИ ГУЛДӮЗИШУДА ХОСИ АШРОФЗОДАГОН БУД

Аз қадим либосҳои гулдӯзишуда ва муҳрагину зарҳалин хоси шоҳон, вазирону кабирону ашрофзодагон ва одамони дарбор буд. Қаср, меҳмонхона ва ҷойи хоби подшоҳон бо сӯзаниҳои рангорангу зебо ороиш дода мешуд, ки онҳо ба дастони муъҷизаофарини кашидадӯзон тааллуқ дошт. Бо гузашти вақт либосҳои гулдӯзишуда ва зардевориҳо миёни мардум ба урф даромад.

«Имрӯз пӯшидани либоси гулдӯзишуда ифтихор аст. Ҳатто баъзе хориҷиён аз либосҳои миллии мо харидорӣ мекунанд. Алҳол мо ба либосҳои арӯсӣ низ нақшу нигори миллиро ворид кардем. Гулдухтарони зиёд вақте либоси миллии арӯсиро мебинанд, мехоҳанд бо ҳамин либос ба хонаи бахт раванд. Албатта, ин нишонаи баланд шудани сатҳи фарҳангдӯстии ҷавонон мебошад», - иброз дошт ҳунарманд.

Қаҳрамони мо бар он бовар аст, ки ҳунари гулдӯзӣ ҳеч гоҳ аз байн намеравад. Зеро мардуми зебопарвару фарҳангдӯст дар ҳама давру замон вуҷуд доранд. Ҳамчунин ҳунари дастӣ ҳамеша арзиши баланд дорад.

ШОГИРДОН МОЯИ ИФТИХОР ВА ИДОМАДЕҲИ ҲУНАР ҲАСТАНД

Дилором бар он назар аст, ки шогирдон ҳам мояи ифтихор ва ҳам идомадеҳи ҳунаранд. Маҳз тавассути онҳо ҳунарҳои гуногун ҳифз шуда, то замони мо расидааст.

«Номи ҳунармандро ду чиз умри ҷовидона медиҳад: якум асари офаридааш ва дувум шогирди тарбия намудааш. Барои ҳамин пайваста мекӯшам ба шогирдон тамоми ҳунаре, ки дорам омӯзонам. Шукр, ки то имрӯз шогирдони зиёдеро тарбия намудаам. Алҳол онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Назар ба гуфташон бештари вақтҳои холиашонро бо ҳунармандӣ мегузаронанд,» - гуфт ҳамсуҳбати мо.

АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ИДЕЯИ НАВ МЕГИРЕМ

Дар Тоҷикистон ба ифтихори иду ҷашнҳои гуногун зуд-зуд намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад. Шумораи зиёди ҳунармандон дар он иштирок карда, маҳсули дасти худро пешкаши харидорон месозанд. Қаҳрамони мо низ дар намоишҳо ширкат меварзад ва ҳунари кашидадӯзиро муаррифӣ менамояд.

«Тез-тез баргузор шудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон як илҳоми тоза мебахшад. Онҳо ба ин васила ҳам сафар мекунанд ва ҳам аз дигар ҳунармандон чизи нав меомӯзанд. Дар натиҷа як ғоя (идея)-и ҷадид пайдо мешавад. Ҳамзамон вақте ки дастаранҷи моро қадр карда мехаранд, худро хушбахт эҳсос мекунем. Кӯшиш менамоем, ки чизҳои нав ба нав ва зеборо офарида манзури мардум кунем», - таъкид кард ҳунарманд.

Дилором танҳо бо ҳунари кашидадӯзӣ машғул набуда, балки тарроҳӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, бофандагӣ ва армуғонсозӣ ҳам мекунад. «Ҳар он чизе, ки ба риштаву сӯзан тааллуқ дорад, омода мекунам», - табассум карда мегӯяд ӯ.

Хидматҳои шоёни ин бонуи ҳунар борҳо бо диплому сипоснома ва мукофотҳо қадрдонӣ шудааст. Ӯ дорандаи унвони «Корманди мумтози маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дилором ният дорад ҳунари кашидадӯзиро дар Тоҷикистон рушд дода, сафи ҳунармандонро зиёд намояд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед