Филмофари ҷавон “Парвонаҳо”-ро дурахшонд
Нашр шуд
Истеъдод атои Офаридгор аст, аммо на ҳама инсонҳо онро истифода бурда метавонанд. Қаҳрамони мо низ аз хурдӣ дорои истеъдоди баланди фитрӣ буд ва худ инро медонист. Маҳз дарки дуруст имкон дод, ки ӯ дар ҷодаи интихобкарда аллакай муваффақ гардид.
Аз орзу то амал
Дилшод Авазов зодаи шаҳри Турсунзода буда, 21-сол дорад. Айни ҳол ӯ донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи кино ва телевиденияи шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Дилшод аз хурдсолӣ ба соҳаи фарҳанг, санъат ва адабиёт шавқи беандоза дошт.
- Айёми наврасӣ шеъру ҳикоя менавиштам. Дидам аз дигарон комилан фарқ мекард. Шояд ҳамин боис гашт, ки пас аз хатми мактаб ихтисоси коргардониро интихоб кардам.
Кино як навъи санъат аст ва тариқи он метавон воқеияти зиндагиро ба дигарон расонд. Мақсади ман низ нишон додани он чизест, ки мебинам, аммо дигарон на, - мегӯяд ӯ.
Кӯшиши зиёд ва талоши пайваста имкон дод, ки қаҳрамони мо то ҷое ба орзуяш расид. Вақте ба донишкада дохил шуд, ҷиддӣ аз паи омӯзиш гашт ва нақшаи ҷадидеро кашид.
- Дар курси якум бояд навор мегирифтам, нияти сабти филмеро доштам. Дар муддати чанд рӯз сенарияи мухтасаре навишта, ба дасти коргардоне супоридам, - ба хотир меорад ӯ. Коркардон идеяро пазируфта, барои такмили он чанд маслиҳат дод.
Бо ҳамин, сабти як филме оғоз гашт, ки дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
“Парвонаҳо” намедурахшиданд, агар...
- Нахуст, видеои кӯтоҳ ба навор гирифтем, баъдан онро такмил додем, - мегӯяд, Дилшод. Чун ӯ мухлиси филмҳои эронӣ буд, дар ин сабку услуб филми хешро офаридан мехост. Аммо пешорӯяш як қатор мушкилиҳое меистоданд, ки кори ӯро даҳчанд мегардонид.
- Шояд бовар накунанд, аммо филми “Парвонаҳо”-ро худ пурра маблағгузорӣ кардаам. Аз 2 ҳазор рубл идрорпулие, ки мегирифтам, сарфа карда, филмро сабт намудам, - мегӯяд ӯ.
Гоҳ-гоҳ аз хона - аз Тоҷикистон низ ба Дилшод маблағи муайян ирсол менамуданд. Аммо ӯ, ки аз хурдӣ ба қадри меҳнат мерасид, онро самаранок истифода мебурд.
Дигар мушкилие, ки боиси дар ду сол сабт гардидани филми “Парвонаҳо” гардид, ин нарасидани техникаву таҷҳизот ва ҳайати ҳунарӣ буд. Аммо он низ ҳалли худро ёфт.
- Хушбахтона, аз ҷониби донишкада дастгирӣ намуда, бо техника таъмин намуданд. Аммо дарёфти ҳунармандон хеле душвор шуд, зеро барои ҳирфаиҳо маблағ лозим буд.
Дар филм намояндагони 20 давлат ширкат карданд, ки бештарашон донишҷӯ буданд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои асосӣ - Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия.
Бар замми ин, дарёфти хона ва автобус барои сабти саҳнаҳо ташвишҳое ба миён овард. Аммо Дилшод, ки дӯстони хубу бовафое дошт, дар ин лаҳзаҳо танҳоиро эҳсос накард. Бо кӯмаки онҳо ҳам хона ва ҳам автобуси кироӣ ёфта, саҳнаҳоро ба навор гирифтанд.
- Аҷибаш ин, ки мо автобусро барои 10 дақиқа ба орият гирифта, 1 соат сабт кардем. Инчунин, филмро дар Русия ба навор гирифта, воқеаҳои Тоҷикистонро нишон додем.
Бо сабаби ба таътили тобистона баромадани донишҷӯён сабти “Парвонаҳо” ба мавқуф гузошта шуда, танҳо баъди оғози соли нави таҳсил банаворгирии он шурӯъ гардид. Яке аз вазифаҳои муҳим-оператории филмро Пайрав Шарифов ба зимма гирифта буд. Мавсуф то ҷое он идеяеро, ки Дилшод дар сар дошт, рӯи тасмаи кино оварда тавонист.
- Баъди сабт, бандубаст ва садобардорӣ вазифаи интихоби ном ба миён омад-мегӯяд ӯ. Чанд қарина ё худ вариант вуҷуд дошт. Чун қаҳрамонҳо мисли парвона ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти қаҳрамони марказиро месӯзониданд, қарор додем, ки номи филмро “Парвонаҳо” ё худ “Мотыльки” гузорем, - гуфт қаҳрамони мо.
Ҳамин тавр, дар олами синамо як навгоние падид омад, ки ба қавле, ғайринтизор буд. Зеро касе боварӣ надошт, ки он ба ин зудӣ комгору муваффақ мегардад.
Подоши меҳнат
- Бо сабаби пандемияи Ковид-19 дар кинофестивалҳо иштирок карда натавонистем. Аммо аз оғози сол “Парвонаҳо”-ро ба чанд фестивал ирсол намудем, - мегӯяд Дилшод.
Аввалин фестивале, ки филми мазкур дар он ширкат варзид, дар шаҳри Масква гузашт. Он ғайриконкурсӣ буд ва филми “Парвонаҳо”-ро бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ карданд.
Сипас, филми мазкур ба Кинофестивали байналмиллалии Париж роҳ ёфта, дар номинатсияи “Беҳтарин донишҷӯи филмофар” сазовори ҷоиза гардид. Ҳамчунин, дар фестивали байналмиллалии Қазон - “Зилант” бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ гашта, дар Кинофестивали байналмиллалии Истамбул “Филмофари беҳтарин” эътироф гардид.
- Ба ин зудӣ, ба дастовардҳо ноил гаштанро интизор набудам, - мегӯяд Дилшод Авазов. Зеро “Парвонаҳо” дар ҳаҷми 25 дақиқа буд ва шояд ба назарҳо камаҳамият менамуд.
Аммо, чӣ гунае, ки натиҷаҳо нишон доданд, фаъолияти хуб самараи нек ба бор овард. Филми “Парвонаҳо” ба чор ҷоиза ноил гашта, натиҷаи дигар озмунҳоро интизор аст.
- Ҳоло филми наве сабт карда истодаем, ки бандубаст ва садобарориаш идома дорад. Он вазъи солҳои 2008-ро дар Тоҷикистон инъикос мекунад, - дар хотима гуфт Дилшод.
Ба қаҳрамонамон дар фаъолияти минбаъда дар самти филмофарӣ барори кор таманно намуда, умед мебандем, ки дар оянда сафи чунин ҷавонони боистеъдод меафзояд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед