Ru  | Tj
Гулсифат Шаҳидӣ: ҷоизаи миллии Русия - "Адиби сол" бароям мӯъҷиза буд
Гулсифат Шаҳидӣ: ҷоизаи миллии Русия - "Адиби сол" бароям мӯъҷиза буд
Аксҳо: Halva.tj

Гулсифат Шаҳидӣ: ҷоизаи миллии Русия - "Адиби сол" бароям мӯъҷиза буд

Нашр шуд

Гулсифат Шаҳидӣ, рӯзноманигор ва нависандаи машҳури тоҷик дар мусоҳиба бо хабарнигори сомонаи www.halva.tj аз дастовардҳои адабиву эҷодиаш гуфт.

Мавсуф дар шаҳрҳои Москаву Лондон зиндагӣ карда, аъзои Созмони эҷодии Авруосиё мебошад. Барандаи чанд ҷоизаи байналмилалӣ буда, дар Русия имсол, яъне соли 2021 аз рӯи номинатсияи “Адабиёти бачагона” “Адиби сол” эътироф шудааст.

- Хонум Гулсифат, ҳамсари оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ ва модари продюссери шинохта Табриз Шаҳидӣ, дар оилаи собиқ Вазири савдои Тоҷикистон таваллуд шудаанд.

- Бигзор баъди ин мусоҳиба дар хабаргузориҳо дигар маро “духтари вазир” нагӯянд, зеро ман дар оилаи донишҷӯ ва ягона хатмкунандаи курсҳои олии савдои Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) Ғаффор Сатторов ба дунё омадам. Падарам дар он ҷо таҳсил мекарданд ва модарам - Масрурахонро ҳамроҳашон бурда буданд. Ман дар ҳамон ҷо таваллуд шудам. Ба қавле, гаҳвораам аз осмон ғалтидагӣ нест.

Падарам то вазир шудан хеле меҳнат карданд. То охир марди хоксору фурӯтан буданд. Шавҳарам низ вақти издивоҷ машҳур набуда, нав ба кори эҷодӣ шурӯъ карда буданд. Яъне, ҳамаи он дастоварде, ки ҳар яки мо дорем, натиҷаи заҳмати худамон асту халос.

- Каме дар бораи хонадоршавиатон мегуфтед?

Қиссаи хонадоршавии мо хеле аҷиб аст. Толибхон баъди хатми консерваторияи шаҳри Москва, ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Баъди адои хизмат ба шаҳри Душанбе омада, акси маро дар саҳифаи аввали маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” мебинанд ва ба хонаамон хостгор мефиристанд. Ҳамин тавр, боз як оилаи наве барпо мегардад.

Давоми 47 соли ҳаёти якҷоя соҳиби се писар гаштем, ки онҳоро ба хотири рӯҳи бузургон Табрез, Ҳофиз ва Фирдавс ном гузоштем. Ҳоло бибии 10 набера мебошам.

- Чанд сол ба ҳайси хабарнигор ва муҳаррир дар бахши тоҷикии шабакаи радио ва телевизиони “Мир” фаъолият доштед. Тай кардани ин роҳ чӣ душвориҳо дошт?

- Чун хатмкардаи факултети журналистикаи ДМТ будам, ҳеҷ душворие вуҷуд надошт. Зеро аз рӯйи ихтисос хеле кор карда, таҷрибаву малакаи кофӣ доштам. Фикр мекунам, агар одам касбашро дӯст дорад, ҳама мушкилиҳоро паси сар мекунад.

- Ба қавле, 60-и хонум Гулсифат бешикаст буд. Зеро нахустин китобашро бо номи “Шаҳри ормонҳои сабз” ба нашр расонид. Китоби мазкур оиди чӣ қисса мекунад?

- Аввал кӯшиш кардам, ки шавҳарам ва писаронам қуллаҳои баландро фатҳ кунанд. Чун онҳо мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карданд, акнун навбати ман ҳам фаро расид.

Замони ба ҳайси мухбир фаъолият кардан, гоҳо ҳикоя менавиштам ва чоп мекардам. Ба кори эҷодӣ баъди нашри китоби “Шаҳри ормонҳои сабз” ҷиддӣ машғул шудам. Ин дастовард ба ман такон бахшид ва ба худ гуфтам, ки ман ҳам навишта метавонам.

- То ҷое иттилоъ дорем, ин китоб дар озмуни “Авруосиёи боз” барандаи ҷоиза гардид. Ин озмун чӣ гуна баргузор гашт ва бо тавсияи кӣ дар он ширкат варзидед?

- Дар Лондон, дар як вохӯрӣ писарам маро бо роҳбари ин созмон Марат Ахмеджанов шинос карда, гуфт, ки модарам китоб навиштаанд. Мавсуф гуфт, ки агар узви созмон шавед, метавонед асаратонро ба озмун пешниҳод кунед. Ҳамин тавр, аъзои созмон шуда, нашри англисии китоби “Шаҳри ормонҳои сабз” -ро ба озмун пешбарӣ намудам. Хушбахтона, асарам соҳиби ҷоиза гардид.

- Ба маликаи Британия нома навиштед ва китоби “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”-ро ҳамчун тӯҳфа фиристодед. Боварӣ доштед, ки ин армуғон ба дасти малика мерасад?

- Ба наберагони малика чанд нусхаи англисии афсонаҳоямро ҳамчун тӯҳфаи солинавӣ ҳадя кардам. Пас аз 9 рӯз аз номи малика Елизаветаи 2 ҷавоб ҳам гирифтам. Дар мактуб навишта шуда буд, ки малика тӯҳфаро хуш қабул карда, сипосгузор аст. Ба ӯ аз тамоми дунё номаву тӯҳфа мефиристанд, ки ин дар Британия як чизи муқаррарӣ аст.

- Ин маҷмӯаи ҳикояҳои хонум Гулсифат дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин” Ҷоизаи “Hertfordshire Press”-ро ба даст овардааст. Дар ин бобат каме қисса мекардед!

- Бале, соли 2018 аз ҷониби интишороти бритониёии “Hertfordshire Press” ба ин ҷоиза сарфароз гардидам. Ҳамчунин, соли 2017 бо мукофоти фахрие қадрдонӣ гаштам, ки онро роҳбари Созмони эҷодии Авруосиё ҳадяам намуд.

- Соли 2018 дар номинатсияи “Тарҷумаи беҳтарин” дар Фестивали адабиёти “Авруосиёи боз” ва Форуми китоб ҷоиза ба даст овардед. Оё ба тарҷума низ машғулед?

- На ман, балки тарҷумони англисии китобҳоям Татяна Кинжалова соҳиби ҷоиза гашт. Китобҳои ман дар Душанбе, Москва ва Лондон чоп мешаванд ва ба чор забон тарҷума шудаанд. Медонед, ман дар мамлакатҳои гуногуни дунё вохӯриҳои эҷодӣ доштам ва хеле хушҳолам, ки навиштаҳоям ба дили хонандагон роҳ меёбанд.

- Чаро китобҳоятон, аз қабили “Фарход из Навгилема”, “Свет мой, солнышко”, “Защити меня”, “Соседушки”, “В этом райском уголке земли...”, “Город, где сбываются мечты”, “Сказки бабушки Гульсифат” танҳо дар хориҷа ба табъ мерасанд?

- Китобҳоям на танҳо дар Москва ва Лондон, балки дар Душанбе низ чоп мешаванд. Онҳоро дар аксари мағозаҳои китоб ва китобхонаҳо дарёфт кардан мумкин аст. Аз ширкати “Амазон” низ харида метавонед. Дар сомонаи www.proza.ru хондан мумкин.

- Соли 2015 хонум Гулсифат Шаҳидӣ ба медали “Кабӯтари сулҳ” сазовор гаштанд. Лутфан мегуфтанд, ки ин чӣ гуна ҷоиза аст ва барои чӣ дода мешавад?

- Ҷоизаи мазкур аз тарафти Ассотсиатсияи байналмилалии “Генералы мира за мир” таъсис ёфта, он ба адибоне, ки дар асарашон ғояҳои сулҳу амният, дӯстиву бародариро инъикос мекунанд, дода мешавад. Китоби “Город, где сбываются мечты” ё худ “Шаҳре, ки дар он орзуҳо амалӣ мешаванд” чунин буд. Дар он оид ба кӯдаконе қисса мерафт, ки дар ҷанги бародаркуш танҳо монда, роҳи зиндагии худро дарёфт кардаанд.

- Агар хато накунам аз ҷониби Академияи байналмилалии рушди адабиёт ва санъат бо сертификат ва нишони “Академик” низ қадрдонӣ гаштед?

- Ҳам ин мукофот ва ҳам ҷоизаи миллии Русия “Адиби сол” (2021) бароям мӯъҷиза буд. Менависам, чоп мекунам, мехонанд, кадрдонӣ мекунанд. Дигар чизе нест!

- Соли 2018 акси Шумо дар рӯи маҷаллаи машҳури англисии “OCA magazine”нашр шуд. Ин ба чӣ хотир буд?

- Зери унвони “Рӯзе Колумб Амрикоро кашф кард, имрӯз Амрико адабиёти муосири Осиёи Марказиро кашф мекунад” мусоҳибаи маро “OCA magazine” нашр намуда буд. Ҳамон шабу рӯз муаррифии осорам дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мерафт.

- Махфӣ набошад, чӣ нақшаву ниятҳо доред ва болои кадом асар кор карда истодаед?

- Нақшаҳои ман бо авзои хонаводаам вобастаанд. Вақте дар оила оромиву сарҷамъӣ ҳаст, нақшаҳоро амалӣ гардонидан осон аст. Ҳоло ба навиштани романи наве бо номи “Аҳриман” шурӯъ кардам. Бо дуои наздикон ва хонандагон онро ба анҷом мерасонам.

- Тавсияи хонум Гулсифат Шаҳидӣ ба навқаламоне, ки хомафарсоӣ мекунанд, чист?

- Навқаламонро дастгирӣ кардан зарур аст. “Хеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд”- гуфтааст, Ҷалолиддини Балхӣ. Ҳар касе, ки қалам ба даст мегирад, бояд донад, ки таҷрибаву малакаи эҷодӣ, сабру тоқат дошта бошад. Пеш аз ҳама, бояд китоб хонад. Мутолиаи пайвастаи асарҳои классикӣ, миллӣ ва хориҷиро ҳамчун одат қабул кунад. Ба онҳо дар ин роҳи хеле мушкил бурдбориву муваффақиятҳоро таманно дорам.

- Ташаккури зиёд барои тавсияҳои нек. Боварӣ дорем, ки дар оянда дар рушди адабиёт саҳми арзандаи хешро мегузоред.

- Саломату сарбаланд бошед.

Сӯҳбаторо Амони МУҲАММАД

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед