
Зани кафшергар, нонпаз ва ронанда: қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори ӯ
Нашр шуд
Дар ҳама давру замон кафшергарӣ касби мардон буд, ҳаст ва мемонад. Аммо ҳастанд заноне, ки ин касбро ихтиёр карда ва аз ҳисоби он зиндагии хешро пеш мебаранд.
“Падарам бароям идеал буд”
Матлюба Қосимова сокини 40-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллати падараш рус ва аз модараш бошад тоҷик.
Матлюба 6 сол мешавад, ки ба кафшергарӣ машғул буда, ӯ ин касбро аз падари худ - амаки Валерий омӯхтааст. Ҳоло аз ӯҳдаи сохтани ҳар гуна маҳсулоти металӣ баромада метавонад.
- Дар кӯдакӣ ба кори падарам зиёд таваҷҷӯҳ мекардам ва ҳамеша корашонро ба мушоҳида мегирифтам. Хусусан кадом металро бо чӣ гуна электрод пайваст карданашон бароям қобили диққат буд - мегӯяд қаҳрамони мо.
Чун амаки Валерий шавқи духтарашро нисбат ба ин касб эҳсос намуд, ба ӯ монеа нашуда, баръакс кӯшиш кард, то ӯро боз зиёдтар ба кор ҷалб намояд ва “чашми кор”-ро ба ӯ омӯзонад.
Матлюба пас аз хатми мактаби миёна оила барпо карда, соҳиби се фарзанд гардид... Баъди он, ки фарзандонаш каме ба воя расиданд, аз пайи ҷустуҷӯи ҷои кор шуд. Ӯ чун падараш ба ҳайси кафшергар кор кардан мехост, аммо маълумоти касбӣ надошт. Тӯли се моҳ дар маркази касбомӯзии “Бунафша” аз касби кафешгарӣ таҳсил намуд. Баъдан, дилпурона ба фаъолият оғоз кард, зеро то замони маълумоти касбӣ гирифтан ҳам пинҳонӣ кафшергарӣ мекард. Акнун пеши роҳи ӯро чизе гирифта наметавонист.
Кафшергарзани нахустин
- Нахуст барои фарзандонам ҷойхоби дуошёнагӣ сохтам - мегӯяд Матлюба Қосимова.
Баъди он, ки ҳамсояҳо маҳсули дастранҷашро диданд, писанида, фармоиш доданд. Яке бухории аловӣ, дигаре дару дарвоза, сеюмӣ кат ва нишастгоҳ дархост намуд. Матлюба масъулияти баланд эҳсос карда, фармоишҳоро саривақт иҷро мекард.
- Баъди хатми марказ ба хотири он, ки аввалин кафшергарзан дар ҳудуди вилояти Суғд будам, ба ман дар ҳаҷми 5000 сомонӣ грант ҷудо карданд – бо хурсандӣ баён менамояд.
Ӯ ин маблағро барои амалӣ кардани орзуҳои дигари хеш - ба кушодани сехи истеҳсолӣ сарф карда, се нафарро ба шогирдӣ қабул намуд. Номгӯи хизматрасониҳоро тартиб дода, маҳсулоти омодашударо ба намоиш гузошт. Ҳамин тавр, мизоҷони сехи кафшергарии Матлюба Қосимова зиёд шудан гирифт. Ӯ ҳоло лавозимотҳои заруриро аз бозори “Баракат”-и шаҳри Хуҷанд харида, мувофиқи дархости мизоҷон аз онҳо ашёҳои рӯзгор ва хоҷагӣ омода мекунад.
Масалан, барои сохтани як бухории аловӣ қариб 170-180 сомонӣ сарф намуда, онро давоми 1-2 рӯз тайёр мекунад ва бо арзиши аз 220 то 300 сомонӣ ба фурӯш мегузорад. Инчунин, бо фармоиши мизоҷон ҳар гуна маҳсулотро бо ҳар гуна андоза месозад. Матлюба кӯшиш мекунад, ки харидорон аз фаъолияташ қаноатманд бошанд. Ӯ аз рафтори мизоҷон бо як зани кафшергар бо фараҳмандӣ ёд карда, аз ҷумла чунин мегӯяд:
- Ҳар гоҳе мизоҷон ба сехи мо ташриф меоранд, бо чашми ҳайрат ба ман менигаранд. Аз ваҷоҳаташон фаҳмидан мумкин, ки “наход зан “сварщик” бошад, гуфтан мехоҳанд.
Боре дар хонаи мизоҷе ҳамроҳи ҳамкорон корҳои кафшергариро анҷом медодем. Ҳамин дам, марде барои назорат кардани кор назди мо омада, даст дода вохӯрӣ кард. Ӯ аз назди ҳар коргар гузашта, “монда нашавед, ако” , “барори кор, ако” гуфта гузашт. Ногаҳ, яке ба қафо нигариста, сӯи ман бо чашмони ҳайратзо “шумо занак-мӣ?” гуфт. Ҳама аз ханда рӯдакан шудем, - ба ёд меорад Матлюба.
Дарвоқеъ, ин касб хоси мардон аст, зеро талаботҳои сахту шароити вазнин дорад. Кор бо қувваи барқ ниҳоят хатарнок аст. Ҳар лаҳза фалокат шуданаш аз эҳтимол дур нест.
- Агар ниқоб ба сар нагирем, шуои сӯзиши электроду оҳан одамро нобино мекунад. Бе либоси тавсиявӣ асло ба кор шурӯъ намекунем, - зикр месозад Матлюба Қосимова.
Чун сатҳи биноии ӯ аз хурдӣ каме заъфият дошт, ба раванди кор гоҳо халал ворид месохт. Табибон чанд маротиба ӯро ҳушдор сохтанд, ки агар ин ҳолат давом кунад ӯ биноиашро пурра аз даст медиҳад. Аммо меҳри касб, ки аз кӯдакӣ дар дилаш маъво гирифта буд, боис гашт, то ӯ корашро боэҳтиёт идома диҳад.
Нонпазӣ ҳам ҳунар аст
Ҳамагир шудани пандемияи Covid-19 ба кори Матлюба Қосимова низ таъсир расонд. Дар ин давра кори кафшергарӣ суст гашта, мизоҷон гоҳ-гоҳе фармоиш медоданд. Аз ин лиҳоз, ӯ лозим шуморид, ки дар баробари кафшергарӣ нонпазиро низ омӯзад. Матлюба Қосимова, ки дар як вақт дар Академияи ВКД-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард, бо нон таъмин кардани ин коргоҳро низ ба ӯҳда гирифт. Акнун ӯ ҳар субҳ барвақт ба ҷойи кор ҳозир шуда, хамир шӯрида, нони гарм мепӯхт. Истифодаи тафдони барқӣ ба Матлюба душвор буд, зеро ӯ ба танӯр одат карда буд. Аммо дар як ҳафта шеваи корро аз худ карда, дар муддати кӯтоҳ нонпази моҳир шуд.
Барои пӯхтани нон ӯ аз хамирмоя, оби ширгарм ва орди навъи якум истифода мебурд. Ҳамчунин равғани маска ҳамроҳ мекард. Нонҳо давоми 20 дақиқа омода мешуданд.
Матлюба ҳамчунин дар вақтҳои холигӣ ҳар гуна хӯриш низ омода карда, пешкаши ҳамсояҳо менамуд. Бо истифода аз ҳар гуна мева ва сабзиҷот нӯшобаҳои ширин ва лазиз низ муҳайё мекард.
- Гоҳо мешунидам, ки “дасти Матлюба бомаза” гуфта таъриф мекарданд. Кадоме аз ҳамсояҳо “аз дасти ӯ ҳам корҳои занона, ҳам мардона меояд” гуфта буд, - механдад ӯ.
Имсол Матлюба Қосимова аз ҳисоби даромади хеш духтари ягонаашро ба шавҳар дод. Ӯ тамоми ҷиҳози тӯёнаро муҳайё сохт, то фарзандаш аз дигарон камӣ надошта бошад.
Қаҳрамони мо мехоҳад, ки аз рӯи ихтисоси дигараш-ронандагӣ, ки замоне омӯхта буд, кор кунад. Ҳамчунин, ӯ ғайри кафшергарӣ ва нонпазӣ, сантехникиро низ омӯхтанист.
- Дар замони мо бо як кор аробаи зиндагиро кашидан ғайриимкон аст, -мегӯяд Матлюба.
Аз ин рӯ, вай чанд касбро аз худ карданист, то дар лаҳзаи зарурӣ аз он истифода барад. Матлюба Қосимова гоҳо аз он афсӯс мехӯрад, ки дар ҷомеа касбро мардонаву занона гуфта, ҷудо мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки агар шавқу завқ бошад, ягон монеа вуҷуд надорад.
Аз он, ки ду фарзанди 9-солааш шояд касби модарро интихоб мекунанд, ӯ норозӣ нест. Зеро ин касбҳо намирандаанд ва ба соҳибонаш ҳам ному ҳам нон меоранд.
Матлюба ба бонувон, хоса бо занони танҳо тавсия медиҳад, ки касбу ҳунари дилхоҳро аз худ кунанд, то дастнигари касе набошанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед