Фолклорсаро, бофанда ва тоқидӯз. Чӣ тавр Ҳалима Пӯлотоваи 75-сола фолклорсароӣ мекунад
Нашр шуд
Ҳалима Пӯлотова куҳансолтарин доиранавоз ва узви гурӯҳи бонувони фолклорсарои шаҳри Истаравшан аст. Якуним сол мешавад, ки ӯ дар ин даста фаъолият мекунад. Ин бонуи куҳансол ба синну солаш нигоҳ накарда дар ҳар ҷашну маърака иштирок намуда, бо сароидани суруду навохтани доира маҳфилҳоро гарм месозад.
Муаллифи Halva.tj бо ин бонуи ҳунар суҳбат карда, аз зиндагии ҷолиби ӯ қисса намуд.
ДОИРА БАРОЯМ ҚУВВА МЕБАХШАД
Ҳалима Пӯлотоваи 75-сола зодаи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Ӯ соли 1967 бинобар оиладор шудан ба шаҳри Истаравшан омада, то имрӯз дар ин диёр умр ба сар мебарад. Ҳалима дар муҳити оилаи фарҳангдӯст ба дунё омада бошад ҳам, барои ҳунарманд шудани ин зан монеаҳо зиёд буданд. Падараш намехост, ки ӯ пайроҳаи ҳунарро интихоб кунад. Аз ин рӯ натавонист таҳсилро дар ягон мактаби олӣ идома диҳад.
- Дар оилаи мо ҳама ба санъату ҳунар арҷ мегузоранд. Модарам дар маъракаҳои хешутабору ҳамсояҳо доира мезаданду ба хурсандияшон шодӣ зам мекарданд. Вале падарам барои ҳунарманд шуданам розӣ нашуданд. Аммо бо ин вуҷуд дар ҳар озмуну барномаҳои консертӣ иштирок карда доира менавохтам. Чӣ тавр доира задан, ритм ва оҳангҳои онро аз модарам омӯхтам. Дар хонадони мо, ки панҷ духтар будем, ҳамеша навои доира танинандоз буд. Модарам доира мезаданду мо рақс мекардем. Аз ҳамон вақт меҳри санъату ҳунар, махсусан доиранавозӣ дар дилам ҷо шуд, - мегӯяд холаи Ҳалима.
Ҳалима Пӯлотова сирри дарозумрияшро дар навохтани доира медонад. Зеро садои доира ба дилҳо сурур мебахшаду ғаму андӯҳро дур месозад. Тавре ӯ мегӯяд:
«Дар ҳолати маҳзуниву ғамгинӣ доира ба даст мегираму ғамҳоро ба шодӣ мубаддал месозам. Фикр мекунам доира задан бароям қувва мебахшад. Баъзан ба фарзандонам нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯям, ки агар вафот кардам, маро бо доира гӯронед».
АРӮСИ ТОШКАНДӢ
Ҳалима Пӯлотова соли 1967 ба писарамакаш Амонбой, ки дар шаҳри Истаравшан зиндагӣ мекард, издивоҷ мекунад. Ҳамин тавр, ӯ аз шаҳри Тошканд ба Истаравшан меояд. Онҳо дар аввал забони ҳамдигарро намефаҳмиданд, бо мурури замон Амонбой забони ӯзбекиро ва Ҳалима тоҷикиро меомӯзад.
Қаҳрамони мо инчунин аз солҳое, ки марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баста буданд, ёдоварӣ намуда чунин нақл кард:
«Замоне ки роҳҳо баста буданд, касе имкон надошт, ки ҳатто ба гӯру чӯби модараш равад. Зеро раводиде, ки дарёфт мекардем, баъди панҷ-шаш рӯз омода мешуд. Ба хонаи охират гуселонилани чанде аз наздиконам муяссар нашуд. Бе ҳузури ман онҳоро гӯр карданд. Ақаллан он вақт ба ҳама телефон дастрас набуд, ки ҳолу аҳволи ҳамдигарро пурсон шавем. Ашки дидор ҳамеша шашқатор буд. Вақте марзҳо боз шуданд, он қадр хурсандӣ моро фаро гирифт, ки тасаввурнокарданист. Чун ба дидори хоҳаронам рафтам, онҳоро муҳкам ба оғӯш гирифтаму гуфтам, ки рӯзи дидор бо шумо будаасту ман фикр кардам дидор бар қиёмат аст».
Холаи Ҳалима роҳбарони ду кишвари ҳамҷаворро пайваста дуо мекунад, ки барои мардум чунин шароити хуберо фароҳам сохтаанд. Ӯ мегӯяд, имрӯз метавонад дар дилхоҳ маврид ба дидани хешу табор рафта, қабри волидонашро ҳам зиёрат кунад.
БА ЯК ЗАН ҲАМ ЧИЛ ҲУНАР КАМ АСТ
Ҳар нафар кӯшиш мекунад, ки ба фарзандаш ягон навъи ҳунарро омӯзонад, то дар шебу фарози рӯзгор тавонад бо он касб зиндагияшро пеш барад. Қаҳрамони мо ҳам аз модараш ҳунари бофандагиро омӯхтааст. Ӯ бо ин касб аз овони хурдсолӣ то имрӯз машғул аст. Имрӯз холаи Ҳалима дар вақтҳои холигӣ ҷорӯби мардона, занонаву кӯдакона ва пойандоз мебофад, ки муштариёни зиёд ҳамарӯза тавассути фармоиш харидорӣ менамоянд. Ӯ ҳамзамон солҳо ба тоқидузӣ низ машғул будааст. Ба ақидаи ин бонуи пурҳунар, на танҳо ба як мард чил ҳунар кам аст, балки ба як зан ҳам чил ҳунар кам аст.
«Ҳунари бофандагиро аз модарам омӯхтам. Он кас ба мо доимо таъкид мекарданд, ки ҳунарманд ҳеч гоҳ дар зиндагӣ хор намешавад. Тоқидӯзиро бошад хушдоманам ба ман омӯхтанд. Тоқиҳои дӯхтаам дар бозори Истаравшан харидори зиёд дошт. Имрӯз аз модараму хушдоманам сипосгузорам, ки бароям ин ҳунарҳоро омӯзонидаанд» - мегӯяд фолклорсаро.
Ҳалима Пӯлотова солҳо дар бахши коргузинӣ (шуъбаи кадрҳо)-и коргоҳи «Трикотажи Ӯротеппа» ва «Ирсу» фаъолият намудааст. Ӯ дар баробари дар коргоҳ фаъолият кардан ба тоқидӯзиву бофандагӣ низ машғул мешудааст.
«КЕЛИНАСАЛОМ» – АНЪАНАИ ФАРАҲБАХШ АСТ
«Келинсалом» ё «саломномахонӣ» яке аз анъанаҳои бостонии тоҷикон буда, дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар ба таври ба худ хос гузаронида мешавад. Ин маърака дар баъзе минтақаҳо пас аз як рӯзи ба хона омадани арӯси нав ё пешвози арӯсу домод баргузор мегардад. Дар ин маросими суннатӣ зане саломнома хонда, хешу табори домодро ба арӯс ва ё баръакс онҳоро ба хешованди домод шинос мекунад. Ҳар як меҳмони омада туҳфа меорад ва дар навбати худ арӯс ҳам ба онҳо армуғон медиҳад. Ҳалима Пӯлотова низ дар ин гуна маъракаҳо иштирок мекунад, вале ройгон. Ӯ дар баробари доира задан сурудҳои фолклорӣ низ месарояд.
«Бештар дар маъракаҳои хешу табор рафта доира мезанаму суруд мехонам. Барои ин музд намегирам. Аз ҳузурам таъби даҳҳо нафар болида мешавад, ҳамин бароям кифоя аст.»
Ин бонуи фолклорсаро дар ҷашнҳои Истиқлол, Наврӯзу Меҳргон ва Сада ҳамроҳи бонувони фолклорсарои Истаравшан иштирок менамояд. Ӯ дар ин даста куҳансолтарин узв маҳсуб мешавад. Имрӯз қаҳрамони мо давлати пирӣ меронаду дар ҳалқаи фарзанд ва набераву аберагон зиндагӣ дорад. Ӯ мехоҳад анъанаҳои бостонии тоҷикон, махсусан фолклорсароӣ аз нав эҳё шаванд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед