Ru  | Tj
Ихтироъкор, варзишгар ва овозхон. Камил Нурматов чӣ гуна дар се ҷода муваффақ гардид?
Ихтироъкор, варзишгар ва овозхон. Камил Нурматов чӣ гуна дар се ҷода муваффақ гардид?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ихтироъкор, варзишгар ва овозхон. Камил Нурматов чӣ гуна дар се ҷода муваффақ гардид?

Нашр шуд

Камил Нурматов - ҷавонест, ки на дар Тоҷикистон, балки дар Ҷумҳурии Бошқирдистон ба дунё омадааст. Ӯ сароянда асту аз дил мегӯяд ва дар саҳнаҳои калони фарҳангӣ таронасароӣ менамояд. Дар синни 6-солагӣ қарор дошт, ки китоб мехонду ба варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Вай агарчи дар соҳаи ҳунар пешқадам аст, аз рӯйи ихтисосаш ҳам мекӯшад, то муваффақ гардад. Ихтирооти ӯ дар сатҳи ҷумҳурӣ пазируфта шудааст. Талошҳои ӯ боис гаштанд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ғолибият ба даст оварад. Ӯ аз хурдсолӣ майл ба олами техника дошт. Тавре худи ӯ баён медорад:

«Ман аз айёми хурдсолиям хеле кунҷков будам. Падарам аз бозор ҳар чизе, ки меоварданд кунҷковона менигаристам ва кӯшиш мекардам бидонам, ки ҳамон ашё чӣ гуна сохта шудааст. Дар хона зиёд буд молу маҳсулоте, ки аз ноқилу батареяҳо иборат буданд. Ман дар аксар вақтҳои холигӣ рӯ меовардам ба предметҳои хурд ва чандин бор ашёҳои хурдҳаҷмро кушода ба қисмҳо ҷудо карда боз ҷамъ мекардаму ба ҳам васл менамудам. Дидам, ки оҳиста-оҳиста сарфаҳми кор рафта истодаам. Завқам ҳам дучанд шуд ва пеши худ қарор гузоштам, то ягон навгониеро рӯйи кор оварам».

ТАЛОШЕ БАРОИ КОМЁБӢ

Аслан дилбастагӣ ба чизе ё шуғле инсонро водор месозад, то ҷаҳд кунад ва аз худ дарак диҳад. Ҳамин нукта буд, ки қаҳрамони матлаби мо ҳам самти равиши худро тағйир кард ва пас аз хатми синфи 9-и мактаби миёна ҳуҷҷатҳои ҳудро ба литсейи техникӣ супурд ва аввалин бор номи донишҷӯро соҳиб гардид. Омадани Камил аз як деҳаи дурдасттарини кишвар ба як шаҳри калону фарох, яъне Душанбе тасодуфӣ набуд. Зеро ӯ ба ояндаи худ бовар дошт ва фардои дурахшони ҳаёташро дар истифодаи амиқ аз имконоти васеъи омӯзишиву тадқиқотии пойтахт медид.

- «Ман аслан бовар надоштам, ки рӯзе ба хостаҳоям мерасам. Дар зиндагӣ бисёр азиятҳо ҳам дидам. Чун худи мушкилот аст, ки ҳамаи мо побанди онем ва аз он таҷриба мегирему худро месозем. Маро падарам дар зиндагӣ имрӯз то мустақилият оварда расонидааст. Ҳамеша мехост, ки ман пирӯз бошам. Аз ин ҷост, ки аз синфи 1 то 9 ман дар як дабиристони дурдасттарини Тоҷикистон ба омӯзиш машғул будам ва тавонистам барандаи 43 озмуни сатҳи баланд гардида, дипломи ғолибияти озмунҳоро ба даст орам. Соли 2018 бароям фаромӯшношуданист, зеро ҳамон сол ман ба дунёи донишҷӯӣ пурра ворид гаштаву сокини ифтихорманди пойтахти дилорое чун шаҳри Душанбе гардидам».

Омӯзишҳои пайваста ба Камил даст дод, то ӯ маҳсули дасти худро ба озмуни бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар бахши «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» пешниҳод намояд ва сарафроз гардад. Талаботи махсуси ин бахши озмун бештар дар он аст, ки ҳар як навгонии ихтироъшуда бояд соҳиби гувоҳиномаи сабтиноми расмӣ (патент) бошад. Ихтироъи ӯ ба гази табиӣ марбут мебошад, ки дар вақти истифодаи он мо метавонем қисми зиёди гази ба ҳаво бухоршавандаро захира намоему аз ҳавои холис истеҳсоли нерӯи гази табиӣ ва ҳамзамон дар плитаи газӣ хӯрок пазему бо насби ноқили қуввадиҳанда телефонамонро аз энержӣ пур кунем. Ҳамчунин бо пайваст намудани фурӯзонаки равшанидиҳанда ба қисмати чапи системаи газӣ мушкилоти бебарқиро низ аз байн барем. Камил вобаста ба ин сабқату ин амали худ чунин назар дорад:

«Ман дар ҷараёни кор бештар мекӯшидам, то сифати кор тоза ва маҳсули корамон ба ҳамагон муфиду ёрирасон бошад. Кам нестанд проблемаҳое, ки мардум дар рӯзгор вомехӯранд ва аз рӯйи натиҷагириҳо дидам, ки аксарияти мардум ба дастгоҳи гази табиӣ дастрасӣ доранд ва истифодаи васеъеро ба роҳ мондаанд. Аз ин рӯ барои фоидаоварӣ ба зиндагии мардум мо ин дастгоҳро рӯйи кор овардем. Баъди сохтаву омода шудани дастгоҳ мо ба сохтори расмии сабтиноми ихтироот муроҷиат намудем ва хушбахтона дастболо ҳам гардидем. Суръати талошу омӯзиши мо хеле хуб пеш мерафт ва мо ҷаҳд мекардем, то муваффақ гардем ва ҳамин тавр ҳам шуду ман дар давраи ҷумҳуриявии озмун тавонистам мақоми 2-юмро ба даст орам».

СОҲИБҶОИЗАИ JIT - KUNDO

Талаботи руҳиву равонии инсон аст, ки ҳамеша ба варзиш ниёз дорад. Матиниродагии хешро ҳам қаҳрамони матлаби мо маҳз ба варзиш рабт медиҳад ва мегӯяд:

«Бақои ҷавонӣ аз саодати варзишгарист ва ман фикр мекунам инсон замоне ҷавону пуртароват ба назар мерасад, ки ба варзиш майл дошта бошад. Ҳамин аст, ки ман бо ҳидояти бародари калониям ба варзиши намуди JIT - KUNDO рағбат пайдо намудам ва тавонистам дар як муддати кӯтоҳ нозукиҳои ин риштаи варзишро аз худ намоям. Тахминан панҷ сол пеш буд, ки ман дар ду мусобиқаи калони ин риштаи варзиш ба муҳориба баромада соҳибҷоиза гаштам. Ҳамин тариқ, соли 2019 ҳам дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии «МУАЙ-ТАЙ» дар вазни 56кг ширкат намуда тавонистам ба мақоми аввал шарафёб гардам».

Ба ҷуз аз варзиш Камил шавқи бештаре дорад ба адабиётҳои техникӣ ва доимо дар пайи ҷустуҷӯи ин ё он навгоние мегардад. Аз ҳар ихтирооти дар сайёра ба миён омада мехоҳад сари вақт огоҳӣ пайдо намояду то чӣ андоза муфид будани онро омӯзад.

САОДАТМАНДИҲОИ ЧАШМРАС

Камил ҷавони пуренержӣ аст ва ҳамеша дар лаб тарона пайи омӯзиши асрори кашфношудаи табиат қарор дорад. Зиндагиро бо чашми хирад менигарад ва муваффақияти аслро ӯ дар асоси инсони комил будан медонад. Иштироки ӯ дар озмуну конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шоистаи таҳсин аст. Маҳз мутолиаву бардоштҳо ва дониши амиқи соҳавиаш буд, ки Камил дар олимпиадаи байналмилалии наврасону ҷавонони ихтирокору навҷӯ – «ЅILK-WАY» иштирок намуда нусратманд гардид ва мақоми якумро касб намуд.

«Мо замоне ба хостаҳоямон мерасем, ки аз сидқи дил болои он кор кунем. Бисёранд ашхосе, ки таманнои ҳавоӣ доранд, вале системаи амалкардашон ба сифр баробар аст. Аз ин рӯ моро мебояд то қадри тавонамон кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро заҳмати шабонарӯзӣ моро ба маснади комёбиҳо садрнишин месозад», - мегӯяд қаҳрамони мо.

Гарчанде имрӯз қаҳрамони матлаби мо дар ихтисоси физикаи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон таҳсили илм дорад, дар ҷодаи тиҷорат ҳам то ҷое саодатёр аст. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи махсуси худро дорад ва доиман аз муваффақияти худ мегӯяду аз олами пурангезаи муҳити атроф ба дӯстдорони илму адаб қисса мекунад. Ӯ ҳатто бо лоиҳаи худ бо унвонии «ЕСО-рІuѕ» дар озмоиши «Бизнес Инкубатор РС» тавонист мақоми 2-юми пирӯзиро ба даст оварад.

БО ТАРОНАҲОИ МАРҒУБ

Камил ҳавои рӯҳу равони худро бо тарона масрур месозад. Ҳар лаҳзаро ошиқона қадр мекунад ва нигоҳаш ба зиндагӣ тамоман дигар аст. Саҳанаҳои калонро бо таронаҳои дилчаспи худ муҷалло месозад ва имрӯз ҳамчун ҷавони навҷӯю наврӯ дар арсаи ҳунар ҳам талоши нусратмандӣ дорад. Дар барномаҳои идонаи донишгоҳ то барномаҳои фарҳангии шаҳриву ҷумҳуриявӣ таронасароӣ мекунад ва дар ҳолу ҳавои ҷомеаи имрӯз чун ҷавони соҳибистеъдод муаррифӣ гардидааст.

Ӯ асоси муваффақияти имрӯзи худро то ҷойе ба пайвандон рабт медиҳад ва мегӯяд:

«Рости гап, ман дар аввал ба хондану омӯзишҳои пайваста рағбате надоштам. Рӯзе мо аҳли пайвандон сари хони идона ҷамъ шуда будем ва онҷо тағоям низ аз шаҳри Душанбе ба деҳа омада буданду яке сухан бобати ман рафт ва тағоям зикр карданд, ки агар ту мактабро бо гувоҳиномаи аъло хатм намоӣ, туро ба Душанбе мебарам ва онҷо таҳсилро идома медиҳӣ. Ҳамин нуқта маро бисёр муттаассир сохт ва бисёр ҷаҳд мекардам, то ба ин сарфарозӣ расида бошам. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуду ман ба пойтахт омадам ва имрӯз хеле саодатмандам. Аз ин рӯ ман доиман сипосгузорам аз ин гуна азизоне, ки исмашон дар дили ман ҷовидона сабт гардидааст».

Комил Нурматов дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург дар ҳоли ҳозир пайи омӯзиш аст. Ӯ лоиҳаҳои зиёди гидроэнергетикиву технологӣ тартиб дода истодаасту мехоҳад бо кашфиётҳои худ ба оламиён мужда аз истеъдоди ногуфтаи як ҷавони кӯҳистонии Тоҷикистони офтобрӯя диҳад.

Мо низ  ба амалкарду мақсадҳои беназири ин ҷавони зираку ҷӯё барор мехоҳем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед