Ru  | Tj
Рӯъё Усмонӣ: «Ҳадаф дорам ҷоизаи Нобелро ба даст орам»
Рӯъё Усмонӣ: «Ҳадаф дорам ҷоизаи Нобелро ба даст орам»
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Рӯъё Усмонӣ: «Ҳадаф дорам ҷоизаи Нобелро ба даст орам»

Нашр шуд

Ман аз ҳарфу ҳиҷои меҳр, аз абёти сабзи ишқ

Мураттаб мекунам ашъори дил – «Девони Истиқлол».

Ӯ муаллифи ин мисраъҳост ва як тоҷикдухтари бо ҳама анъанаҳои миллӣ камолёфтаву маъмулист. Шумо кадом ҷавондухтареро дидаед, ки бо вуҷуди кимиёгар будан дар ҷодаи шеър низ саодатманд гардидааст. Бале, исми ин духтари кӯҳистонӣ Суман мебошад, ки дар дунёи руъёҳои худ истиқомат мекунад ва ҳарфҳои шоиронаеро мавзун месозад.

Суман худро хеле хушбахт мепиндорад, зеро соле, ки ӯ зода шудааст, ба соли сарнавиштсози миллии мо – имзои Созишномаи истиқрори сулҳ (1997) пайванд дорад. Ӯро духтари зимистон мехонанд, зеро 7-уми декабр ба олами ҳастӣ дуруд гуфтааст.

Аҷиб аст, вақте инсон дар чанд ҷодае талош мекунад ва ба саодати комил даст меёбад. Ӯ ҷоизадори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт мебошад. Шеърҳои ба дили хонанда наздикбуде гуфта, ки имрӯз исмашро чун шоири соҳибдилу ҷавоне медонанду мешиносанд. Тамоми пирӯзиҳои ӯ дар олами шеър имсол хулоса шуд.

Ман бо зиндагии ин нозбонуи хаёлӣ аз наздик ошноие пайдо намудам ва воқеан дарёфтам, ки инсон бо вуҷуди кулли рухдоду андешаҳои зиндагияш агар хоҳад метавонад муваффақ гардад. «Лаҳзаи зеботаре дар зиндагӣ аз ҳазор яке ин аст, ки ман ба унвони «Корманди мумтози маориф ва илми Тоҷикистон» мушарраф гардидам», - мегӯяд қаҳрамони матлаби мо. Вақте пурсон шудем, ки шиори шумо дар зиндагӣ чист, чунин посух гуфтанд:

- Инсонвор зиндагӣ кардану инсонпарвар будан. Ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб овардану ҳаргиз дар муқобили ғуссаҳо таслим нашудан. Ва ҳамеша аз даричаи меҳр нигоҳ кардан ба сӯйи зиндагӣ.

Ҳар инсоне ба худ тахайюлоти аҷиб дорад ва хостаҳои худро дар равиши рӯзгор амалӣ месозад. Ҳамин тавр Суман ҳам ба олами эҷод бо тахаллуси Рӯъё Усмонӣ ҳузур пайдо намуд ва то ин даму ин лаҳза шеърҳои ӯро ин мустаор мутолиа мекунанд. Ӯ замоне дар ҷодаи шеър пурталабу пуркор гардид, ки дар анҷумани Иттиҳодияи нависандагон даъвои ширкат варзиданро менамуд. Хушбахтона, дар давраи гузариши бахши аввали Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ӯ дастболо шуд. Сипас гулчини адибони ҷавон аз чаҳор гӯшаи ҷумҳурӣ ба Хуҷанд раҳсипор гардида, баҳои нақду баррасии шеъри худро дарёфтанд. Онҷо низ Руъёи хушбахт шомили гурӯҳи устод Камол Насруллоҳ гардида, зимни натиҷагирӣ аз машварат ба шеъри ӯ аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои баланд дода шуд. Ҳамин тариқат буд, ки ӯ ба шеъру олами рангини адабиёт боз ҳам сахттар алоқаманд гардид ва зи пайи иншои ғазалҳои ноб шуд. Ӯ дар бисёр ҷодаҳо пешоҳанг аст ва ба монеаҳое низ рӯ ба рӯ гардидааст:

- Монеаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале бартараф карданашон дар дасти худи мост. Бояд талош кард, қадами устувор бардошт ва ҳаргиз напазируфтани шикастҳо моро метавонад муваффақ созад. Ҷуз худамон касе моро наметавонад ба қуллаи мақсуд бирасонад. Агар хоҳӣ пешрафт намоӣ, пас барои аз сарҳади монеаҳо гузаштан бояд омода бошӣ.
Суман Қосимзода бо тахаллуси Рӯъё Усмонӣ имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук хеле маъруф аст ва шеърҳояш мавриди таваҷҷуҳи корбарон қарор дорад. Мо чакидаҳои қалами ӯро дар рӯзномаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ, дар мисоли «Адабиёт ва санъат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «СССР», «Фурӯғ», «Тоҷикистон», «Ганҷи Исфара» ва ғайраҳо метавонем дарёбем. Муҳтавои эҷоди ӯ аз ишқи зиндагӣ бозгӯӣ мекунад:

Бастаҳои Рафаэлло ё гули бобуна ор,

Чун ҳамеша назди Садбаргам, туро ман интизор.

Синамо ё парк, ё ки қаҳванӯшӣ меравем?

Марҳамат! Ин бор бар дастат гузорам ихтиёр.

ДУХТАРИ РУСТОӢ

Ӯ ҳаёти духтари рустоиро писанд дорад ва мегӯяд:

- Чун дигар инсонҳои содаи русто, ки аз субҳ то шом дар пайи ризқу рӯзиянд, рӯзгори мо ҳам сипарӣ мегардад. Субҳгоҳон қадам мегузорам ба сӯйи мактаб ва пас аз дарс додану баргаштан боз ба кори хона машғул мегардам. Ва дар сукути шаб дар пайи мутолиаву эҷод ҳастам.
Дар ҳаёти мардуми рустоӣ қарор доштан вижагиҳои худро дорад. Суман мактаби миёнаро дар деҳаашон хатм кардааст ва хушбахтона дар озмуни квотаи президентӣ нусратманд гардида, дар риштаи кимиё ва зистшиносӣ (биология)-и Донишгоҳи давлатии Носири Хисрави шаҳри Бохтар таҳсили илм намудааст. Дар донишгоҳи мазкур Суман намунаи духтарони шармгини деҳотиёне буд, ки кулли устодон варо месутуданд. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ ҳам боз ба ҳаёти деҳа баргашт ва фаъолияташро дар мактаби №12-и зодгоҳаш ба роҳ монд.

Ӯ дар дили шаб аз пайи эҷоду мутолиа аст. Суман тафовути миёни шахси китобхону шахсе, ки китоб намехонад, чунин арзёбӣ намуд:

- Тафовут миёни ин ду шахсият баръало маълум аст. Шахсе, ки бо китоб дӯстӣ дорад, дар зиндагӣ пирӯз аст. Барои чизҳои беҳуда вақт надорад. Арзиши умр, вақт ва доштаҳояро медонад. Ва шахсе, ки аз китоб дур аст бисёр бечора аст, зеро боре лаззати маънавиро начаашидааст. Имрӯз дар асре зиндагӣ мекунем, ки фазои мусоид барои мутолиа ва азхуд кардани илмҳои гуногун комилан фароҳам аст. Замони фанну фанноварист ва ин имконотро бояд оқилона истифода кунем.
Суман гоҳ гоҳе меҳмони Душанбешаҳри дилоро мешавад ва дар як шеъре ҳам чӣ зебо гуфтааст:

Чӣ хушҳолам, ки меҳмонам ба гулшаҳри шукуфое,

Ки ҳар ҷода «биё!» гӯяд ба оҳанги пазироӣ.

Бағалнозаш пур аз меҳр асту домонаш пур аз лола,

Дилам дар сина мерақсад аз ин ҳусну дилороӣ.

ЭҶОД, ОМӮЗГОРӢ ВА ҲАЁТИ РУСТО

Бо вуҷуди ин қадр талабу талошҳо дар зиндагӣ Руъёи нозукхаёл дар ҷодаи эҷод низ гомҳои устувор бардоштааст. Намунаҳои эҷоди худу адибони муосирро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бознашр мекунад. Масъулият дар низоми рӯзгораш нақши умда дорад. Ӯ ҳатто дар Фейсбук гурӯҳи адабии «Адибони муосири тоҷик»-ро мудирият менамояд.

- Фикр мекунам эҷод кардан бароям як қисми истироҳат аст. Зеро бори гароне аз шонаи дил бардошта мешавад ва бо ин роҳ хешро ором месозам. Инсон ҳамеша ба як инсони дигар ниёз дорад, ки розашро бигӯяд ва бо ӯ дарди дил намояд. Ман ҳам ба шеър розамро мегӯям ва қаламро такягоҳи дили хеш медонам.

Мегирям

Дар ҷанозаи шодӣ

Ҳамроҳи дил

Бо тамоми вуҷуд,

Зери осмони кабуд,

Танҳо барои аздастрафтаҳои худ

Ва батакрору батакрору батакрор

Ва бо нигоҳи сард,

Мекашам фарёд.

Аммо ку имдодгаре?

Нест!

Инҷо ҳама овораи ғамдардҳои худашонанд

Ва пушти дарҳои бастаи беаҳамиятӣ мунтазири занги эътиборанд.

Ва маро танҳо шеър дарк мекунад...

«Медонед дар русто зиндагӣ кардан бароям мояи ифтихор аст. Кори русто бароям осон аст, вале аз сабабе ки ҳам дар мактаб ва ҳам ба кори хона машғул мегардам, каме корҳои рӯзгор мураккаб мегардад», - мегӯяд қаҳрамони мо.

Ҳаёти як духтари рустоӣ монанди як афсонаи зебои «Кулоҳсурх» барои Суман писандиданист. Ӯ аз наврасӣ байни талу теппаҳои сабзу хуррам давида ҳар сӯ-ҳар сӯ озод нафас мекашиду камол меёфт. Ӯ дӯшандаи молу коли оила буд ва ҳатто худи ҷонварон ба ӯ одат карда буданд:

- Нигоҳубини бузу гову гӯсфанд дар давраи мактабӣ ба уҳдаи ман буд. Ба чаро мебурдам ва шом, ки аз чаро меовардам, говро медӯшидам. Хотираи аҷибе аз як говамон дорам, ки ба ғайри ман ба касе иҷозаи шир дӯшиданро намедод. Ва дар вақти шир дӯшидан аз говамон хоҳиш мекардам, ки ба дигарҳо ҳам иҷоза деҳ, ки бидӯшандат, вагарна ин дастакони хурди ман дардманд мешавад, - гуфт Суман.

Ман духтари деҳотияму дилбаракам,

Рӯмоли сафеди тоҷикӣ бар саракам.

Бо пухтани нону ҳам фатири варақин,

Як умр дуъо бигирам аз модаракам.

Асоси эҷоди ӯро мо дар муҳаббат мебинем. Маҳз ҳамин василаи созандае буд, ки ӯ соҳиби дӯстони эҷодкору навоваре аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон гардидааст.

РАҲНАВАРДИ ҶОДАИ МУВАФФАҚИЯТ

Суман асоси муваффақиятро дар худи инсон медонад:

- Он касеро, ки аз худ розӣ аст ва нафъаш ба мардуму кишвар мерасад, метавон муваффақаш хонд. Ман ҳоло дар оғози роҳам ва ҳар вақт, ки аз худ розӣ гардидам, хешро муваффақ мешуморам. Албатта, муваффақиятҳо ҳастанд, вале ҳоло каманд.
Дар силсилаи ҷоизаҳояш Суман бисёр музаффариятҳои назарраси зиёде дорад. Ӯ дар айёми мактабхонӣ дар озмуни «Шоҳномахонӣ» ба мақоми аввал мушарраф гардида буд. Аз ҳамон лаҳза муҳаббатофаринӣ нисбати китобу мутолиа дар замири ӯ маскан гирифт. Ӯ мегӯяд, бисёр хостаҳои волидонамро сомон додам ва аз ҷумла яке аз муваффақиятҳое, ки орзуи падари равоншодам буд, имсол ҷомаи амал пӯшонидам ва тавонистам ба унвони «Корманди мумтози маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ноил гардам. Суман ба пешаи худ хеле арҷ мегузорад ва шеъру адабиётро низ ҷузъе аз зиндагии хеш медонад. Ин масъулияту омӯзишҳои пайваста буд, ки Суман Қосимзода бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадр гардид. Ӯ ин ҳама нусратмандиро қонеъкунанда намеҳисобад. Нуктаи ҷолибтарини кори Суман дар он аст, ки вай барои худ тақвими расидан ба муваффақиятҳоро тарҳрезӣ намудааст, ки ин хеле аҷоиб аст. Ӯ ҳадаф дорад, ки дар оянда бо талошу омӯзишҳои бардавом дар озмуни байналмилалии дарёфти ҷоизаи Нобел сабтином кунад ва дар ин сабқат ҳам комгор гардад. Мо низ аз ҳаракату ҷунбиши имрӯзини ӯ барои ояндаи некаш умед дорем.

РӮЪЁИ САРЗАМИНИ ИШҚ

Дар аксар шеърҳои Суман мо ишқро мебинем, ки тараннуми олӣ ёфтааст. Оё ин ишқ ишқи аслии худи ӯст?

«Устод Озар чӣ қадар зебо гуфта:

Ишқ, яъне ҳар касе пай мебарад аз ҳоли ту,

Сафҳаи руҳияат бисёр хоно мешавад!

Ин суолест, ки мудом аз ҷониби хонандаи шеърҳоям дода мешавад ва дар ин бобат бисёр мехоҳанд бидонанд. Қабул дорам, ки дар мавзӯъи ишқ зиёд навиштаам, вале ин далел намешавад, ки ман ҳатман ошиқи касе бошам. Дунёи мо эҷодкорон зебоии хоси худро дорад. Якеро дар орзуву рӯъёву хаёлоти худ дорем ва асл гардидани он ишқ дар дасти сарнавишт аст. Ишқ дар эҷодиёти ҳар як шоир мавзӯи ҷовидонагист».

Беҳуда ӯ ба худ Рӯъё тахаллус интихоб накардааст, зеро ӯ кулли созмони ҳамзистиҳоро дар сарзамини рӯъёии хеш ҷойгоҳ медиҳад ва онро маърифат мекунад. Боре дугонааш ба ӯ пешниҳоди аз дарс гурехтанро менамояд ва Суман мегӯяд, агар ҳоло аз дарс гурезем, оянда ҷоизаи Нобел ҳам аз мо гурезон мешавад. Бо вуҷуди пурмаҳсул будан дар шеъру зиндагӣ Руъё духтари закиву шӯхтабиате низ ба шумор меравад.

Аз зиндагии ӯ фалсафаҳои зиёдеро метавон андӯхт, ки барои дигарон тааҷҷубовар ва як намунаи олии зебоӣ мебошад.

Роҳати зиндагӣ ин аст, ба худ мегӯям,

Назди виҷдони худам шукр, ҷалоле дорам.

Суман як рустоидухтари қаламбадастест, ки шеърҳои мудерн менависад. Эҷоди ӯ хеле самимиву заминист ва зуд ба дили хонанда роҳ пайдо мекунад. Ӯ соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар бахши эҷоди назм иштирок намуда, то давраи ниҳоӣ расид, вале пирӯз нашуд. Имсол қарор кардааст, то ливои пирӯзиро боло созад.

Ӯ олами дигаре дорад ва аз ин рӯ Рӯъё тахаллус гирифта:

- Зиндагии ман шабеҳи як рӯъёст. Ҳар чизи дар байни хобу бедорӣ иттифоқ уфтодаро дар ҷаҳони рӯъёии худ таҷриба ва дарк намуда, ба риштаи назм мекашам. Аз ин рӯ баргирифтам тахаллуси Рӯъёро...

Шеърҳои насли имрӯз кам андар кам дилпазиру ноб ҳастанд. Шеърҳои Рӯъё мудерн аст, вале бо ин қадр маҳбубият китоби ӯ чоп нашудааст. «Ростӣ нахостам саросема бошам ва хешро дар роҳи эҷод устувор карданам лозим буд, бинобар ин сабр намудам. Ҳоло нахустин маҷмӯаи ашъорам омодаи чоп аст, Худо хоҳад дар наздиктарин фурсат дастраси хонандагон хоҳад гашт».

Мо низ барояш саодати олами эҷод ва нусратмандиҳои тоза ба тозаро дар равиши рӯзгор таманно дорем!


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед