“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода
Нашр шуд
Юсуф Бурҳонзода ҷавони тоҷикест, ки дар соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ ин рӯзҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар бо ҷарроҳии дил бидуни мадҳушсозӣ ва буриш машғул аст. Вай дар 8 соли фаъолият дар беш аз 5 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ ширкат варзида, малакаҳои навро дар риштаи бемориҳои дил меомӯзад. Ҳамзамон ин духтури дилу рагҳо дар расонаҳои иҷтимоъӣ бо номи @dr.yusuf_burkhonzoda вебнавишт (блог) фаъол карда, муҳтавои марбут ба нигаҳдошти саломатӣ омода мекунад.
Муаллифи Halva.tj бо Юсуф Бурҳонзода ҳамсуҳбат шуда, дар хусуси чӣ гуна сурат гирифтани ҷарроҳии дил бидуни мадҳушсозӣ ва чоки қафаси сина, корбурди шеваҳои нави табобат ва роҳҳои солим нигоҳ доштани дил пурсон шуд.
“ВАҚТЕ БЕМОРЕРО АЗ ДАМИ МАРГ НАҶОТ МЕДИҲЕМ, ЭҲСОСИ ХУШЕ ДАР ВУҶУДАМОН ПАЙДО МЕШАВАД”
Корномаи Юсуф мисли бештари пизишкони ҷавон аз фаъолияти ризокорӣ оғоз ёфтааст. Ӯ аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи июли соли 2015 дар Маркази саросарии клиникии бемориҳои дил, бахши “Шараён Варид” дар шаҳри Душанбе ҳамчун ризокор фаъолият кард. Сипас дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон дар самти дилшиносӣ ба муддати 1 сол дар зинаи интернатура таҷриба омӯхт. Зимнан 2 сол (2016 - 2018) дар зинаи ординаторӣ дар Маркази миллии тадқиқотии дилшиносии Вазорати тандурустии Русия таҳсил кард. Аз соли 2018 ҳамчун ҷарроҳи дил дар шаҳри Бохтар ба фаъолият пардохт.
“То имрӯз дар дар дармонгоҳ (клиника)-и “Некдил”-и шаҳри Бохтар ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе беморонро қабул мекунем. Рӯзҳои дигари ҳафта дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, шуъбаи ҷарроҳии эндоваскулярӣ кор карда истодаам. Ростӣ ҳар кор осон нест. Кори мо низ душвориҳои ба худ хос дорад. Дар ҷараёни фаъолият мушкилӣ ва ҳолатҳои ногаҳониро паси сар карда, чашмикордон мешавем. Вақте бемореро аз дами марг наҷот медиҳем, эҳсоси хуше дар вуҷудамон пайдо мешавад”, - афзуд ин ҷарроҳи ҷавон.
ҶАРРОҲИИ НАХУСТИН, КИ МУВАФФАҚОНА АНҶОМИД
Юсуф Бурҳонзода аз нахустин ҷарроҳие, ки мустақилона анҷом дода буд, ёдовар шуд. Аввалин бемораш як тан шахси мансабдор буд, ки ба донишу таҷрибаи мутахассиси ҷавон бовар кард. Ин гуна муносибати некбинонаи бемор дар дили Юсуфи навкор эҳсоси худбовариро дучанд карда буд. Он бемор баъди ҷарроҳӣ пайваста аз назорати духтур мегузараду имрӯз аз дил шикоят надорад.
- Ҳар ҷарроҳӣ омил ва таърихи мушаххас дорад, ки аз табибон ба таври ҳирфаӣ амал карданро талаб мекунад. Масалан чанде пеш ба як зани 45-сола стент мондем. Стентгузорӣ як мудохилаи ҷарроҳии пизишӣ аст, ки бо истифодаи чаҳорчӯбаи махсус амалӣ мешавад. Ҳангоми гузаронидани он як раги бемор дарида буд. Вақте раг медарад, табиъист, ки ҳолати бемор вазнин мешавад. Дар ин ҳолат эҳтимолияти ба марг расидани бемор 70-90 дарсад аст. Мо ба ҳолати тасодуфан рухдода тез вокуниш кардем. Ба нуқтаи даридаи раг стентграфт-найчаи махсуси ба раг воридшаванда гузошта, сӯрохро маҳкам кардем. Яъне рагро аз нав ба ҳам часпонидем. Бемор пас аз 1 ҳафтаи назорат ба хона рухсат шуд. Хушбахтона ҷони он беморро харида тавонистем. Албатта зинда мондани бемор пас аз ҷарроҳиҳои душвор натиҷаи хуб аст, аммо на ҳама вақт ба ҳар духтуру беморхона имкони бурд кардан даст медиҳад, - шарҳ дод духтур.
ҶАРРОҲИИ ДИЛ БИДУНИ БЕҲИСГАРДОНӢ ВА БУРИШ ЧӢ ГУНА МЕГУЗАРАД?
Аксари беморон саривақт муроҷиат намекунанд, вақте ки хунгардӣ дар рагҳои дилашон маҳкам мешавад. Дар натиҷа роҳҳои хунгарди раг мисли санг сахт шуда, кушодан ва барқарор кардани онҳо душвор мегардад. Ин рӯзҳо чунин беморонро бе буришу беҳисгардонӣ ҷарроҳӣ карда истодаанд. Дар ин намуди ҷарроҳӣ бемор ҳушёр аст. Бо духтурон суханронӣ ва шӯхӣ ҳам карда метавонад. Одатан аксари онҳо аз ҳушёр будан дар вақти ҷарроҳӣ метарсанд. Дилашон тез кор карда, фишори хунашон баланд мешавад. Ба ларза меоянд.
- Аз ин рӯ дар вақти ҷарроҳӣ асаб ва тапиши дили беморонро ором мекунем. Дар ин кор духтурони беҳисгардон кумак мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон анҷом додани чунин намуди ҷарроҳӣ хуб аст. Метавон бо ин роҳ ҳаёти беморонро дарозтар кард. Хубии он боз дар он аст, ки бемор баъд аз 24 соати ҷарроҳӣ аз бистари беморӣ ҷавоб дода шуда, бо пойи худ ба хона меравад. Вале на ҳар шахс тавон дорад, ки чунин ҷарроҳиро гузаронад. Бинобар ин агар аз ҷониби давлат саҳмия (квота) барои чунин ҷарроҳӣ ҷудо мегардид, хеле осон мешуд. Имрӯз аксари беморон бо ёриву хайроти ёру наздикон амали ҷарроҳӣ карда истодаанд, - изҳор дошт Бурҳонзода.
ОМӮЗИШИ УСУЛҲОИ НАВИ ТАБОБАТ ВА КОРБУРДИ ОНҲО
Қаҳрамони мо моҳи марти соли равон дар шаҳри Қазони Русия ба як омӯзиши кӯтоҳ ҷалб шуд, ки дар он эмболизатсияи миомаи бачадонро омӯхтанд. Яъне дар зимни омӯзиш бе истифодаи ҷарроҳии анъанаӣ роҳи нави табобати миомаи бачадонро аз худ карданд.
“Одатан, духтурони бемориҳои занона миомаи бачадонро бо роҳи ҷарроҳӣ мебуранд. Дар Тоҷикистон таҷрибаи истифодаи усули эмболизатсияи бачадон пештар низ буд. Ин таҷрибаро зимни омӯзиш бештар омӯхта, табобати бе буриши миомаи бачадонро ба кор гирифтанием. Бо як сӯзандору ба раги даст дохил шуда, рагҳое, ки ба миома хун мебаранд, яъне хӯрок медиҳанд, маҳкам кунем. Баъдан миома ғизо гирифта натавониста, майда шуда, гум мешавад. Қарор аст, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон ҳамин шеваи табобатро ҷорӣ кунем. Дар оянда боз кӯшиш мекунем, ки стентгузорӣ ба рагҳои майнаи сар, иваз кардани сарпӯши калонтарин раги хунгард, ки аз қисми чапи дил мебарояд (клапан аорта) ва дигар ҷарроҳиҳои нозуку баландарзиш, ки на ҳама шароити анҷом додан доранд, роҳҳои беҳтару арзонтари онҳоро ҷуста, дар амал истифода кунем”, - аз ҳадафҳои худ гуфт Юсуф Бурҳонзода.
ОМӮЗИШ ВА ҶАҲОНГАРДӢ
Қаҳрамони мо замоне ки дар курсии донишҷӯии Донишгоҳи давлатии тиббии Абӯалӣ ибни Сино менишаст, талош меварзид, то дар ҳамоишҳои маърифатӣ ва барномаҳои омӯзишӣ ширкат кунад. Мисол тибқи барномаи мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи тиббии Шинҷони Чин муддате таҳсил карда буд. Баъдан дар омӯзишҳои соҳаии Hartnackschule (Олмон), «Бемориҳои ғайримарказии рагҳо» (Ҳиндустон), омӯзиш дар соҳаи дилшиносӣ (Коллеҷи тиббии “Weill Cornell”, Утриш) ва ғайра фаъолона ширкат варзидааст.
“Таърихи моҳи ноябри соли 2019 аз ҷониби созмони хайрияии “CARDIOSTART” ба шаҳри Катмандуи кишвари Непал сафар карда будем. Мақсади сафар дар он буд, ки дар миёни ҷарроҳони ҷавони маҳаллӣ омӯзиши усулҳои душвори стетнгузориро баргузор кунем. Ростӣ чунин сафарҳо боис мешуд, то табодули таҷриба кунем. Ҳар сафар барои ман омӯзанда аст. Фахр мекунам, ки чунин ихтисоси душвор ва ҳам бисёрталаботро интихоб карда, дар гӯшаҳои гуногуни дунё аз омӯзиш гузаштам”, - афзуд ҷарроҳи тоҷик.
ЧАРО ЮСУФ МАҲЗ РИШТАИ ҶАРРОҲИИ ДИЛРО ИНТИХОБ КАРД?
Овони кӯдакиву наврасии Юсуф Бурҳонзода дар шаҳри Истаравшан сипарӣ шудааст. Падараш муаллими фанҳои риёзӣ буд. Аз ин ҳисоб аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳ дошт. Аз филмҳо, шунидаҳо ва мушоҳидаҳо дарк карда буд, ки духтур кист.
“Хуллас, орзуи кӯдакиям духтур шудан буд. Соли 1997 ба синфи 1-ум рафтам. Дар литсейи № 2-и шаҳри Истаравшан синфи 11-ро хатм кардам. Хушбахтона соли 2008 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шудам. Чанд сол бо омӯзиш мегузашт. Соли чоруми донишҷӯӣ буд, ки модари равоншодам бар асари сактаи миокарди калон фавтиданд. Аз ин рӯ хостам, ки бемориҳои соҳаи дилро омӯзаму барои ба муддати дароз дар таппиш мондани дили модарону падарон ҳисса гузорам”, - бо ҳаяҷон афзуд ҷарроҳи дил.ЧАРО ЮСУФ ВЕБНАМО (ВИДЕОБЛОГ) ФАЪОЛ КАРД?
Вақте ҷарроҳи ҷавон ба беморон тавсияҳои муфид медиҳад, танҳо доираи маҳдуд аз он бархӯрдор мегардаду халос. Ӯ мехоҳад, маълумоти ҷолибу муфид, ки барои нигаҳдории солимӣ равона шудааст, бо гурӯҳи калони одамон ҳисса кунад. Албатта дар як вақт бо беморон кор кардан ва барои сабти наворҳо вақт ҷудо сохтан барояш каме мушкил аст. Сарфи назар аз ин дар рӯзҳои истироҳатӣ зарур мешуморад, ки барои вебнамо муҳтаво тайёр карда, ҳамазмон рушд ёбад.
ДУХТУРӢ ВАСИЛАИ МАНМАНИВУ ШУҲРАТХОҲӢ НЕСТ“Ба вақт ва талабот муҳтавои мувофиқ тайёр мекунам. Масалан чанде пеш дар бораи чӣ гуна ифтор кардан ба саломатӣ безарар аст, наворе омода кардам. Аслан паёми ҳамаи муҳтавое, ки таҳия мекунам, маҷмуъан чунин аст: Ҳамеша бояд тарзи ҳаёти фаъолу солим бояд бурд. Бисёрҳаракат бояд бошем. Хӯрокҳои аз лиҳози табиъӣ хӯрем. Пурхӯриву танбалӣ накунем. Камтар зиқ шавем, ки асоси бемориҳои дил аз он аст. Ашхоси аз 40-сола боло бояд аз назорати дилшинос гузаранд, бархе ташхисҳоро супорида, солимиашонро нигоҳ дорнад”, - таъкид кард ин вебнамой (видеоблогер).
Ба қавли қаҳрамони мо, касби интихобкардааш ҳоло ҷавон аст. Ҳар рӯз як навгонӣ рух дода, усулҳои нави табобат пайдо мешавад. Зимнан, вай ҳаракат мекунад, ки аз равандҳои нав қафо намонда, аз рушду пешрафти соҳаи худ огоҳ бошад. Аз устодон, ки имрӯз дар тавсеъаи соҳаи ҷарроҳии дил саҳми босазо доранд, равобити доимӣ дорад. Аз устодони русаш – Анатолий Самко, Евгений Меркулов, Всеволод Миронов, Игор Левитский, Антон Аналеев ва дигарон низ мудом машварат мепурсад.
- Барои ҷарроҳи хуб шудан покдилӣ муҳим аст, зеро нияти нек доштан доиман рӯҳангезӣ мебахшад. Оне дар ин соҳаи пуршараф муваффақ мешавад, ки худро хидматгузори мардум бидонад. Агар фикр кунад, ки духтурӣ тиҷорат ё василаи манманиву шуҳратхоҳӣ аст, пас душвориҳову монеаҳои дар вақти кор пешомадаро пушти сар карда наметавонад. Агар чанд бор ба бебарории кор рӯ ба рӯ шавем, рӯҳафтода нашуда, ба идомаи роҳ бояд равем, - гуфт Юсуф Бурҳонзода.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед