Ru  | Tj
Илмдӯст ва сухандон. Иззатулло чӣ гуна «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ – 2022» шуд?
Илмдӯст ва сухандон. Иззатулло чӣ гуна «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ – 2022»  шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Илмдӯст ва сухандон. Иззатулло чӣ гуна «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ – 2022» шуд?

Нашр шуд

Иззатулло Ҳомидзода 22 сол дорад ва дар оилаи соҳибкор ба камол расидааст. Завқи зебонависиаш буд, ки бори аввал ӯ дар озмуни «Зебонависи сол» дар Хатлонзамин нусратманд гардид. Ва ин пирӯзӣ роҳи ӯро ба ояндаи дурахшон боз намуд. Ахиран дар озмуни «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2022» ширкат варзида, ба дарёфти ин ҷоиза даст ёфт.

 

ДИЛБОХТАИ ОЛАМИ ШЕЪРУ ТАРОНА

Иззатулло зодаи водии зебоманзари Вахш аст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳ гирифта, пас аз синфи 5 ба «Литсейи Ориёно» интиқол меёбад. Даврони мактабхонӣ барояш силсилазафармандиҳоро армуғон сохта буд. Ин буд, ки аз соли 2013 то соли 2017 дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва литсейҳои шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон аз фанни химия ва адабиёти тоҷик 12 маротиба ба гирифтани ҷойи аввал ва мақоми дуюм сазовор гардидааст. Ӯ ҷоизадори озмуни вилоятии «Лоиқхонӣ» ва «Шоҳномахонӣ» ба шумор меравад. Ҳамзамон секарата ҷоизадори озмуни «Хонандаи сол» маҳсуб ёфта, дар озмуни ҷумҳурияви иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» ва «Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» низ ғолиби мақоми аввал гардидааст.


Барои пешбурди зиндагӣ ва дурахшон сохтани шоҳроҳи ояндаи ҳаёт Иззатуллоро мебоист, ки пайваста дар ҳаракат бошад. Аз оғоз ӯ дилбохтаи олами шеъру тарона буд, вале сарнавишт ӯро самти дигар бурд. Ӯ пайи дарёфти донишҳои навин буд ва рӯзе бо тавсияи падар хост дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ аз рӯйи бахши тиббӣ имтиҳон супорад.

 

НУСРАТЕ, КИ ИНТИЗОРАШ НАБУД

Пас аз натиҷагирии санҷишҳо муайян мегардад, ки Иззатулло ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ихтисоси кори табобатии шуъбаи рӯзонаи ройгон дохил шудааст ва ин навиди муборак барояш туҳфаи тақдир буд.

«Аз даврони хурдӣ ба омӯхтану хондан шавқи зиёд доштам ва дар даврони синфи ибтидоӣ ҳамвора дар озмунҳои сатҳи баланд рақобат менамудам. Замоне буд, ки вақти иштирок дар озмун бароям монеаҳоро ҷӯр мекарданд, вале ман ҳеч гоҳ таслим намешудам. Доимо мақсади ман омӯзиш буд, вале рағбатам ба кимиёву адабиёт бештар ба назар мерасид. Шояд ҳамин завқу хосторам буд, ки ман имрӯз табиби ҷавонам», - қисса кард Иззатуло.


Маҳз инсони соҳибзавқ аст, ки пайи ҳадафҳои созандаи хеш равона гашта, ниҳоят шаҳди пирӯзиро мечашад. Даврони донишҷӯӣ ҳам барои қаҳрамони матлаби мо дунёи пурасрори саодатҳост, он сон ки номбурда мегӯяд:

- Ҷавонӣ бароям фасли созишу омӯзиш аст, ки фардои рӯзгори моро мушаххас месозад ва ана ҳамин кӯшишҳои ман буд, ки имрӯз ба зафарҳои чашмрасе соҳибам, - гуфт қаҳрамони матлаби мо.

Дарвоқеъ, соҳиб шудани Иззатуло ба ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт дар соли 2021 аз шарофати баҳраҳои бардоштааш аз олами рангини адаб ба шумор меравад. Гарчанде ӯ имрӯз дар соҳаи тиб таҳсил мекунад, гоҳ-гоҳе шеъру дубайтӣ ҳам эҷод мекунад. Даст ёфтан ба «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар самти адабиёт самараи меҳнатҳои шабонарӯзии қаҳрамони матлаби мост.

 

ОЯНДАРО МУНИР МЕБИНАД...


Дар ҳолу ҳавои имрӯзини Душанбешаҳр исми хуҷастаи Иззатулло ба ҳамсолону ҳамҷодагонаш аллакай ошност. Ӯро медонанду аз пирӯзиҳояш ҳарф мезананд. Назари ӯ аз мутолиоти амиқи пайвастааш ба оянда муниру муҷаллост. Чун ӯ аллакай бо хондани садҳо осори мансур чеҳраи муваффақи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» гаштаву дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» бо гирифтани мақоми аввал саодатёр гаштааст. Ин буд, ки соли гузашта раёсати донишгоҳ фаъолияти беназири ӯро мадди назар гирифта, ба Иззатуло ҷоизаи «Донишҷӯи сол – 2021» тақдим гардид.

Иззатулло бисёр мехоҳад, ки дар қатори ҷавононе бошад, ки дар ҷумҳурӣ рақами 1 ҳастанд, ҳам аз рӯйи дониш ва ҳам аз рӯйи муваффақият.

Дар сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ӯ хеле дастболо гардидааст. Аз ҷумла 4 маротиба дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз фанни адабиёти тоҷик ва 3 маротиба дар сатҳи байналмилал аз рӯйи фанҳои соҳаи тиб ғолибият ба даст овардааст. 

 

АЗ МИНБАРИ БАЛАНД ДАР НАЗДИ САДРИ ОЛӢ


Қаҳрамони матлаби мо дар соли таҳсили 2021 дар назди раҳбари кишвар суханронӣ намуд, ки самараи омӯзишу талошҳову пирӯзиҳояш маҳсуб мешавад. Пас аз андешаронии Иззатулло Ҳомидзода Пешвои миллат чунин гуфт:

- Ташаккур барои дар олимпиадаҳо иштирок кардану ҷой гирифтан. Маълум аст, ки ҷавони фаъол, илмдӯст, сухандон ва бомаҳоратӣ. Ҳамеша ҳамин хел омӯзанда бош, илмҳои замонаро боз ҳам биомӯз ва фарди содиқи Ватан бош!

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо дар арсаи ҷаҳонӣ ба нусратҳои бузург ноил мегарданд. Аз ҷумла соли ҷорӣ барои дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ – 2022» озмун эълон гардида буд ва аз Тоҷикистон Иззатулло Ҳомидзода дар ин сабқат худро номнавис карда, феҳристи дастоварду корҳои илмии хешро ба аҳли ҳакам манзур намуд ва пас аз чанд муддат аз Ҷумҳурии Қазоқистон навиди мубораке даррасид, ки қаҳрамони матлаби мо ба ин ҷоиза даст ёфтааст. Ин пирӯзӣ барои Иззатулло фараҳафзо буд.

Имсол ӯ курси 6-умро хатм менамояд ва тасмид дорад, ки барои идомаи таҳсил ба шаҳри Маскави Русия рафта, ҳамчун мутахассиси варзидаи касбӣ ба Ватан баргардад ва барои ин сарзамини ганҷхез ва Тоҷикистони ҳамешабаҳор хидмати шоиста намояд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед