Ru  | Tj
Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”
Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 94 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки 16 нафари онҳо дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд. Соли гузашта дар Иди Ғалаба 168 нафар иштирокчии ҶБВ дар ҳаёт буданд. Ба муносибати 76‑солагии Иди Ғалаба бо яке аз иштирокчии ҶБВ сӯҳбат кардем. Ӯ ба мо аз хотираҳои талху аҷиби даврони ҷанг ва ҳаёти баъдиҷангии худ қисса намуд.

Хаскаш Абдуллоев иштирокчии ҶБВ, дорандаи ордени “Ситораи сурх”, маъюби гурӯҳи 2­­‑юм, омӯзгори собиқадор, хизматнишондодаи Партияи коммунистӣ ва матбуоти даврӣ мебошад. Ӯ ҳанӯз 17 сол дошт, ки ба ҷанг даъват шуд. Хаскаш Абдуллоев имсол ба сини мубораки 97‑солагӣ қадам мемонад.


“Дар бораи ҷанг тасаввурот надоштам”

Бобои Хаскаш дар деҳаи Варчути ноҳияи Қалъаи Хум ба дунё омадааст. То синфи ду дар мактаби онҷо таҳсил намуд, баъди Инқилоби Октябр хонаводаи онҳо аз минтақаи кӯҳӣ куч бастанд. Дар ноҳияи Шӯробод ( ҳоло Шамсиддин Шоҳин) маскун гардиданд ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуданд. Ӯ мегӯяд, ки аз модари худ хоҳиш намудааст, то ӯро ба интернати ноҳия супорад. Баъди ду соли таҳсил онҷоро хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби 4‑сола ӯро дар синни 15 дар мактаби ибтидоӣ ба ҳайси муаллим ба кор мегиранд. Давоми як сол ба толибилмон дарс медиҳад.

“Қарори Сталин дар бораи “Маҳви бесаводӣ” баромада буд. Бояд нафарони то синни 50‑ сола саводнок карда мешуд. Маро ба сифати муаллим дар деҳаи Аҳмад таъин карданд. Баъди як соли муаллимӣ котиби суди ноҳия интихоб шудам ва то гирифтани даъватномаи ҷанг кор кардам. Соли 1942 маро ба Фронт даъват карданд. Аз ноҳияи Шӯробод 90 нафар, ки 4 нафари онҳо ҳамдеҳаам буданд, ба ҷанг даъват шуда будем. Мани ҷавон аз ҷанг чизе намефаҳмидам, каме ҳарос доштам, аммо чорае набуд маҷбур будем, ки ба Фронт биравем”, ҷавониашро ба хотир овард бобои Хаскаш.

Бобои Хаскаш ҳамроҳи чор ҷавони ҳамдеҳаи худ бо дуои пайвандону наздикон ба роҳ баромад. Онҳоро нахуст дар комиссариати ҳарбии ноҳия ба қайд гирифта ва ба ҳар кадомашон асп доданд. Аз Шӯробод то Сталинобод (Душанбе) бо асп рафта, як муддат дар он ҷо тамрин гирифта ва баъдан тавассути поезд ба роҳ сӯи ҷанг баромаданд.

Онҳоро ба шаҳрчаи Кузнетский, ки дар наздикии шаҳри Москва ҷойгир аст, мебаранд ва баъди 40 рӯз бо либосҳои ҳарбӣ таъмин мекунанд.

“Моро ба хотири эҳтиёт намудан аз бемориҳои сироятӣ дар ҷангали бузурги шаҳри Кузнетский 40 рӯз карантин карданд. Давоми ин муддат таълимоти ҳарбӣ медоданд. Баъди либосҳои ҳарбӣ додан, яке аз комиссари онҷо гуфт, ки шумоён аз минтақаи гармӣ ҳастед ва ба сардии инҷо одат надоред, барои ҳамин моро ба қисмати ғарбии Украина фиристоданд. Мо се нафар тоҷик ба шаҳри Донбасси Украина сафарбар шуда будем. Дар ҷангҳои Қрим иштирок кардем. Ман миномётчӣ будам ва ҷобаҷогузории минаҳоро ба ӯҳда доштам”, нақл намуд бобои Хаскаш.


“Дасти чапам тир хӯрду ба ман ҳуҷҷати маъюбӣ доданд”

Рӯз то рӯз вазъияти ҷанг муташанниҷ мешуд ва аскарони зиёде низ фавтида буданд. Дар ин вақт бояд ҳар як сарбоз чусту чолок мебуд ва аз марзу буми Ватан ҳимоя мекард. Хаскаши ҷавон низ дар ин муддат бо мушкилот рӯ ба рӯ мегашт.

“Хабар омад, ки аскарони немис ба тарафи мо наздик мешаванд. Ба гурӯҳи мо командирамон фармон дод, ки бояд то расидани онҳо роҳро минагузорӣ бикунем. Ҷавон, чолоку пурқувват будем ва то расидани онҳо роҳро минагузорӣ намудем. Вақти гузаштан нисфи немисҳо инфиҷор шуданд. Задухӯрди шадид барпо гардид. Дар натиҷаи тирпаронии зиёд аз ҷониби немисҳо чанд нафарро аз даст додем”, бо ошуфтаҳолӣ аз ҷанги хонумонсӯз қисса кард бобои Хаскаш.

Мутаассифона, қаҳрамони мо ду маротиба аз тири немис захм мебардорад ва дар пайи ин ҳодиса ӯро маъюби гурӯҳи дуюм эълон мекунанд.

“Аввал дар қисми ғарбии Украина дар ҷангҳои онҷо маҷрӯҳ шудам. Тир ба китфам даромада аз пушт баромада буд. Шаш моҳ дар беморхонаи Украина хоб кардам ва баъди он духтурон гуфтанд, ки тир ба устухон зарар нарасонидааст ва метавонам дубора ба Фронт баргардам. Муддати чанд моҳи дигар дар муҳорибаҳо иштирок кардам. Соли 1944 ҳайъати моро ба шаҳри Киев фиристоданд. Дар задухӯрди охирҳои ҳамин сол аз дасти чап тир хӯрдам”, гуфт бобои Хаскаш.


“Бозгашт ба Ватан”

Вақте дубора бобои Хаскаш тир хӯрд, ӯро аз шаҳри Киев ба беморхонаи шаҳри Гории Гурҷистон оварданд. Дар онҷо се моҳ ӯро табобат карданд. Камиссияи ҳарбӣ омада ҳолати саломатии ӯро мебинанд ва мегӯянд, ки дигар ба Фронт баргашта наметавонад ва ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд. Бобои Хаскаш бо як дасти маъюб ба Ватан баргашт ва табобатро дар хонааш давом дод.

“Вақте гуфтанд, ки дигар ба армия лозим нестам ва ҳуҷҷати маъюбӣ доданд, нороҳат шудам, чунки мехостам то охири ҷанг то замони ғалаба дар Фронт бошам ва зидди душман мубориза барам. Аз Гурҷистон бо поезд ба воситаи Гурҷистон ба Туркманистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон баргаштем. Мо чанд нафар захмӣ аз Тоҷикистон будем. Моро аввал ба Сталинобод (Душанбе) оварданд ва дар беморхона аз назорати тиббӣ гузарониданд, баъдан ҳар касро ба зодгоҳаш гусел карданд”, нақл мекунад ӯ.

Хаскаш Абдуллоев 1‑уми январи соли 1945 ба Ватан баргашт. Дар деҳа чанд муддат таҳти назорати духтурон буд. Ӯ мегӯяд дар Ватан ҳам нигарони ҷанг буд. Бовар дошт, ки Иттиҳоди Шуравӣ ғалаба мекунад.

“Хабари хуши Ғалабаро 9‑уми май тариқи радио шунидам. Он вақт ашк аз чашмонам ҷорӣ гашт, тамоми манзараҳои даҳшатноки ҷанг якбора аз пеши назар гузашт. Шукр гуфтам ва аҳли деҳа ба хотири ин пирӯзии бузурги таърихӣ ҷашн оростанд”, бо хушҳолӣ нақл мекунад бобои Хаскаш.

Ӯ аз ин нороҳат буд, ки ду нафар рафиқи ҳамсафараш ба Ватан барнагаштанд. Аз яке хати сиёҳ гирифтаанду аз дувуми ягон хату хабар набудааст.

Пас аз бозгашт ӯро дар кумитаи ҷавонони ноҳия ҳамчун котиб ба кор қабул намуданд. Солҳои 1957‑1960 ӯро ба мактаби ҳизбӣ‑советӣ мефиристанд, ки онҷоро хатм менамояд. Баъдан ӯро Раиси суди ноҳияи Шӯробод таъин намуданд. Баъди ду сол бо супориши ҳукумати ноҳия ӯро ба ноҳияи Сари Хосор интиқол доданд, аммо бо сабаби дурии роҳ ӯ ин вазифаро қабул накарда, дубора ба ҳайси омӯзгор ба кор медарояд.

“Назди мудири маорифи ноҳия рафтам, гуфтам таҷрибаи омӯзгорӣ дорам, мехоҳам кор кунам ва дар деҳаамон муаллим таъин намуданд. Тақрибан 5‑6 сол муаллим шуда кор кардам. Бо сабаби фавти модар кори муаллимиро як муддат тарк кардам”, мегӯяд қаҳрамони мо.

Се сол ба хотири омӯзиши аграномӣ Абдуллоев Хаскашро ба шаҳри Сталинобод мефиристанд. Тавре бобои Хаскаш нақл мекунад, дар солҳои бозсозӣ ҳукумати Шуравӣ ҳамаи хоҷагиҳои пахтабарориро назорати сахт мебурд. Масъулон ҳисоботи дурӯғро ба ҳукумат медоданд, дар натиҷа амали баъзеи онҳо фош мешавад ва онҳоро ба маҳбас мекашанд. Дар ин давра ба бобои Хаскаш пешниҳод мекунанд, ки дар хоҷагии пахтабароии Қизилсӯ кор кунад.

“Давоми 10 сол дар онҷо вазифаи ҳисоботу банақшагириро ба ӯҳда доштам. Ҷойҳои хушманзарае дошт, дар лаби дарё ҷойгир шуда буд. Пахта меоварданд, қабул мекардем ва ба ҳукумат ҳисобот медодем. То нафақа баромадан дар онҷо кор кардам”, мегӯяд ӯ.


“Дилам то ҳол барои ҷонбохтагони ҷанг месӯзад”

Алҳол бобои Хаскаш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ дар бари пайвандону азизони худ давлати пирӣ меронаду шукронаи тинҷиву осудагӣ дорад.

“Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост, аз ҷанг ҳамеша безор будаму дурӣ меҷустам. Хушҳолам, ки дар кишварам сулҳу ваҳдат пойдор аст. Ҳамеша манзараҳои даҳшатноку симои аскарони фавтида дар ҶБВ дар пеши назарам намоён мешавад. Дилам то ҳол ба ҷонбохтагону фидоиёни ин ҷанги хонумонсӯз месӯзад”, гуфт бобои Хаскаш.


Мамадқулов Алимуҳаммад: «3 маротиба ҷароҳат бардоштам, вале зинда мондам»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед