
Кандакорӣ дар чӯб ва устухону мис. Чӣ тавр Азиз Бобоҷонов ҳунари бостонии кандакориро ҳифз мекунад?
Нашр шуд
Азиз Бобоҷонов 5 сол мешавад, ки бо ҳунари коркарди бадеии чӯб машғул аст. Самти асосии фаъолияти ӯ армуғонсозӣ ва кандакорӣ буда, дар ин ҷода ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Мавсуф аз соли 2019 ҳамроҳи ҳамсараш Зулола Бобоҷонова кори намоном (бренд)-и худро пеш мебарад. Намономи ӯ бо номи "АЗ" (Азиз ва Зулола) кайҳо бо истеҳсоли сандуқчаҳои кандакорӣ, шона, шоҳмот, китобмонак, табақаҳои гулкоришуда ва армуғонҳои чӯбӣ ном бароварда, аз дохилу хориҷи кишвар таваҷҷуҳи харидорони зиёдро ҷалб намудааст.
Муаллифи Halva.tj бо Азиз Бобоҷонов ҳамсуҳбат шуда, аз пайдоиши ғояи намоном, мушкилиҳо, дастовардҳо ва ҳадафҳои ояндаи ҳунарманди ҷавон нақл кард.
БО ҲИДОЯТИ ПАДАР
Азиз Бобоҷонови 29-сола сокини шаҳри Истаравшан аст. Ӯ дар оилаи дуредгари маъруф, усто Одил таваллуд шуда, ба камол расидааст. Падараш шогирди кандакори номӣ усто Алӣ Яҳёев буда, мехост фарзандаш низ аз нозукиҳои ин ҳунар воқиф гардад. Ҳарчанд худ аз ҳунари кандакорӣ огоҳ буд, бештар ба сохтани дару тирезаҳои чӯбӣ машғул шуда, ба кандакорӣ кам рӯй меовард. Аз ин рӯ, фарзандашро назди усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ гузошт.
"Ҳунари кандакориро аз хурдӣ дӯст медоштам. Чун падарам устои дуредгар ва кандакор буданд, наздашон нишаста, дар рӯйи тахтачаҳои хурд гулкориҳо мекардам ё тиреза мошинча ва хоначаҳои хурд месохтам. Падарам шавқи маро нисбат ба ин ҳунар дида, назди ҳунарманди соҳибмактаб усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ гузоштанд. Дар мактаби ҳунарии усто мо 30 кас таҳсил мекардем. Аз ин теъдод имрӯз 5 кас бо кандакорӣ машғуланд," - иброз дошт ҳунарманди ҷавон.
Қаҳрамони мо мегӯяд, солҳо ҳамроҳи падараш ба сохтани дару тирезаҳои чӯбӣ машғул шуда, дар байни кор сандуқча, китобмонак ва армуғонҳо месохтааст.
"Рӯзе падарам гуфтанд, ки писарам ту аз уҳдаи ҳунари кандакорӣ хуб мебароӣ. Аз ин рӯ ҳунаратро идома деҳ. Кӯшиш кун бештари вақтатро сарфи ин ҳунар намоӣ. Ҳамин тавр бо ҳидояти падар аз нав ба кандакорӣ рӯй овардам," - гуфт ҳамсуҳбати мо.
НАМОНОМИ АЗИЗ ВА ЗУЛОЛА
Ҳамсари қаҳрамони мо Зулола Бобоҷонова низ аз нозукиҳои ҳунари кандакорӣ воқиф аст. Асрори ин ҳунарро ба ӯ шавҳараш Азиз Бобоҷонов омӯзонидааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ӯ ҳар рӯз ду-се соат ба ҳамсараш тарзи тасвири нақш ва кандакорӣ дар рӯйи чӯбро мефаҳмонидааст. Чун Зулола зеҳни тез ва шавқи зиёд дошт, дар муддати кӯтоҳ ин ҳунарро комилан азхуд кардааст.
"Вақте ҳамсарам тамоми паҳлуҳои ҳунари кандакориро омӯхт, ба сохтани армуғонҳои чӯбӣ машғул шудем. Баъдан ба хулосае омадем, ки намоном (бренд)-и худро таъсис дода, маҳсулоти бештар омода кунем. Ҳамин тавр ҳар рӯз ман ба сохтани армуғон машғул мешудам ва ҳамсарам онҳоро кандакорӣ мекард. Аз соли 2019 таваҷҷуҳ ба маҳсулоти мо зиёд шуд ва мо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзидем," - нақл кард Азиз Бобоҷонов.
Ҳамин тариқ аз оғози соли 2019 Азиз ва Зулола дастранҷи худро бо намономи "АЗ" пешкаши харидорон менамоянд. Маҳсули дастони онҳо борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ба наздикӣ дар Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии ҳунармандони "Тараз-2023", ки дар шаҳри Тарази Қазоқистон сурат гирифт, дар бахши кандакорӣ пирӯзӣ ба даст овард. Афзун бар ин даҳҳо маротиба дар ҷашнвора-озмунҳо ширкат варзида, ҳунари миллии тоҷикиро муаррифӣ кардааст.
"ҲУНАР АМОНАТ АСТ!"
Азиз Бобоҷонов сарфи назар аз ҷавон будани хеш шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Имрӯз низ ҳамроҳи ҳамсараш ба якчанд кас ҳунари кандакорӣ меомӯзонад. Алҳол шаш писар ва панҷ духтар, ки аз 11 то 17-солаанд, назди онҳо ҳунар меомӯзанд. Қаҳрамони мо мегӯяд, таваҷҷуҳи наврасон нисбат ба омӯзиши ҳунар, хоса кандакорӣ хеле зиёд аст. Шогирдонаш дар баробари кандакорӣ кардани гулҳои тайёр ба эҷоди гулҳои нав машғуланд. Имрӯз онҳо мустақилона армуғон месозанд. Азиз Бобоҷонов асрори зуд ҳунар азхуд кардани шогирдонашро дар равиши дарсгузарӣ медонад.
"Мо бар пояи равиши мактаби ҳунарии усто Алӣ Яҳёев ба шогирдон ҳунар меомӯзонем. Усто Алӣ ба шогирдони худ ниҳоят раҳмдил ва озод буданд. Ҳар гоҳ ки мо хаста мешудем, иҷозат медоданд, ки дар боғи назди ҳавлиашон истироҳат кунем. Ман ҳам ба шогирдон чунин рафтор мекунам. Агар хаста шаванд, иҷозат медиҳам, ки ба хонаашон бираванд ва супоришҳоро иҷро карда оянд. Барои он ки наврасон зуд ҳунар омӯзанд, онҳоро маҷбур не, балки ҳавасманд карданамон лозим аст”, - мегӯяд қаҳрамони мо.

Ба гуфти ҳунарманди ҷавон, усто Алӣ Яҳёев шаш моҳ дар рӯйи авроқ тасвири гулҳои ислимӣ ва геометриро ба шогирдон меомӯзондааст. Вақте онҳо тасвири гулҳоро комилан аз худ мекардаанд, ба кандакорӣ машғул мешудаанд. Азиз Бобоҷонов ҳам аз рӯйи равиши устодаш ҳунар ёд медиҳад. Дарсҳои ӯ ройгон буда, мехоҳад ин ҳунари бостонии тоҷикӣ аз байн наравад.
"Тамоми анвоъи ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз дар ду шакл то ба мо омада расидааст. Яке тавассути устоду шогирд ва дигаре аз насл ба насл. Ман ҳам мехоҳам ба шогирдон ҳунар омӯхта, ба ҳифзи ин ҳунари қадимаи мардумӣ саҳм гузорам. Бобоям низ доиман таъкид мекарданд, ки ҳунар назди ҳунарманд амонат аст. Ҳар гоҳ ки усто шудӣ, шогирд тарбия кун. Ин кори ту хидмат ба оянда аст,"- суханҳои бобояшро ба ёд оварда гуфт Азиз Бобоҷонов.

АЗ КАНДАКОРӢ ДАР ЧӮБ ТО УСТУХОНУ МИС
Ҳунармандон аз қадим на танҳо дар рӯйи чӯб, балки мис, нуқра, устухон, шох ва пӯстлохи дарахт кандакорӣ мекарданд. Азиз Бобоҷонов низ барои он ки асарҳои офаридааш гуногун ва зебо ҳосил шавад, аз мису устухону шох истифода карда, онҳоро кандакорӣ мекунад. Тавре қаҳрамони мо нақл кард:
"Мо устухон ва шохи ҳайвоноти гуногунро барои сохтани ғилофи корду шамшер истифода мекунем ва онҳоро кандакорӣ мекунем. Ин намуди кандакорӣ аз қадим вуҷуд дошт. Вале солҳои охир ҳунармандон бештар дар чӯб гулкорӣ мекунанд. Зеро кандани гул дар дигар намуди масолеҳ душвор буда, заҳмати зиёд, эҳтиёткорӣ ва асбобҳои махсус талаб мекунад. Масалан барои устухон ва шохро кандакорӣ кардан аз асбобҳои дандонпизишкӣ (стоматологӣ) истифода мекунем".
Азиз Бобоҷонов имрӯз бо ҳунармандони зиёд ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла барои кордсозон ғилоф ва сандуқчаҳои кордмонӣ месозад. Инчунин рассомони узбак аз қаҳрамони мо барои тасвири расм табақаҳои атрофаш кандакорӣ шуда мехаранд. Илова бар ин муассисаи рассомии Самарқанд низ аз маҳсулоти намономи "АЗ" (Азиз ва Зулола) харид мекунанд. Қаҳрамони мо бар он назар аст, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва озмуну ҷашнвораҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ривоҷи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ мусоидат кардаанд.
АРМУҒОНҲОИ ЧӮБӢ УМРИ ДАРОЗ МЕБИНАНД!
Азиз Бобоҷонов ва ҳамсари ӯ Зулола аз чӯби одӣ армуғонҳои зебову бемисл месозанд. Сандуқчаҳои доирашакл, секунҷа, чоркунҷа ва шашкунҷа, китобмонаки дуқабатаву сеқабата, шона, мӯйдор, қаламдон, мизҳои шашгӯшаи ороишӣ, панно, табақаҳои кандакоришуда, шоҳмот, сандуқча ва ғилоф барои корду шамшер ва даҳҳо намуди дигар маҳсули дастони пурэъҷози онҳоянд. Дар зери ҳар як маҳсулоти онҳо тамғаи намоном (бренд)-и "АЗ" гузошта шудааст.
Дастранҷи қаҳрамони мо имрӯз то кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва кишварҳои Аврупо рафтааст. Бузургтарин паннои ӯ ки дар он мақбараи Қарахон тасвир шудааст, дар осорхонаи вилоятии шаҳри Тарази Қазоқистон маҳфуз аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед