
Муаррифи фарҳанги бузурги миллати тоҷик. Алишер Ҷумъаев – рассоме аз табори Беҳзод
Нашр шуд
Алишер Ҷумъаеви 65-сола муддати зиёд аст, ки бо рассомиву наққошӣ ва кундалрезию ҳайкалтарошӣ машғул аст. Мавсуф бештар асарҳое меофаринад, ки бозгӯкунандаи торих ва фарҳангу тамаддуни бостонии мардуми тоҷик буда, барои муаррифӣ кардани ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунад. Офаридаҳои ин ҳунарманди хушномро метавон дар биноҳои "Қасри миллат", "Кохи Наврӯз", "Кохи Малика" ва даҳҳо мавзеъҳои фарҳангиву маданӣ мушоҳида кард.
Муаллифи Halva. tj бо рассоми номӣ ҳамсуҳбат шуда, перомуни фаъолияти ҳунарӣ ва аз мушкилоту дастовардҳои ин соҳа қисса кард.
СИННИ ХУРДУ ЭҶОДИ БУЗУРГ
Алишер Ҷумъаев аз хурдӣ ба рассомӣ шавқи зиёд дошт. Дар кӯдакистон парвариш меёфту рӯйи авроқ манзара ва мавзеъҳои торихиро тасвир мекард. Расмҳои офаридааш ҳамеша аз ҷониби омӯзгорон ва ҳамсолонаш баҳои баланд мегирифт. Аз ин рӯ ҳамагон ӯро рассом ном мебурданд. Замони наврасӣ дар баробари ба рассомӣ машғул шудан аз лойу гилу гаҷ ва сангҳои гуногун ҳайкалҳои хурд низ омода мекард. Дар 12-солагиаш аз санг пайкараи хурди андешаманди тоҷик Абӯрайҳон Беруниро офарид, ки дар як озмун пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамин тавр завқи ҳунарманд шудан дар дилаш маъво гирифту таҳсилро дар Омӯзишгоҳи рассомии Мирзораҳмат Олимов идома дод.
"Чор сол дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии Мирзораҳмат Олимов дониш омӯхта, онро бо дипломи сурх хатм кардам. Ҳарчанд тамоми нозукиҳои рассомиро омӯхтам, барои боз ҳам сайқал додани малакаву маҳорати худ дар Донишгоҳи давлатии театрӣ-ҳунарии шаҳри Тошканд дохил шудам. Аз хурдсолӣ орзу доштам, ки дар оянда пешаи рассомиро интихоб карда, баҳри рушди ин ҳунар саҳм гузорам. Беш аз 50 сол мешавад, ки дар ин ҷода фаъолият мекунам", - нақл кард қаҳрамони мо.
Алишер Ҷумъаев дар муддати кӯтоҳ чун рассоми чирадаст ном баровард. Соли 1983 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии театрӣ-ҳунарии шаҳри Тошканд ӯро ҳамчун рассом ба Бунёнди ҳунарии шаҳри Хуҷанд ба кор қабул карданд. Сипас солҳои дигар дар фабрикаи кешбофии Истаравшан ҳамчун рассом-ороишгар фаъолият кард. Қаҳрамони мо аз соли 2000-ум ба тасвири деворнигораҳо машғул шуда, то имрӯз фаъолият мекунад.
МУАРРИФӢ ТАВАССУТИ МӮҚАЛАМ
Дар асарҳои офаридаи Алишер Ҷумъаев бештар фарҳангу тамаддун ва торихи бостониву ғании миллати тоҷик таҷассум мешаванд. Вай тавассути офаридаҳояш мехоҳад ба ҷаҳониён тарзи либоспӯшӣ, урфу одат ва маданияти бузурги тоҷиконаро муаррифӣ кунад. Мавсуф бештар бар пояи ривоят ва асарҳои торихиву бадеӣ мусаввара меофарад.
"Гузаштагони мо дар ҳама давру замон либосҳои ниҳоят зебову қашанг ба бар мекарданд. Шоҳиву атлас, ҷомаҳои беқасаб ва ҷилодор мепӯшиданд. Ҳар минтақа саллаву тоқиҳои зебои ба худ хос дошт. Дар баробари он ки занҳои мо дорои зару зевар буданд, мардҳо низ бозубанду ангуштарӣ ва маснуъоти зиёди заргарӣ доштаанд, ки нишони қуввату қудрати онҳо буд. Барои ҳамин рассом вақте ки бар пояи ягон асар ё ҳодисаву воқеаи торихӣ мусавварае меофарад, бояд фазои фарҳанги ҳамон давраро тасаввур ва тасвир карда тавонад. То бинанда худро каме бошад ҳам, дар олами торихӣ эҳсос кунад", - гуфт рассоми номӣ.

Ба қавли Алишер Ҷумъаев асари рассом дар баробари мазмуну муҳтавои баланд доштан ба бинанда бояд таъсир расонида тавонад ва ӯро ба андешидан водор созад. Бинанда баробари дидани мусаввара худро дар олами дигар тасаввур кунад. Ба гуфти ӯ, асаре ки ба худи рассом писанд нест, ба ҳеч ваҷҳ наметавонад писанди дигарон бошад.
Яке аз маъруфтарин асарҳои Алишер Ҷумъаев "Ҳалқаи давр" ном дошта, дар чор девори даромадгоҳи Идораи маорифи Истаравшан тасвир шудааст. Мусаввараи мазкур моҳияти торихӣ дошта, лаҳзаҳои давлатдории тоҷиконро аз замони Исмоили Сомонӣ то даврони худсолории Тоҷикистон дар бар мегирад. Қаҳрамони мо асари мазкурро чунин шарҳ дод:
"Дар "Ҳалқаи давр" давлатдории тоҷикон давра ба давра тасвир шудааст. Дар як тараф шоҳ Исмоили Сомонӣ, чархофалак, ҳалқаи адибон, бурҷҳо ва бонувон ҳаст, ки замони давлатдории бостонии миллати тоҷикро нишон медиҳад. Чархофалак дар ин ҷо гузаштани давр ва умри инсониро мефаҳмонад. Дар тарафи дигари асари мазкур суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ тасвир шудааст. Дар атрофи он навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои торихӣ мавҷуданд. Яъне гуфта мешавад, ки ягона нафаре ки ҳамчун тоҷик Тоҷикистонро муаррифӣ кард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тасвир шудани мавзеъҳои торихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз эҳё шудани ҳунарҳои бостонии мардумӣ ва ҳифз шудани ёдгориҳои торихӣ маҳз дар замони давлатдории ин шахсияти бузургро мефаҳмонад”.
АЗ РАССОМӢ ТО КОШИНКОРИВУ ҲАЙКАЛТАРОШӢ
Алишер Ҷумъаев дар баробари рассомӣ кардан ба кундалрезӣ ва ҳайкалтарошиву кошинкорӣ низ машғул аст. Мавсуф гоҳ-гоҳ армуғон низ месозад. Ба гуфтаи ӯ, шуғли асосиаш рассомӣ буда, ба дигар ҳунарҳо дар вақти зарурӣ рӯй меорад. Қаҳрамони мо дар мавзеъҳои торихиву муосир кор кардааст, ки дар онҳо аз ҳунарҳои доштааш истифода кардааст.
"Ҳунарманд дар баробари он ки тамоми паҳлуи ҳунари худро медонад, бояд аз нозукиҳои дигар ҳунарҳо низ воқиф бошад, то асари бузургеро тавонад бо эҷоди худ пешниҳоди бинанда кунад", - таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Алишер Ҷумъаев асарҳои зиёд офаридааст. Бештари эҷодиёти ӯ деворнигораҳо ҳастанд, ки "Қасри Миллат", "Кохи Наврӯз", "Кохи Малика", "Фарҳангсарои ориёӣ", "Маркази ҳунар ва фарҳанги Ҳушанг", "Қалъаи Муғ" ва даҳҳо биноҳои фарҳангиро то имрӯз зеб медиҳанд. Ҳайкалтарошӣ ҳунари дигари қаҳрамони мо буда, пайкараи шахсони бузургро сохтааст. Пайкараи шоир Зуфархон Ҷавҳарӣ ва нимпайкараи Набиҷон Қодирӣ ба дастони муъҷизаофарини ин ҳунарманд тааллуқ доранд. Мавсуф бо истифода аз ҳунари кошинкорӣ низ асарҳо офаридааст. Дарвозаи "Ғаллаи Ӯротеппа" намунаи олии ҳунари кошинкории қаҳрамони мост.
ТАСВИРИ ИПИЗУДҲО БАР ПОЯИ АСАРИ БЕЗАВОЛИ "ШОҲНОМА"
Қаҳрамони мо барои нашри китоби "Шоҳнома" дар Амрико лаҳзаҳои ниҳоят ҷолиби ин асарро тасвир кардааст. Дуздида шудани аспи Рустам, дидор бо Таҳмина, шикояти Суҳроб ба модараш, рӯзи видоъ бо Фирдавсӣ гунаҳои офаридаи ӯянд.
"Аз ҷониби Мозиёр Қавидил, нависандаи муқими Суед (Шветсия) "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ба забони инглисӣ тарҷума шуд. Барои ҳамон хоҳиш карданд, ки лаҳзаҳои ин асарро тасвир кунам. Чун "Шоҳнома"-ро бениҳоят дӯст медорам, бе хоҳиши онҳо ҳам ипизудҳои зиёдеро аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ тасвир карда будам. Зеро тасвири қаҳрамониҳои аҷдодони бузургамон бароям лаззатбахшанд", - мегӯяд Алишер Ҷумъаев.

Бино ба қавли ҳаводорони ҳунари Алишер Ҷумъаев, ӯ тавонистааст қаҳрамонҳои асари безаволи "Шоҳнома"-ро зинда созад ва ба ҷаҳониён таҳамтанҳои гузаштаамонро нишон диҳад.
"МЕХОҲАМ БА ОФАРИДАНИ МУСАВВАРАҲОИ ХУРД РӮЙ ОРАМ"
Бештари асарҳои то имрӯз офаридаи Алишер Ҷумъаев ҳаҷман калон буда, рӯйи девори кохҳои фарҳангӣ тасвир шудаанд. Ё сақфи чунин мавзеъҳо бо дастони муъҷизаофарини ӯ наққошиву кундалрезӣ шудааст. Имрӯз қаҳрамони мо мехоҳад ба тасвири мусаввараҳои хурд, ки фарогири ториху тамаддуни миллати бузурги тоҷиканд, тасвир кунад.
"Дигар синну соли мо ҳам рафт. Тавони дар сақф ё девори биноҳои баланд эҷод кардан надорем. Барои ҳамин ба хулосае омадам, ки ба тасвири мусаввараҳои ҳаҷман хурд пардозам. Ният дорам гузарҳои бостонии Истаравшанро тасвир кунам,"- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Намоиши асарҳои Алишер Ҷумъаев то кунун дар шаҳри Душанбе, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, Узбекистон ва кишварҳои Балтик баргузор шудааст. Ӯ ният дорад, дар оянда як намоиши бузурги ҳунарияшро созмон диҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед