Ru  | Tj
Оҳангсози соҳибистеъдод. Таронаҳои Сафармуҳаммаду Меҳрнигори Рустамро кӣ оҳанг мебандад?
Оҳангсози соҳибистеъдод. Таронаҳои Сафармуҳаммаду Меҳрнигори Рустамро кӣ оҳанг мебандад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Оҳангсози соҳибистеъдод. Таронаҳои Сафармуҳаммаду Меҳрнигори Рустамро кӣ оҳанг мебандад?

Нашр шуд

«Мусиқӣ наметавонад биандешад, вале андешаро таҷассум карда метавонад», - гуфтааст оҳангсози маъруфи гермонӣ Бетховен. Яке аз оҳангсозони тоҷик, ки эҷоди нотакрораш шунавандаро хаёлан сӯйи соҳили дарё мебарад ва водор ба андеша мекунад, Ҷовид Рӯзиев аст.

Ӯ дар жанру услубҳои гуногун мусиқӣ эҷод мекунад. Ҷовид бо бештари овозхонони машҳур ҳамкории судманд дорад ва оҳангҳои офаридаи ӯ ба дараҷаи хит расидааст. Суруди «Биё»-и Ҷонибек Муродов, «Persian girl»-и Меҳрнигори Рустам, «Наомадӣ»-и Беҳрӯз Мирзоев, «Нокуҷо»-и Сафармуҳаммад ва «Дили танҳо»-и Ҷаҳонгир Зарипов намунае аз таронаҳои писандидаи мардум аст. «Ман аз ҳамкорӣ бо овозхонони соҳибистеъдоде, ки дар жанрҳои гуногун эҷод мекунанд, шодам», - мегӯяд ӯ.

Фаъолияти пурсамари Ҷовид натиҷа дод ва дар бахши беҳтарин аранжировка ду карат барандаи «Ҷоизаи Радиои Нав» (дар солҳои 2019-20) ва ҷоизаи «Tarona Music Award» (дар солҳои 2021-22) гардид.

Вақте истеъдоди як нафар ирсию худодод аст, касе ё чизе наметавонад варо аз самте, ки сарнавишт чун завлона ба пояш гузоштааст, раҳо кунад. Побанди ин занҷир аз кори худ лаззат мебарад ва ҳам онро ба манбаъи даромад табдил медиҳад. Истеъдоди Ҷовидро ирсӣ ва ҳам худодод гуфтан мумкин аст, зеро падари ӯ сарояндаи шинохтаи тоҷик Акбар Рӯзиев аст.

НАХУСТИН ҶИЛО

Ҷовид аз кӯдакӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Шавқу ҳаваси ӯ падарро водор сохт, ки ба Ҷовид навохтани гиторро омӯзад. Ҳамин тавр Рӯзиеви калон нахустин устоди Рӯзиеви хурд дар самти мусиқӣ гардид. Баъдтар Ҷовид ба навохтани асбобҳои дигари мусиқӣ майл пайдо кард ва маҳорати худро такмил дод. Ҳоло ӯ зиёда аз понздаҳ намуди асбоби мусиқиро навохта метавонад.

Соли 2005 ҳангоме ки Ҷовид 13 сол дошт, нахустин маротиба дар саҳнаи калон ҳамроҳи падар ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар саҳна гитор навохт. Ин консерти маросими ҷоизасупории «Суруди сол» буд, ки таронаи «Ёр-ёр»-и Акбар Рӯзиев яке аз барандаҳои озмун гардида буд.        

«Дар ин консерт дар маркази таваҷҷуҳи тамошобинони зинда будам, аз ин рӯ ҳаяҷони ғайриодиро эҳсос мекардам. Ҳар як садо, нота ва аккорде, ки он рӯз навохтам, ҳавасу ташнагии маро нисбати мусиқӣ ифода мекард. Аз аввал «ман» -и инҷониб дар мусиқӣ будааст, вале инро баъдтар дарёфтам».
Аз он рӯз муҳаббати Ҷовид ба иҷрои зинда афзуд. «Зеро иҷрои зинда имкон медиҳад, ки эҳсосотамро баён кунам, нерӯи худро ошкор кунам ва илҳоми эҷодиямро бо ҳозирин мубодила намоям», мегӯяд ӯ.   

Рок жанри писандидаи Ҷовид аст. Қаҳрамони мо давраи мактабхонӣ бо дӯстонаш гурӯҳи рок таъсис дод. Он ҳангом ҳатто тасаввур намекард, ки ин амалаш дар солҳои баъд таҳкурсии мустаҳкам барои эҷод мегардад. Дар ин гурӯҳ вазифаи овозхонӣ, оҳангсозӣ ва аранжировка ба зиммаи Ҷовид буд. Онҳо дар толорҳои хурд, тарабхона ва клубҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекарданд.

 

ДӮСТӢ БО САФАРМУҲАММАД

Ҷовид нахустин бор бо Сафармуҳаммад маҳз дар тарабхона вохӯрд. Сафармуҳаммад ҳамроҳи аҳли оилааш барои лаззат бурдан аз иҷрои гурӯҳи рок ташриф оварда буд. Ӯ аз сурудхонии ин ҷавонони пурэнержӣ илҳом гирифта, дар саҳна бо онҳо ҳамхонӣ (дуэт) кард. Ҷовид дарҳол пай бурд, ки рӯҳияи эҷодии вай бо Сафармуҳаммад мувофиқ меояд. «Дақиқан дар ёд надорам, ки ин вохӯрӣ кадом сол иттифоқ уфтод, аммо яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи зиндагӣ ва фаъолиятам буд», - гуфт Ҷовид. Ҳамин тавр, ба бинои дӯстии онҳо санги асос гузошта шуд, ки минбаъд бо меҳру муҳаббат онро сохтанд.

Бо гузашти вақт онҳо ба ҳамкор табдил ёфтанд. Вале муносибати Ҷовиду Сафармуҳаммад беш аз ҳамкорони одатӣ ва ба муносибати бародарон монанд аст. Шояд сабаби ин дар оила яккаписар будани Ҷовид бошад. Худи Ҷовид мегӯяд, ки Сафармуҳаммад барои ман пеш аз ҳама дӯст аст, сипас ҳамкор, чунки дӯстӣ бошад ҳамкорӣ низ пеш меравад.

Ҷовид дар консерти яккаи Сафармуҳаммад, ки 28 майи соли 2021 дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид, низ ҳамчун навозанда ва продюсери ӯ дар саҳна ҳунарнамоӣ кард. Онҳоро дар ҷашну сурҳо (тӯйҳо) низ ҳамроҳ дидан мумкин аст. Ҳамеша оҳангҳоро зинда иҷро мекунанд.

Ба андешаи Ҷовид, имрӯз навозандагони ҷавони соҳибистеъдод хеле каманд. Вазъи солҳои 2000 то 2010-ро намунавӣ арзёбӣ мекунад, зеро завқи ҷавонон ба ҳунари мусиқӣ хеле баланд буд.

«Рӯзҳое буд, ки барои нақлиёти ҷамъиятӣ пул надоштам ва ба машғулияти мусиқӣ то 8 километр пиёда мерафтам. Имрӯз интернет ҳама корро осон намудааст, донишҳои навро пешниҳод мекунад, вале ҳайронам чаро ҷавонон аз он истифода намекунанд. Агар гап сари танбалӣ аст, пас худамро танбалтарин шахс меҳисобам, чун рӯзҳое буд, ки бо Сафармуҳаммад дар 45°C гармӣ кор мекардему ҳатто серунсоз (винтелятор) надоштем».

МУШКИЛӢ БО МИЗОҶОН

Чанде пеш ӯ вебгоҳ (вебсайт)-и расмияшро таъсис дод. Барои таҳияи ин вебгоҳ ба ӯ як сол лозим шуд, зеро танҳо дар вақтҳои холӣ дар мавриди он меандешид. Ҷовид умедвор аст, ки вебгоҳ ба овозхонон кумак мерасонад, то дар бораи фаъолияти ӯ ва намунаҳои эҷодияш бештар маълумот гиранд. Чунки ӯ яке аз оҳангсозони ангуштшумор аст, ки арзиши хидматрасонии худро дар вебгоҳаш расонаӣ кардааст. Масалан, нархи аранжировка 599 доллар, сабти вокал барои як соат – 59 доллар, тӯли як соат коркард кардани садо низ – 59 доллар, таҳрири алоҳидаи суруд бо пешниҳоди мизоҷ – 249 доллар ва мастеринг – 49 долларро ташкил медиҳад.

Инчунин ӯ дар бораи таҷҳизотҳои худ низ дар вебгоҳ маълумот додааст. Ҳар инсони алоқаманд ба садо метавонад маълумот дошта бошад, ки дар ҳунаркада (студия)-и Ҷовид баландгӯяки «Simple Way Mic 1», танзимкунандаи «Arturia MiniLab», пурқувваткунандаи «Avalom 737-SP», монитори студиявии «N-Monitors X600» ва ғайраҳо дар истифода аст.

Гоҳо дар байни ӯ ва мизоҷ нофаҳмиҳо сар мезанад. Дар ин гуна лаҳзаҳо Ҷовид ҳаракат мекунад, ки бо оромӣ масъаларо равшан созад.

«Воқеан лаҳзаҳое буд, ки байни ману мизоҷ мушкилӣ ба миён меомад, зеро намехост ҳаққи корро пардохт намояд ё ба таъхир мегузошт. Бо гузашти вақт фаҳмидам, бояд танҳо бо касоне ҳамкорӣ кунам, ки кор бо онҳо хушоянд аст ва ба диди оҳангсозон боварӣ доранд. Қаблан чунин ноомади кор маро водор карда буд, ки дар мавриди гузаштан ба самти киберварзиш ё десишгарӣ (дизайн)- диҷитолӣ фикр кунам. Аммо дубора дарёфтам, ки роҳи ман танҳо мусиқӣ аст».

Ҷовид 12 сол ба ин сӯ рӯйи ду маҷмӯа (албом)-и худ кор мекунад. Ин маҷмӯаҳо композитсияҳоеро дарбар мегирад, ки барои лоиҳаҳои гуногун офарида шудаанд. Ӯ бо худ ифтихор мекунад, чунки эҷодиёташро аз пойгоҳҳои ҷаҳонии мусиқӣ, ба монанди «Apple Music» ва «Spotify» боргирӣ кардан мумкин аст.

ЭҲТИЁТКОРӢ ДАР ИНТИХОБИ ШОГИРД

Ҷовид риштаи продюсерӣ ва коргардонии овози Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ барои азхуд кардани ин соҳа хеле заҳмат кашид, чун воқеан ин ришта барояш пураҳамият буд. Устодаш Насим Шоймуродов низ донишу таҷрибаи ғании худро бо ӯ дар миён гузошт.

Ӯ ҳоло ҳам таҳсил мекунад. Ҷовид яке аз донишҷӯёни фаъоли Мактаби байналмилалии оҳангсозии «Musicheads» дар Русия буда, аз оҳангсозони маъруфи рус Константин Матафонов, Арсений Асташкин ва Владислав Лапшов таҷриба меандӯзад.

Кори ӯ ҳамчун коргардони касбии садо аз фаъолият дар радиои «Имрӯз» оғоз шудааст. Сипас фаъолияташро дар радиои русии «Ориёно» ва «AFM» ба роҳ монд. Ҷовид баъд аз вақти кории радио фаъолияташро ҳамчун овозхон ё навозанда дар тарабхона идома медод, то рӯзгорашро беҳтар пеш барад.

«Ташкили гурӯҳ, кор дар радио, ҳунарнамоӣ дар консерт ва тарабхонаҳо - ҳамаи ин ба ман кумак кард, ки то ба ин сатҳ бирасам. Ҳамчун продюсер ва оҳангсоз ҳамеша кӯшиш мекунам, ки фазои мусиқии худро васеъ намоям ва ғояҳои навро пайдо намоям. Рӯзҳое низ буд, ки бо мушкили маънавию молӣ мубориза бурдам. Вале боз дар болои худ кор мекардам, маҳоратамро сайқал мебахшидам».
Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе ҳолат кор бо садо душвор аст. Аз ин рӯ аксар вақт ба шогирде ниёз дорад, то ба Ҷовид кумак расонад ва низ ӯ аз худ ворисе гузорад. Вале дар интихоби шогирд эҳтиёткорӣ кардан мехоҳад, зеро пайдо намудани касе, ки сазовори бовар бошад, муҳим аст.

 

ЯК УМР ОМӮЗИШ

Ӯ дар вақтҳои холии худ бо бозиҳои роёнаӣ (компютерӣ) машғул мешавад. Ин машғулият ба оҳангсози ҷавон илҳом мебахшад. Махсусан мусиқии онҳоро дӯст медорад, зеро мусиқӣ дар бозиҳо барои эҷоди муҳити эҳсосотӣ нақши муассир дорад.    

Ҷовид барои филм, бозиҳои роёнаӣ, барномаҳои ҳунарӣ ва наворҳои тарғиботӣ низ мусиқӣ омода менамояд. Фаъолияти ӯ аз соҳибкасб тақозо мекунад, ки эҷодкор бошад ва истеъдодашро такмил диҳад.

Ҳанс Тсиммер оҳангсози дӯстдоштаи Ҷовид аст. Ӯ ҳамеша орзу мекунад, ки монанди кумираш барои саноати синамо мусиқии беназир эҷод кунад, то ҳар як ритм бо намо (кадр) мувофиқ ояд ва дар ниҳоди бинандагони филм эҳсосоти жарфро бедор кунад ва солҳои тӯлонӣ аз хотири тамошобин наравад.     

«Зиндагӣ пайваста душвориҳоро ба миён мегузорад ва мо набояд дар гирдоби он ғарқ шавем, балки мушкилотро бартараф намуда, аз вақт дуруст истифода кардан амали оқилона шуморем. Ман ҳар рӯз як маълумоти навро ҳифз мекунам. Ҳамтоёни ман риштаи оҳангсозиро тамоми умр меомӯзанд, зеро касе то имрӯз овозро пурра омӯхта натавонистааст».

Чанде аз намояндагони дурахшони ҳунар, ки аз Тоҷикистонанд, дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ба даст овардаанд. Ҷовид умед дорад, ки дар ояндаи наздик чун ситора дар самои мусиқии ҷаҳон медурахшад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ормон намехоҳад барои фаъолият ба дигар кишвар равад, зеро имрӯз фазои мусиқии кишвар ба мутахассисони огоҳ ниёз дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед