Рӯзноманигоре, ки ба 30 кишвари дунё сафар кард, кист?
Нашр шуд
Насрулло Тӯйчизода рӯзноманигори ҷавону соҳибтаҷриба ва гардишгар мебошад. Ӯ сарфи назар аз ҷавонии худ беш аз 30 кишвари гуногуни ҷаҳон – Норвеж, Суид (Шведсия), Финланд, Суис (Швейтсария), Фаронса, Итолиё, Олмон, Ҳолланд, Белжик (Белгия), Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва тамоми кишварҳои ИДМ-ро сайру саёҳат кардааст. Айни замон дар сеюмин ҷазираи бузурги Ҷопон – Кюшю қарор дорад, ки ҳамчун барандаи бурсия (стипендия)-и JDS барои таҳсил ба он ҷо сафар намудааст.
Ӯ аз ҷумлаи 15 тан корманди хуштолеъи давлати Тоҷикистон аст, ки аз миёни 70 нафар дар имтиҳонҳои дохилшавӣ пирӯз шуд. Ва имрӯз дар зинаи магистратураи илми Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан (Ritsumeikan Asia Pacific University) дар риштаи сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ (ихтисоси гардишгарӣ) таҳсил мекунад.