Рассом ва филмсоз. Филмҳои тасвирии телевизиони «Баҳористон»-ро кӣ месозад?
Нашр шуд
Ҳусейн Чиллаев тасвирсоз (аниматор)-и тоҷик аст. Вай то имрӯз беш аз 40 филми тасвирӣ сохтааст, ки баъзе аз онҳо дар шабакаи телевизионии «Баҳористон» намоиш дода мешавад. Ӯ аз камшумортарин тасвирсозони Тоҷикистон аст, ки ширкатҳои филмсозии ҷаҳон ба ҳунараш таваҷҷуҳ доранд.
Муаллифи Halva.tj бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, перомуни кору фаъолият, пайроҳаи муваффақият ва мушкилоти аниматсия дар Тоҷикистон нақл намуд.
РАНГ БА ҶОЙИ ЯХМОС
Ҳусейн Чиллаеви 36-сола аз хурдсолӣ шавқи расмкаширо дар дил мепарварид. Ҳангоми таътили тобистона аз волидонаш барои яхмос пул мегирифт, вале онро ба хариди коғазу ранг сарф мекард.
«Дар оилаи мо касе бо ҳунари тасвирӣ машғул нест. Бародаронам завқманди техникаву фанноварӣ (технология) ҳастанд. Вақте ки бо онҳо сари дастархон менишинам, чун ҳамешагӣ мавзӯи асосӣ мошин аст», - зикр намуд ӯ.
Ҳусейн пас аз хатми Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзода супорид. Аммо дар соли сеюми таҳсил тарки донишгоҳ карду ба зодгоҳаш баргашт ва бо заминдорӣ машғул гардид. Аммо муҳаббати ҳунари тасвирӣ варо аз худ фориғ нагузошт ва тасмим гирифт таҳсилашро дар донишгоҳ дубора барқарор намояд.
Ба гуфтаи Ҳусейн, барои аниматор донишҳои рассомӣ хеле муҳиманд. Танҳо ҳунар, ғоя ва кор карда тавонистан бо техникаи ҳушманд кифоят намекунад.
«Дар гурӯҳи кории мо аниматороне ҳастанд, ки дар соҳаи рассомӣ таҳсил нагирифтаанд ва бо формати 3D филмҳои тасвирӣ эҷод мекунанд. Аммо нафаре, ки аз рӯйи маъно чӣ гуна ба ҳам пайвастани ҳиссиёт ва воқеаҳои қаҳрамонҳоро балад нест, ҳангоми сохтани филмномаи мусаввар (раскадровка) мушкилӣ мекашад», - гуфт Ҳусейн.
Ӯ барои дарёфти услуби худ душвориро эҳсос накард. Зеро аз нахустин қадамҳои хеш дар ин ҷода ошкор буд, ки дар кадом соҳили ин баҳри бекарон шино мекунад. Тавре ки мегӯянд, «ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд...» Ҳусейн низ бо таълими устодонаш чун ниҳоли навбаҳор сабзид. Устодаш Амин Усмонов ба Ҳусейн пайваста таъкид мекард, ки ӯ тасвирҳои бачагонаро бо истеъдоди баланд мекашад ва расмҳои ӯ ҳар як кӯдакро ҷалб мекунад. Дар ин солу замоне, ки дар кишварамон рассомони бачагона ангуштшуморанд ва майдони рақобат ҳатто мавҷуд нест, хуб мешавад агар барои кӯдакон тасвир намояд, мегуфт омӯзгор Усмонов.
ҚАДАМ БА ҚАДАМ
Ҳамин тавр, Ҳусейн ба тасвири расмҳои кӯдакона ҷиддан оғоз кард. Ба оҳистагӣ ҳунари ӯ миёни ҷомеа маъруфият касб кард. Ӯ сараввал барои дарҷ намудани қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ дар деворҳои забонкадаҳо, қаҳвахонаҳо, кӯдакистонҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ фармоиш мегирифт.
Сипас ба ҳам пайвастани афсонаву қиссаҳои ҷолиб ва аз он сохтани китобчаҳои тасвирии бачагонаро худомӯзӣ кард. Бо пешниҳоди нашриёт ба тасвири расмҳои китобҳои кӯдакона пардохт. Ду китоби нахустине, ки тасвир намуд, бо фармоиши мағозаи «Дониш» сурат гирифт. Китобҳо «Аловуддин ва чароғи сехрнок» ва «Алибобо ва чиҳил роҳзан» унвон доштанд. Бо ҳамин зайл китобҳои кӯдаконаи «Хаёлпарвар», «Рӯбоҳи лоғар ва гурги шикамкалон», «Калоба», «Хонаи бобо», «Заргӯшаки чиркин» ва ғайраро эҷод кард. Ҳамин тариқ, ҳудуди 100 китоби бачагонаро бо қалами худ зинат бахшид. Бар замми ин китоби дуҷилдаи «Филчаи ҷасур»-ро таълиф намуд.
Вале худомӯзии ӯ сайқалро талаб мекард. Ба Ҳусейн давраи омӯзишии «Бо ҳам мехонем»-и Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе имкон дод, ки маҳораташро биафзояд. Ӯ дар қатори нависандагон ва тасвирсоз (иллюстратор)-он дар ин давраи омӯзишӣ ширкат варзида, навиштани афсона ва тавлид намудани ғояро омӯхт.
Ба Ҳусейн аз сӯйи якчанд гурӯҳи комикссоз пешниҳод шуд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намояд. Вале ӯ ин даъватро напазируфт, зеро нахост дар як зина дармонад. Бисёр мехост коре бикунад фавқулодаву ҷолиб бошад ва аз он завқ барад. Бо ҳамин васила тавассути барномаҳои интернетӣ пӯёнамоӣ (мултипликатсия)-ро омӯхт, то филмҳои тасвирӣ созад. Аввалин филми тасвирии ӯ ба суруди «Ало-ало», ки дар байни бинандагони шабакаи телевизионии «Баҳористон» маъруф аст, сохта шуд.
«Ҳамаи мо, тасвирсозон (аниматорон)-и киностудияи «Тоҷикфилм» сохтани филмҳои тасвириро тариқи шабакаи YouTube омӯхтаем. Дар кишвари мо муассисае мавҷуд нест, ки ин соҳаро омӯзонад. Агар ҳавасмандони соҳаи аниматсия зиёд шавад ва муассисаҳои таълимӣ бо аёниятҳои ҳушманд таъмин гардад, шояд ихтисоси марбут ба ин соҳа таъсис ёбад. Ҳамаи инро вақт нишон медиҳад», - андешамандона фикри худро баён кард ӯ.Филмҳои тасвирии Ҳусейн таваҷҷуҳи бештари дӯстдорони ин риштаи ҳунарро ҷалб намуд. Заҳмати шабонарӯзии ӯ натиҷа дод ва Ҳусейнро ҳамчун аниматор ба силсилафилми тасвирии «Выход Бородача», ки аз тарафи яке аз студияҳои аниматсионии шаҳри Маскави Русия таҳия гардид, даъват карданд ва ӯ низ ин пешниҳодро пазируфт.
МУШКИЛОТИ СОҲА
Ҳусейн шогирд надорад. Сабаби инро дар мушкил будани соҳа медонад ва мегӯяд кори пурзаҳмату камдаромадро на ҳар кас интихоб мекунад.
«Ҳар кас наметавонад ба машаққати ин соҳа тоб оварад. Зеро ин касб танҳо ба шахсоне мувофиқ аст, ки асабҳои оҳанин ва сабру таҳаммул доранд. Дар Донишгоҳи ҳунари тасвирӣ ва десиши Тоҷикистон се сол дарс гуфтам, аммо касе пайдо нашуд, ки ҳаваси омӯзиши ин самтро дошта бошад. Аз ин рӯ мумкин аст ҳеч гоҳ шогирд нагирам», - бо таассуф мегӯяд Ҳусейн.
Қаҳрамони мо ҳангоми гирифтани фармоиш аз мизоҷ пешниҳод мекунад, ки аз филмномаи муаллифияш истифода кунад ё худи фармоишгар ғоя дорад. Вале бештарин маврид ин зиммаро ба уҳдаи қаҳрамони мо мегузоранд.
«Бовар кунед, кӯдакони мо ташнаи филмҳои тасвирии тоҷикӣ ҳастанд. Агар ҳамаи шароитҳоро фароҳам оранд ва арзиши арзандаро таъйин кунанд, дар ин соҳа пешравиҳои зиёд кардан мумкин аст. Мутаассифона аниматсияи тоҷик харидори кам дорад. Ҳангоме ки як филми тасвириро на камтар аз се моҳ кор мекунам ва ба муассисаҳои дахлдор мебарам, ҳамагӣ 1500 сомонӣ арзиш мегузоранд».Ӯ дар ҳоли ҳозир дар филми тасвирии «Паланги барфӣ», ки коргардони он Фирдавс Насруллозода мебошад, ба ҳайси тасвирсоз кор карда истодааст. Ба ҷуз аз ин китоби бачагонаи «Лемур ва дӯстони ӯ» -ро, ки ба қалами Олег Судаков тааллуқ дорад, тасвирсозӣ (иллюстратсионӣ) менамояд.
Қаҳрамони мо ҳадаф дорад, ки дар шашмоҳаи охир бандубасти силсилафилми тасвирии «Кунг-фу Харгӯш» -ро ба анҷом расонида, пешниҳоди дӯстдорони аниматсия гардонад.
Ҳусейн Чиллаев аз ширкатҳои аниматсионии «Союзмултфилм», «Walt Disney Animation Studios» ва «DreamWorks Animation» илҳом мегирад. Орзу дорад, ки филмҳои тасвирии тоҷикӣ низ дар баробари онҳо пешрафт кунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед