Ru  | Tj
Таҳсилу кор дар Ҷумҳурии Корея. Аҳрор Боқиев чӣ гуна шаҳрванди фахрии Сеул шуд?
Таҳсилу кор дар Ҷумҳурии Корея. Аҳрор Боқиев чӣ гуна шаҳрванди фахрии Сеул шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Таҳсилу кор дар Ҷумҳурии Корея. Аҳрор Боқиев чӣ гуна шаҳрванди фахрии Сеул шуд?

Нашр шуд

Оғози моҳи октябри соли равон зодаи Тоҷикистони муқими Кореяи Ҷанубӣ Аҳрорҷон Боқиев дар миёни 2 миллион бошандагони шаҳри Сеул дар қатори ҳафт нафари дигар аз сокинони кишварҳои дигари олам Шаҳрванди фахрии ин шаҳрро соҳиб шуд.

Аҳрорҷон Боқиеви 29-сола зодаи шимоли Тоҷикистон, деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд буда, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Падараш Акбар Боқиев дар хадамоти барқи ноҳия ва модараш Муътабар Пӯлотова дар шифохонаи минтақавии деҳаи Ғулакандоз фаъолият мекарданд.


“Азбаски дар оилаи оддӣ таваллуд шуда будам, барои ҳар хостаҳоям маҳдудиятҳо вуҷуд дошт. Аз замони кӯдакӣ ба ҷои хондану таълим гирифтан, бисёртар ба нигоҳдории чорвои хонагӣ ва пахтачиниву корҳои даштӣ ҷалб мешудам, - кӯдакии худро ба хотир оварда”, мегӯяд Аҳрор.

Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби миёнаи №4 (ҳоло гимназияи №1-и ба номи Камоли Хуҷандӣ) гирифтааст. Нуқтаи аввалини дигаргунӣ дар ҳаёти ӯ аз синфи 8-умии ӯ оғоз мешавад.


- Мақсад доштам, ки тавассути барномаи мубодилаи америкоӣ (FLEX) ба он кишвар барои идомаи таҳсил равам. Муддати 3 сол ин забонро то сатҳи олӣ омӯхтам ва дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷоизаҳои намоёнро соҳиб мешудам. Ба ғайр аз ин, ба соҳаҳои кайҳон ва ҳавонавардӣ низ завқу ҳаваси зиёде доштам ва дар мактаби миёна бисёртар фанҳои табиӣ, аз қабили математика ва физикаро амиқтар меомӯхтам, - мегӯяд Аҳрор.

Аҳрор Боқиев соли 2010 баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда, онро соли 2014 бо дипломи аъло хатм намуд.

Омӯзиши забони кореягӣ

“Аз донишгоҳи номбурда бисёр хотирҳои нек дорам. Ба донишгоҳи мазкур дар асоси шартномавӣ дохил шуда будам, вале баъдан аз сабаби таҳсили хуб доштанам маро аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ гузарониданд. Ба ғайр аз ин, дар таҳсил бароям муяссар шуд, ки бо стипендияҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, стипендияи ба номи Муҳаммад Осимӣ ва стипендияи байналмилалии Д.И. Менделеев, ки аз ҷониби Донишкадаи тадқиқоти Авруосиёи Федератсияи Русия тақдим шуда буд, сазовор гардам”, мегӯяд Аҳрор.


Қаҳрамони мо ҳанӯз аз хурдӣ ба тайёраву ракетаҳо ҳаваси зиёд дошт. Ҳатто то дохил шудан ба донишгоҳи олӣ ҳама намуди тайёраҳои истеҳсоли Шӯравӣ ва байналмилалиро аз ёд медонист. Бояд гуфт, ҳавонавардӣ ин касби бисёр масъулиятнок аст, ки барои соҳибкасб шудан бояд дар донишгоҳҳои ҳавонавардии мамолики пешрафта хонд. Бинобар ин, Аҳрор бо сабаби вазъи молиявии ҳамонвақтааш натавонист ба яке аз донишгоҳҳои бузурги Олмон дар соҳаи авиатсия дохил гардад. 

“Ҳоли ҳозир ҳавонавард набошам ҳам, ба авиатсияи гражданӣ ҳаваси зиёд дорад ва аз рушду пешрафти ин соҳа низ хабардор мебошад”, мегӯяд ӯ.


Аҳрор баъди хатми донишгоҳ мақсад дошт, ки фаъолияти аввалини кориашро дар ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” оғоз кунад, вале бо сабаби пайдо нагардидани ҷойи кори холӣ фаъолияташро муваққатан дар Маркази забономӯзии кореягии Шоҳ Сеҷон шурӯъ кард. Фаъолияти асосии ӯ дар ин марказ ин пешбурди корҳои маъмурӣ ва тарҷумонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин марказ бо дастгирии муаллимаи кореягӣ - Чве Ми-Ҳи, ки Директори маркази мазкур буд, забони кореягиро хуб омӯхт.

Таҳсил дар Корея

“Директори марказ бароям дар бораи идомаи таҳсил дар риштаи магистратура ба яке аз донишгоҳҳои олии Корея маълумот пешниҳод намуд. Баъди ҳамоҳангӣ бо волидайн розӣ шудам, ки маро ба ин барнома омода намоянд. Ҳамин тавр, баъди гузаштан аз 3 зинаи интихоб, маро ҳамчун гирандаи стипендияи Ҳукумати Ҷумҳурии Корея пазируфтанд” - мегӯяд Аҳрор Боқиев.

Ӯ мушкилоти нахустинашро, ки баъди сафар ба Корея ба он рӯ ба рӯ гашт чунин ба ёд меоварад: 

“Чун тавассути барномаи давлатӣ ба ин кишвар ворид гардида будам, маро ба як донишгоҳе, ки дар шаҳри Пусан воқеъ буд, сафарбар карданд. Бароям лозим буд, ки аз майдони ҳавоии Инчхон ба шаҳри Пусан тавассути ҳавопаймо раҳсипор шавам. Аввал бояд аз майдони ҳавоии Инчхон то майдони ҳавоии Кимпхо, ки дар шаҳри Сеул воқеъ аст рафта, баъд аз он ба шаҳри Пусан мерафтам, вале раҳгум задам. Дар даст телефони оддӣ доштам ва аз ин рӯ, пайвастан ба интернет ва координатори барнома имконнопазир гардид. Дар охир бо ёрии чанд хориҷӣ тавонистам роҳамро идома диҳам.

Аз рӯзи аввал то кунун бароям як мушкиле то ҳанӯз вуҷуд дорад. Ин маъалаи хӯрок аст. Чун дар ин кишвар аз ҳад зиёд гӯшти хукро истеъмол мекунанд, эҳтимолияти нохоста хӯрдани он вуҷуд дорад”, мегӯяд Аҳрор.


Дар ибтидо Аҳрор муддати 6 моҳ курси интенсивии кореягӣ ва фарҳанги ин кишварро дар донишгоҳи Донгсои шаҳри Пусан омӯхта, баъд аз он ба шаҳри Сеул ба ихтисоси муҳандиси иттилооти кайҳонии (Aerospace Information Engineering) Донишгоҳи Конкук дохил гашт.

Ӯ баъди хатми донишгоҳ муддате, ҳамчун муаллими соҳаи бисёрфарҳангӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳри Сеул дар бораи фарҳанг ва анъаноти Тоҷикистон дарс дод. Соли 2018 баъди ширкат дар озмунҳо ба ширкати бузурги “LG Chem”-и Ҷумҳурии Корея ба кор даъват шуд.

Охирҳои соли 2018 ба Аҳрор аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея пешниҳоди корӣ намуданд. Аҳрор муддати 2 сол дар ин ҷо дар вазифаи корманди маъмурии техникӣ – тарҷумон фаъолият кард. Ҳоло дар шаҳри Сеул ҳамчун менеҷери департаменти идоракунии филиалҳои хориҷии ширкати “SJ Logistics Group” фаъолият дорад.


Аҳрор моҳи октябри соли 2019 дар зодгоҳаш оила барпо карда, ҳоло соҳиби як фарзанд мебошад ва бо аҳли оила дар кишвари Кореяи Ҷанубӣ умр ба сар мебарад

“Ҷомасафедон” (백인민족) умумиятҳои фарҳангии тоқикону кореягиҳо

Аҳрор дар мавриди фарҳанги кореягиҳо таъкид кард, ки сокинони ин кишвар худро аз аҳли Ҷомасафедон (백인민족) ) меноманд.

- “Ҷомасафедон” бо мардуми тоҷик умумияти бисёр аҷиб доранд. Аз дарсҳои таърихи халқи тоҷик дар ёд дорам, ки мо низ мардуми ҷомасафедонем. Часпишҳои фарҳангӣ дар тамоми тарзу зиндагии мардумамон вуҷуд дорад. Эҳтироми падару модар ва калонсолон ва меҳмондориву меҳмоннавозӣ дар ҳар ду миллат як аст.

Ба ғайр аз ин, дар ин кишвар ҷашни Чусок, ки ба Меҳргони мо монандӣ дорад, бо як хел унсуру одат ҷашн гирифта мешавад, - таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.


Ҷумҳурии Корея кишварест, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар байни кишварҳои абарқудрати Қораи Осиё - Чин ва Ҷопон ҷойгир аст ва аз се ҷониб бо баҳрҳо иҳота шуда, аз қисми шимол бо Ҷумҳурии халқии демократии Корея ҳамсарҳад мебошад. Ҳоло тибқи омори расмӣ дар Ҷумҳурии Корея қариб 5 ҳазор тоҷик зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд.

Ширкате, ки Аҳрор Боқиев қариб як сол мешавад, дар он кору фаъолият дорад, дар тиҷорат ширкати калидӣ ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур дар зиёда аз 16 кишвари олам филиалҳои доимоамалкунанда дорад.

Аҳрор дар ин маврид ва нақшаҳояш чунин мегӯяд: “Хизматрасонии логистикиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод карда истодаем ва ба ҳисоби миёна дар як моҳ ҳудуди аз 50 то 80 контейнерҳоро то истгоҳи роҳи оҳани “Хуҷанд” интиқол медиҳем”.


Шаҳрванди ифтихории Сеул - тоҷик аз миёни 2 миллион хориҷии кишвари Корея

Оғози моҳи октябри соли 2021 дар ҳаёти ҳамсуҳбати мо рӯйдоди фараҳбахше ба вуқӯъ пайваст.

“Ба ростӣ, ҳатто фикри гирифтани ин ҷоизаро надоштам. Охирҳои моҳи октябри соли сипаришуда вақте ки аз шаҳрдорӣ ба ман занг заданду оиди интихоб шуданам гап заданд, бовар накардам. Аз корманди шаҳрдорӣ дархост кардам, ки амиқтар фаҳмонда гузарад. Фикр кардам, ки шояд ба иштибоҳ роҳ дода бошанд. Вале, на! Баъди гирифтани маълумоти муфассал, бароям сабаби ноил шудан ба ин унвони олӣ дар байни хориҷиёни муқими Корея аён гардид. Номзадии маро роҳбари як созмони ҷамъиятӣ пешбарӣ намудааст ва аз ҷониби раёсати робитаҳои байналмилалии шаҳрдорӣ тасдиқи худро ёфта, баъдан аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сеул пуштибонӣ шудааст”, - гуфт Аҳрор.


“Аз давраи донишҷӯӣ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор карда мешуд, фаъолона иштирок мекардам ва шурӯъ аз моҳи декабри соли 2020 ҳамчун Раиси Шӯрои хориҷиёни муқими Сеул даъвати 3-юм дар пешбурди сиёсати бисёрфарҳангӣ ва инклюзивии ҷамъият саъю кӯшиш карда истодаам. Кори асосии шӯро ин дарёфт, интихоб ва коркарди лоиҳаҳои қонун дар самтҳои таҳкими иқтидори сокинони хориҷӣ, беҳдошти шароити муносиби зиндагӣ ва ҳуқуқи инсону бисёрфарҳангӣ маҷлисҳои мунтазам доир намуда, дар чаҳорчуби салоҳияти худ инъикоси он лоиҳаҳои қонунро аз шаҳрдорӣ ва дигар вазорату идораҳои кишвари иқомат талаб менамояд. Раисӣ намудан дар чунин Шӯро, кори ифтихорӣ аст ва ҳамчунин масъулияти бузургро талаб менамояд. Он хизматҳое, ки тӯли ин солҳо барои рушди ҷамъияти инклюзивӣ дар ин кишвар кардам, ба ин ҷоиза сазовор донистанд, ки боиси ифтихори миллӣ аст”.

Аҳрор Боқиев дар оянда ҳадафҳои зиёд дорад, ки яке аз инҳо ин таъсиси гӯшаи фарҳанги кишвари азизамон дар Сеул мебошад. Чун ӯ мегӯяд аксарияти мардуми ин кишвар дар бораи фарҳанг ва замини зебову биҳиштосори Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд. Мақсади дигараи ӯ ин таъсиси маркази забономӯзии кореягӣ дар минтақаҳои кишвараш аст.


Аҳрор Боқиев мегӯяд, дар Корея, дар дур аз Ватан ва дур аз падару модар зиндагӣ кунад ҳам, ҳамеша дар фикри ободиву рушду нумӯи кишвари азизаш – Тоҷикистон аст. Ӯ ин Ватанро дӯст медорад ва ба мардумонаш муҳаббат дорад.


Ҳусния Хуҷамёрова. Тоҷикдухтаре дар талоши бақои забонҳои бадахшонӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед