Ru  | Tj
Ҳусния Хуҷамёрова. Тоҷикдухтаре дар талоши бақои забонҳои бадахшонӣ
Ҳусния Хуҷамёрова. Тоҷикдухтаре дар талоши бақои забонҳои бадахшонӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ҳусния Хуҷамёрова. Тоҷикдухтаре дар талоши бақои забонҳои бадахшонӣ

Нашр шуд

Ҳусния Хуҷамёрова муҳаққиқи ҷавони забонҳои помирӣ, муаллифи китобҳои кӯдаконаи "Pomeri Sugen" ва "Pomir Zindaist", зодаи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, айни ҳол дар Амрико кору фаъолият дорад. Таҳсили ибтидоиро дар ҳамин ноҳияи дурдаст гирифта, барои касби илм ва амалишавии орзуҳои бузург соли 2006 ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе меояд. Бонуи меҳнатдӯст ба факултети забонҳои хориҷии (ихтисоси русӣ, англисӣ) - и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, онро бо сари баланд хатм менамояд. Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ буда, барои аз нобудшавӣ раҳондани забонҳои помирӣ (вахонӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ ва ишкошимӣ (ринӣ) саъйу талош дорад. Баъди хатми донишкада масири наверо сарнавишт дар рӯ ба рӯяш боз намуд ва имрӯз ӯ ба самти қуллаҳои умед аллакай роҳ сохта, гоми нахустинро бо боварӣ гузоштааст.

Тақдир гоҳе масирҳоро бо хости худ суфта месозад. Баъд аз хатми донишкада соли 2010 ба Ҳусния имкон даст дод, ки магистри Коллеҷи Бруклин (CUNY - Brooklyn College)-и шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шавад. Ва пас аз хатми ин зина таҳсилро дар шӯъбаи аспирантура идома медиҳад.


- Табиист, ки вақте ба кишвари бегона меравӣ, ҳарчанд забонро ҳам донӣ зиндагӣ бароят мушкил меафтад. Бар замми ин, соле, ки ман ба Амрико рафтам, шумораи ҳамватанонам онҷо хеле кам буданд. Бо муҳит, одамон, шаҳр, нигоҳ ва зиндагии нав одат кардан бароям гаронӣ мекард. Бурди ман ҳамин буд, ки забони англисиро хуб медонистам, - мегӯяд ӯ.

Ҳусния дар баробари таҳсил, кор мекард, зеро бе ин намешуд. Яъне, агар кор накунӣ, имкони зистан ва ҳам таҳсил кардан онҷо камтар аст. Агар ёрие ҳам аз ҷонибе дошта бошӣ барои Амрико он кофӣ нест, чун худ бояд меҳнат кард.


Илмат ба амал чу ёр гардад...

Айни ҳол Ҳусния Хуҷамёрова дар Эътилофи забонҳои таҳти хатар (Endanjered Languages Alliance), ҳамчун муҳаққиқи забонҳои помирӣ фаъолият мекунад, ки муваффақияти ӯ дар зиндагист. Кори манфиатоваре, ки Ҳусния ба ҳамдиёрону ҳамватанони худ анҷом додаву медиҳад, ин ҳифзи забонҳои гуфтугӯии мардуми Бадахшон аз нобудшавист, зеро хавфи азбайнравии бештари забонҳо баръало ба чашм марасад. Ба қавли қаҳрамони қиссаи мо ӯ аввалин муҳаққиқи забонҳои помирӣ дар Амрикост ва дастоварди аввалини ӯ ин нашри ду китоби ҳикояву афсонаҳо бо ин забонҳост.


Соли 2010 ба таҳқиқи забонҳои помирӣ: рӯшонӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, бартангӣ, ишкошимӣ ва ринӣ машғул шуд, ки то ҳол фаъолияташ идома дорад.

- Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки рӯзе дар Амрико кору фаъолият мекунам ва ҳоло ёздаҳ сол мешавад, ки инҷо зиндагӣ мекунам ва ба таҳқиқу омӯзиши забонҳои помирӣ машғулам. Барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани онҳо ду китоби афсона барои кӯдакон бо забонҳои помирӣ бо тарҷумаи англисиашон рӯйи чоп овардам, - мегӯяд Ҳусния. 


Қаҳрамони мо ҳамасола барои ҷамъоварии маводҳо ва гуфтугӯ бо моликони ин забонҳо ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Соли 2018 барои ҷамъоварии мавод ва бештар аз худ кардани паҳлӯҳои номаълуми забонҳои помирӣ (аз ҷумла вахониву сариқолӣ) Ҳусния бо гурӯҳе аз ҳамкоронаш ба Хитой рафта, бо гӯяндагони ин забонҳо суҳбату мусоҳибаҳо меорояд. Ин ҳама сафарҳову талошҳо роҳи муҳаққиқи ҷавонро дар таҳқиқу омӯзиши забонҳои дар ҳоли рукуд кушоданд.

-Таҳсил дар ихтисоси рушди барвақтии кӯдакони шуъбаи аспирантура ва фаъолият дар Эътилофи забонҳои таҳти хатар (ElA) ба ман идеяи навиштани кори илмӣ дар мавзӯи «Кӯдак ва чӣ гуна аз худ намудани забон дар кӯдакӣ» - ро дод ва ин сабаб шуд, ки ман махсусан ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ равона намоям. Ин буд, ки китобҳоямро бо забони вахонӣ ва шуғнонӣ нашр намудам, - зикр кард ҳамсуҳбати мо.


Ба андешаи Ҳусния барои зинда нигоҳ доштани забонҳои дар ҳоли нобудӣ аввалин коре, ки бояд анҷом дода шавад, ин аз ҷониби волидон омӯзонидани забон ба кӯдакони худ аст. Махсусан, онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Китобҳои ӯ ба кӯдаконе, ки дар хориҷ аз кишваранд нигаронда шудаанд, вақте кӯдакон аз тифлӣ ба хондани китобҳо ба забони модариашон оғоз намоянд, хавфи нобудшавии забон камтар мегардад. Ин аст, ки Ҳусния сари се забони дигари помирӣ (рӯшонӣ, бартангӣ ва ринӣ) кор карда, қарор аст ба ин забонҳо низ дар давоми соли ҷорӣ китобҳояш ба нашр расанд.


Муҳаққиқи ҷавон гуфт, ки дар навиштани китобҳои мазкур муҳаққиқону олимон чун Шералӣ Ғуломалиев, Саодатшо Матробов, Ҷумъагул Хуҷамёрова, Шервоншо Аламшоев ва боз чанд тан аз донандагони худи забонҳо барояш дар ҷамъоварии мавод ва интихоби алифбои умумиву дизайни он кӯмак намуданд.


- Аввали кор воқеан душвор буд, чун вақте солҳои аввал барои ҷамъоварии мавод ба Тоҷикистон рафта будам, ба душвориҳои зиёд бо асбобҳои техникӣ чун сабти овозу бардоштани навор дучор мешудам, вале сол ба сол роҳи осони ҷамъоварии маводро барои худ пайдо намудам. Бештар дар тарҷумаи ҳикояҳо аз забони помирӣ ба забони англисӣ душворӣ мекашидам, чунки бархе калимаҳои забони помирӣ дар забони англисӣ ҳатто тарҷума надоранд. Инчунин, дар интихоби ҳуруфҳои фаҳмову универсалӣ барои кӯдакон ва интихоби ҳикояву афсонаҳои кӯдакона, ки тавонад ба олами маънавии онҳо таъсире гузорад, кӯшиши зиёд намудем ва каме душворӣ ҳам кашидем ва то андозае муваффақ шудем.

Ҳусния барои китобҳое, ки қарор аст, ба наздикӣ рӯйи чоп оянд, ҳикояҳо ва афсонаҳо ҷамъоварӣ намудааст. «Мо махсусан кӯшиш кардем, ки афсонаву ривоятҳои қадимии ҳар як забоне, ки омӯхта истодаем, ҷамъоварӣ намуда, пешкаши хонандагон гардонем, то ки таъсирнокии онҳо бештар гардад. Дар охири ин китобҳо иттилооти умумӣ дар бораи забонҳои помирӣ бо се забон овардем, то хонандаи синну соли бузургтар ҳам аз он истифода бурда тавонад"-, мегӯяд ӯ.


Нақшаҳои ояндаи қаҳрамони асари мо зиёданд ва ӯ дар паи амалӣ намудани онҳост. Аввалан се китоби афсонаву ҳикояҳояшро бояд ба нашр расонад, баъдан ният дорад онҳоро ба боғчаҳои кӯдакона дар Тоҷикистон ва ҳам дар дигар кишварҳо, ки гӯяндагони забони помирӣ зиндагӣ доранд, дастрас намояд. Сониян, маводҳои марбут ба ин забонҳоро мехоҳад тариқи интернет ба истифодабарандагону ҷӯяндагони ин маълумотҳо дастрас созад.

Ба андешаи Ҳусния якеро бар дигаре дар муқоиса гузоштан ва авлавият додан аз рӯи мантиқ нест, зеро ҳар макон вижагии хоси худро дорад.


"Дунё дар ҳоли рушд аст, Амрикову Тоҷикистон ҳам аз он қафо намондаанд. Дар ҳар ду давлат одамон барои беҳбудии рӯзгор меҳнат мекунанду заҳмат мекашанд. Амрико танҳо имконияти бештар ва роҳҳои беҳтари ба ҳадаф расиданро барои одамон муҳайё намудааст, ки мутаассифона ингуна имкониятҳо дар Тоҷикистон камтар аст. Фарқияти дигар ин, ки дар Амрико чунин андеша дар байни халқ аст, ки барои таҳсил намудан ягон вақт дер нашудааст. Мо дар гурӯҳе, ки таҳсил мекардем, донишҷӯёни аз 20 то 60 сола доштем, ин гуна ҳолатҳо, яъне донишҷӯёни дар ин синну сол таҳсилмекарда хеле зиёданд. Вале, мутаассифона, дар Тоҷикистон таҳсил дар ин синну сол камтар дида мешавад. Бояд донист, ки барои касби дониш намудан асло дер нашудааст ва намешавад. Вале дар умум ҳамаҷо як аст, муҳим худи шахс нигоҳи созанда дошта бошад ва талош намояд".


Ҳадаф, омӯзиш, талош, боварӣ ва заҳмат калиди муваффақият

Ҳусния ба ҷавонони Тоҷикистон сараввал сиҳатӣ орзу дорад, зеро муҳимтарин ганҷ тани сиҳат аст. Ӯ ҷавононро талқин менамоянд, ки илм омӯзанд, зеро дониши воқеӣ калиди кулли мушкилиҳост. 


“Баъдан ба худ боварӣ дошта бошанд, илм андӯхта бо боварӣ ба самти пеш ҳаракат кунанду заҳмат кашанд. Дониши мустаҳкам калиди кулли қулфҳост. Муҳим нест, ки онҷо Амрикост, Аврупо ва ё Тоҷикистон, муҳим саводи хуб дошта бошӣ, роҳи муваффақиятро пайдо мекунӣ. Соҳибилм кулли душвориро ба осонӣ пушти сар мекунад. Баъдан, азизону наздикон махсусан, волидони худро дӯст доранду қадр кунанд. Меҳрубонӣ кунанд, зеро онҳо ҳастанд, ки мо касе шудаем ва онҳоанд, ки мо зиндаем ва моем, ки онҳо зиндаанд”, мегӯяд ӯ.

Насли ҷавон бояд хуб омӯзанд, ба донишу тавони худ бовар дошта бошанд, дар назди хеш мақсад гузошта, заҳмат кашанд ва фақат ба пеш ҳаракат кунанд. Ҳусния барои ҷавонон намунаи ибрат аст.


Родмеҳр Сулаймонӣ: “То замоне, ки ҷоизаи Нобелро нагирам, ниме аз муваффақиятҳоямро ҷашн нахоҳам гирифт”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед