Ru  | Tj
Адабиёт, мотиватсия ва фалсафа. "Хирад" барои тоҷикистониён чӣ кор карданист?
Адабиёт, мотиватсия ва фалсафа. "Хирад" барои тоҷикистониён чӣ кор карданист?
Аксҳо: Аз каҳрамони мақола дастрас шудааст

Адабиёт, мотиватсия ва фалсафа. "Хирад" барои тоҷикистониён чӣ кор карданист?

Нашр шуд

Як соли охир дар саҳифаҳои Instagram, Facebook, YouTube ва Telegram ба наворҳои тарғиботии китобҳои серхонандатарини дунё дучор меоем. Дар баробари ин, аз ҷониби нафарони масъули ин саҳифаҳо талқини китобхониву китобдӯстиро мешунавем, ки барои ҷомеаи кунунии мо аз манфиат холӣ нест. Чун мо дидем, ки ин ҳамаро "Хирад" мекунад, бо Абдуҷалил Амон, мудири ин ниҳод бобати таъсис, ҳадафҳо, аҳамият, корҳои анҷомдодаи "Хирад" ва китобхониву китобдӯстии аҳли башар сӯҳбат намудем.


- "Хирад" ин чист: сомона, омӯзишгоҳ, марказ ё ташкилот?

Пеш аз ҳама сипос барои даъвататон ва саломҳо нисори хонандагони сомонаи Halva.tj.

Дар қадами аввал "Хирад" марказ аст, маркази тафреҳӣ, илмӣ ва фалсафӣ. Марказе, ки ба воситааш мехоҳем аз паҳлӯҳои гуногун мафҳуми инсоният ва кӣ будани инсонро аз рӯи пажӯҳишҳои нави мактабҳои инсоншиносӣ, ки то ба имрӯз китобҳои зиёди хонданиро пешниҳод намудаанд, ба забони тоҷикӣ ба хонандагон фаҳмонем.


- "Хирад" чӣ мақсад дорад ва чӣ тағйирот ворид карданист?

- Ҳадафи асосии маркази “Хирад” пеш аз ҳама ба мардум дониш додан аст. Мо аз нашри китоб на сарвате ба даст меорему не ягон чизи дигар. Ҳадафи мо танҳо босавод кардани насли имрӯз. Мақсади асосии “Хирад” ҳамин аст, ки мо ҳарчӣ зудтар мардумро аз илми муосир огоҳ кунем. Мо мехоҳем, хонандаи тоҷик дар бораи илмҳои имрӯзи ҷаҳонӣ, аз қабили футурология (ояндашиносӣ) ва дигар мактабҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ маълумот дошта бошанд. Имрӯз собит шудааст, ҳар кишваре, ки насли соҳибандеш надорад, ояндаи рӯшан надорад. Бинобар ин, мехоҳем истиқлоли фикрии ҷавонони мо таъмин шавад ва тавонанд бо фикрҳои созанда ин кишвари маҳбубро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам хубтару беҳтар муаррифӣ кунанд.

Аз ҷониби дигар, ҳадафи "Хирад" пеш аз ҳама ин тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон, осори мативатсионӣ ё ангезишӣ ва осори фалсафӣ мебошад. Фаъолияти имрӯзаи "Хирад" аз се бахш иборат аст. Дар ҳамин се самт мо мехоҳем ба забони тоҷикӣ китобҳоро нашр кунем. Мо китобҳоро аз забони русиву форсӣ ва бархеро аз забони асл тарҷума мекунем.


- Идеяи таъсиси "Хирад" аз ҷониби кӣ, кай ва чӣ тавр пайдо шуд?

Идеяи маркази "Хирад"-ро мо бо роҳбариятамон маслиҳат кардем, чун пештар танҳо китобҳои бадеии осори ҷаҳониро аз қабили Ошо, Содиқ Ҳидоят, Ориано Фаллачи, Толстой ва Нитшеро нашр карда будем, хостем осори мативатсионӣ ва фалсафиро низ ворид кунем, чунки талаботи имрӯзи ҷаҳонӣ ҳамин аст.

- Маркази Шумо аз кай фаъол аст ва чанд номгӯи китобҳоро ба дасти хонандагон расонид?

- Сар аз январи соли 2021 то имрӯз марказ 10 номгӯйи китобро чоп кард ва 6 китоби дигар барои чоп дар нашриёт аст. То охири сол ният дорем 20 номгӯй китобро пешорӯи хонанда қарор диҳем.


- Ҳоло "Хирад" ба чӣ корҳо машғул аст?

- Дар ҳоли ҳозир мо ба тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон, барандагони ҷоизаи Нобели адабиёт ва адибҳое, ки китобҳояшон то ҳол ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, машғулем.

- Аз рӯи кадом таҷриба шумо китобҳоро таҳия ва тарҷума мекунед?

- Мо дастабандӣ кардаем, ки дар адабиёти ҷаҳон бояд аввал кадом китобҳоро интихоб ва тарҷума кунем. Албатта, мо рӯихатро бо истифода аз дастабандии “New York times” ва маҷаллаҳое, ки раддабандии китобҳоро мекунанд, гирифтаем, зеро он китобҳо китобҳои серхонандатарини дунё мебошанд. Ва як вижагии кори “Хирад” ҳамин аст, ки мо мехоҳем, китобҳои ақалан 10 сол пеш нашршударо ба забони тоҷикӣ гардонем, чунки имрӯз ҷаҳон ба суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Яъне имрӯз хонандаи тоҷик бояд дарёбад, ки дар ҷаҳон чӣ "тенденсия" рафта истодааст.


- "Хирад" китобҳои гӯё аудиоӣ низ дорад, мақсад аз ин кор танҳо шумораи обуначиҳояшро зиёд кардан аст ё чизи дигар?

- Албатта, мо мехоҳем сафи обуначиҳоямон зиёд шавад ва ба доираи зиёди одамон кӯмак кунем, вале таҳияву пешниҳоди китобҳои гӯё хонандаи тоҷикро бо бархе аз муаллифони китобҳои серхонандаи имрӯзи ҷаҳонӣ шинос кардан аст.

- Будани ташкилоте ба монанди “Хирад” дар ҷомеаи кунунии мо чӣ аҳамият дорад?

- Муболиға намешавад, агар бигӯем, ки мо дар тӯли як сол кори як донишкадаро кардем. Мо намегӯем, ки кори мо бе камбудист, таҷрибаи авваламон буд ва мо камбудӣ доштем, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз тарҷумаву таҳияи як китоб то китоби дигар сифати кор беҳтар шуда истодааст ва умед аст, дар оянда боз хубтар хоҳад шуд.

- Ҳоло агар "Хирад" намебуд, кадом корҳо анҷом наёфта мемонданд?

- Набудани маркази “Хирад”-ро неву будани ин марказро барои ҷавонон судманд арзёбӣ карда метавонам.

- Ҳоло шумо кадом китобро хонда истодаед?

- Китоби “Инсони хирадманд”-и Ювал Ной Ҳарариро.

- 3 китоберо ном баред, ки аз миёни китобҳои тарҷумаву таҳия кардаи "Хирад" беҳтарин бошанд?

- Китобҳое, ки мо чоп кардаем, занҷири мантиқӣ доранд. Масалан, барои пӯшидани як хона фақат хишту лой камӣ мекунад, зеро ба ғайр аз ин болопӯшу таҳпӯш, панҷараю ранг даркор аст. Дар ин баробар, барои сохтани як инсон ҳам бисёр чизҳо даркор аст.

Мо китобҳои “Падари сарватманд, падари фақир”-и Роберт Кийосаки, “7 одати мардони муассир”-и Кови Стивен, “Биандешед ва сарватманд шавед”-и Наполеон Ҳилл, “Аз хуб ба олӣ”-и Ҷеймс Коллинз, “Ойини дӯстёбӣ (ва рамзи нуфуз дар мардум)”-и Дейл Карнеги, “Сарватмандтарин марди Бобил”-и Ҷорҷ Клейсон, “Роз”-и Ронда Берн, “Қурбоқаро қурт бидеҳ”-и Брайан Трейси, “Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем то ҳаётамон орому шод гузарад”-и Дейл Карнеги ва “Девори Хуросон”-и Муҳаммадзамони Солеҳро тарҷумаву таҳия кардем. .

Масалан, бубинед, вақте хонанда китоби "Роз”-ро хонад, ба қудрати ботинии худаш бовар мекунад. “Роз” мегӯяд, ки ту хез аз ҷоят, ҳар касе, ки мехоҳӣ мешавӣ. Вақте ки ту ба қудрати худат бовар кардӣ ва аз ҷо хестӣ ту бояд ба мардум дӯстиву ҳамкорӣ кунӣ. Асри XXI асри иттилоот аст ва бинобар ин, китоби “Оини дустёбӣ”- ро чоп кардем. Яъне бо дӯсту бо ҳамсафарҳоят чӣ хел бояд муошират кунӣ. Вақте ки бо дӯстон ва рафиқонат муошират кардӣ, ҳатман аз миёни онҳо нафаре пайдо мешавад, ки бо ягон сухан ё амалаш метавонад туро ранҷонад. Ба хотири он ки бояд наранҷӣ китоби “Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем, то ҳаётамон орому шод гузарад?”-ро бояд бихонӣ. Вақте ки қудрати худатро донистӣ, соҳиби дӯстони зиёд шудӣ ва ташвишу ҳасратро дур кардӣ, як чизи дигар мемонад, ки ту бояд муваффақ шавӣ барои ин бояд “Сарватмандтарин марди Бобул”-

ро хонӣ. Баъдан китоби “Биандешеду сарватманд шавед”-ро хондан даркор. Пасон, “Падари сарватманд, падари фақир”-ро бояд мутолиа кард. Вақте ки ин се китобро хондӣ, агар каме истеъдоди фикрӣ дошта бошӣ, ҳатман дар ин ё он соҳа муваффақ мешавӣ. Зимнан дар корат бояд аз хуб ба олӣ гузарӣ, ки барои ҳар нафар китоби “Аз хуб ба олӣ”-ро таҳия кардем. Ҳамчунин, китоби “7 одати мардони муассир” ва “Девори Хуросон”-ро хондан аз манфиат холӣ нест. Дар охири ин бахш барои одамони танбалу мақсади муайян надошта, китоби “Қурбоқаро қурт бидеҳ”-ро нашр кардем.

- Агар гӯем, ки аз кӯдакӣ дар назди мо китоб намехонанд ва ба китобхонӣ талқин намекунанд, хато мекунем?

- Ба ин саволи Шумо Дейл Карнегӣ чунин посух гуфтааст: “Агар мо хоҳем хушбахт бошем, биёед дар бораи сипосу носипосӣ фикр накунем, балки барои хурсандии ботинии худ, ки дар ин ҳангом ҳис мекунем нек бошему накӯкорӣ кунем. Даҳҳо ҳазор сол боз волидон рӯву мӯ меканданд, ки фарзандони онҳо носипос баромадаанд. Вале барои чӣ фарзандон носипос набароянд, вақте мо дар онҳо ин ҳиссиётро тарбия намекунем!”. Ба ростӣ саволи шумо ҷон дорад ва дар шароити кунунӣ бамаврид ҳам аст. Лекин омил дорад. Ягона омил ин вазъи иқтисодӣ ва муҳоҷират аст. Як қисми афрод мехонанд, аз ин рӯ, наметавонем гӯем, ки тамоман намехонанд. Яъне қисмашон мехонанд ва агар пасманзари саволи шумо ҳамин бошад, ин чиз фоида дорад, Эйнштейн мегӯяд: “Агар хоҳед, ки фарзандони шумо доно бошанд, бо онҳо афсона бихонед. Агар хоҳед, ки фарзандони шумо бисёр доно бошанд, бо онҳо бештар афсона бихонед".


- Агар гӯем, ки ба мо касе намефаҳмонад, ки китобхонӣ чӣ гуна фоидаҳо дорад ва умуман барои чӣ бояд китоб хонд, хато мекунем?

- Шахсан худи ман вақте ки хонданро ёд гирифтам дар дастам то ҳол китоб аст, ман дар чунин муҳит калон шудаам. Лекин агар ҷомеаро дар назар гирем, ба фикрам ҳама медонад, ки манфиати китоб чӣ аст, вале намехонанд.

- Агар гӯем, фикр дорем, ки бояд дар вақти холигӣ китоб хонем, на ин ки барои китобхонӣ вақт ҷудо кунем, хато мекунем?

- Мо ҳарду тоифаро дорем.

- Агар гӯем, фикр дорем, ки китоберо хондан баробари ба кӯҳе баромадан аст, хато мекунем?

- Нодуруст. Осон аст. Барои ҳама осон аст, ягон мушкилӣ надорад. Ҳамин танбалиро дур кунанд, ҳамааш мешавад.


- Агар гӯем, ки мо аксар вақт китобро барои вазифаеро супоридан мехонем, на ин ки барои чизеро гирифтан, хато мекунем?

- Дуруст аст. Рости гап ба чунин савол “ҳа” ё “не” гуфтан мушкил. Акнун нигоҳ кунед, ки устод Ӯрун Кӯҳзод ҳамин китоби “Ҳайҷо”-ро барои як нафар навиштанд, лекин ҳамаамон хондем.

- Агар гӯем, ки рӯз то рӯз хоҳиши китобхонӣ дар мардуми мо зиёд шудааст, дуруст мегӯем?

- Дуруст аст. Насли мо, ки муҳоҷиратро дид ва азобу машақатро кашид аз ин рӯ, дигар намехоҳад фарзандаш ҳамтақдираш гардад. Кӯшиш мекунад, қарз мегирад, зорӣ мекунад ва коре мекунад, ки насли ояндааш хонад ва дар Ватан кор кунад. Аз ҷониби дигар, мо дар асре зиндагӣ, мекунем, ки сарватмандии ҳар нафар аз дараҷаи саводнокии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Пас, ин омилҳо барои зиёдтар мутолиа доштани насли нав сабаб шуда метавонад.

Ҳунаре, ки маъно ва зебоии хос дорад: Рафоат Шоазимова – ситораи синамо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед