Ru  | Tj
Умре, ки сарфи ҳунар шуд. Қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори Хайринисо Қодироваи 109-сола
Умре, ки сарфи ҳунар шуд. Қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори Хайринисо Қодироваи 109-сола
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Умре, ки сарфи ҳунар шуд. Қиссаҳои ҷолиб аз рӯзгори Хайринисо Қодироваи 109-сола

Нашр шуд

Хайринисо Қодироваи 109-сола куҳансолтарин сокини шаҳри Истаравшан аст. Ин пиразани хуштолеъ соҳиби 8 фарзанд, 37 набера, 80 абера ва 20 чабера мебошад. Ҳамарӯза хонаи ин модар пур аз меҳмон аст, зеро хешу табор ва ҳамсоя пайваста ба аёдаташ меоянду аз панду насиҳат ва нақлҳои ҷолиби ӯ баҳраманд мешаванд. Бино ба гуфтаи пайвандонаш, бибӣ Хайринисо хотираи қавӣ дошта, рӯзгори гузаштаашро хеле хуб дар ёд дорад.

Муаллифи Halva.tj бо ин пиразан ҳамсуҳбат шуда, аз зиндагии беш аз якасраи ӯ қисса кард.

БИНАНДАИ СЕ ДАВР: ИМОРАТИ БУХОРО, ИТТИҲОДИЯИ ШӮРАВӢ ВА ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Хайринисо Қодирова соли 1914 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омадааст. Вай ба синну солаш нигоҳ накарда бе воситаи айнак хуб мебинаду озодона ҳарф мезанад. Ӯ се марҳилаи кишвардориро дидаасту аз ин се давр хотираҳои аҷиб дорад. Мавсуф дар замони Иморати Бухоро ва фурӯпошии он 3-4 сол дошту тавассути волидайн аз авзоъи замони онвақта огоҳӣ меёфт.

«Падару модарам кам-кам дар бораи вазъи ҳамонвақтаи Иморати Бухоро суҳбат мекарданд. Хурд будам, ки ба гӯшам сарнагун шудани ҳукумати амирӣ ва бунёд шудани кишвари коргару деҳқон мерасид. Дар бораи босмачиён ва аскарони сурх миёни мардуми одӣ ҳар хел ақидаҳо буд. Ҳарҷо-ҳарҷо одамони низомиро медидем. Дар чойхонаи маҳаллаамон аскарони сурх тамрин мекарданд», - нақл кард қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, вақте кишвари паҳновари Иттиҳодияи Шӯравӣ таъсис ёфт, аксари мардум хушнуд буданд, ки давлат барои онҳо шароити хуб фароҳам меорад ва ҳамакнун озодона заҳмат мекашанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, ҳамагон аз пайи коре буданду ба ин минвол ризқу рӯзӣ ба даст меоварданд. Бо мурури замон ин кишвар ҳам завол ёфт ва Тоҷикистон соҳиби истиқлол гардид.

«Фикр мекунам, беҳтарин давру замоне, ки тоҷикон умр ба сар мебаранд, давраи истиқлол аст. Зеро ҳам сериву пурӣ, ҳам озодиву оромӣ дар ин кишвар ҳукмфармост. Ба ҳамин синну сол расида, чунин фазои ободро надида будам. Ба ин ҳама бояд шукрона намуда, ба қадри ин неъмати бузурги Худованд бирасем,» - таъкид кард пиразан.


«ОН РӮЗҲОРО МО ДИДЕМ, ДИГАР ҲЕЧ КАС НАБИНАД»

Ҷанги бузурги ватанӣ талафоти зиёд дошт. Хонаводае набуд, ки аз ин ҷанги хонумонсӯз зарар надида бошад. Аз баъзе оилаҳо ҳатто 3-4 нафар ба ҷанг сафарбар шуда буданд. Шавҳар ва додари холаи Хайринисо низ баҳри дифоъи меҳан сина сипар намуда, ба ҷанг рафтанд. Дере нагузашта шавҳараш бо пойи маъюб ба хона баргашт. Бо гузашти вақт ҷанг ҳам ба итмом расид. Вале аз додараш Икромхоҷа ягон хабар набуд. Ҳатто хати сиёҳ ҳам наомад.

«Падарам то охирин нафасашон бо чашми чор ба сӯйи дар нигаристанд. Ҳар боре, ки дарвоза тақ-тақ мешуд, ба умед мебаромаданд, ки шояд Икромхоҷа бошад. Ба зинда будани додарам сахт бовар доштанд. Ба кӯча ё суру маъракаҳо намерафтанд, ки мабодо писарам ояд, боз нагӯяд, ки падарам маро фаромӯш кардааст. Чашмбароҳии падарам то лаҳзаи марг давом кард. Он кас дар синни 105-солагӣ бо ҳамин армон дунёро тарк гуфтанд. Эҳ, он рӯзҳоро мо дидем, дигар ҳеч кас набинад, » - аз он рӯзҳои сангин нақл кард қаҳрамони мо.


ПИЛЛАПАРВАРИ НОМӢ

Хайринисо Қодирова дар Истаравшан аз пиллапарварони номӣ буд. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш қариб 20 сол бо ин кор машғул шудааст. Баъдан ин ҳунари ӯро фарзандонаш даҳсолаҳои дигар давом додаанд. Пиллаҳои парвардаи қаҳрамони мо дар сифату миқдор аз кирмакпарварони дигар фарқ дошт, аз ин рӯ борҳо аз тарафи ҳукумати давр бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудааст.

«Инсон ҳар кореро, ки оғоз мекунад, бояд дилу нияти пок дошта бошад ва бо меҳр ба он кор шурӯъ кунад. Кирмакпарварӣ низ чунин аст. Агар шумо онро бо меҳр нигоҳубин накунеду бехӯрок гузоред ва дар вақташ надиҳед, кирмакҳо нобуд мешаванд ё риштаи хуб намедиҳанд», - гуфт бибӣ Хайринисо.

Қаҳрамони мо мегӯяд, аз 19 кирм то 50 кг пилла гирифтан мумкин аст. Муддати нигоҳдорӣ ва парвариши пилла 25 рӯз буда, дар ин марҳила бояд ҳарорати хона 22°С бошад. Ба қавли бибӣ Хайринисо, пиллапарвар боду ҳавои хонаро зуд-зуд тоза карданаш лозим аст, то ин ки кирмакҳо хуб парвариш ёбанд.


ПИРАЗАНИ ҲАФТҲУНАР

Дар шаҳри ҳунармандон – Истаравшан касоне, ки дорои якчанд ҳунаранд, «ҳамакора» ё соҳиби «ҳафтҳунар» меноманд. Хайринисо Кодирова низ бонуи ҳафтҳунар аст. Ӯ солҳо бо дӯхтану омода кардани тоқии мардона, рӯймол, ҷома, гулдӯзиву зардӯзӣ, сабадбофӣ, карбосбофӣ ва ҳатто оҳангарӣ низ машғул шудааст. Тавре худи ӯ нақл кард:

«Падарам Пошшохоҷа аз оҳангарони маъруфи шаҳр буданд. Чун барои қӯраи оҳангарӣ ду кас лозим аст, мо фарзандон ба падарам кумак мерасонидем. Ман, ки шавқи зиёд доштам, бисёртар наздашон омада, қӯраро дам медодам. Ҳамин тавр каму беш аз нозукиҳои ҳунари оҳангарӣ воқиф шудам”.

Қаҳрамони мо солҳо бо ҳунари карбосбофӣ низ машғул шудааст. Ӯ аз пахта риштаи дастӣ омода карда, аз онҳо матоъи карбос бофтааст. Ба гуфтаи ин пиразани пурҳунар, матоъҳои омодакардаашро худаш ва пайвандонаш либос карда мепӯшидаанду ҳам муштариёни зиёде омада харидорӣ мекардаанд. Бибӣ Хайринисо мегӯяд, матоъҳои табиии дастӣ омодашуда ба саломатӣ муфид аст ва ба кас роҳат мебахшанд. Имрӯз дастгоҳҳои карбосбофӣ ва тоқисозии ӯ дар хонааш нигоҳ дошта мешаванд. Сабаби бо ин ҳунарҳо машғул нашудани фарзандонашро пиразан ба набудани талабот марбут медонад.

«Имрӯз кӣ матоъи карбоси дастӣ мепӯшад? Ба тоқии тоҷикӣ ҳам талабот кам аст. Ҳатто сафи мардони тоқипӯш кам шудааст. Аввал дар сари ҳар мард тоқӣ медидед. Тоқӣ як навъ виқори мардон буд. Имрӯз аҳёнан мардон тоқӣ ба сар мекунанд. Ҳатто хусусияте пайдо кардааст, ки онро танҳо дар маъракаҳо (тӯй, ҷаноза, ид) ба сар мекунанд. Аз як тараф, пайдоиши фанноварӣ (технология)-ҳои нав низ боиси аз байн рафтани ин ҳунарҳо гардид», - ботаассуф иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Бибӣ Хайринисо аз он нигаронӣ кард, ки ҷавонони имрӯз сахт тақлидкоранд ва ба либоси милливу бостонӣ кам арҷ мегузоранду ба либоси аҷнабӣ бештар. Ҳамзамон ӯ ба тӯйкунандагон пешниҳод намуд, ки либосҳои қадимаи арӯсиро аз нав ба мӯд дароварда, аз фатаҳои гарони баорият даст кашанд.

ДУОИ МОДАР БАҲРИ ОРОМИВУ ОСОИШТАГӢ

Дар оилаи Қодировҳо ҳар кас барои коре, ки азм мекунад, ҳатман аз ин модари куҳансол дуо мегирад. Ҳамарӯза фарзандону наберагон бо дуои некӣ ӯ ба кор мераванд. Бибӣ Хайринисо ҳар боре ки даст ба дуо мекушояд, аз Офаридгор аввал оромиву осоиштагӣ ва сулҳу суботи меҳанро талаб мекунад. Имрӯз низ бо дастони мубораки модаронааш баҳри ин кишвар даст ба дуо бардошт.


«Парвардигори меҳрубон, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, озодиву ободӣ, сериву пурии кишварамонро ҳамешагӣ гардонад. Ҳар касе, ки барои ободии ин меҳан заррае кӯшиш мекунад, аҷру подоши зиёд ато фармояд. Нигаҳбонони ин миллатро Худо нигаҳдор бошад. Ҳар фардеро, ки бадхоҳи ин кишвар аст, хору залил гардонад. Дар ин диёри биҳиштиямон доимо тӯйу сур шаваду дар ҳар хонадон хандаи беғаши кӯдакон ва хушнудии ҳамагон абадӣ бошад. Омин!»

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед