Ru  | Tj
Бетартибӣ, бетанзимӣ, беҳуқуқӣ: Нақши ҳуқуқ дар рушди башарият
Бетартибӣ, бетанзимӣ, беҳуқуқӣ: Нақши ҳуқуқ дар рушди башарият
Аксҳо: Аз муаллифи мақола

Бетартибӣ, бетанзимӣ, беҳуқуқӣ: Нақши ҳуқуқ дар рушди башарият

Нашр шуд

Башарият баъд аз он ки каму беш зиндагӣ карданро омӯхт ва бо ҳамдигар муносибатро ба роҳ монд, зарурати пайдоиши соҳае ба вуҷуд омад, ки тавонад муносибатҳои миёни одамонро танзим кунад. Ҳаққу ҳуқуқи тарафайнро муайян намуда, ҳақро ба ҳақдор расонад.

Мо ин навбат бо яке аз ҳуқуқшиносони муваффақи кишвар Хуршедшоҳ Қурбоншоев доир ба ҳуқуқшиносӣ, зиёд будани таваҷҷуҳи довталабон ба ин соҳа, корёбӣ бо ихтисоси мазкур, ҷиҳатҳои мусбату манфии ҳуқуқшиносӣ ва умуман паҳлӯҳои мухталифи соҳаи мазкур сӯҳбат намудем.

Аз вазифа то имконот


- Журналист менависад, духтур табобат мекунад, муаллим дарс медиҳад, ҳуқуқшинос чӣ кор мекунед?

- Аслан ҳуқуқшиносӣ ҳам ба мисли журналистикаву табибӣ соҳаҳои гуногуни худро дорад ва ҳар намояндаи касб дар соҳаи муайяни худ кор мекунад ва тибқи тартиби муқарраргардидаи ҷойи кораш, рӯзона амал мекунад. Табиб агар ҷисму рӯҳро табобат кунад, ҳуқуқшинос табиби кулли ҷомеа аст. Масалан, ман дар ташкилоти ҷамъиятие, ки ба аҳолӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, фаъолият дорам, рӯзамро бо азназаргузаронидани почтаи электрониям оғоз мекунам, яъне ба мактубҳо посух мегардонам. Пасон, агар корҳои ҳуҷҷатгузорӣ бошанд, анҷом медиҳам ва вақти зиёдамро ба додани машварати ҳуқуқӣ мебахшам ва ногуфта намонад, ки мардум барои машварати ҳуқуқӣ гирифтан зиёд меоянду ҳамчунин, эҳтиёҷи зиёд доранд.

- Ҳуқуқшинос шаб ҳам кор мекунад ё танҳо кораш рӯзона аст?

- Агар кор таъҷилӣ ва нотамом бошад, ҳатман шаб ҳам кор мекунад ва аслан шаб кор кардан, ҳеҷ бадие надорад.

- Ин касб дар замони мо чӣ вазифа дорад?

- Ҳуқуқшиносӣ дар ҳама давру замон як миссия дорад: ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон.


- Агар ҳуқуқшиносӣ намебуд, чӣ гап мешуд?

- Дар дунё бетартибӣ, бетанзимӣ, беҳуқуқӣ, паст задани шаъну шараф ва умуман миёни мардум нобаробарӣ ба вуҷуд меомад. Мардум озодиро намедид, муносибатҳо дар доираи адолат намебуд, ғуломон ғулому шоҳон шоҳ мемонданд, таҳсил набуд, кори мувофиқ набуд ва шаъни яке дар замину аз дигаре дар само буд...

- Дар кишвари мо ҳуқуқшиносро чӣ гуна қадр мекунанд?

- Хуб ва ҳатто метавон олӣ гуфт. Дар асл, набояд фаромӯш кард, ки дар ҷомеаи кунунии мо ҳар нафари дар соҳаи худ мутахассис новобаста ба касбаш ҳурмату иззат мебинад.

- Ҳуқуқшиносӣ этикаи касбӣ дорад?

- Бале, як қатор меъёрҳои ахлоқие, ки дар маҷмӯъ этикаи касбии ҳуқуқшиносро ташкил медиҳанд, мавҷуданд. Инсондӯстӣ, инсоф ва адолат, донистани муҳиммиятҳои касб, бо ҳама якранг муносибат кардан ва ғайраҳо аз пунктҳои этикаи касбии мо мебошанд.

- Ҳама касбҳо талабот доранд, ҳуқуқшиносӣ чӣ талабот дорад?

- Талаботи ин касб зиёд аст. Асосиаш донистани қонунгузорӣ, иқтисодиёт, сиёсати давлате, ки ҳуқуқшинос дар он зиндагӣ мекунад, масъулиятшинос, гуманист будан ва аз мантиқ хуб огаҳӣ доштан мебошанд.

- Ҳуқуқшиноси тоҷик агар Русия равад бекор мемонад?

- Агар ҳуқуқшиноси хуб бошад, бекор намемонад, чунки базаи қонунгузории давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як аст. Дар такмили ихтисос ҳуқуқшинос ба фарқиятҳои қонунгузории давлати худ ва давлати сафаркардааш маълумот мегираду халос.

- Ҳоло мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бархе касбҳо нодаркор шуда истодаанд ва намояндагонашон бекор мемонанд, бигӯед, ки умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Ҳуқуқшиносӣ то вақте ки инсоният дар рӯи замин аст, вуҷуд хоҳад дошт, зеро он танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошад.


- Мо вақте ки ҳуқуқшиноси муваффақи имрӯз мегӯем, дар зеҳни Шумо ному насаби кӣ пайдо мешавад?

- Ростӣ ному насаби аниқ ба хотирам намеояд, вале ҳастанд нафароне, ки дар ҳақиқат дар ин соҳа ба ман кӯмак кардаанд ва ҳоло ҳам барои маслиҳат ба онҳо муроҷиат мекунам. Аз ҷумла, Иноят Иноятов, Ранжет Ятимов, Умрилло Меликов, Парвина Ибодова ва Сарвар Холиқов устодоне ҳастанд, ки хизмати инҳоро фаромӯш намекунам.

Аз душвориҳо то ногувориҳо

- Шумо чӣ хел ҳуқуқшинос шудед?

- Аз давраи мактабӣ китобҳои детективӣ зиёд мехондам. Рӯзгори қаҳрамонҳои онҳоро ҳавас мекардам. Мехостам монанди онҳо шавам. Албатта, ин як орзуи бачагӣ буд, вале бо гузашти рӯзҳо ба касби ҳуқуқшиносӣ, ки ҳақро ба ҳақдор расонидан аст шавқам зиёд шуд. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба ин риштаи таҳсил супурда ва соҳиби ин касб шудаму ҳоло хушбахтона дар ин соҳа фаъолият мекунам.

- Киро метавонем ҳуқуқшиноси воқеӣ гӯем?

- Ҳуқуқшиноси воқеӣ он шахсеро мегӯем, ки ҳамаи тартибу муқаррароти ин соҳаро риоя мекунад, барои халқу ватанаш сидқан кор мекунад ва манфиати шахсиро ҳеҷ гоҳ дар аввал намондаву аз вазифааш сӯистифода намекунад.

- Кай барои Шумо кор кардан душвор мешавад.

- Вақте ки ба ихтилоф (коллизия) дар қонунгузорӣ дучор мешавем, душворӣ ба вуҷуд меояд.

- Кор бе ҳолатҳои ногувор нахоҳад шуд, ҳолатҳои ногувори кори Шумо кадомҳоянд?

- Ҳуқуқшиносӣ шохаҳои бисёри соҳавӣ дорад, ҳар як шоха ногувориҳои хоси худро дорад. Мисол, адвокат натавонист аз зерҳимояаш ҳифз кунад ё кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорро наёбанд...

Аз орзуву ҳавасҳо то маслиҳатҳои мутахассис


- Ба фикри Шумо чаро имрӯз ҷавонон ба ҳуқуқшиносӣ майл ва таваҷҷӯҳи зиёд доранд?

- Фикр мекунам сабаби асосии интихоби зиёди мардуми мо дар он аст, ки бештар ҷавонон дар симои ҳуқуқшинос танҳо прокурору судяро мебинанд, дар ҳоле, ки дигар соҳаҳои ҳуқуқшиносии кишвар ба мутахассисони соҳаи худ эҳтиёҷ дошта, танқисӣ мекашанд. Онҳо зиндагии мақомдорони ин соҳаро дида, мехоҳанд, дар ҷомеа чунин обрӯву эътибор дошта бошанд.

- Довталаб ва муҳассили ин касб дар макотиби олии мо зиёданд, оё масъалаи ҷойи корашон мушкил намешавад?

- Агар хуб хонанд ва мутахассиси соҳа шаванд, албатта ҷойи кор меёбанд. Зеро ҳуқуқшиносӣ боз соҳаҳои зиёд дорад ва на ба ҳамааш мутахассис мерасад. Масалан, соҳаи ВАО ба ҳуқуқшиносони соҳавӣ эҳтиёҷ дорад ва мутахассисони ин соҳа ангуштшуморанд.

- Киҳо метавонанд довлатаби касби ҳуқуқшиносӣ шаванд?

- Аслан, ҳама ҳуқуқи довталаб шуданро дорад. Хубаш он аст, ки довталабони касби ҳуқуқшиносӣ аз асосҳои ҳуқуқ ва таърих ба таври умумӣ бохабар бошанд, мантиқро донанд ва тафаккури таҳлилӣ дошта бошанд.


- Барои омӯхтани ин касб пеш аз ҳама чӣ ё чиҳо лозим аст?

- Хоҳиш, боварӣ ба худ ва умедҳои зиёд.

- Ҳоло бархеҳо чандин касбу ҳунарҳоро аз интернет меомӯзанд. Оё мумкин аст ин касбро тавассути YouTube омӯхт?

- Ҷузъе аз ҳуқуқро аз интернет омӯхта мешавад, яъне шумо метавонед танҳо барои худ маълумоти ҳуқуқӣ гиред. Масалан, бохабар шудан аз ҳуқуқҳои худ, муносибатҳои миёни одамон ва танзимоти кори худ, вале барои ҳуқуқшиноси касбӣ шудан, мактаби олӣ ва диплом лозим аст.

- Тавсияҳои шумо ба ҳуқуқшиносони оянда...

- Чунон, ки дар боло қайд кардем, ҳуқуқшиносӣ яке аз касбҳои серталаб аст ва шохаҳои бисёре дорад. Барои ҳамин пешакӣ бозори меҳнатро омӯхта ва пас аз он шохаи муайяни ҳуқуқшиносиро интихоб намоянд.


Адаш Истад: “Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед